
Муҳтарам Раёсат,
Муҳтарам аъзои Шурои ҷамъиятӣ, роҳбарони кумитаю идораҳо ва ҳозирини гиромӣ!
Имрӯзҳо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкасб гардонидани аҳолӣ, ташкил ва ҷорӣ намудани касбу ихтисосҳои нави коргарӣ равона гардидааст.
Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти кишвар бо мақсади соҳибкасб гардонидани аҳолӣ, аз ҷумла шаҳрвандони бешуғл бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2025” ва “Барномаи давлатии рушди ҳунармандӣ барои солҳои 2021 ва 2025” қабул гардиданд, ки барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбомӯзон, ҷорӣ намудани касбу ихтисос ва ҳунарҳои нав дар бозори меҳнат мусоидат менамояд.
Ҳамзамон бо ин мақсад бо ќарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Тартиби пешбурди феҳристи ҳунармандӣ” ба тавсиб расонида шуд, ки раванди рушди соҳаи ҳунармандиро ба танзим медароранд.
Ҳозирини гиромӣ,
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон дар шароити кунунӣ яке аз зинаҳои афзалиятноки таҳсилоти касбӣ дар ҷумҳурӣ буда, барои баланд бардоштани иқтидори захираҳои инсонӣ ва соҳибкасб намудани шаҳрвандони бешуғл ва муҳоҷирони ба ватан баргашта саҳми босазо мегузоранд.
Дар сохтори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ касбӣ тибқи талаботи муқарраргардида фаъолият намуда истодаанд.
Айни замон дар литсейҳои касбии техникии системаи вазорат 20 757 хонанда таҳсил менамоянд, ки аз ин 4 053 нафарро духтарон ташкил медиҳанд ва қисми зиёди хонандагон аз оилаҳои муҳочирони меҳнатӣ ва аҳолии камбизоат мебошанд.
Дар соли таҳсили 2020-2021 муасисаҳои таҳсилотии касбии низоми вазоратро 11 165 нафар хатм намуданд, ки 25 фоизи аз онҳоро духтарон ташкил дод.
Дар ин муассисаҳо дар 9 моҳи соли 2021 5411 нафар курсҳои кӯтоҳмудати касбомӯзиро хатм намуданд.
Ҳамзамон дар 5 марказҳои таълими калонсолон ва 41 филиалу 29 намояндагиҳои онҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ 31 646 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Аз ҷамъи умумӣ 15 128 нафар аз оилаиҳои камбизоат ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар доираи Барномаи шуғли аҳолӣ ройгон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Дар баробари ин, соҳибкасбии 8 550 нафар шаҳрвандон, ки аксар касбҳои гуногунро ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан аз худ намудаанд, бо усули валидатсия тасдиқ карда шуданд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои омӯзиши 120 ихтисосҳо дар 14 самт бо назардошти талаботи бозори меҳнат иҷозатнома дода шуда, айни замон омӯзиши 95 ихтисосҳо ба роҳ монда шудааст.
Дар Марказҳои таълими калонсолон айни замон омӯзиши 110 касбҳо дар 3 самт ба роҳ монда шудааст.
Ҳозирини гиромӣ,
Чи тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд имрӯз дар Тоҷикистон зарурат ва талабот барои ҷорӣ намудани омӯзиши садҳо ихтисоси нав вуҷуд дорад.
Бо назардошти ин, айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон қисме аз ихтисосҳо бо ихтисосҳои ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ ҷавобгў, аз ҷумла, коркарди сангҳои ороишӣ, устоҳои лифт, коркарди пластика, оператори техникаҳои роҳсозӣ, таъмиргари дастгоҳҳои сардкунанда ва ҳавотозакунӣ, насбкунии камераҳои назоратӣ, хатҳои интернет, дузандаи либосҳои мактабӣ ва ғайраҳо иваз карда шуданд.
Ҳамзамон, дар оянда ҷорӣ намудани касбҳои нав, аз қабили мутахассис оид ба шуғли фосилавӣ, барномасоз, бозоршинос, асосҳои соҳибкорӣ, асосҳои молиявӣ ва бонкӣ ва ғайраҳо дар назар дошта шудааст.
Муҳтарам аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ,
Яке аз самтҳои фаъолияти вазорат ин рушди ҳунарҳои миллӣ ва муосир мебошад.
Бояд иброз намуд, ки синфхонаи ҳунарҳои мардумӣ, ки қаблан дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ташкил шуда буданд, айни замон бо шароиту имкониятҳои бештар таъмин гардида, фаъолияташон васеътар карда шуд.
Дар ин замина, бо Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон шуруъ аз 1 январи соли 2021 дар назди муассисаҳои таълимии системаи вазорат 47 Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир таъсис дода шуда, дар онҳо омӯзиши 63 номгӯи касбу ҳунарҳо роҳандозӣ карда шуд, ки ин иқдом барои соҳибҳунар намудани шаҳрвандони бешуғл мусоидат менамояд. Вобаста ба ихтисос ва ҳунарҳои нав аз ҷониби вазорат лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Номгӯи касбҳои ҳунармандӣ” таҳия, бо вазорату идораҳо мувофиқа ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2021, №253 ба тасвиб расид, ки дар он аз рӯи 12 самту равия 167 номгӯи касбу ҳунарҳои нави бо талаботи бозори меҳнат чавобгӯ ворид карда шуд.
Дар 9 моҳи соли равон тавассути 47 Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосири назди муассисаҳои таълимии вазорат дар маҷмӯъ, 1 614 нафар ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ ва муосир, аз ҷумла, гулдӯзӣ, адрасбофу атласбофӣ, попурдӯзӣ, порчадӯзӣ, зардӯзӣ, ҷомадӯзу тоқидӯзӣ, кулолгарӣ, табақтарошӣ, кандакорӣ, заргарӣ ва ғайраҳо ба курсҳои кӯтоҳмуддат фаро гирифта шуданд.
Ҳозирини гиромӣ,
Коҳиш додани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз самтҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ буда, дар ин самт корҳои муайян ба сомон расонида шудааст.
Аз ҷумла, ҷиҳати ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» қабул, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани квотаи алоҳидаи махсус барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010, №277 “Оид ба тасдиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №213 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025” ба тавсиб расида, лоиҳаи Стратегияи милии муоҷират дар ЧТ барои давраи то соли 2030 дар мувофикаи вазорату идорахо карор дорад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи чораҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида мешаванд шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳафт соли охир қариб 500 ҳазор нафар коҳиш ёфт. Агар дар соли 2013 ҳамагӣ 799 698 нафар шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намуда бошанд, ин нишондиҳанда дар 9 моҳи соли равон 302 365 нафарро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 2 баробар нисбати соли 2013 кам мебошад.
Бояд қайд намуд, ки бо мақсади паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022” қабул гардидаст, ки мавриди амал қарор дорад.
Дар доираи Барномаи мазкур дар давоми нуҳ моҳи соли 2021 аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат ҷиҳати дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта ва мутобиқсозии онҳо ба бозори меҳнати дохилии кишвар корҳои муайян ба иҷро расонида шуд.
Дар ин давра, ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 2483 нафар муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта муроҷиат намуданд, ки аз ин теъдод 209 нафари онҳо занон мебошанд.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо 520 нафари онҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, 439 нафар ба тайёрии касбӣ, 135 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд ва ба 98 нафар қарзи имтиёзнок барои соҳибкории инфиродӣ ва ба 1291 нафар машварати касбӣ дода шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки айни замон ҷиҳати ба бозори меҳнати дохилӣ ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатии ба ватанбаргашта дар дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва сохторҳои он дар шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ утоқҳои қабул ва машварат бо ин гурӯҳи шаҳрвандон фаъолият менамояд.
Инчунин, тибқи Нақшаи чорабиниҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва сохторҳои маҳалли он вазифадор гардидаанд, ки дар якҷоягӣ бо Хадамоти муҳоҷират оид ба хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла, ба шуғл ва касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватан баргаштаанд чораҷӯи намоянд.
Ҷиҳати паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати вазорат низ корҳои муайян ба сомон расонида шуд.
Дар ин давра, ҳангоми санҷиши шиноснома зиёда аз 9 ҳазор шаҳрвандон бинобар дар рӯйхати манъшудагони маҳзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират мавҷуд буданашон аз сафар ба Федератсияи Россия баргардонида шуд.
Дар нуҳ моҳи соли равон ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 8 278 нафар муҳоҷирони ба ватанбаргашта муроҷиат намуда, а ҷониби Хадамот ба онҳо хизматҳои иҷтимоӣ расонида шуд. Аз ҷумла, ба 3817 нафар шаҳрвандоне, ки мақсади сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ доштанд барои касбомӯзӣ тавсия дода шуда, ба 505 нафар барои бо ҷойи кор дар дохили кишвар таъмин гардидан тавассути Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ роҳхат дода шуд. Дар натиҷа 612 нафар соҳибкасб гардида, 477 нафар дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Вобаста ба ин аз ҷониби ширкатҳое, ки иҷозатнома барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба ҷумҳуриро доранд, таносуби бо кор таъминкунии шаҳрвандони ватанӣ риоя гардида, дар ин ширкатҳо дар маҷмуъ 33 145 нафар машғули кор мебошанд, ки қисми зиёди онҳо муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта мебошанд.
Илова бар ин, дар доираи лоиҳаи «Пешбурди рушди фарогирии иқтисодӣ тавассути грантҳои ҳиссавӣ барои муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта дар Тоҷикистон» бо маблағгузории Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 12 лоиҳаи тиҷоратии муваффақ дар соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ ва занбурпарварӣ ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатии ба ватанбаргашта татбиқ шуда истодааст.
Ҳозирини гиромӣ,
Бо вуҷуди ба даст овардани муваффақиятҳо дар самтҳои соҳибкасб кардани аҳолӣ, ташкили ихтисосу ҳунарҳои нав ва касбҳои коргарӣ, паст кардани шиддати муҳоҷират ҳоло ҳам мушкилотҳо ҷой доранд ва ҷиҳати ҳали онҳо аз ҷониби вазорат дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори давлатӣ дар оянда чораҳои зерин амалӣ карда хоҳанд шуд:
- дар соли 2022 дар таҳрири нав таҳия намудани стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо ворид намудани номгӯи касбу ихтисосҳои нав тибқи талаботи бозори меҳнат.
- дар соли 2022 ҷорӣ намудани курсҳои кӯтоҳмуддатӣ нав дар марказҳои таълими калонсолон;
- дар лоиҳаҳои афзалиятнок ва созишномаҳои сармоягузории байниҳукуматӣ ва байнидавлатии соҳаҳо, инчунин дар ширкатҳое, ки дорои иҷозатнома барои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд, ҳарчи бештар ба кор ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта;
- бокортаъминкунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа дар асоси созишномаҳо ва шартномаҳои дуҷониба бо давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва бо ин васила паст кардани сатҳи муҳоҷирати бенизом;
- дар асоси шартномаҳои тарафайн миёни вазорат ва корфармо ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд ва бо ин васила ҳарчи бештар ба кор чалб намудани муҳоҷирони ба ватан баргашта дар корхонаҳои саноатии хурду бузурги кишвар.
Муовини якуми Вазири меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз