
Агар ба хотири барпо кардани давлат чӣ қадар ҷоннисориҳо шуда бошад, барои ҳифз кардан дар амну осудагӣ ва рушду тараққӣ нигоҳ доштани он сарфи накамтар аз он зарур аст.
Фаъолияти ҳамарӯзаи сарвари давлти тоҷикон нишонгар ва намунаи олии ҳамин гуна муносибат ба тақдири имрӯзу ояндаи давлати мо мебошад.
Баъд аз ҳазор сол дар даҳсолаи охири асри бист халқи тоҷик ба бузургтарин неъмат – соҳибистиқлолӣ ноил гардид. Мутаассифона, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷумҳуриамон ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гашт, миллати тоҷик зери фишору тазйиқ қарор гирифт, барои ҳамчун миллат аз байн рафтану таҳдиди нестшавии фарҳангу забонаш чандон фосилае намонда буд ва ба истиқлолияти бадастомада хатар таҳдид мекард. Душманони миллат таҳти роҳбарии хоҷагони хориҷии худ аз норасоии иҷтимоиву иқтисодии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ истифода бурда, байни мардум алангаи ҷангро афрӯхтанд ва шаҳрвандони зиёд маҷбур шуданд тарки Ватан кунанд. Хушбахтона, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбариро ба фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон боварӣ кард ва ин боварӣ сарчашмаи сулҳу субот дар кишварамон гашт.
Боиси хурсандӣ ва сарфарозист, ки ташкилоти ҷамъиятии Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии ватанамон муаррифгари лоиҳаҳои иншоотҳои ҷумҳуриявидоштаи давлати Тоҷикистон гардид, ки онҳо Маҷмааи ёдгории поягузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Маҷмааи ёдгории сардафтари адабиёти тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ, Қасри Миллат, Маркази савдои “Пойтахт–90”, Маҷмааи ёдгории 2700 солагии шаҳри Кӯлоби бостонӣ, биноҳои бисёрқабатаи бо унсурҳои миллӣ сохта шуда ва даҳҳо лоиҳаҳои бузурги таърихӣ, ки номашон ба таърихи навини кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо хатҳои заррин сабт гардидаанду Пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру марказҳои ноҳияҳои Тоҷикистонро бо ҳусну рангорангии хоси миллӣ оро медиҳанд.
Ҳамаи муваффақиятҳои бадастомада ин бо самараи баъди ҳазор соли бедавлатӣ боз соҳиби давлату сарвари хеш гардидан аст. Пешвои миллат дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳаммаи унсурҳои асосии давлатдориро ба роҳ монд, ки он дар кишвар амнияти шахс, ҷомеа ва худи давлатро таъмин намуд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои хирадманд ва шахсияти тавонои сиёсӣ дар дохили кишвар ва ҷаҳон маъруфият пайдо намуд. Боиси сарфарозист, ки дар муддати кӯтоҳ дар кишварамон тағйиротҳои азим ба амал омаданд, ки иҷрои онро дар асри сипаригардида орзу мекардему дар амалӣ гардонидани он имконият надоштем.
Ҳоло сохтмонҳои бузурги таърихӣ бо ҳусну таровати миллии худ шаҳру ноҳияҳо ва пойтахти кишвар – шаҳри Душанберо оро медиҳанд ва дар қатори дигар шаҳрҳои пешрафтаи кишварҳои хориҷӣ баробар қадам мезананд.
Мардуми шарифи кишварамон аз суботу оромие, ки имрӯзҳо дар ҳар як хона ҳукмфармост шукргузорӣ намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидану мустаҳкам кардани иқтисодиёт, такмил додану барқарор кардани маданияти аз байн рафтаи ниёгонамон ва беҳтар кардани ҳолати маишию иҷтимоӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Ин аст, ки соли 2021 дар саросари кишвар сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомат дар ҳамаи гӯшаю канори ҷумҳурӣ таҷлил мегардад. Барои бо дастовези меҳнатӣ пешвоз гирифтани ҷашни таърихӣ, меъморону муҳандисони академия тасмим гирифтанд, лоиҳаеро омода созанд, ки чун лоиҳаҳои қабли кишвари соҳибистиқлоламонро ҳамчун кишвари дар арсаи ҷаҳони мутамаддин рӯ ба тараққӣ ниҳода нишон диҳанд. Барои онҳо чунин имконият пайдо гардид. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои абадӣ гардонидани 30 соли Истиқлолият ва дар таърихи навини кишвар ворид намудани соҳибистиқлолии давлати озоди тоҷикон ғояи маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ»-ро пешниҳод намуд. Академия омода сохтани лоиҳаро ба ӯҳда гирифт ва гурӯҳи эҷодии он ба омодасозии лоиҳа шуруъ намуда, онро сари вақт ва бо сифати баланд, ба итмом расонид.
Ҳоло сохтмончиён барои сари вақт ба итмом расонидани он кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Ҳамаи ин дастовардҳо самараи сулҳу субот ва оромии вазъи сиёсию иҷтимоӣ мебошад. Бинобар ин, вазифаи муққаддаси мо, хусусан ҷавонон аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда пояҳои давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем, дар асоси қонунҳои амалкунанда фаъолият намоем, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳама сарҷамъона бо дили соф дастгирӣ намоем ва бо қувваи дучанд бо майдони меҳнат баромада барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани хеш чораҳо андешем.
Лекин гурӯҳҳое пайдо гардидаанд, ки аз вабои ба сари оламиён омада истифода бурда, ба овозаҳои бардурӯғ, суханҳои бофтаю беасос, ғаразнок, айбҷӯии бедалели хатарнок дар расонаҳо баромад намуда, тарзи давлатдорӣ ва роҳбариятро наҳ мезананд, ки ин аз бадбинӣ ва ҷаҳонбинии маҳдуди онҳо дарак медиҳад.
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки чунин шахсон миллат ва Ватани худро дӯст намедоранд, ҳисси ватандӯстӣ дар вуҷуди онҳо арзи вуҷуд надорад, дар лаҳзаҳои душвор дар паҳлӯи халқ нестанд ва овозаҳои беасосу бепояро ба воситаи шабакаҳои иттилоотӣ пахш намуда, давлат ва роҳбарияти онро танқид менамоянд. Ман боварии комил дорам, ки халқи шарифи Тоҷикистон ба чунин шахсони роҳи бадбиниро интихобнамуда, ки миллат ва ватанашро эътироф наменамоянд ва иғвогариро вазифаи худ интихоб кардаанд, нафрат мехонад.
Мехоҳам ба чунин шахсон бигӯям, ки иғвогариро як тараф гузошта, ба гуфтаҳои ниёгонамон такя намуда, маърифату маданияти худро баланд мебардоранд ва ба корҳои ободониву созандагии Ватани азизамон камари ҳиммат банданд, чунки таъмини амнияти миллӣ барои ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳ арзишмандтарин дастовард аст. Дар ҳамин ҳолат давлатамон пойдору осуда гашта, рушду тараққӣ менамояд ва мардум ба ояндаи нек ва дурахшон қадами устувор хоҳанд гузошт.
Б.Зуҳурдинов, Сохтмончии хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барандаи ҷоизаи ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, Сарвари Ташкилоти Ҷамъиятии «Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон»