27-уми октябри соли 2020 дар маҷлисгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар ҷаласа дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ гардид
Оид ба масъала Раҳмонзода А.А. – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Азиззода Ш.Н. – Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Имомзода М.С. – Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимӣ Ф. – Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иматова Л. – Директори пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Қурбонов А.Ш. – Сардори Раёсати таҳлилии масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон суханронӣ карда, дар мубоҳиса ба саволҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ муфассал посух доданд.Дар кори ҷаласа роҳбарони ниҳодҳои масъули Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ширкат варзиданд.Инчунин, иштирокчиёни ҷаласа ба Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 шинос шуданд.Дар маърӯзаҳо зикр гардид, ки таҷрибаҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ собит намуданд, ки маҳз таваҷҷӯҳ ба илму маърифат, хосса ба илмҳои техникиву риёзӣ онҳоро дар арсаи ҷаҳонӣ пешрав гардонидааст ва имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад.Бо назардошти муҳимияти масъала ва бо мақсади такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди илму маориф, техника ва технологияи нав аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019 солҳои 2020–2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардид. Тавре ки Сарвари давлат таъкид доштанд, дар марҳилаи навбатии рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мебояд ба илмҳои дақиқу табиатшиносӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кард, зеро дурнамои пешрафти иқтисодиёти мамлакат маҳз ба ин илмҳо вобастагии зич дорад.Ҳамчунин зикр карда шуд, ки 18-уми марти соли равон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат Сарвари давлат андешаҳои худро доир ба дурнамои рушди илм, маориф, беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ, вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорӣ, бурду бохти раёсат ва институтҳои Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сохторҳои онҳо ва сатҳу сифати тарбияи кадрҳои илмӣ баён карда, ба вазорату идораҳои дахлдор супоришу вазифаҳои мушаххас доданд.Зимни мубоҳиса оид ба масъалаи мазкур раисони ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ: Камолова С.С., Усмонзода С.У., Ғаффоров А., Ким В.М., Маҳмадазимов А., Наимов М. Улчабоева М. ва дигарон суханронӣ намуда, пешниҳодҳои ташкилотҳои хешро оид ба амалигардонии дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ баён намуда, иброз доштанд, ки ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат омода аст дар амалигардонии Нақшаи чорабиниҳо дар рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ саҳмгузорӣ намояд.Дар охири мубоҳиса Н.Саидов – Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, оид ба проблемаҳои мавҷуда дар соҳаи маориф ва роҳҳои ҳаллу фасли онҳо пешниҳодҳои ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятиро иброз намуд.Оид ба масъалаи якум ҷаласа қарор қабул кард.1. Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳодҳои ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ доир ба амалӣ гардонидани дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва инчунин, пешниҳодҳои Шӯрои ҷамъиятиро оид ба роҳу усулҳои ҳалли проблемаҳои мавҷуда дар соҳаи илм ва маорифи кишвар ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор дода, муҳтавои онро ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоед.2. Маърӯзаҳои муҳтарам Имомзода М.С. ва Раҳимӣ Ф. дар сомонаи интернетии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Shuro.tj ҷойгир ва дар Бюллетени Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2021 чоп карда шавад.Дар фарҷом Н.Саидов иброз кард, ки дар айни замон Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ омодагиро ҷиҳати тартиб додани лоиҳаи Нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятӣ барои соли 2021 оғоз кардааст.Бинобар ин, аз ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ – ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ғайриҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ҷамъиятҳои миллӣ-фарҳангӣ хоҳиш менамоем, ки мавзӯъҳоро барои баррасӣ ҷиҳати ворид намудан ба Нақшаи кории Шӯро барои соли 2021 ба Котиботи Шӯро пешниҳод намоянд.Котиботи Шӯрои ҷамъиятииҶумҳурии ТоҷикистонПешниҳодҳоиташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба амалӣ гардидани дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ27-уми октябри соли 2020 дар маҷлисгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор ва дар кори он дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандиро мавриди баррасӣ қарор дода, пешниҳодҳо намуданд:– Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз ҷиҳати вақти омодагӣ яъне давраҳои баргузорӣ кӯтоҳ карда шавад ва бевосита ба амалигардонии Нақшаи мазкур оғоз карда шавад.– Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.2020 таҳти №427 тасдиқ гардидааст, дар васоити ахбори омма ба табъ расонида шуда, пешниҳодҳо ва эродҳои олимон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеаро ҷиҳати амалигардониии Нақшаи мазкур ба инобат гирифта шавад.– Фаъолияти сомонаҳои интернетии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар сифати пасти интернет аксар вақт барои аҳолӣ дастнорасанд, беҳтар карда шавад.– Дар базаи литсейҳои мавҷудаи президентӣ литсейҳои алоҳидаи тахассусӣ дорои мақоми махсус ташкил карда шавад:• Литсейҳои аввал бо тамоюли физикӣ-математикӣ,• Литсейҳои дуввум бо тамоюли химиявӣ ва биологӣ.Музди меҳнати ҳайати омӯзгорон дар литсейҳои тахассусӣ ба ҳисоби миёна аз музди меҳнати муқаррарӣ 50% зиёд карда шавад.– Дар системаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ номи «Литсей барои кӯдакони болаёқат» барҳам дода шуда, ба ҷойи онҳо мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии дорои мақоми махсус ташкил карда шавад:• Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ бо тамоюли физика ва математика• Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ бо тамоюли химия ва биология.Музди меҳнати ҳайати омӯзгорони мактабҳои махсус аз ҳисоби музди меҳнати миёна ба ҳисоби миёна 50% зиёд карда шавад.– Гузаронидани олимпиадаҳои ҳарсолаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои математика, физика, химия, биология барои синфҳои болоӣ (синфҳои 10–11). Ба ғолибон (ҷойҳои 1) ва ҷоизадорон (ҷойҳои 2 ва 3) ҳуқуқ дода шавд, ки ба донишгоҳҳои ҷумҳурӣ бе озмун дохил шаванд (ин нуктаро дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври алоҳида бояд муқаррар кард).–– Самтҳои «ҳамкории шарикӣ» байни ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо сохторҳои давлатӣ – вазоратҳо ва кумитаҳо оид ба масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ карор дода шавад:• Расонидани кумаки техникӣ барои мактабҳо ва литсейҳои кишварҳои хориҷӣ;• Мусоидат дар ҳалли масъалаҳои таълим ва зиёд намудани квотаҳои давлатӣ барои таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷӣ.Се диаспора – ташкилотҳои ҷамъиятии миллию фарҳангӣ аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: кореягӣ, тоторӣ, қазоқӣ, метавонанд бо истифода аз робитаҳои барқарорнамудаи худ проблемаҳои мавҷударо дар мактабҳои кишвар бо кӯмаки кишварҳои Кореяи Ҷанубӣ, Русия ва Қазоқистон ҳал кунанд.– Рушди фарҳанги иқтисодии кишвар, дар баробари рушди физика, математика, химия, информатика, биология, инчунин рушди санъати бадеиро низ тақозо дорад. Бинобар ин, бунёди мувозинат байни илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ дар асоси усулҳои мантиқ ва таҳлил ташаккул ёфта, рушди мафкуравии ҷомеаро таъмин менамояд. ПешниҳодҳоиШӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба роҳу усулҳои ҳалли проблемаҳои мавҷуда дар соҳаи илм ва маориф– Аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дар соҳаи маориф яке аз ҳалқаҳои занҷир, ки мавқеи ҳалкунанда дорад ва хеле заиф мебошад, ин ҳалқа мақом ва мартабаи омӯзгор – муаллим аст. Проблемаи асосӣ ин паст будани мақом ва мартабаи омӯзгор мебошад. Мушкилиҳои асосии омӯзгорон кам будани музди меҳнат, набудани кӯмакҳои иҷтимоӣ ва ҳимояи иҷтимоӣ, набудани имтиёзҳо барои табобат дар табобатхонаҳо ва барои истироҳат дар истироҳатгоҳҳо мебошанд. Аз сабаби он ки музди меҳнати муаллим-педогог кам ва ба нигоҳдории оилааш намерасонад, онҳо барои кор ба соҳаҳои дигар ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Дар айни замон ягона имтиёзе, ки омӯзгори тоҷик дорад, ин ҳамон додани як қитъаи хонасозӣ аст, ки бештари вақт ҳамонро низ мансабдорон намедиҳанд. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд якҷо амал карда, воситаҳои баланд бардоштани мавқеи омӯзгорро дар ҷомеа пайдо намоянд. Пешниҳод менамоем, ки мақом ва мартабаи омӯзгор дар ҷомеа баланд бардошта шавад. Музди меҳнати муаллим зиёд карда шавад. Ба омӯзгор барои хизматрасонии коммуналӣ имтиёзҳо дода шавад. Инчунин, барои муаллим дар як сол як маротиба ройгон барои табобат дар табобатхонаҳо ва барои истироҳат дар истироҳатгоҳҳо имтиёзҳо дода шавад.– Мушкилоти норасоии омӯзгорон аз шумули мардҳо дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар. Тибқи иттилои расмӣ имрӯзҳо зиёда аз 70%-и омӯзгоронро бонувон ташкил медиҳанд Коршиносон чунин мешуморанд, ки агар ҳамин тамоюл давом ёфтан гирад, омӯзгорӣ ба касби “занона” табдил меёбад. Вақте ки хонандагон сиёсати омӯзгор-мардро ҳис мекунанд, рафтори онҳо дигар мешавад. Ин бевосита ба тарбияи насли наврас таъсир мерасонад. Бояд роҳу усулҳоеро пайдо кард, ки омӯзгорон-мардҳо ба мактаб баргардонида шаванд, то ки тавозуни омӯзгорон аз шумули мардҳо ва занҳо нигоҳ дошта шавад.– Дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятӣ дар соҳаи илм ва маориф ташкил карда шавад. Дар он ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ – ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар соҳаи илм ва маориф лоиҳаҳо доранд бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар чорчӯбаи лоиҳаҳои муайян дар соҳаи илм ва маориф кор мекунанд, ба сифати аъзои Шӯро қабул карда шаванд.– Ба Шӯрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳоло фаъолият доранд, ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ҷалб нагардидааст. Бинобар ин, пешниҳод менамоем:• Ба Шӯрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,• Ба Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ба ҳайати• Шӯрои илм, маориф ва инноватисияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар айни замон созмон дода мешавад, Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти алоҳида, ки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишварро муттаҳид менамояд, ворид карда шавад.– Мушкилиҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣМуассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ бо ашёи таълимӣ хусусан, дар деҳот ба мизу курсӣ, катҳои хоб, таҷҳизоти варзишӣ, китобҳои бачагона, бозича ва асбобҳои аёнии таълимӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин нестанд. Маблағи аз буҷети ноҳияҳо барои хариди таҷҳизот ҷудошуда барои таъмини талаботи мавҷуда нокифоя буда, зарур аст, ки маблағгузории соҳа таҷдиди назар карда шавад.Масъалаи ҳалталаби дигар таъмини ғизои солим барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Маблағҳои барои таҳияи ғизо (хӯроки гарм) ҷудонамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои таъмини хӯроки серғизои кӯдакон кофӣ намебошад.Дар муассисаҳои томактабӣ нарасидани кормандони педагогии дорои таҳсилоти махсус, аз қабили методист, равоншинос, омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ, мусиқӣ, табибону ҳамшираҳои шафқат, логопед, тифлопедагог, сурдапедагог, олигофренопедагог вуҷуд доранд.Қисми зиёди дояҳо ва мураббиён шахсони тасодуфӣ мебошанд ва маълумоти тахассусиро надоранд.Дар муассисаҳои томактабии кишвар унсурҳои коррупсионӣ ба назар мерасанд. Аз волидайн барои қабул дар боғчахо, барои гузаронидани чорабиниҳо дар боғчаҳо, таъмири бино ва ғайраҳо маблағ талаб мекунанд.Ҷалби кӯдакону наврасон ба таълими ғайрирасмии динӣ рӯз то рӯз инкишоф ёфта истодааст. Маълумоти мушаххас оид ба ин проблема дар ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вуҷуд дорад.