Баромади ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода

Муҳтарам аъзои Шўро,

Ҳозирини гиромӣ,

Тавре ба Шумо маълум аст, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар пояи рушди устувори иқтисодӣ, соли 2016 Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардида, дар он таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворию дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул ҳамчун ҳадафҳои стратегӣ муайян шудаанд. Тибқи муқаррарот, татбиқи Стратегия дар се марҳила, дар асоси таҳия ва амалӣ шудани барномаҳои миёнамуҳлати рушд, пешбинӣгардида, ҷиҳати ба даст овардани афзалиятҳои марҳилаи дуюми он лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таҳия ва имрӯз ба баррасии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикстон пешниҳод шудааст. Таҳия ва қабули Барномаи мазкурро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷкистон аз 26 декабри соли 2019 ба Ҳукумати кишвар вазифа гузоштаанд. Он аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо пешбарии Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва иштироки ҳамаи вазорату идораҳо, олимону коршиносон, намояндагони шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия гардидааст. Ҳуҷҷати мазкур марҳилаи панҷсоларо дарбар гирифта, ҷиҳати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва мунтазам пайгирӣ намудани амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат заминаи воқеиро фароҳам меоварад. 

Ҳамзамон, Барномаи нав бо назардошти уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рӯзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ), инчунин низомнома ва тавсияҳои Ҳисоботи миллӣ оид ба ҷараёни татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, дар ҳошияи милликунонии ин ҳадафҳо, таҳия карда шудааст. Ҳозирини гиромӣ, Марҳилаи якуми Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар заминаи Барномаи минёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 амалӣ шудааст, нишон дод, ки дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти дахлдор ва тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд, ҳадаф ва вазифаҳои стратегии муайянгардида дар маҷмўъ татбиқ гардида, барои рушди устувори минбаъдаи кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Баъзе аз дастовардҳои мухими давраи мазкурро ба маълумоти шумо расонидани ҳастам. Ҷиҳати таҳкими нерўи институтсионалӣ дар солҳои 2016–2020 аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти тақвият бахшидани муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, мутобиқ намудани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ, соддагардонии расмиёти бақайдгирӣ, низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ, санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, таъмини дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ, инфрасохтори рушди соҳибкорӣ, роҳандозии стандартҳои байналмилалии сифату бехатарии маҳсулот ва муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорону сармоягузорон корҳои мушаххас анҷом дода шуданд. Дастовардҳои ислоҳоти номбурдаи солҳои охир боиси ба 59 зина баланд шудани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбии ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ (аз мавқеи 165-ум дар соли 2015 ба 106-ум ҷой дар соли 2020) ва солҳои 2015 ва 2020 ба рўйхати даҳгонаи (Топ-10) мамлакатҳои ислоҳотгари беҳтарин шомил гардидани кишвари мо замина гузошт. Бахусус дар соли 2020, тибқи арзёбии ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро боз ба 20 зина беҳтар намуд. Аз соли 2017 инҷониб, рейтинги кредитии соҳибихтиёрии кишвар аз ҷониби ширкатҳои байналмилалии рейтингии «Standard & Poor’s» ва «Moody’s Investors Service» дар сатҳи «В, бо дурнамои рушди устувор» ва «В-» арзёбӣ ва нигоҳ дошта мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор дар таҷрибаи соҳибистиқлолии худ ба маблағи 500 млн. доллар евробонд интишор карда, ба бозори ҷаҳонии сармоя ворид шуд. Ислоҳоти гузаронидашуда ба афзоиши мунтазами шумораи субъектҳои соҳибкории хурду миёна, аз 206,5 ҳазор адади соли 2015 ба 328 ҳазор адад дар соли 2020 ё 1,6 баробар зиёд, мусоидат намуда, дар натиҷа имрўз ҳиссаи бахши хусусӣ дар ММД 70 фоиз, дар таъмини шуѓли аҳолӣ 68 фоиз ва даромадҳои андозӣ ба буҷети давлатӣ 80 фоизро ташкил медиҳад. Татбиқи ислоҳоти назаррас ва ҷалби фаъоли сармоя барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар сатҳи 7 фоиз дар давоми панҷ соли охир замина гузошта, дар соли 2020 суръати рушди иқтисодиёти кишвар новобаста аз паёмадҳои манфии пандемияи коронавирус дар сатҳи 4,5 фоиз таъмин гардид. Дар соли 2020 суръати рушди воқеии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз нишондиҳандаи мақсадноки давраи миёнамуҳлат 1,3 баробар афзуда, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 1,6 баробар зиёд гардид. Ҳиссаи саноат дар сохтори ММД ба ҳиссаи кишоварзӣ хеле наздик шуда, раванди ташаккулёбии иқтисоди саноатӣ – аграрӣ дар давраи аввали татбиқи СМР – 2030 оѓоз ёфт. Бо эълон гардидани ҳадафи нави стратегӣ ба раванди саноатикунонии кишвар суръат бахшида шуда, саҳми истеҳсолоти саноатӣ дар болоравии иқтисодиёт назаррас гардид ва ҳиссаи он дар сохтори ММД дар давраи татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 то 17,4 фоиз дар соли 2020 афзоиш ёфт. Танҳо дар соли 2020–ум дар кишвар 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар натиҷа соли 2020 шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардида дар ҳафт соли оянда ин нишондиҳанда ба зиёда аз 3500 расонида мешавад, яъне беш аз 54 фоиз афзоиш меёбад. Инчунин, дар давраи татбиқи Барномаи миёнамўҳлати рушд барои солҳои 2016-2020 иқтидори истеҳсол ва содироти нерўи барқ аз ҳисоби ба кор даровардани Маркази Барқу Гармидиҳии- 2 (300 МВт) дар шаҳри Душанбе ва ду агрегати НБО Роѓун (200 МВт) афзун гардида, содироти нерўи барқ ҳамасола ба беш аз 2,5 млрд. кВт/соат расонида шудааст. Дар се соли охир дар Тоҷикистон бо назардошти ноҳияҳои дурдаст дар фаслҳои тирамоҳу зимистон таъмини мунтазами нерўи барқ ба роҳ монда шуд. Тадбирҳои анҷомдодашуда дар самти таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар барои дар арзёбии байналмилалӣ оид ба дастрасӣ ба қувваи барқ мавқеи 2-юмро ишѓол намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуданд. Сохтмон ва таҷдиди роҳҳо тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба беҳтар шудани сифати роҳҳо оварда расонид, ки дар натиҷа Тоҷикистон нисбат ба соли 2015 мавқеи худро дар раддабандии байналмилалии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ аз рўи нишондиҳандаи сифати инфрасохтори роҳ ба 32 банд беҳтар намуда, мавқеи 50-ум ва аз рўи самаранокии хизматрасонии роҳи оҳан мавқеи 37-умро дар байни 141 кишвари ҷаҳон ишѓол намояд. Дар давраи татбиқи Барномаи қабли, дар солҳои 2016-2020, ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20,6 то 26 фоиз афзоиш ёфта, номгўи молҳои содиротӣ аз 342 то 452 адад зиёд шуд. Дастоварди муҳими кишвар дар ин давра аз 31,3 то 26,3 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ маҳсуб меёбад, ки тибқи арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ аз рўи суръати баланди коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, Тоҷикистон ба қатори 10 кишвари пешсаф дар 15 соли охир шомил шудааст. Дар баробари дастовардҳо баъзе нишондиҳандаҳои алоҳидаи барномаи қаблӣ бо назардошти паёмади бўҳронҳои иқтисодии глобалӣ, ҷой доштани мушкилоти геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ байни кишварҳо, таѓйирёбии ноустувори нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, паст шудани фаъолнокии иқтисодӣ дар сатҳи байналмилалӣ, таѓйирёбии иқлим ва паҳншавии пандемияи коронавирус дар сатҳи зарурӣ иҷро нагардиданд. Бинобар ин, лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо назардошти сабақҳои андўхта, ворид намудани як қатор навгониҳо ва муносибатҳои нави консептуалӣ таҳия гардидааст. Он методологияи нави барномарезиро фаро мегирад, ки ба таҳлилҳои низомсанҷию маҷмўӣ ва истифодаи моделҳои макроиқтисодию эконометрикии рушд асос ёфтааст. Хусусияти фарқкунандаи лоиҳаи Барнома навбатӣ дар он аст, ки дар ин ҳуҷҷат ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба захираву имкониятҳои бузурги ба таври зарурӣ истифоданашуда, боби алоҳида бо дарҷи муфассали манбаъҳои иловагии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ пешбинӣ гардидааст. Ба сифати чунин манбаҳои иловагӣ дар лоиҳаи барнома рушди иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди “сабз”, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди изофашуда, рушди саноати дорусозӣ, тараққӣ додани бозори молиявӣ ва фарогирии молиявӣ, инкишофи хизматрасониҳои таълимию илмӣ, татбиқи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳии кишвар, расмикунонии иқтисоди ниҳонӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ интихоб ва асоснок карда шудаанд. Татбиқи Барномаи пешниҳодшуда аз рўи сенарияи шиддатнок имкон медиҳад, ки ҳамасола суръати рушди иқтисодӣ аз 7 фоиз кам набошад ва дар маҷмўъ, дар панҷ сол ММД-и номиналӣ 1,8 баробар, ММД-и воқеӣ 1,7 баробар ва ММД ба ҳар сари аҳолӣ 1,7 баробар зиёд гардида, сатҳи камбизоатӣ аз 26 фоизи соли 2020 то ба 18 фоиз дар соли 2025 расонида мешавад. Бо сабаби он, ки Барномаи мазкур рушди иқтисоди миллиро дар асоси сенарияи саноатикунонии босуръат пешбинӣ менамояд, он бешубҳа рушди бошиддати саноати кишварро барои ин давра дар назар дорад. Ҳамин тавр, ҳиссаи бахши саноат дар ММД то соли 2025 мунтазам афзоиш ёфта, ба 20,7 фоиз баробар мешавад. Татбиқи барнома имкон медиҳад, ки истеҳсоли нерўи барқ то соли 2025 ба 27,6 миллиард кВт. соат расонида шавад. Ҳамзамон, фаъолияти иқтисоди хориҷии кишвар густариш ёфта, ҳаҷми содирот аз 1,4 миллиард доллари соли 2020 ба 2,4 миллиард доллар дар соли 2025 расонида мешавад. Эҳтиёҷоти умумии молиявии ҳуҷҷати мазкур аз рўи ҳисобҳои модели рушд ва тадбирҳои матрисаи амалиёт 115,3 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Интизор меравад, ки 44,53 фоизи маблаѓгузории Барнома аз ҳисоби буҷаи давлатӣ (51,3 млрд. сомонӣ), 30,43 фоизи он аз ҳисоби шарикони рушд (35,1 млрд.сомонӣ) ва 25,04 фоиз аз ҳисоби бахши хусусӣ (28,1 млрд.сомонӣ) амалӣ мешавад. Ҳозирини гиромӣ, Лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 айни замон дар баррасии Ҳукумати кишвар қарор дорад. Муаррифии муфассали лоиҳаи Барномаи нави миёнамуҳлати рушд ба таври рўнамоӣ аз ҷониби масъулони Вазорати рушди иқтисод ва савдо имрӯз ба манзури шумо пешниҳод карда мешавад.

Ба диққататон ташаккур!

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Неъматулло Ҳикматуллозода

дар ҷаласаи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.