ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШЎРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШЎРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25-уми ноябри соли 2021 дар дар шахри Душанбе дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Модератори ҷаласа Акобирова Шаҳло – узви Шӯрои ҷамъиятӣ,  Раиси Кумита  оид ба кор бо занони Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон .

Рўзномаи ҷаласа:

  1. Ҷараёни амалишавии “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва “Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2021-2025 оид ба амалисозии  Стратегияи мазкур аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ.
  2. Ахбороти Комисияи одоби Шӯрои ҷамъиятӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон .
  3. Масъалаҳои ҷорӣ

Дар кори ҷаласа Амонзода И.Т.-  ваколатдори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлисии олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маликзод П.И.-   ваколатдори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оқилзода Н. – мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Н.Саидов – Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Имомзода М.С. – Вазири  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғаффорзода Н.- Муовини якум ва Абдулмуинзода З.-   муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадзода Д. — муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда доир ба самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ҷиҳати фаъолгардонии нақши занон,  татбиқи принсипи баробарии ҳуқуқу озодиҳои мардону занон ва фароҳам овардани имконияти баробар барои амалисозии он, таъмини намояндагии баробари мардон ва занон дар соҳаҳои мухталифи фаъолият, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ нисбат ба занон, ки ҳадафи асосии Стратегияро муайян менамоянд, изҳори назар намуданд. ба саволҳои иштирокчиёни ҷаласа посух гуфтанд.

Н. Саидов Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ зимни суханронии қайд кард, ки мақсад аз баррасии ҷараёни амалишавии Стратегия- 2021-2030 ва Нақшаи амалии Стратегияи мазкур  барои солҳои 2021-2026 аз он иборат аст, ки Шӯрои ҷамъиятӣ ҳамчун созмони муттаҳидкунандаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар мехоҳад, ки дар амалишавии  мақсадҳои Стратегияи номбурда  саҳмгузор бошад.

Зимни мубоҳиса оид ба масъалаи мазкур раисони ташкилотҳои узви Шӯрои ҷамъиятӣ: Шаҳидӣ М,Ёқубова М.М, Мусоева Р.Г, Шокирова М, Ким В.М, Маликзод П, Фақиров А, Мирова Д, Раҳматзода Р, Мирасанова З.Б, Сафаров С, Акобирва Ш, Рудобаи Мукаррам, У Бобозода  ва дигарон суханрони намуда пешниҳодҳои мушаххасро иброз намуданд.(Пешниҳодҳо замима мегардад).

Дар суханронии иштирокчиёни чаласа кайд гардид, ки пеш аз он, ки  Стратегияи 2021-2030 ва Накшаи чорабиниҳо барои солҳои 2021-2025 оид ба амалисозии  Стратегияи мазкур  барои имзо ба Ҳукумат  пешниҳод мегардид, салоҳ будӣ, ки Кумитаи кор бо занон ва оила лоиҳаи ин ҳуҷати мухимро  барои баррасӣ ба  Шӯрои ҷамъиятӣ ирсол мекард.

 Оид ба масъалаи якум ҷаласа қарор қабул кард.

  1. Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ мўҳтавои ҷаласаи имрўзаро – матни суханрониҳо ва пешниҳодҳоро мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода, дар асоси онҳо гузориши алоҳидаро ба унвони Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ирсол намояд.

2.Пешниҳодҳои Раисони ташкилотҳои ҷамъиятии узви Шӯрои ҷамъиятӣ барои рохнамоӣ   ба Кумитаи кор бо занон ва назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  фиристода шавад.

  1. Мувофиқи мақсад аст, ки пас аз муддате натиҷаҳои амалисозии Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2021-2025 оид ба амалисозии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

 Лоиҳаи қарор ба овоз монда шуд ва қабул гардид.

   Оиди масъалаи дуюми рузнома Сафаров С.С. — Раиси Комиссияи одоби Шӯрои ҷамъиятӣ зимн суханронии кайд намуд ,ки баъзе раисони ташкилотҳои ҷамъиятии узви Шӯрои ҷамъияти ҳастанд, ки  дар 2-3 соли охир умуман дар ҷаласаҳо иштирок намекунанд.Аз кабили  Тоҳиров Ф. — Раиси ҷамъияти “Дониш”-и Ҷумҳурии Тоҷикистонва Исмоилов И. Б. — Раиси ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи “Нафиса”, бо Котиботи Шӯро робита надоранд ва бо телефонҳои Котибот ҷавоб намедиҳанд.

Инчунин, хастанд раисони ташкилотҳои узви Шӯрои ҷамъиятӣ ки дар чаласахои Шӯрои ҷамъиятӣ гоҳ-гоҳ  иштирок намекунанд: аз кабили . Рахимзода У.- намояндаи ваколатдори раиси  Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Низом Қ. — раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон , Аскар Ҳ. – раиси Бунёди Садриддин Айнӣ, Қурбонов Қ.  –        раиси Ассотсиатсияи ҳуқукшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҳирӣ Муллозуҳур – раиси Ассотсиатсияи тибби анъанавии табибони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Юсупов Б. – раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ва Ахмадзода О.И, – раиси ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан”.

Баъди муҳокимаи васеи масъала ҷаласа қарор қабул кард.

               Сафаров С.С. – раиси Комиссияи одоби Шӯрои ҷамъиятӣ бо раисони ташкилотҳои номбурда  вохуриву мулокотҳо доир намуда ба масъалаи мавҷуда равшани андохта аз натиҷааш ба Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ ахборот пешниҳод намояд.

 Оиди масъалаҳои ҷорӣ

  1. Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳод менамояд, ки ба аъзоёни фаъоли  Шӯрои ҷамъиятӣ мукофотҳои давлатӣ дода шавад ва аз қабули ин қарор роҳбарияти Шӯро хабардор карда шавад.
  2. Н.Саидов қайд кард,ки дар айни замон Котиботи Шӯро лоиҳаи нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятиро барои соли 2022 омода намуда истодааст. Бинобар ин,зарур аст , ки Раисони ташкилотҳои узви Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳодҳои хешро ҷиҳати ворид намудан ба лоихаи Нақшаи кории Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ба Котиботи Шӯро ирсол намоянд.

Ҳамин тариқ, Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ дар моҳи августи соли 2021

— банди 8-уми Нақшаи кори Шўрои ҷамъиятӣ барои соли 2021 –барасси ҷараёни амалишавии “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва “Нақшаи амалӣ Стратегияи мазкур” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва

— банди 7-уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27-уми январи соли 2017 “ба роҳ мондани фаъолияти мунназами Шӯрои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади баррасии барномаҳо стратегияҳо ва қонунҳои нав “-ро ба иҷро расонид.

Барои маълумот ирсол мегардад.

       Замима:    Пешниҳодҳо  — 2 саҳифа

Котиби ҳамоҳангсози

Шўрои ҷамъиятии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                               Н.Саидов

Пешниҳодҳои

ташкилотҳои  узви Шӯрои ҷамъиятӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба амалисозии “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи   чорабиниҳо барои солҳо 2021-2025  ҷиҳати амалисозии Стратегияи мазкур   аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ.

          -Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  маълумотномаи таҳлилиро оид ба   шумораи заноне, ки аз вилоятҳо  ва шаҳру ноҳияҳои чумҳурӣ ба муҳоҷирати  меҳнатӣ мераванд ва пешниҳодҳо мушаххасро  ҷиҳати ҳалли проблемаҳои мавҷудаи омода  ба Котиботи  Шӯрои ҷамъиятӣ ирсол намоед.

-Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни амалишаваиии “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва Нақшаи чорабиниҳои барои солҳои 2021- 2025 ҷараёни амалисозии Стратегияи мазкур ташкилотҳои ҷамъиятии узви Шӯрои ҷамъиятиро, ки раисонашон занҳо ҳастанд ҳамаҷониба ҷалб карда шаванд.

  —  Номгуи тахассусҳои ғайризанона дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз нав омухта ба он тағирот ворид карда шавад.

—  Ҷалби бештари духтарон ба тахассусҳои техникиву инноватсионӣ бештар гардад .   

—  Ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, ки роҳбаронашон занонанд, дар татбиқи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва Нақшаи   чорабиниҳо барои солҳо 2021-2025  ҷиҳати амалисозии  Стратегияи мазкур саҳмгузор бошанд.

—   Хавфи гендерӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ба инобат гирифта шаванд.

—   Тақсими меҳнат дар оила бояд дида баромада шавад.

—  Зӯроварӣ дар оила пайгири карда шавад.

— Мувофиқ намудани инфрасохтор  барои ҳаёти комили одамони имконияташон маҳдуд.

— Ҷалби фаъоли ташкилотҳои байналхалқӣ дар татбиқи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва Нақшаи   чорабиниҳо барои солҳо 2021-2025  ҷиҳати амалисозии  Стратегияи мазкур.

— Ба масъалаи солимӣ ва гигиенаи духтарон аҳамият дода шавад.

— Ташкили гуруҳи корӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо занон барои ҷалби сармоя баҳри татбиқи Стратегияи 2021-2030.

—  Маҳдуд нашудани синнусоли зан барои фаъолияти давлативу ҷамъиятӣ.

— Маблағҳои давлатӣ барои фаъолияти занон бештар ҷудо карда шавад.

— Дар назди ҳар сохтор бахши алоҳида вобаста ба татбиқи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва Нақшаи   чорабиниҳо барои солҳо 2021-2025  ҷиҳати амалисозии  Стратегияи мазкур бошад.

— Дастрасӣ ба омор нест. Онҳо бояд кушода бошанд.

— Занони лаёқатманд новобаста аз узвияташон ба кадом ҳизб ба вазифаҳои давлатӣ таъин карда шаванд.

— Механизми татбиқи   “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва Нақшаи   чорабиниҳо барои солҳо 2021-2025  ҷиҳати амалисозии  Стратегияи мазкур бозбини шавад.

— Ташкил намудани  маркази  равоншиносӣ  дпр назди  шуъбаҳои бахши  занон дар тамоми  вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва  мунтазам расонидани кумаки  маънавӣ ба заноне, ки аз шикасти зиндагӣ ба нокомӣ дучор шудаанд.

— Баргузор намудани вохӯриҳо аз ҳисоби занони фаъол, собиқадорон дар  дурдастарин ҷамоатҳои  деҳот оид ба масъалаҳое, ки дар соли 2021 дар ҷомеа аз худ зиёд дарак доданд (Ба унвони  мисол  куштори  чор кудак аз тарафи калонсолон ва дигар амалҳои зишту сангин).

— Интишор  намудани зиндагиномаи занони шинохта ва обрӯманди  Тоҷикистон.

— Зиёд намудани теъдоди  Квотаи  Президентӣ барои ҷавондухтарони ҷамоатҳои дурдастарини ноҳияҳо.

Котиби ҳамоҳангсози

Шўрои ҷамъиятии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Н.Саидов

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.