
28-уми октябри соли 2021 дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Модератори ҷаласа Саидов Н.Ш. Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ
Рўзномаи ҷаласа:
1 Масъалаҳои соҳибкасб кардани аҳолӣ, ихтисоси ҳунарҳои нав ва касбҳои коргарӣ, паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ
- Оид ба пешниҳодҳои ташкилотҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ ба лоиҳаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2022. Маърузачӣ: Мусоева Р.Ғ. Раиси комиссияи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омода намудани пешниҳодҳои Шӯрои ҷамъиятӣ ба лоиҳаи Паём
- Оид ба тасдиқи номзадии Сафаров С.С. ба вазифаи Раиси Комиссияи одоби Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Масъалаҳои ҷорӣ.
Дар кори ҷаласа Оқилзода Нурулло – Мушовири калони Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сухани ифтитоҳи баромад намуда, баъдан Саидов Н.Ш Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ, Маликзод П.И,- вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлисии олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода А. А.- муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Анварӣ Сарваршо–- Сардори раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Неъматзода М.М. –- Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон суханрони намуданд.
Инчунин дар чаласа роҳбарони сохторҳои марбутаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: Қурбонзода Ф.М. -сардори Раёсати таҳсилоти ибтидои касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандии, Носирзода Д.М.- Муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Каримзода Т — сардори Хадамоти муҳоҷират, Сафарзода Ҷ.З.-директори Маркази таълими калонсолони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда ба саволҳои иштирокчиёни ҷаласа посух гуфтанд.
Зимни мубоҳиса оид ба масъалаи мазкур раисони ташкилотҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ: Шаҳидӣ М.З., Ғаффоров.А, Мамадазимов А., Каримов Ш., Раҷабов А., Мусоева Р.Ғ., ва Мирасанова З., суханронӣ намуда, пешниходхои мушаххаси хешро аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ баён намуданд (Пениҳодҳо замима мегардад)

Оид ба масъалаи якум ҷаласа қарор қабул кард.
- Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотномаи таҳлилиро оид ба рафти амалшави конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷирати меҳнати ба Шӯрои ҷамъиятӣ пешноҳод намояд.
- Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ мўҳтавои ҷаласаи имрўза -– матни суханрониҳо ва пешниҳодҳоро мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода, дар асоси онҳо гузориши алоҳидаро ба унвони Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ирсол намояд.
- Маърўзаҳои муҳтарам Оқилзода Н., Маликзод П.И., Раҳмонзода А. А, Анварӣ Сарваршова Неъматзода М.М.-дар сомонаи интернетии Шўрои ҷамъиятӣ Shuro.tj ҷойгир карда шавад.
Лоиҳаи қарор ба овоз монда шуд ва қабул гардид.
Оид ба масъалаи дуюми рӯзнома Мусоева Р.Ғ. дар бораи пешниҳодҳои ташкилотҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ барои ворид намудан ба лоиҳаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2022 суханрони намуда қайд кард, ки имсол ташкилотҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ пешниҳодҳои иборат аз 77 бандро (соли гузашта 53 пешниҳод буд) иброз доштанд. Бо мақсади ба низом даровардани ин маълумот мо онҳоро ба се блок тақсим кардем. Аз ҷумла: Блоки 1 – Масъалаҳои сиёсӣ -12 пешниҳод; Блоки 2 – Масъалаҳои иҷтимоӣ -23 пешниход ва Блоки 3 – Масъалаҳои иқтисодии — 29 пешниҳод иборат мебошад. Пешниходхои мазкур мавриди барраси ва дар натича чаласа карор кабул кард:
Ахбороти Раиси комиссияи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омода намудани пешниҳодҳои Шӯрои ҷамъиятӣ ба лоиҳаи Паём – 2022 маъқул дониста шавад ва ба таври гузориши алоҳида ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ пешниҳод карда шавад.
- Оид ба масъалаи 3-юми рузнома чаласа номзадии Сафаров С. С.,- ро ба Раиси Комиссияи одоби Шўрои чамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда онро тасдиқ кард.
4.Масъалаҳои ҷорӣ
- Котиботи Шӯро лоиҳаи нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятиро барои соли 2020 омода намуда истодааст.Бинобар ин,зарур аст , ки Раисони ташкилотҳои узви Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳодҳои хешро ҷиҳати ворид намудан ба лоихаи Нақшаи кории Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ба Котиботи Шуро ирсол намоянд.
2.Узви Шӯрои ҷамъиятӣ Мусоева пешниҳод кард ,ки бахшида ба 5 солаи кабули конун Ҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи Рузи Президент якҷо бо Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон конфренсия гузаронида шавад .Ҷаласа қарор қабул кард.
- Пешниҳоди Мусаева Р.Г қабул карда шавад.
- Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ якҷо ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъаларо мавриди баррасӣ қарор дода аз натиҷа бе ахборот пешниҳод намоед.
Ҳамин тариқ, Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ дар моҳи августи соли 2021
— банди 7-уми Нақшаи кори Шўрои ҷамъиятӣ барои соли 2021 – “Масъалаҳои соҳибкасб кардани аҳолӣ, ихтисоси ҳунарҳои нав ва касбҳои коргарӣ, паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва
— банди 6-юми Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27-уми январи соли 2017 “ Идома бахшидани мониторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳое ,ки аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сиёсати дохилии ва хориҷии мамлакат бар меоянд “ ба иҷро расонид.
Котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Саидов
Пешниҳодҳои
ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Масъалаҳои соҳибкасб кардани аҳолӣ, ихтисоси ҳунарҳои нав ва касбҳои коргарӣ, паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ
— Аз қабули ин конун “Дар бораи муҳоҷирати меҳнати”зиёда аз 5 сол сипарӣ шуда ва саволе ба миён меояд: То ба кадом андоза қонуни мазкур дар ҳалли проблемаҳои соҳа мусоидат намуд? Бинобар ин, пешниҳод менамоям,ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотномаи таҳлилиро оид ба раванди амалигардонии конуни мазкур омода ва ба Шӯрои ҷамъиятӣ пешноҳод намояд.
— Таҳлилҳо нишон медиханд , ки шумораи заноне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд дар ҳолати болоравист. Инчунин дар ин раванд шумораи омузгороне,ки ба мухочирати мехнати мераванд афзуда истодааст. Мувофиқи мақсад аст ,ки проблемаҳои зикр гардида аз ҷониби Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамаҷониба баррасӣ гирдида, маълумотномаи таҳлилӣ бо пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати ҳалли мушкилотҳои мавҷуда ба котиботи Шӯроии ҷамъиятии Ҷумҳуриии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
— Аксарияти табақаи ба муҳоҷирати меҳнати сафаркунанда ин ҷавононе, мебошанд, ки дар артиши миллӣ хизмат кардан намехоҳанд, табақаи маълумоти олӣ бо таҷрибаи меҳнатӣ дошта ва сокинони деҳот ба шумор мераванд. Дар байни онҳо бештарашонро ҷавононе ташкил медиҳанд, ки пас аз хатми мактаб бе азхуд кардани ягон касбу кор ва надонистани забон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Аз ин рў низоми маориф бояд аз курсии мактабхонии ин табақаи ҷавонон зарурияти бо касби иловагӣ (УПК) омўзиш додани онҳоро амалан чораандешӣ кунад. Чунин таҷрибаро мо ҳанўз аз замони шуравӣ доштем ва имрўз танҳо онро бо шаклу мазмуни ба бозори меҳнати кишварҳои муҳоҷирони меҳнатии моро қабулкунанда мутобиқ сохтан зарур аст. Дар ин маврид таваҷҷўҳро на танҳо ба омўзиши касбҳои коргарии техникӣ, балки шуғлҳои кишоварзии пешрафтаю хизматрасонии иҷтимоӣ низ равона кардан муҳим аст. Зеро имрўз талаботи бозори меҳнати кишварҳои муҳоҷирони меҳнатии моро қабулкунанда, ки пеш аз ҳама Россия ва Қазоқистон мебошанд, маҳз ба ин касбу шуғлҳо эҳтиёҷ доранд. Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ бояд бозори меҳнати кишварҳои ҳамсояро омўзанд ва дар баробари ин дар ҷумҳурӣ барои тайёр намудани касбҳои зарурӣ омодагӣ бинанд.
-Зарур аст, ки дар сатхи давлат харчи зудтар мачмуи карорхо, аз чумла масъалахои такмили механизми хамкории бозори мехнат ва бозори хизматрасонии таълим-маориф ва пешгуии талаботи иктисодиёт ба кадрхо кабул карда шаванд.
-Халли пурсамари проблемаи шугли ахолй дар Чумхурии Точикистон бо татбики як катор тадбирхои зерин имконпазир аст:
а) Гузаронидани инвентаризатсияи умумимиллии шумораи потенсиалии ҷойҳои корӣ дар ҳама соҳаҳо ва соҳаҳои иқтисодиёти кишвар. Маълум аст, ки микдори зиёди корхо дар саноат ва сохаи социалй холй мебошанд. Ба вучуд овардани чойхои кор, гайр аз ин, бо назардошти ба кор андохтани фондхои асосии истехсолии мавчуда, вале корношоям, арзиши сарфакунандаи ресурсхо хохад дошт;
б) барқарор намудани фаъолияти қатъшудаи корхонаҳо дар асоси нақшаи ивазкунии воридот имкониятҳои воқеии молиявиро барои васеъ намудани уфуқҳои рушди иқтисодӣ фароҳам меорад;
б) татбиқи принсипи «таъминкунии» сиёсати шуғли ахоли дар барномахои рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишвар бо зикри мушаххаси нақшаҳои таъсиси ҷойҳои корӣ;
в) баркарор намудани сохахои калони мехнатталаби инноватсионии дар сатхи баланд.
— Системам бахисобгирии солонаи таъсиси ҷойҳои корӣ дар асоси ҷамъбасти маълумоти Барномаи давлатии татбиқи шуғли аҳолӣ ва ҷойҳои нави корӣ ё барқароршуда дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, вилоятҳо, ноҳияҳо, чамоатҳо таҳия ва ба роҳ монда шавад
— Робитаро бо ҳамватанони берунмарзӣ (муҳоҷират) ҳарчи бештар бояд тақвият додан даркор, онҳо на бояд аз мадди назар берун монанд. Дар ин замина фаъолиятҳои давлативу ҷамъиятиро ҳамоҳанг сохтан лозим;
— Масъалаи тарбияи солими динии ҷавонони муҳоҷирро барои пешгирӣ аз нарафтани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷои ва ифротгаро(тероризм)
-Барои бештар амалӣ шудани ин бояд имкоянияти ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ба таври васеъ истифода гардад.
-Тавасути садою симо омода намудани рубрикаи махсусро дар бораи касбҳо.
— Дар дараҷаи давлати ташкил кардани шахракхои (поселкаҳои) тоҷикнишин дар Федератсия Россия
-Қувваи бузурги кории мо дар хориҷ ба нафъи дигар давлатҳо истифода мешавад. Ба замми ин муносибати бади корфармоён ва шаҳрвандони ин давлатҳо, надоштани ҷойи кор ва ҷойи зисти муносиб ,надонистани забон,урфу одат ва дигар қоидаҳои буду бош шароити муҳоҷиратро сангин мекунад .90% муҳоҷирон аз пеши худ, таваккалӣ, ба муҳоҷират мераванд. Маҳз аз ин барои муҳоҷирон ба проблемаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва шаъну шараф, таъмини маош, нафақа ва масъалаҳои дигари иҷтимоӣ бармеоянд.
-Раванди бенизому хаотикии муҳоҷирати меҳнӣ аз тарафи дигар ба сиёсати давлатӣ ва амнияти он,инчунин ба масъалаҳои демографию ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ таъсири манфии худро мерасонад.
-Мо бояд таҷрибаи дигар давлатҳои ҷаҳонро,ки айнан чунин холати ба мо монандро паси сар кардаанд,ба мисли Инданезия, Сингапур, Туркия ва ғайраро омӯзем ва ин мушкилоти мубрами ҷомеаро ҳал кунем.
-Рушд додани ҳунарҳои мардумӣ: оҳангарӣ, кандакорӣ ва додани қарзҳои молиявӣ барои рушди ин соҳа;
-Кулан тағйир додани омўзиш ва методикаи дарсдиҳӣ дар омўзишгоҳҳо.
Котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Саидов