ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ШЎРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

29 июли соли ҷорӣ ҷаласаи сайёри Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Шўрои ҷамъиятии ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон дар шакли мизи мудаввар бо иштироки ҳизбҳои сиёсии ноҳия, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ташкилотҳои динӣ, раисони ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар ноҳияи Балҷувон дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият доранд, мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон, занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон, раисони ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар ноҳия бо ҷавонон ва занон кор мекунанд, раисони ҷамоатҳои ноҳияи Балҷувон, собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, имомхатиби ноҳия, пирони рӯзгордида ва хабарнигорони шабакаҳои телевизионии марказӣ ва вилоятӣ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон гузаронида шуд.

Рўзномаи ҷаласа:

1. Муаррифии арзандаи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути рушди соҳаи сайёҳӣ дар давраи ташаккули системаи нави муносибатҳои байналмилалӣ

2. Ҷоннок намудани доираи фаъолияти Шўрои ҷамъиятии ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон (Маърўзачӣ: Саидов Н.Ш. – котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

3. Масаъалаҳои ҷорӣ

Модератори ҷаласа Шарифӣ Ф.Б. – муовини раиси вилояти Хатлон, ваколатдори раиси Шӯрои ҷамъиятии вилояти Хатлон

Дар кори мизи мудаввар Азиззода Ш.Н. – мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Саидов Н.Ш. – котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифӣ Ф.Б. – муовини раиси вилояти Хатлон, ваколатдори раиси Шӯрои ҷамъиятии вилояти Хатлон ва Ҷалилзода Шералӣ – раиси ноҳияи Балҷувон, раиси Шӯрои ҷамъиятии ноҳия иштирок ва суханронӣ намуда, ба саволҳои иштирокчиёни ҷаласа посух гуфтанд.

Сипас, ба сифати коршиносони мустақил Шарипов Саймуддин – намояндаи ташкилоти ҷамъиятии “Сайри ҷаҳон”, Мирзоев Фаридун – роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Иттифоқи соҳибкорон ва сармоягузорони Тоҷикистон”, Маъруф Нодирӣ – директори маркази сайёҳӣ ва солимгардонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Турахонзода Шарифхон – ҳуқуқшиноси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ва Шоҳзод Дилшод Муҳибулло — мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон суханронӣ намуда, оид ба маърўзаҳои муҳокимашаванда фикру мулоҳиза, андешаҳо ва пешниҳодҳои мушаххаси хешро иброз намуданд.

Оид ба масъалаи якум ҷаласа қарор қабул кард:

1. Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ оид ба баргузории ҷаласа ва натиҷаҳои он гузориши алоҳида ва маълумотномаи таҳлилиро бо назардошти фикру мулоҳиза, андешаҳо ва пешниҳодҳои мушаххаси дар рафти ҷаласа иброзгардидаро дар бораи проблемаҳои мавҷуда дар ноҳияи Балҷувон ҳамчун минтақаи туризми байналмилалиро омода намуда, ба унвони Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ирсол намояд.

2. Маърўзачиёни имрўза матни суханрониашонро ба Котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Саидов супоранд.

3. Матни маърўзаҳои Азиззода Ш.Н. – мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Саидов Н.Ш. – котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифӣ Ф. – муовини раиси вилояти Хатлон, ваколатдори раиси Шӯрои ҷамъиятии вилояти Хатлон ва коршиносони мустақил дар сомонаи интернетии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон www.shuro.tj ҷойгир карда шавад ва дар Бюллетени Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда шавад.

Дар нимаи дуюми рўз ҷаласаи алоҳидаи Шўрои ҷамъиятии ноҳияи Балҷувон бо иштироки Азиззода Ш.Н., Саидов Н.Ш., аъзои Шўрои ҷамъиятии ноҳия ва шахсони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар мавзўи «Ҷоннок намудани доираи фаъолияти Шўрои ҷамъиятии ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон» баргузор гардид.

Дар ҷаласа Азиззода Ш.Н. – мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Саидов Н.Ш. – котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифӣ Ф.Б. – муовини раиси вилояти Хатлон, ваколатдори раиси Шӯрои ҷамъиятии вилояти Хатлон ва Ҷалилзода Ш. – раиси ноҳияи Балҷувон, раиси Шӯрои ҷамъиятии ноҳия иштирок намуданд.

Н.Саидов оид ба масъалаи рўзнома суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар машварати корӣ бо аъзои Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 январи соли 2017 қайд карда буданд:

«Авзои ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ, бархўрди тамаддунҳо ва торафт афзудани муборизаи иттилоотӣ тақозо мекунад, ки Шўрои ҷамъиятӣ доираи фаъолияти худро боз ҳам васеътар гардонад. Аз ин лиҳоз, имрўз мо ба қавитар гардонидани фаъолияти он дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ниёз дорем.

Мутаассифона, нақшаи чорабиниҳои Шўро дар мақомоти маҳаллӣ ниҳоят заиф амалӣ шуда, ҷаласаҳо сари вақт доир намешаванд, созмонҳо ва ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба корҳои таблиғотӣ кам ҷалб мешаванд, яъне дар маҷмуъ, корҳо дар ин самт беҳбудиро талаб менамоянд.

Вобаста ба ин, зарур аст, ки минбаъд фаъолияти Шўрои ҷамъиятӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷоннок карда шавад». Ҷиҳати иҷрои дастури Раиси Шўрои ҷамъиятӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, котиботи Шўрои ҷамъиятӣ Низомномаи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро такмил дода, дар асоси он Низомномаи намунавиро барои шўроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳия ва вилоятҳои кишвар тартиб дод ва дар асоси он шўроҳои ҷамъиятии вилоятӣ ва шаҳрӣ Низомномаи худро тартиб доданд.

Оид ба масъалаи дуюм ҷаласа қарор қабул кард:

1. Шўрои ҷамъиятии ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон дар ҳалли масъалаҳои муҳими шаҳру ноҳияҳо дар баробари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолона иштирок намуда, саҳми бевосита гузоранд.

2. Охири ҳар сол ҳисоботи Шўрои ҷамъиятӣ ва нақшаи Шўрои ҷамъиятӣ барои соли оянда тартиб дода шуда, барои тасдиқ дар ҷаласаи Шўро муҳокима карда шавад.

3. Тибқи Низомнома дар се моҳ як ҷаласаи Шўрои ҷамъиятӣ гузаронида шавад ва дар сурати зарурӣ метавон ҷаласаи ғайринавбатии Шўро гузаронида шавад.

Ҳамин тариқ, Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ дар моҳи июли соли 2021 – банди 5 Нақшаи кори Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 «Муаррифии арзандаи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути рушди соҳаи сайёҳӣ дар давраи ташаккули системаи нави муносибатҳои байналмилалӣ» ва

– банди 11 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2017 оид ба «Ҷоннок намудани доираи фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ» ба иҷро расонд.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.