МАЪЛУМОТНОМАИ ТАҲЛИЛӢ ОИД БА ВАЗЪИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

29 июли соли ҷорӣ ҷаласаи сайёри Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Шўрои ҷамъиятии ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон дар шакли мизи мудаввар баргузор ва дар он мавзўи “Муаррифии арзандаи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути рушди соҳаи сайёҳӣ дар давраи ташаккули системаи нави муносибатҳои байналмилалӣ” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар кори мизи мудаввар Азиззода Ш.Н. – мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Саидов Н.Ш. – котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амирбекзода Ҳ. – муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифӣ Ф.Б. – муовини раиси вилояти Хатлон, ваколатдори раиси Шӯрои ҷамъиятии вилояти Хатлон, Ҷалилзода Шералӣ – раиси ноҳияи Балҷувон, раиси Шӯрои ҷамъиятии ноҳия ва Шоҳзод Д.М. – мудири шўъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуда, ба саволҳои иштирокчиёни ҷаласа посух гуфтанд. Ба сифати коршиносони мустақил Шарипов С. – намояндаи ташкилоти ҷамъиятии “Сайри ҷаҳон”, Мирзоев Ф. – роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Иттифоқи соҳибкорон ва сармоягузорони Тоҷикистон”, Маъруф Н. – директори маркази сайёҳӣ ва солимгардонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Турахонзода Ш. – ҳуқуқшиноси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон суханронӣ намуда, оид ба маърўзаҳои муҳокимашаванда фикру мулоҳиза, андешаҳо ва пешниҳодҳои мушаххаси хешро иброз намуданд.

Инчунин, дар баррасии масъалаи мазкур – узви Шўрои ҷамъиятии ноҳия, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ташкилотҳои динӣ, раисони ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар ноҳияи Балҷувон дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият доранд, мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон, занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон, раисони ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар ноҳия бо ҷавонон ва занон кор мекунанд, раисони ҷамоатҳои ноҳияи Балҷувон, собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, имомхатиби ноҳия, пирони рӯзгордида ва хабарнигорони шабакаҳои телевизионии марказӣ ва вилоятӣ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон фаъолона ширкат варзиданд.

Дар рафти суханрониҳо қайд гардид, ки мавқеи ҷуғрофии мусоиди ҷойгиршавии ноҳияи Балчувон ва обу ҳавои тоза аз сабаби набудани корхонаҳои саноатӣ ва чашмаҳои гуногуни шифобахш ин ноҳияро дар нақшаи дурнамо барои сайёҳати тамоми гушаю канори дунё, аз ҷумла барои рушди сайёҳати экологӣ имконият фароҳам меоварад. Рушди соҳаи туризм замина ва имкониятҳои муфидро баҳри паст кардани сатҳи бекорӣ дар ноҳия мусоидат карда метавонад. Инчунин рушди соҳаи мазкур барои ғанӣ гардонидани буҷаи маҳаллӣ мусоидат мекунад. Вобаста ба ин, ноҳияи Балҷувон назар ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои хеле калон дошта, инкишофи соҳаи туризми экологӣ, пиёдагардии кўҳӣ, сайёдӣ, фарҳангӣ ва дигар намудҳо барои ноҳия хос мебошанд.

Маҳз бо назардошти ин хусусиятҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.11.2001, №498 “Дар бораи минтақаи туризми байналмилалии ноҳияи Балҷувон” қабул гардид. Аз рўи хулосаҳои намояндагони мақомотҳои марбута, соҳибкорон ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар рафти баррасии масъалаи мазкур иброз гардиданд, пролемаҳои мавҷударо дар рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳияи Балҷувон дар асоси ҳалли омилҳои зерин метавон бартараф намуд.

Пешниҳодҳо: – таъсиси бахш ё шуъбаи сайёҳӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон бо назардошти минтақаи туризми байналмилалӣ эълон гардидани ноҳия; – мавзеъҳои барои инфрасохторҳои сайёҳӣ мувофиқ аз тарафи мутахассисони соҳа муайян карда шавад ва ин мавзеъҳо аз мувозинаи хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ҷангал бароварда, ба фонди заминҳои махсус гузошта шаванд; –мушкилоти муҳимтарини рушди соҳаи туристӣ ин дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва маблағгузоӣ ба соҳа мебошад, ки масъалаи мазкур ҳалли худро наёфтааст ва барои ҳалли он андешидани тадбирҳои иловагӣ зарур аст; – яке аз самтҳои асосие, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар ин давра зарур аст, таваҷҷуҳи бештар ба корҳои таблиғотию ташвиқотӣ мебошад.

Тарғибу ташвиқи васеи имкониятҳои сайёҳӣ ва хизматрасониҳо барои ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат менамояд; – мусоидат намудан ба соҳибкороне, ки барои рушди сайёҳӣ ташаббус зоҳир мекунанд;

– ба роҳ мондани нуқтаҳои фурўши маҳсулоти туристии ватанӣ бо акси муҷассамаҳо, нигораҳо, ҷойҳои таърихию фарҳангии дар ноҳия ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мавҷудбуда барои сайёҳони дохилию берунӣ дар назди мавзеҳои сайёҳӣ ва хатсайрҳо;

– тавассути дастгирии давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ таъмин намудани рушди инфрасохтори сайёҳӣ;

– таъмин намудани иштироки намояндагони ташкилот ва ширкатҳои сайёҳии ноҳия дар намоишҳои туристии дохил ва хориҷи кишвар;

– мутобиқ кардани шабакаи роҳҳо, меҳмонхонаҳо, пансионатҳо, автокемпингҳо ва дигар ҷойҳои истиқомат, индустрияи дилхушӣ, хатҳои сайёри нақлиёти дохилӣ, хизматрасониҳои замонавиии алоқа ва бонкӣ барои ҷалби бештари сайёҳон;

– фаъол кардани ҳамкориҳо дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ бо ташкилотҳои донорӣ, соҳибкорони ватанию хориҷӣ ва тарафҳои манфиатдор

– барои рушди соҳаи сайёҳӣ бояд инфрасохтори муосир бунёд гардида, сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ амалӣ карда шавад. – ҳамзамон, индустрияи меҳмоннавозӣ низ бояд ташаккул ва тавсеа ёфта, сатҳи хизматрасонӣ ва пазироии сайёҳон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.

– таъмини сатҳи мувофиқи менечменти давлатӣ ва хусусӣ ва ҳамчунин ҳамоҳангии дақиқи амалиёти мақомоти маҳаллӣ; – мусоидат ба рушди ташаббусҳои хусусӣ; – тартиб додани системаи самараноки пешниҳоди маҳсулоти туристии ватанӣ ба бозорҳои ватанию хориҷӣ; – ташаккули фазои иттилоотӣ дар соҳа;

– таҳия намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои беҳтар намудани инфрасохтори сайёҳӣ дар ноҳия. – ба навор гирифтани филмҳои ҳуҷҷатӣ ва видеоролики кӯтоҳмуддат доир ба имкониятҳои сайёҳии ноҳия.

– ташкил намудани сомонаи алоҳидаи сайёҳии ноҳияи Балҷувон ва дар он ҷой додани имкониятҳои сайёҳии ноҳия бо забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ.

– таҳия намудани харитаи сайёҳии ноҳия, буклетҳо, руқъаҳо ва роҳнамо барои сайёҳон бо забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ. – насби ишораҳои сайёҳӣ ба маконҳои сайёҳӣ ва таърихиву фарҳангии ноҳия бо забонҳои хориҷӣ.

– дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии ноҳия таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ.

– дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой додани маълумотҳои таблиғотӣ оид ба захираҳои сайёҳии ноҳияи Балҷувон; – бо назардошти имкониятҳои сайёҳии минтақа ташкил намудани воҳиди корӣ оид ба сайёҳӣ;

– ҷалби соҳибкорон ба бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар ноҳия; – дар ҳамкорӣ бо васоити ахбори омма вобаста ба муаррифии захираҳои сайёҳии ноҳия.

Котиби ҳамоҳангсози

Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Н.Саидов

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.