Муҳтарам аъзои Шўрои ҷамъиятӣ!
Ҳозирини гиромӣ!
Мавзўе, ки дар ҷаласаи имрўза мавриди баррасӣ қарор мегирад “Масъалаҳои соҳибкасб кардани аҳолӣ, ихтисоси ҳунарҳои нав ва касбҳои коргарӣ, паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз масъалҳои муҳими ҷомеаи имрўза ба шумор меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, рушди ҳунармандӣ ва таълими калонсолон пайваста тадбирҳо меандешанд. Аз ин ҷо, дар сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои танзими муносибатҳои меҳнатӣ, рушди бозори меҳнат, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷои кор ва паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ мавқеи асосӣ дорад.
Таҳияи санадҳои меъёрӣ—ҳуқуқӣ
Дар давраи соҳибистиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои рушди соҳа, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барномаҳои давлатӣ ва созишномаҳои байнидавлатию ҳукуматиро вобаста ба ин соҳа таҳия ва қабул кардааст.
Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират», «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин қонунҳои танзимкунандаи муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.
Дар заминаи ин қонунҳо барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи рушди роҳнамоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи рушди таълими касбии калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардидаанд, ки ба рушди минбаъдаи соҳа мусоидат мекунанд.
Ҳамчунин, бо мақсади тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ин давра зиёда аз 40 санади байнидавлатию байниҳукуматӣ бо кишварҳои хориҷӣ ба тасвиб расидаанд. Ҳамчунин аз ҷониби Тоҷикистон 51 конвенсияҳо ва 22 тавсияҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат эътироф шудаанд. Дар ин замина соли 1997 нахуст Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи меҳнат буда, аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ баҳои баланд гирифт.
Иқдоми нави Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин масъала дар Паёми навбатии Президент ба Маҷлиси Олии ҶТ аз 26.01.2021
Роҳбари давлат қайд карданд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълимиии калонсолон китобҳои дарсӣ ва тахассусӣ намерасанд.
Аз ин рӯ, барои ислоҳоти ҷиддӣ, азнавсозии низоми таълим ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд, барномаву нақшаҳои таълими касбҳои коргарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳдиди назар карда шаванд ва барои таъмини муассисаҳои зикршуда бо китобҳои дарсӣ чораҳои заруриро ба роҳ монанд.
Вобаста ба ин, ба ҳар як муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз ҳисоби аъзои Ҳукумат, вакилони парламент, роҳбарони сохтору мақомоти марказӣ ва шаҳру ноҳияҳо якнафарӣ ба ҳайси сарпараст вобаста карда, дар зарфи ду соли оянда тамоми мушкилоту масъалаҳои ҷойдоштаи онҳо ҳаллу фасл карда шаванд.
Муҳоҷирати меҳнатӣ
Дар баробари ба танзим даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масоили вобаста ба он, ки имрӯз ба як раванди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, Ҳукумати мамлакат ба хотири паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ тамоми чораҳоро андешида истодааст.
Ҷиҳати танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар сатҳи зарурӣ омода карда шуданд.
Дар ин давра, дар маҷмуъ, беш аз 30 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”, Консепсияи давлатии сиёсати муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консепсияи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа, Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015, ду барномаи давлатӣ ва як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои гуногун танҳо дар ҳашт соли охир зиёда аз як миллион ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, шумораи шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, аз 1 миллиону 100 ҳазор дар соли 2012 то 400 ҳазор нафар дар соли 2019, яъне 64 фоиз кам гардид.
(Паём – 26.12.2019)
Ҳозирини муҳтарам!
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сохторҳо марбута дар самти масъалаҳои соҳибкасб кардани аҳолӣ, ихтисоси ҳунарҳои нав ва касбҳои коргарӣ, паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд.
Аммо дар айни замон, мушкилотҳо ва масъалаҳои ҳалталаб зиёданд ва барои ҳаллу фасли худ диду нигоҳи навро тақозо менамоянд.
Умедворем, ки аъзои Шўрои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои иҷтимоӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, масъалаи рӯзномаи ҷаласаро ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор дода, пешниҳодҳои мушаххаси худро барои ҳалли мушкилоти мавҷудаи соҳа баён менамоянд.
Оқилзода Н. – мушовири калони бахши Ёрдамчии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеа дар ҷаласаи навбатии Шўрои ҷамъиятӣ