Дар ҷаласаи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
23 июни соли 1997 тасдиқ карда шудааст
ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ КОНСЕПСИЯИ РИЗОИЯТИ ҶОМЕА ДАР ТОҶИКИСТОН
ДЕБОЧА
Истиқлолияти Тоҷикистон ба воқеият табдил ёфт. Ҳокимияти давлатӣ ваколатҳои худро ба амал татбиқ намуда, ҷомеаро баҳри демократикунонии ҳаёти сиёсӣ, гуногунақоидии мафкуравӣ ва фарҳангӣ пеш мебарад. Вақте фаро расид, ки тоҷикон ҳамчун ворисони фарҳанги олии ниёгони худ, ки дар таърихи башар мақоми арзандае дорад, аз шаклҳои муборизаи харобиовар даст кашида, бо усули пешқадами муборизаи сиёсӣ истиқлоли миллӣ ва давлатии худ, тарзи давлатдорӣ ва пешрафтро ба хотири сулҳу субот дар мамлакат ба роҳ монанд. ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ИМРӮЗАИ ҶАМЪИЯТИВУ СИЁСӢ Ҷумҳурӣ ба бӯҳрони шадиди давраи гузариш ба ҷомеаи демократӣ ва иқтисодиёти бозорӣ нигоҳ накарда, бо дарки тамоми мушкилоти рушди минбаъда ба оянда бо назари нек менигарад. Таҳаввулоти кулли дар сиёсат, иқтисод ва фарҳанг барои бунёди ҷомеаи ҳуқуқӣ, демократӣ, дунявӣ ва ташаккули шакли нави шуури ҷамъиятӣ асос мегардад. Сиёсати нави иқтисодӣ ба шаҳрванди озоди давлати соҳибистиқлол неруи тозаи эҷодӣ мебахшад. Ҳамаи ин барои ноил шудан ба ризоияти ҷомеа муносибату роҳҳои навро тақозо менамояд.
ПРИНСИПҲОИ АСОСИЕ, КИ БАРОИ РАСИДАН БА РИЗОИЯТИ ҶОМЕАИ ТОҶИКИСТОН МУСОИДАТ МЕНАМОЯНД
— ба даст овардани мавқе ягона дар масъалахои муттаҳидии миллӣ ва ҷамъиятиву сиёсии ҳалқи Тоҷикистон; — таъмини афзалияти ҳуқуқ ва озодии инсон бар ҳама гуна арзишҳои дигар, волоияти Конститутсия ва меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳукуқи байналҳалқӣ; — ягонагии миллат — ҳамчун асоси субот ва пешрафт дар ҷомеа; — истиқлолият — ҳамчун омили муҳим дар сиёсати дохилӣ ва хоричии давлат; — худшиносии миллӣ — ҳамчун механизми расидан ба давраи нави рушди ҷамъият; . — ягонагии давлат. ки барзидди ҷудоиандозӣ ва минтақагароӣ равона карда шудааст; -амнияти шаҳрвандон вазифаи аввалиндараҷаи давлат; — муносибати мутақобилаи демократӣ ва сабру таҳаммул байни намояндагони ҳокимият, аҳли ҷомеа ва ҳарифони сиёсӣ; — ба гузаштаи таърихӣ; — норавоӣ ва ғайрикабулии усулҳои муборизаи мусаллаҳона ва зуроварӣ дар ҳалли проблемаҳои ҷамъиятию сиёсӣ; — интернатсионализм ва ватандӯстӣ ҳамчун принсипҳои асосии муносибати байни намояндагони миллиятҳои гуногун; — гуногунакоидии сиёсӣ ва фарҳангӣ; — муносибати эҳтиромона ба фарҳанг, маросимҳои динӣ ва анъаноти тамоми миллиятҳо ва ҳалқиятҳои сокини ҷумҳурӣ.
ИНКИШОФИ ИҶТИМОӢ
Давлат ӯҳдадор аст, ки сиёсати фаъолонаи иҷтимоиро пеш барад, сатҳи зиндагии ҳалқро тадриҷан баланд бардорад, қисми қобили кори аҳолиро ба шароити нав мутобиқ гардонад, қисми камбизоати аҳолиро таҳти ҳимояи худ гирад, онҳоро аз оқибатҳои вазнини равандҳои гузариш ҳифз намояд, ба ду қутби муқобнл ҷудо шудани ҳалқро пешгирӣ, принсипҳои ҳамкории иҷтимоиро дастгирӣ ва проблемаи бо кор таъмин кардани аҳолиро аз рӯи барномаи иҷтимоӣ ҳал намояд. Иттифоқҳои касаба бояд пешниҳодҳои созандаро, ки ба ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ нигаронида шудаанд, таҳия намоянд. Мақомоти идораи давлатӣ, хоҷагидорӣ, иттиҳодияҳои истеҳсолӣ, саҳҳомон бояд ба ихтисори истеҳсолот роҳ надиҳанд, ӯҳдадориҳои худро назди коргарон, харидорон ва фурушандагон, бӯҷет ва бонк иҷро намуда, дар имзои созишномаҳои коллективӣ ширкат кунанд. Созмонҳои занон, ҷавонон ва собиқадорон бояд кори худро ҷоннок намоянд, ба пешгирии зиддиятҳои идеологии ҷомеа мусоидат кунанд, тамоюлу анъанаҳои муттаҳидкунандаро тараққӣ диҳанд, бо мақсади аз байн бурдани омилҳои низоъангез чорабиниҳои гуногун гузаронанд, шаҳрвандонро дар рӯҳияи ягонагии миллат, таҳкими истиқлоли воқеӣ муттаҳид гардонанд, озодиҳои иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии онҳоро ҳимоя намоянд, намояндагони арзандаи онҳо бошанд. Сохторҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ бояд ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ, экологӣ, фарҳангӣ, илмию техникӣ, масъалаҳои занон, дастгирии оилаҳои бесаробонмонда, пиронсолон, маъюбон, ятимон фаъолона ширкат намоянд, бо ташкилотҳои давлатӣ ба таври пурсамар ҳамкорӣ кунанд. Ташкилотҳои саҳҳомӣ, тиҷоратӣ, соҳибкорӣ ва монанди инҳо ӯҳдадоранд, ки бо дарназардошти анъанаҳои тиҷоратии ҳалқи тоҷик ба баланд шудани нақши Тоҷикистон дар тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат намоянд, тоҷикистониҳоро ҳамчун миллати дорои фарҳанги олӣ ва анъанаҳои таърихии тиҷоратӣ ва соҳибкорӣ нишон диҳанд. Мақомоти давлатӣ вазифаи худ медонанд, ки ба хотири ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони маскуни хориҷӣ кишвар тамоми тадбирҳоро андешанд. Барои онҳое, ки хоҳиши ба Ватан баргаштан доранд, шароити зарурӣ муҳайё намоянд.
МУНОСИБАТҲОИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР
Бо дарки тамоми масъулият барои оромӣ ва ризоият дар ҷумҳурӣ зарур аст, ки ба проблемаҳои муносибати байналмилалӣ ва дохилимиллӣ, бо риояи меъёрҳои байналхалқӣ ва такмили онҳо бо дарназардошти мушаххасоти ҷумҳурии мо, диққати ҷиддӣ дода шавад. Бо ин мақсад нуқтаҳои зайлро муҳим мешуморем: — бо роҳи татбиқи муқаррароти конститутсионӣ дар бораи баробарии тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ, сарфи назар аз нажод, ҷинс, миллат, мазҳаб, ақидаҳои сиёсӣ, ҳуқуқи миллатҳо ва гурӯҳҳои этникиро ба рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ эътироф карда, тибқи барномаҳои муайян инкишофи фарҳангӣ ба худ хоси акқалиятҳои миллиро дастгирӣ намоем; — сиёсати давлатӣ бояд ба дастгирии нерӯи фикрии созанда ва фарҳангии ҷомеа нигаронида шавад, зеро нерӯи мазкур ҳамеша ҳолати рӯҳиву маънавӣ ва сиёсии рушди миллатҳоро муайян, инкишофи ҳамаҷонибаи муносибатҳои миллиро таъмин менамояд, муносибати байни миллатҳо ва суботи ҷомеаро дар маҷмӯъ таҳким мебахшад; — ҷомеа бояд дар асоси принсипҳои ватандӯстӣ ва интернатсионализм ба муттаҳидшавии миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мусоидат намояд; -Тоҷикистон барои тамоми шаҳрвандони муқими он қаламрави ягона ва тақсимнопазир мебошад; -давлат ғамхорӣ менамояд, ки ҳар як гурӯҳи этникии сокини ҷумҳурӣ имкониятҳон инкишофи фарҳангии худро ҳамчун субъекти офарандаи фарҳанг амалӣ созад, аммо дар баробари тараққии иқтисодӣ ва иҷтимоии маҳалли зисти худ муҳити таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии онҳоро хифз кунад; -таҳрифи далелҳои таърихӣ, аз ҷониби ин ё он тараф ба мақсадҳои сиёсӣ ва харобкорона истифода шудани гузашта ва ояндаи миллатро ҷомеа маҳкум мекунад ва тарғибгарони чунин идеология дар назди халқ ҷавобгар ҳисоб мешаванд.
АМННЯТИ ШАҲРВАНДОН ВА ҶОМЕА
Ҳамаи қувваҳои ҷамъиятию сиёсие, ки ба хотири шукуфонӣ ва пешрафти ҷумҳурӣ муттаҳид мешаванд, ҳимояи сулҳ ва таъмини амнияти тамоми шаҳрвандонро вазифаи асоситарини давлат ва шарти муҳимтарини суботу тараққии ҷомеа мешуморанд. Аз ин рӯ, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ ё низомиро аз тарафи аҳзоби сиёсӣ, ҷунбишҳо ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ маҳкум намуда ба таври фаврӣ барҳам додани онхоро талаб мекунанд. Мақомоти давлатӣ бояд ширкати аҳзоби сиёсӣ, ҷунбишҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар таҳияи консепсияи амнияти миллӣ ва қонунҳои мавҷуда таъмин созанд. Қонунҳои қаблан қабулшуда бояд ба роҳи стратегии давлати соҳибистиқлол мутобиқат намоянд. Зарур аст, ки дар шуури ҷамъиятӣ зҳсоси муборизаи зидди гуфтору кирдори бад, сабукпоӣ. Худфурӯшӣ, дуздиву ғоратгарӣ, муштзурӣ, бетамизӣ, ки ба шаъни инсон доғ меоранд, парварда шавад.
АХЛОҚ, ФАРҲАНГ, МАОРИФ, ИЛМ ВА ТАНДУРУСТӢ
Чунин мешуморем, ки муҳаббат ба Ватан арзиши олии маънавӣ ва меҳнати эҷодкоронаи ҳар як шахс ба фоидаи Ватан, таҳким ва рушди арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, урфу одат ва анъанаҳои миллатҳои сокини ҷумҳурӣ қарзи ахлоқии мо мебошад. Давлат ва дигар қувваҳои ҷамъиятию сиёсӣ ӯҳдадоранд барои тарзи солими зиндагӣ асоси ҳуқуқӣ фароҳам оранд, меъёрҳои ахлоқии сиёсат, иқтисод ва ҳаёти ҷамъиятиро дар амал таҳким бахшанд ва бо ҳамин роҳ сатҳи ахлоқи ҷомеаро баланд бардоранд. Дар ин кор бояд олимон, нависандагон, шоирон, рӯзноманигорон, муаллимон ва дигар намояндагони зиёиён нақши хосро бозанд. Мақомоти ҳокимияти давлатии ҳамаи сатҳҳо бояд ба ҳифзи система таҳсилоти пурраи миёна, миёнаи махсус, касбию техникӣ мусоидат намоянд, таъминоти моддии мактабҳои олӣ ва таҳсилоти илмиро дар онҳо нигоҳ дошта, беҳтар намоянд. Дар баробари ин ташкили муассисаҳои таълимии ғайридавлатии нав, ки барои соҳаҳои муҳимтарини иқтисод, илм, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа кадрҳои баландихтисос тарбия мекунанд, бояд дастгирӣ ёбанд, давлат бояд илм, маориф ва технологияи муосирро аз ҷиҳати моддӣ ва молиявӣ мутобиқи талаби рӯз таъмин намояд. Ба илм, маориф, санъат ва тандурустии аҳолӣ мақоми сарвати миллӣ дода, онҳоро зери назорат ва таъминоти махсуси давлат қарор бояд дод. Ба тайёр намудан, ҷобаҷо гузоштан ва тарбия кардани кадрҳои ҷавони илмӣ мақоми вазифаи умумидавлатӣ дода шавад. Сохтмони шаҳракҳои илмию техникиро бо кӯмаки молиявии давлатҳои дигари ҷаҳон бояд инкишоф диҳем, Давлат ва ҷомеа дар соҳаи тарбияи ахлоқи нав ва покиза, ташаккулу таҳкими худогоҳии шаҳрвандон, ташаккули ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон ҳамкорӣ мекунанд ва ашхоси соҳибистеъдодро аз тариқи фондҳои махсуси ҷамъиятӣ ва давлатӣ дастгирӣ менамоянд. Давлат ҳама гуна шаклҳои эҷодиёти илмӣ ва ихтироъкоронро дастгирӣ мекунад, ҳамаи намудҳои эҷодиёти халқиро инкишоф медиҳад, ҷиҳати ташаккули маънавиёти олӣ, одоби муосир ва муносибатҳои мутамаддини байни одамон шароит фароҳам меорад. XXX Ҷамъият ҳамон вақт метавонад тараққӣ ёбад, ки дар дохили он дар байни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ мутобиқати манфиатҳо ба вуҷуд ояд, қувваҳои умумимиллӣ, муттаҳидкунанда ва марказшитоб нисбат ба қувваҳои худҳоҳи минтақавӣ, синфӣ, этникӣ ва сиёсӣ афзалият пайдо мекунанд. Фақат бо ҳамин роҳ дар Тоҷикистони имрӯза принсипи адолати иҷтимоӣ метавонад амалӣ гашга заминаи зарурии баромадан аз бӯҳрони иқтисодӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва ба даст овардани ризоияти ҷомеа дар Тоҷикистон бошад.