
25-уми сентябри соли 2020 дар маҷлисгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласа:
1. Баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ
2. Баррасии пешниҳодҳои ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” барои соли 2021. (Маърӯзачӣ: Мусоева Р.Ғ. – Раиси Комиссияи Паёми Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омода намудани пешниҳодҳои Шӯро ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
3. Масъалаҳои ҷорӣ
Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа Ализода З. – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Саидов Н.Ш. – Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳикматуллозода А. – Муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Ш. – Муовини якуми Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аламшозода А.А. – Муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзоев Н.Н. – Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ карда, дар мубоҳиса ба саволҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ муфассал посух доданд.
Зимни мубоҳиса оид ба масъалаи мазкур раисони ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ: Усмонзода С.У., Бобозода У., Фарҳод Раҳимӣ, Файзизода И.Н., Каримов Ш., Қурбониён Б.Б., Мӯсоев А., Зуҳуриддинов Б.А., Сайфуллоев С., Ким В.М., Мусоева Р.Ғ., Сайфуллоев С., Улчабоева М. ва Маҳмадазимов суханронӣ намуда, пешниҳодҳои ташкилотҳои хешро оид ба лоиҳаи Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳор карданд.
Оид ба масъалаи якум ҷаласа қарор қабул кард.
1. Муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” ба инобат гирифта шавад.
2. Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳодҳои ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятиро оид ба такмили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” баррасӣ намуда, шакли асли пешниҳодҳоро ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумот ва истифода дар кор ирсол намояд.
3. Маърӯзаҳои муҳтарам Ализода З., Ҳикматуллозода А., Каримзода Ш., Аламшозода А. ва Мирзоев Н.Н. дар сомонаи интернетии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Shuro.tj ҷойгир ва дар Бюллетени Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2021 чоп карда шавад.
Котиботи Шӯрои ҷамъиятии ҷиҳати иҷрои қарори ҷаласа пешниҳодҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятиро барои маълумот ба Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Мактуби Н.Саидов таҳти №106 аз 29.09.2020 ҳамагӣ 10 саҳифа) ва ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ализода Зариф (Мактуби Н. Саидов таҳти №107 аз 30.09.2020 ҳамагӣ 3 саҳифа) ирсол намуд.
Оид ба масъалаи дуюми ҷаласа Мусоева Р.Ғ. қайд кард, ки имсол ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳодҳои иборат аз 66 банд (соли гузашта 53 пешниҳод буд) иброз доштанд. Бо мақсади ба низом даровардани ин маълумот мо онҳоро ба се блок тақсим кардем. Аз ҷумла:
Блоки 1 – Масъалаҳои сиёсӣ, пешниҳодҳо оид ба 30-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тотористон ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳим, ки 12 пешниҳодро дар бар мегирад. Аз ҷумла, эълони соли 2021 – “Соли рушди меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Тоҷикистон” ва ё соли «Сарбоз», барои ифшои масъалаи пайвастан ба Иттиҳоди Авруосиё, пешбарии занон ба кори дипломатӣ
Блоки 2 – Масъалаҳои иҷтимоӣ иборат аз 25 пешниҳод, ки дар он масъалаҳои хидмати ҳарбӣ, издивоҷ, қабули шаҳрвандон ва баррасии дархостҳои онҳо, тақсимоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ду сохтори алоҳида, масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои маъюбон, таҳсили ҷавонон, тарбияи муаллими поли ва ғ.
Блоки 3 – Масъалаҳои иқтисодии иборат аз 29 пешниҳод, ки соддагардонии тартиби гирифтани литсензия, такмили сохтори мақомоти давлатиро дар бар мегирад. мақомот ва ихтисори вазорату идораҳои соҳавӣ дар шароити бозор, ташкили вазорати алоҳидаи муҳоҷират, пешниҳодҳо дар бахши энергетика, истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ, масъалаҳои инноватсия, индустрикунонӣ, бахши кишоварзии кишвар ва ғайра.
Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳодҳои мазкурро ба унвони Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд (Мактуби Н.Саидов таҳти № 80 аз 07.08.2020, 12 саҳифа)
Масъалаҳои ҷорӣ
Ахборот оид ба иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №16/10-148 аз 15.06.2020 ва банди 13-и Протоколи №7 аз 06.06.2020 ҷаласаи назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар самти таблиҒот ва посух ба мақолаҳои туҳматомез дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати шаъну шарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Н.Саидов қайд намуд, ки Шӯрои ҷамъиятӣ ҷиҳати иҷрои ин дастур дар айни замон дар ду самт фаъолиятро ба роҳ мондааст: нашри мақолаҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғоту ташвиқот аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ бо аҳли ҷомеа оид ба дастовардҳои Ҳукумати кишвар таҳти Роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Қайд гардид, ки дар айни замон раисони ташилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, 16 (шонздаҳ) намуди мақолаҳоро ба чоп расонида, инчунин, дар вохуриҳо ва сӯҳбатҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиро пеш бурда истодаанд. Сипас, миёни иштирокчиёни ҷаласа оид ба ин масъала мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар фарҷоми баррасии ин масъала ба раисони ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дастур дода шуд, ки дар ин самт фаъолиятро мунтазам идома дода, ба ҳамагуна мақолаҳои туҳматангез нисбати шаъну шарафи Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар васоити ахбори омма нашр карда мешаванд, саривақт посух диҳанд.
Котиботи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон