Дар соли 2019 Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро мутобиқи Нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 аз 24-уми январи соли 2019, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07-уми феврали соли 2019 ва дастуру супоришҳои алоҳидаи Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои зерин сурат гирифт:
I. Оид ба баргузории ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар давраи ҳисоботӣ 11(ёздаҳ) чаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ, 6 (шаш) ҷаласаи нақшавӣ, 1 (як) ҷаласаи ғайринавбатӣ дар шаҳри Душанбе ва 5 (панҷ) ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятӣ якҷо бо шӯроҳои ҷамъиятии шаҳри Исфараи вилояти Суғд, шӯроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятӣ бо Шӯрои ҷамъиятии ВМКБ дар шахри Хоруғ ва ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятӣ якҷо бо иштироки раисони шӯроҳои ҷамъиятии шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Файзобод, Рӯдакӣ ва Варзоб гузаронда шуд.
а) Ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе:
1. 29-уми январи соли 2019 ҷаласаи нахустини Шӯро оид ба баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” баргузор гардид.
2. 27-уми марти соли 2019 ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор гардид, ки дар он мавзӯи «Оид ба ҷоннок намудани доираи фаъолияти Шӯрои ҷамъиятиӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
3. 24-уми майи соли 2019 ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ дар мавзӯи «Дастгирӣ ва татбиқи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба саноатикунонии босуръати кишвар» баргузор гардид.
4. 27-уми августи соли 2019 ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ дар мавзӯи «Аҳамияти ислоҳоти иқтисодии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Паёми навбатии Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018» баргузор гардид.
5. 28-уми ноябри соли 2019 ҷаласаи н Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шуд.
6. 23-уми декабри соли 2019 ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҷамъиятӣ барои соли 2019 баргузор гардид.
б) Ҷаласаҳои сайёри Шӯрои ҷамъиятӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ:
1. 12-14-уми марти соли 2019 ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Исфараи вилояти Суғд дар мавзӯи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ», дар шакли вохӯриҳо ва суҳбатҳо бо сокинони ҷамоату деҳот ва шаҳри Исфара, дар ҷамоати Навгилем бо иштироки сокинони ҷамоатҳои Навгилем, Кӯлқанд, Чилгазӣ, Лаккон то 700 (ҳафтсад) нафар, дар ҷамоати Чоркуҳ бо иштироки сокинони ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Ворух, Шӯроб, Нурафшон то 350 (сесаду панҷоҳ) нафар ва дар Боғи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Исфара бо иштироки сокинони ҷамоатҳои маркази шаҳр, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти Хонобод, Нефтобод, Нурафшон ва Шӯроб то 300 (сесад) нафар сурат гирифтанд.
2. 23-25-уми апрели соли 2019 ҷаласаҳои сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо шӯроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Рушон, Шуғнон, Ишкошим ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзӯи “Баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии наврасону ҷавонон дар доираи вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ВМКБ аз 15 сентябри соли 2018» бо иштироки аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, халифаҳои расмӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳру ноҳия, намояндагони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ММҲД ва худидоракунӣ, собиқадорони меҳнат, пирони рӯзгордида ва намояндагони ҳифзи ҳуқуқи шаҳру ноҳияҳои номбурда гузаронида шуд.
3. 10-уми июли соли 2019 дар шаҳри Хоруғ мизи мудаввари Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо аъзои Шӯрои ҷамъиятии ВМКБ дар мазӯи “Масъалаҳои риояи қонуният, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар ВМКБ аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ” бо иштироки раисони шӯроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоб, Рӯшон, шаҳри Хоруғ, намояндагони кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи вилоят, ташкилотҳои ҷамиятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ходимони дин, халифаҳо, собиқадорони меҳнат, намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявии дар вилоят фаъолиятдошта гузаронида шуд.
4. 9-уми августи соли 2019 дар шаҳри Бохтар, ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Шӯрои ҷамъиятии вилояти Хатлон дар мавзӯи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо иштироки аъзои Шӯрои ҷамъиятии вилояти Хатлон, раисони шӯроҳои ҷамъиятии шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак ва Сарбанд, ноҳияҳои А. Ҷомӣ, Балҷувон, Вахш, Восеъ, Данғара, Ёвон, Ҷ. Балхӣ, Қубодиён, Ҷайҳун, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Муъминобод, Носири Хусрав, Панҷ, Темурмалик, Фархор, Ховалинг, Хуросон, Дӯстӣ, Шаҳритуз, Ш. Шоҳин, раисони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи вилоят, ташкилотҳои ҷамиятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ходимони дин, халифаҳо, собиқадорони меҳнат, хабарнигорони васоити ахбори ҷумҳуриявии дар вилоят фаъолиятдошта гузаронида шуд.
5. 25-уми октябри соли 2019 ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки раисони шӯроҳои ҷамъиятии шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Файзобод, Рудакӣ ва Варзоб дар мавзӯи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-кафили сулҳу суббот ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” бо иштироки намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии занон, ҷавонон, ходимони дин, пирони рӯзгордидаи шаҳри Ваҳдат инчунин, хабарнигорони воситаҳои ахбори умум гузаронда шуд.
в) Оид ба ҷоннок намудани доираи фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятии шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятии Шӯрои ҷамъиятӣ бо назардошти вазъияти кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ.
Дар давоми ҷаласаҳои якҷояи сайёри Шӯрои ҷамъиятӣ ҷаласаҳои алоҳида бо иштироки аъзои шӯроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Рушон, Шуғнон, Ишкошим ва шаҳри Хоруғи ВМКБ, вилоятҳои Суғд, шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо тобеи ҷумҳурӣ баргузор ва дар он масъалаи “Оид ба ҷоннок намудани доираи фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятии бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин ҷаласаҳо Н.Саидов оид ба Низомномаи нави Шӯрои ҷамъиятӣ маърӯзаҳои муфассал намуда, аъзои Шӯрои ҷамъиятии ноҳияи номбурдаро вазифадор намуд, ки фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятиро дар шаҳру ноҳияҳои номбурда, тибқи Низомномаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07-уми апрели соли 2018, ки дар асоси он Низомномаи намунавӣ, шӯроҳои ҷамъиятии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ аз 12-уми октябри соли 2018 ҷоннок намуда, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Шӯрои ҷамъиятӣ чораҳои судманд андешанд.
Инчунин, Н.Саидов ба шӯроҳои ҷамъиятии вилоятҳо, шахру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки дар ҳалли проблемаҳои мавҷуда дар шаҳру ноҳияҳои номбурда, саҳмгузор бошанд ва ба ҳар гуна падидаҳои номатлубе, ки дар ҷомеа рух медиҳад вокуниш нишон диҳанд. Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои номбурда, аз рӯи нақшаи тасдиқшуда, гузаронида шавад ва аз натиҷа ба Котиботи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.
г) Навгонӣ дар фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ.
I.Дар давраи ҳисоботӣ ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ на танҳо дар маркази вилоятҳои кишвар, балки дар маркази шаҳру ноҳияҳо бо иштироки қишрҳои васеи ҷомеа пеш аз ҳама аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ходимони дин халифаҳои расмӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳру ноҳия, намояндагони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ММҲД ва худидоракунӣ, собиқадорони меҳнат, пирони рӯзгордида ва намояндагони ҳифзи ҳуқуқи шаҳру ноҳияҳои номбурда баргузор гардиданд. Аз чумла:
– Баргузори ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо шӯроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Рушон, Шуғнон, Ишкошим ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон.
– Вохӯриҳои гурӯҳи кории Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ҷамоату деҳот ва шаҳри Исфараи вилояти Суғд рӯзҳои 12-14 марти соли 2019 дар ҷамоати Навгилем бо иштироки сокинони ҷамоатҳои Навгилем, Кӯлқанд, Чилгазӣ, Лаккон то 700 (ҳафтсад) нафар, дар ҷамоати Чоркуҳ бо иштироки сокинони ҷамоатҳои Чоркуҳ, Ворух, Шӯроб, Нурафшон то 350 (сесаду панҷоҳ) нафар ва дар Боғи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Исфара бо иштироки сокинони ҷамоатҳои маркази шаҳр, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти Хонобод, Нефтобод, Нурафшон ва Шӯроб то 300 (сесад) нафар сурат гирифтанд.
– Ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат якҷо бо Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Файзобод, Рудакӣ, Варзоб, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии занон, ҷавонон, ходимони дин, пирони рӯзгордидаи шаҳри Ваҳдат инчунин, хабарнигорони воситаҳои ахбори умум рӯзи 25-уми октябри соли 2019 гузаронда шуд.
II. Ба ҳайати гурӯҳи кории Шӯрои ҷамъиятӣ, ки ба шаҳру вилоятҳои кишвар сафар карданд ба ғайр аз кормадони Котиботи Шӯро роҳбарони ташкилотҳои аъзои Шӯро низ ворид гардиданд.
Ба ҳайати гурӯҳии кории ВМКБ барои баргузории ҷаласаи сайёр Сафаров С. – узви Шӯрои ҷамъиятӣ, Раиси Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон. Ба ҳайати гурӯҳи кории вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар Шарипов А. – узви Шӯрои ҷамъиятӣ раиси Ассотсиатсияи миллии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ба ҳайати гурӯҳи кории ба шаҳри Ваҳдат Асозода М. – узви Шӯрои ҷамъиятӣ, Раиси Ассотсиатсияи воситаҳои мустақими электронии иттилоотии оммавии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
II. Оид ба фаъолияти таҳлилию иттилоотии Шӯрои ҷамъиятӣ
Фаъолияти таҳлилӣ
Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти таҳлилии Шӯрои ҷамъиятӣ дар самти таҳлили проблемаҳо бо пешниҳодҳои мушаххас ва инчунин Мониторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ба роҳ монда шуд.
а) Пешниҳодҳо ва назару андешаҳои воқеъбинонаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ниҳодҳои ҳукуматӣ бо назардошти манфиатҳои миллию давлатӣ.
– Шарҳу тавзеҳи “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 22-юми декабри соли 2017 баррасӣ гардида, 15 (понздаҳ) пешниҳодҳои ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятиро ба ДИПҶТ ирсол намуд.
– “Баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии наврасону ҷавонон дар доираи вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ВМКБ аз 15-уми сентябри соли 2018”. “Мулоқоти аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ бо ҷавонони ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва шаҳри Хоруғ” баррасӣ гардида, 12 (дувоздаҳ) пешниҳод ба ДИПҶТ ирсол намуд.
– “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ” Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ 14 (чордаҳ) пешниҳодро ба ДИПҶТ ирсол намуд.
– “Дастгирӣ ва татбиқи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба саноаткунонии босуръати кишвар”. Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ 12 (дувоздаҳ) пешниҳодҳои ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятиро ба ДИПҶТ ирсол намуд.
– “Масъалаҳои риояи қонуният, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар ВМКБ аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ”. Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ 22 (бисту ду) пешниҳод ба ДИПҶТ ирсол намуд.
– “Эълон шудани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” – омили таҳаввулоти иҷтимоӣ дар кишвар”. Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ 9 (нӯҳ) пешниҳоди ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятиро ба ДИПҶТ ирсол намуд.
– Аҳамияти ислоҳоти иқтисодии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Паёми навбатии Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018. Бо қарори ҷаласа маърӯзаҳои Н.Ҳикматуллозода — Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷонмаҳмадзода М.Х. –муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Н.Анварӣ — муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷ.Нурмаҳмадзода — Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Саидмуродов Л.Ҳ.- Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бобоев О.Б. — Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар сомонаи интернетии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Shuro.tj ҷойгир ва дар Бюллетени Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расонида шавад. (Бюлеттени ШҶ ҶТ, №1-2 соли 2019)
– Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – кафили сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
– Баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳодҳои ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятиро оид ба такмили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” гирд ва ба танзим дароварда, шакли асли пешниҳодҳоро дар ҳаҷми 22 (бисту ду) саҳифа ба Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумот ва истифода дар кор ирсол намуд.
б) Мониторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018”.
Дар давраи хисоботӣ дар бораи омода намудани пешниҳодҳои ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ барои ворид намудан ба лоиҳаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2020 Мусоева Р. — Раиси комиссия дар ахбороти хеш кайд кард, ки дар соли 2019 рӯйхати пешниҳодҳои ташкилотҳои Шӯрои ҷамъиятӣ аз 53 банд иборат мебошад. Ин рӯйхати хеле васеъ ва ҳамаҷонибаи пешниҳодҳо мебошад. Ман онҳоро аз рӯи самтҳо ва соҳаҳо тақсим кардаам, то иттилоот дар бораи ин пешниҳодҳо ба низом оварда шаванд. Ҳамин тавр, маълум шуд, ки:
• 13 – пешниҳоди марбут ба тавсифи вазъи илм ва ҷузъҳои техникӣ ва технологии он, пешниҳодҳо ва шарҳҳо оид ба таҳким ва рушди технология ва инноватсия дар кишвар, таҳкими заминаи ҳуқуқӣ, қабули қонуни «Рушди илм ва технологияҳои техникӣ», муқаррар намудани Рӯзи илм ва ғайра.
• 7 – пешниҳод оид ба бахши кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ ва рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ, истифодаи усулҳо ва технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва ғайра.
• 7 – пешниҳоди иттифоқҳои касабаи кишвар дар бораи ҳифзи ҳуқуқ ба меҳнат, қонунгузории меҳнат, қабули қонуни нав дар бораи ветеранҳо, суғуртаи иҷтимоӣ.
• 6 – пешниҳод оид ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, иштироки он дар идоракунии кишвар, қабули як қатор барномаҳо ва стратегияҳо, ташкили назорати ҷамъиятӣ бо қабули қонуни махсус, истифодаи васеъи телевизион ва радио.
• масъалаи бозори меҳнат ва танзими он, шуғли ғайрирасмӣ, омӯзиши мутахассисони дар бозор талабшаванда, масъалаҳои муҳоҷират, аз ҷумла таъсиси Вазорати муҳоҷират.
• 4 – пешниҳод оид ба энергетика, дастгирии сохтмони НБО Роғун, диверсификатсияи манбаъҳои энергетикӣ, истифодаи энергияи барқароршаванда.
• 4 – пешниҳод дар соҳаи фарҳанг ва санъат.
• 3 – пешниҳод оид ба масъалаҳои маърифати давлатӣ, баланд бардоштани нуфузи омӯзгорон, муайян кардани имтиёзҳо ва дастгирии онҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифати насли наврас.
• як қатор пешниҳодҳои қонунгузории манзил, бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани сокинони шаҳрҳо ва деҳаҳо, сохтмони манзили дастрас бо пешниҳоди унсурҳои махсус барои маъюбон.
• пешниҳодҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла мубориза бо коррупсия, терроризм ва экстремизм ва ғайра.
Ахборот ба таври гузориши алоҳида ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Фаъолияти иттлоотӣ
27-уми ноябри соли 2019 дар кори мизи мудаввар, ки дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Масъалаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: арзёбии мафҳум, ҷанбаҳои миллӣ ва истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ” баргузор гардид, иштирок намуда, оид ба мавзӯи “Таҷрибаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳамияти он барои Тоҷикистон: хусусиятҳо, дастовардҳо ва дурнамои рушд” суханронӣ карда, ба саволҳои иштирокчиён ҷавоб гуфтанд.
1. Бюллетени Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1-2 (22-23), 2019 – 210 с.
2. Н. Саидов: Нерӯи мутаҳидкунандаи миллат. Бардошт аз Форуми шӯроҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Узбекистон. шаҳри Тошкент 14-уми августи соли 2019. Бюллетени Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1-2 (22-23), 2019. саҳ 180 – 187.
3. а) Н. Саидов: “Саҳми Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо коррупсия”. 10-уми декабри соли 2019, https://khovar.tj/2019/12/10.
б) Н.Саидов: Шӯрои ҷамъиятӣ. Ниҳоде, ки дар муқовимат бо коррупсия саҳмгузор аст. “Ҷумҳурият” №236 (23839) аз 12 декабри соли 2019.
в) “Роль Общественного совета в борьбе с коррупцией”, “Народная газета” №51 (20229) от 18 декабря 2019 года.
III. Масъалаҳои ташкилӣ:
а) Оид ба фаъолияти комиссия ва кумитаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ.
Дар дараи хисоботӣ Низомномаи кумита ва комиссияҳои Шӯрои ҷамъиятӣ 29-уми январи соли 2019 дар ҷаласаи нахустини Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Тибқи Низомнома комиссия ва кумитаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ бояд дар 6 (шаш) моҳ як маротиба ба Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ ахборот пешниҳод намояд.
Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ Низомномаи мазкурро барои роҳнамоӣ ва истифода дар кор ба ҳамаи аъзои Шӯро ирсол намуд.
Айни замон дар Шӯрои ҷамъиятӣ 2 (ду) комиссия ва 7 (ҳафт) кумита фаъолият доранд: Кумитаҳо оид ба робитаи байни миллатҳо, Кумита оид ба сиёсат ва масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, оид ба кор бо занон, оид ба масъалаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, оид ба масъалаҳои амнияти иҷтимоӣ, оид ба масъалаҳои илм, фарҳанг ва иттилоот, ҷавонони Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияҳои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба омода намудани пешниҳодҳои Шӯро ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи одоби Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд.
б) Оид ба ташаббуси ҷамъияти ӯзбекони Тоҷикистон.
Рӯзи 27 марти соли 2019 дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҷамъиятӣ ташабуси ҷамъияти ӯзбекони Тоҷикистондар бораи пешниҳод намудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷоизаи байналмилалии «Нобел» дар бораи эҳёи муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Оид ба ин масъала, Раҳмонзода А. — Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ваколатдори Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ дар Шӯрои ҷамъиятӣ дар иртибот ба баррасии ин масъала дар суханрониашон, аз ҷумла гуфтанд, ки ман Пешвои муаззами миллатро аз муҳтавои ин номаҳо дар суҳбати алоҳида дар ҷараён гузоштам. Президенти кишвар аз ташаббускорони ин пешниҳод сипосгузорӣ карданд ва гуфтанд, ки барои чунин иқдомҳои ҷиддии сатҳи байналмилалӣ замони мусоид зарур аст ва вақт довар бошад, инчунин на танҳо созмонҳои ҷамъиятии кишвар, балки созмонҳои байналилалӣ низ роҷеъ ба ин масъала ташаббус нишон диҳанд, дар он ҳолат метавон чунин пешниҳодро дастгирӣ кард.
Раҳмонзода А.А. иброз доштанд, ки ман бо ташаббускорони ин пешниҳод Мирзоалиева М. — Раиси ҷамъияти ӯзбекони Тоҷикистон ва Аслонов Ҳ. — узви фаъоли ҷамъияти ӯзбекони Тоҷикистон аз вилояти Бохтар суҳбати алоҳида доштам ва ба онҳо мавқеи Роҳбари давлатамонро тавзеҳ додам ва хоҳиш кардам, ки то фарорасии замони мусоид ин масъала дигар аз ҷониби онҳо матраҳ нагардад.
Илова бар ин, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон ба Шӯрои ҷамъиятӣ дастур дод, ки масъалаи мазкурро баррасӣ карда, хулоса манзур намоянд.
Аз Шумо муҳтарам аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, хоҳиш мекунам, ки роҷеъ ба ин масъала мавқеи худро муайян намоед.
Сипас, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ Мусаева Р., Фақиров А., Раҷабов А., Шаҳидӣ М., Ӯлҷабоева М., Асозода М. ва Исмоилов Ҷ. суханронӣ намуда, пешниҳод карданд, ки мавқеи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба ташаббуси ҷамъияти ӯзбекони Тоҷикистон дастгирӣ карда шавад ва ҷаласа қарор қабул кард:
1. Мавқеи Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташаббуси ҷамъияти ӯзбекони Тоҷикистон дар бораи пешниҳод намудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷоизаи байналмилалии «Нобел» дар бораи эҳёи муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дастгирӣ карда шавад.
2.Қарори қабулнамудаи ҷаласа ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардад.
в) Сафарҳои хориҷии Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ.
Дар давраи ҳисоботӣ сафари хизматии Н. Саидов – Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати иштирок дар Форуми шӯроҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат гирифт.
14-уми августи соли 2019 бо даъвати Раиси Ҳаракати ҷамъиятии умумимиллии «Юксалиш»-и (Навсозӣ) Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Бурханов дар кори Форуми шӯроҳои ҷамъиятии назди мақомоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ кардам.
Форум бо ташаббуси Ҳаракати ҷамъияти умумимиллии «Юксалиш» якҷо бо Ассотсиатсияи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ (АРГО) — Ҷумҳурии Қазоқистон бо дастгирии молиявии агентии ИМА оид ба ташаккули ҳамкории байналхалқӣ (USAID) доир гардид.
Дар Форум намояндагони 200 шӯроҳои ҷамъиятии мақомоти давлатӣ, васоити ахбори омма, шаҳрвандони фаъол, ки барои пешбурди ислоҳот дар Ӯзбекистон муттаҳид шудаанд, инчунин коршиносони хориҷӣ ширкат варзиданд.
Дар оғози кори Форум Русланбек Давлатов — Вазири адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва сипас Акмал Саидов — Роҳбари Шӯрои консултативӣ оид ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, директори Маркази миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон, Алан Мельцер — муовини Сафири Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ӯзбекистон, Акмал Бурханов — Раиси Ҳаракати умумимиллии «Юксалиш», Ҷамила Асанова — директори иҷроияи Ассотсиатсияи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ (АРГО) ва Б.Бекмуродов — директори иҷроияи Ҳаракати умумимиллии «Юксалиш» суханронӣ карданд.
Дар қисми аввали кори Форум ҷиҳати муаррифии таҷрибаи кори беҳтарин шӯроҳои ҷамъиятии Ӯзбекистон маърӯза карданд: Ҳикмат Абдураҳмонов ва Диёр Мирзоахмедов – аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Ҳукумати шаҳри Тошканд; Маъруф Адиев – Раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Ҳукумати шаҳри Қӯқанд; Фармон Аминов – Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҳукумати вилояти Бухоро; Зафар Худойбердиев – Раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Раёсати адлияи вилояти Намангон.
Дар рафти суханрониҳо дар бораи татбиқи чорабиниҳо оид ба ҷорӣ намудани Институти Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди мақомоти давлатии Ӯзбекистон ва натиҷаҳои онҳо, дастовардҳо, масъалаҳои таҳкими минбаъдаи механизмҳои баррасии пешниҳодҳои шаҳрвандон оид ба беҳтар кардани фаъолияти мақомоти давлатӣ, таъмини шаффофият ва шаффофияти қарорҳо сурат гирифт.
Дар қисми дуюми кории Форум муаррифии фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятии кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор гардид: Аз Ҷумҳурии Қазоқистон — хонум Ҷамила Асанова – директори Ассотсиатсияи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии (АРГО); Аз Ҷумҳурии Қирғизистон — Абдиров Толимбек – Раиси Шӯрои ҳамоҳангсози шӯроҳои ҷамъиятӣ ва Аида Курбанова – Раиси Шӯрои ҷамъиятии Агентии давлатии кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ; Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов – Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар рафти суханронӣ ва муаррифии (презентация) фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷанбаҳои зерини фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ аз қабили: омилҳо ва сабабҳои ташкил кардани Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон; нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар созмон додан ва рушди фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон; самтҳои фаъолият ва дастовардҳои Шӯрои ҷамъиятӣ; вазифаҳо ва дурнамои рушди Шӯрои ҷамъиятӣ дар замони ҳозира муфассал ахборот додам.
Баъди анҷоми муаррифии шӯроҳои ҷамъиятӣ бо хонум Дэна Биган – корманди агентии ШМА оид ба ташаккули ҳамкории байналхалқӣ (USAID), Акмал Бурханов — Раиси Ҳаракати ҷамъиятии умумимиллии «Юксалиш»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Б.Бекмуродов – директори иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии умумимиллии «Юксалиш» мубодилаи афкор дар бораи ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти шӯроҳои чамъиятӣ, сохтор ва хусусиятҳои хоси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар сурат гирифт.
Дар ҷамъбаст бояд гуфт, ки иштирок ва суханронии Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори Форуми шӯроҳои ҷамъиятии Ӯзбекистон имконият дод, ки бо таҷрибаи кори шӯроҳои ҷамъиятии кишварҳои иштирокчии Форум ҳамаҷониба шинос шуда, бо онҳо робита пайдо намоем. Ин иқдом барои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бастани шартнома бо шӯроҳои ҷамъиятии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ равона аст, шароитҳои мусоид фароҳам овард.
IV.Пешниҳодҳо
ҷиҳати такмил додани фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар соли 2020
– Созмон додани Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Душанбе дар назди Ҳукумати шаҳри Душанбе. Масъалаи мазкур дар Ҳукумати шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дорад.
– Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки бо шӯрои ҷамъиятии соҳавии назди вазорату кумитаҳои кишвар “Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ” ба имзо расад.
– Ба ҳайати Комиссияи гранти президентӣ “Оид ба пешбурди фаъолияти соҳибкории хурду миёна барои бонувон” дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ворид карда шаванд ва мониторинги ба ҳадаф расидани маблағҳои грантҳои президентӣ аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шавад;
– Ба ҳайати “Комиссияи босалоҳияти муайянкунандаи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника” дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ворид карда шаванд;
– Баргузории семинарҳо, омӯзиш ва барои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар;
– Ташкил кардани лексияҳо ва маърӯзаҳо барои шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ – ҳамчун меҳвари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон;
– Пайдо намудани робитаҳо ҷиҳати бастани шартнома бо шӯроҳои ҷамъиятии кишварҳои хориҷӣ ва дигар ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ равона гардидааст;
– Пешниҳод мегардад, ки ба Шӯрои ҷамъиятӣ салоҳияти “назорати ҷамъиятӣ” дода шавад. Барои дарки аниқи маҷмӯи мақсаду вазифаҳои назорати ҷамъиятӣ, усули идора ва салоҳиятҳои субъектҳои он ва дигар масъалаҳо бояд қонуни махсус “Дар бораи асосҳои назорати ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон” қабул карда шавад. Субъектҳои назорати ҷамъиятӣ шӯроҳои ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои кишвар шуда метавонанд.
Дар асоси ин Қонун ба Шӯрои ҷамъиятӣ салоҳият дода шавад, ки ҳар сол ахбороти таҳлилиро “Оид ба вазъи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон” омода ва ба роҳбарият пешниҳод намояд.
Хулоса
Хулоса, дар давраи ҳисоботӣ Шӯрои ҷамъиятӣ дар амалӣ гардидани Нақшаи кори Шӯро, барои соли 2019 ва дар самти ҷоннок намудани доираи фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо корҳои муайянро ба анҷом расонид.
Инчунин, Котиби ҳамоҳангсози Шӯро зимни сафарҳои корӣ шӯроҳои ҷамъиятии вилоятҳо, шахру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки дар ҳалли проблемаҳои мавҷуда дар шаҳру ноҳияҳои номбурда, саҳмгузор бошанд ва ба ҳар гуна падидаҳои номатлубе, ки дар ҷомеа рух медиҳад вокуниш нишон диҳанд. Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои номбурда, аз рӯи нақшаи тасдиқшуда, гузаронида шавад ва аз натиҷа ба Котиботи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.
Котиботи Шӯрои ҷамъиятии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳисобот
оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми январи соли 2017 дар соли 2019
Дар соли 2019 Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо — 27.01. 2017 корҳои зеринро ба анҷом расонид:
– ҷиҳати иҷрои банди 2-и Нақшаи чорабиниҳоро оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 январи соли 2017 оид ба пешниҳод намудани назару андешаҳои воқеъбинона ба ниҳодҳои ҳукуматӣ бо назардошти манфиатҳои миллию давлатӣ 26-уми январи соли 2018 дар маҷлисгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 баргузор гардид, ки дар он Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 22.12.2018 баррасӣ гардида, 15 (понздаҳ) пешниҳодҳои ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятиро ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.
– ҷиҳати иҷрои банди 11-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 январи соли 2017-ро оид ба ҷоннок намудани доираи фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ:
рӯзҳои 12-14-уми марти соли 2019 ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Исфараи вилояти Суғд дар мавзӯи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ», дар шакли вохӯриҳо ва суҳбатҳо дар ҷамоати Навгилем бо иштироки сокинони ҷамоатҳои Навгилем, Кӯлқанд, Чилгазӣ, Лаккон, дар ҷамоати Чоркуҳ бо иштироки сокинони ҷамоатҳои Чоркуҳ, Ворух, Шӯроб, Нурафшон ва дар «Кохи фарҳанг»-и шаҳри Исфара бо иштироки сокинони ҷамоатҳои маркази шаҳр, Хонобод, Нефтобод, Шаҳрак, Сурх баргузор гардиданд. Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ натиҷаи вохӯриҳо ва суҳбатҳоро таҳлил намуда, 14 (чордаҳ) пешниҳодҳои иштирокчиёни вохӯрӣ ва суҳбатҳоро оид ба ҳалли проблемаи мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд;
рӯзҳои 23-25-уми апрели соли 2019 ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо шӯроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Рушон, Шуғнон, Ишкошим ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо иштироки аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, халифаҳои расмӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳру ноҳия, намояндагони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ММҲД ва худидоракунӣ, собиқадорони меҳнат, пирони рӯзгордида ва намояндагони ҳифзи ҳуқуқи шаҳру ноҳияҳои номбурда, гузаронида шуд.
Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ 12 (дувоздаҳ) пешниҳодҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва иштирокчиёни ҷаласаҳои сайёри Шӯрои ҷамъиятӣ якҷо бо шӯроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Рушон, Шуғнон, Ишкошим ва шаҳри Хоруғ дар мавзӯи “Баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонон дар доираи вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ВМКБ аз 15 сентябри соли 2018” ва «Мулоқоти аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ бо ҷавонони ноҳияҳои Рушон, Шуғнон, Ишкошим ва шаҳри Хоруғ»-ро ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.
– ҷиҳати иҷрои банди 3-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии ҶТ, 27 январи соли 2017 оид ба ҳамкории ҳарчи бештари аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ бо қишрҳои мухталифи ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар раванди амалисозии чор ҳадафи стратегии давлат – таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, раҳоӣ ва бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, рӯзи 24-уми майи соли 2019 дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии ҶТ оид ба «Дастгирӣ ва татбиқи ташаббуси навбатии Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба саноатикунонии босуръати кишвар» гузаронида шуд
Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ 12 (дувоздаҳ) пешниҳодҳои ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба амалигардонии ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишварро ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ирсол намуд.
— ҷиҳати иҷрои банди 11-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 январи соли 2017-ро оид ба ҷоннок намудани доираи фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба иҷро расонид.
Дар ҷаласаҳои якҷояи сайёри Шӯрои ҷамъиятӣ ҷаласаҳои алоҳида бо иштироки аъзои Шӯрои ҷамъиятии ноҳияҳои Рушон, Шуғнон, Ишкошим ва ш.Хоруғи ВМКБ, шаҳри Исфараи вилояти Суғд, шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо тобеи ҷумҳурӣ: Ваҳдат, Рӯдакӣ Файзобод Варзоб баргузор ва дар он масъалаи “Оид ба ҷоннок намудани доираи фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятии бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ” мавриди баррасӣ қарор гардид.
Дар ин ҷаласаҳо Н.Саидов оид ба Низомномаи нави Шӯрои ҷамъиятӣ маърӯзаи муфассал намуда, ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дода, аъзои Шӯрои ҷамъиятии ноҳияи номбурдаро вазифадор намуд, ки фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятиро дар шаҳру ноҳияҳои номбурда, тибқи Низомномаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.04.2018, ки дар асоси он Низомномаи намунавӣ, Шӯрои ҷамъиятии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ аз 12 октябри соли 2018 ҷоннок намуда, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Шӯрои ҷамъиятӣ чораҳои судманд андешанд.
Инчунин, Н.Саидов ба шӯроҳои ҷамъиятии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои кишвар дастур дод, ки дар ҳалли проблемаҳои мавҷуда дар шаҳру ноҳияҳои номбурда, саҳмгузор бошанд ва ба ҳар гуна падидаҳои номатлубе, ки дар ҷомеа рух медиҳад вокуниш нишон диҳанд. Ҷаласаҳои шӯроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои номбурда, аз рӯи нақшаи тасдиқшуда, гузаронида шавад ва аз натиҷа ба Котиботи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.
Котиботи Шӯрои ҷамъиятии
Ҷумҳурии Тоҷикистон