ИТТИЛОИЯ

ИТТИЛОИЯ

20-уми августи соли 2021 дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Модератори ҷаласа Мусоева Рафиқа Ғаниевна – узви Шўрои ҷамъиятӣ, Раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рўзномаи ҷаласа:

1. “Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории Шанхай: густариши ҳамкорӣ баҳри субот ва рушду инкишоф. Бахшида ба 20-солагии таъсисёбии СҲШ ва Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай солҳои 2020-2021” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ

2. Масъалаҳои ҷорӣ.

Дар кори конференсияи илмӣ-амалӣ Шарифӣ А.Л. – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Азиззода Ш.Н. – Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Амонзода И.Т. – Ваколатдори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шўрои ҷамъиятӣ, Баротзода Ф. – Ваколатдори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шўрои ҷамъиятӣ, Фарҳод Салим – намояндаи ваколатдори Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конференсияи илмӣ-амалии Шўрои ҷамъиятӣ, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ғафурзода А.Д. – ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бояд қайд кард, ки барои иштирок ва суханронӣ дар конференсияи илмӣ-амалӣ Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Хуршед Махшулзода даъват шуда буданд.

Аммо, ба Котиботи Шуро аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ворид шуд, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2020-2021 (№116679(29) аз 21.12.2020), ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, Марказ масъули баргузор намудани конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ зери унвони “20-солагии СҲШ: аз форуми минтақавӣ то эътирофи ҷаҳонӣ” мебошад.

Азбаски баргузории чорабинии мазкур низ санаи 20.08.2021 ба нақша гирифта шудааст, бинобар ин директори Марказ ба ҳайси мизбон дар конфронси мо иштирок карда наметавонанд.

Дар оғози конференсия мўҳтарам Шарифӣ А.Л. – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, қайд кард, ки имрўз Созмони ҳамкории Шанхай – иштирокчии бонуфуз ва масъули низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ мебошад ва дар таъмини сулҳ ва амният, ҳалли низоъҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ нақши босазо дорад. Басо рамзист, ки ин соли ҷашнӣ дар таърихи фаъолияти Созмон ба давраи раёсати Тоҷикистон дар он рост омад. Ба ин манзур, дар давраи раёсати ҷории кишвари мо баргузории зиёда аз 100 чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бо ҷаласаи ҷашнии Шўрои сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмон дар рўзҳои 16-17 сентябри соли равон дар пойтахти Тоҷикистон ҷамъбаст мешаванд.

Бо назардошти созгор будани фаъоляити Созмони ҳамкории Шанхай ба усулҳои асосии стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон, кишвари мо ба тақвияти минбаъдаи нақши он дар ҳаллу фасли вазифаҳои асосии таҳкими сулҳ ва амният, тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, мубориза бо хатарҳо ва таҳдидҳои муосир, алалхусус терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар соҳаҳо манфиатдор аст ва дар ин раванд ба ҳамкориҳои хеш бо кишварҳои аъзо идома хоҳад дод.

Баъдан, Н.Саидов – Котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мақсади баргузории конференсия қайд намуд, ки дар рўзномаи фаъолияти Шўрои ҷамъиятӣ дар соли охир самти нав таҳти унвони “Саҳми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалишавии сиёсати хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дохил гардид, ки он зарурати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати саҳмгузории ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳалли проблемаҳои мавҷуда дар соҳаи сиёсати хориҷии кишварро дарбар мегирад ва пешниҳод намуд, ки масъалаи “Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо шўроҳои ҷамъиятӣ ва ё дигар ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятии кишварҳои СҲШ, ки фаъолияташон барои дастгирӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ равона гардидааст, ҳамаҷониба ба роҳ монда, санадҳои ҳамкориро ба имзо расонад” мавриди баррасӣ қарор дода шавад, зеро тибқи Низомномаи Шўрои ҷамъиятӣ аз 07.04.2018 Шўро чунин салоҳиятро дорад.

      Сипас, Фарҳод Салим – намояндаи ваколатдори Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конференсияи илмӣ-амалии Шўрои ҷамъиятӣ, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ғафурзода А.Д. – ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мавзўи рўзнома суханронӣ намуданд.

    Зимни мубоҳиса оид ба масъалаи мазкур раисони ташкилотҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ: Баротзода Ф., Раҷабов А., Мусоева Р.Ғ., Раҳимова С., Мирасанова З., Сайфуллоев С., Сафаров С.С., суханронӣ намуда, фикру мулоҳиза ва андешаҳои мушаххаси хешро оид ба “Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории Шанхай: густариши ҳамкорӣ баҳри субот ва рушду инкишоф. Бахшида ба 20-солагии таъсисёбии СҲШ ва Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай солҳои 2020-2021” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ баён намуданд

Оид ба масъалаи якум конференсия қарор қабул кард.

1. Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ мўҳтавои конференсияи илмӣ-амалии имрўза – суханрониҳо ва пешниҳодҳоро мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода, дар асоси онҳо гузориши алоҳидаро ба унвони Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ирсол намояд.

2. Пешниҳоди “Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба роҳ мондани ҳамкориҳои муфид бо шўроҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятии кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки фаъолияташон барои дастгирӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ равона гардидааст, ҳамаҷониба ба роҳ монда, бо онҳо санадҳои ҳамкории барои ин амалия заруриро ба имзо расонад” барои роҳнамоӣ ба Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардад.

3. Маърўзаҳои муҳтарам Шарифӣ А.Л. – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Фарҳод Салим – Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғафурзода А.Д. – ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи интернетии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Shuro.tj ҷойгир карда шавад. Лоиҳаи қарор ба овоз монда шуд ва қабул гардид.

2. Масъалаҳои ҷорӣ

а) Оид ба пешниҳодҳо ба лоиҳаи Паём – 2022 Н.Саидов қайд кард, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27-уми январи соли 2017 яке аз вазифаҳои асосии Шўрои ҷамъиятӣ гузаронидани мониторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат бармеоянд, иборат аст.

Дар ҷаласаи Шўрои ҷамъиятӣ 25 июни соли 2021 қарор қабул гардид, ки ташкилотҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ пешниҳодҳои хешро то 25 августи соли ҷорӣ ба Котибот ирсол намоянд.

      Бинобар ин, ба аъзои Шўрои ҷамъиятӣ, раисони кумита ва комиссияҳои Шўрои ҷамъиятӣ дастур дода мешавад, ки фикру мулоҳизаҳо, андешаҳо ва пешниҳодҳои мушаххаси ташкилоти хешро оид ба рафти амалишавии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2021 иброз гардиданд ва инчунин пешниҳодҳои мушаххаси ташкилотҳои хешро ҷиҳати ворид намудан ба лоиҳаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 то охири моҳи август ба Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ ирсол намоянд.

б) Оид ба масъалаи ҷаласаи сайёри Шўрои ҷамъиятӣ дар ноҳияи Балҷувон Н.Саидов ахборот дод, ки 29 июли соли ҷорӣ ҷаласаи сайёри Шўрои ҷамъиятӣ якҷо бо Шўрои ҷамъиятии ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон дар мавзўҳои “Муаррифии арзандаи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути рушди соҳаи сайёҳӣ дар давраи ташаккули системаи нави муносибатҳои байналмилалӣ” ва “Ҷоннок намудани доираи фаъолияти Шўрои ҷамъиятии ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон” баргузор гардид.

    Оид ба натиҷаи ҷаласаи сайёр гузориши алоҳида ва маълумотномаи таҳлилӣ оид ба вазъи сайёҳӣ дар ноҳияи Балҷувон омода гардида, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

     Инчунин, гузориш ва маълумотнома дар сомонаи интернетии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Shuro.tj ҷойгир карда шуд.

     Ҳамин тариқ, Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ дар моҳи августи соли 2021

— банди 7-уми Нақшаи кори Шўрои ҷамъиятӣ барои соли 2021 – конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзўи “Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории Шанхай: густариши ҳамкорӣ баҳри субот ва рушду инкишоф. Бахшида ба 20-солагии таъсисёбии СҲШ ва Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай солҳои 2020-2021” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва

— банди 2-юми Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27-уми январи соли 2017 “Пешниҳод намудани назару андешаҳои воқеъбинона ба ниҳодҳои ҳукуматӣ бо назардошти манфиатҳои миллию давлатӣ” ба иҷро расонид.

Котиботи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.