ИТТИЛОИЯ  ОИД БА ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ШӮРО ҶАМЪИЯТӢ ДАР СОЛИ 2021

ИТТИЛОИЯ ОИД БА ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ШӮРО ҶАМЪИЯТӢ ДАР СОЛИ 2021

28-уми декабри соли 2021 ҷаласаи ҷамъбастии Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид.

Модератори ҷаласа Исмоилзода З. – узви Шурои ҷамъиятӣ Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Рўзномаи ҷаласа:

  1. Ҳисоботи Н.Саидов – Котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятӣ оид ба фаъолияти Шўрои ҷамъиятӣ дар соли 2021 -маърўзачӣ: Н.Саидов;
  2. Муҳокимаи лоиҳаи Нақшаи кори Шўрои ҷамъиятӣ барои соли 2021 -маърузачӣ Н.Саидов
  3. Масъалаҳои ҷорӣ

Дар кори ҷаласа Оқилзода Нурулло – Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа иштиок ва суханрони намуд.

Оид ба масъалаи якуми рўзнома Котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятӣ Н.Саидов ахборот дод, ки дар соли сипаришуда Шўрои ҷамъиятӣ дар асоси Нақшаи кори Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 аз 24-уми январи соли 2021, ки аз ҷониби Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардидааст, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27.01.2017 аз 7-уми феврали соли 2017, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, роҳнамоиҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷимкистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.12.2021.бармеоянд ва дастуру супоришҳои алоҳидаи Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  фаъолияташро ба роҳ монд.

Дар давраи ҳисоботӣ 7( ҳафт) ҷаласаи нақшавӣ дар шаҳри Душанбе ва 2( ду) ҷаласаи сайёри Шўрои ҷамъиятӣ: дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристони вилояти Суѓд ва нохияи Балҷувони вилояти Хатлон гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ 9( нух) ҷаласаи Шӯротибқи Нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятӣ барои соли 2021 гузаронда шуд.

Қайд гардид, ки дар соли 2021 Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мавзўъҳои актуалӣ фаъолияти таҳлилиро аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба анҷом расонида, пешниҳодҳо ва назару андешаҳои воқеъбинонаи ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон–ро бо назардошти манфиатҳои миллию давлатӣ ба дар шакли гузориш ва маълумотномаи таҳлилии алоҳида ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои марбутаи ҳукуматӣ ирсол намуд.

Сипас, мухтасар дар бораи фаъолияти комиссия ва кумитаҳои Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти таҳлилию иттилотии Шӯрои ҷамъиятӣ мониторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021” бармеоянд. ва инчунин  иштирок дар кори конференсияҳо, семинар ва мизи мудаввар ва нашри маводҳо оид ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар воситаҳои ахбори омма, ҷоннок намудани доираи фаъолияти шўроҳои ҷамъиятии шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятии Шӯрои ҷамъиятӣ бо назардошти вазъияти кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ва сафарҳои хизматии Котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муфассал ахборот пешниҳод намуд.

Дар баррасии ҳисоботи Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ аъзои Шўрои ҷамъиятӣ Раҷабов А, Сафаров С., Муаммадазимов А, Саидмуккарам А.,Муҳаммад А., Бобобекова М., Ким В,М., суханрони намуда оид ба фаъолияти ҷанбаҳо гуногуни фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ фикру мулоҳизаи хешро баён намуданд.

Аъзои Шӯррои ҷамъиятӣ фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода ба ду масъала диққати хоса доданд:

Раисони ташкилотхои узви Шӯрои ҷамъиятӣ масъала ба миён гузоштанд, ки барои чи аъзоҳои фаъоли Шӯрои ҷамъиятӣ ба мукофоти медали ҷашнии 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдони нагардидаанд. Қисми зиёди Раисони ташкилотхои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ аз рузи Созмон додани Шӯрои ҷамъиятӣ то ҳоло дар фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд.

 Имсол роҳбарони ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ новобаста аз теъдоди муайянгардида ва пешниҳоди Котиботи Шӯро барои иштирок дар ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷимкистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.12.2021 даъват нагардиданд. Сабаб дар чист?

Сипас Оқилзода Нурулло- Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа суханронӣ намуда қайд намуд,ки фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар соли ҷорӣ самаранок буда аксари пешниҳодҳое,ки аз ҷониби ташкилотҳои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳоо сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ва фарҳанги пешниҳод гардида буданд аз ҷониби роҳбарият ба инобат гирифта шуд. Дар оянда хуб мешуд, ки роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҷаласоҳо бевосита худашон иштирок кунанд ва фаъол бошанд пешниҳодҳои мушаххасро иброз намоянд.Котиботи Шӯро фаъолияти ҳамоҳангсозиро такмил диҳад. Шӯрои ҷамъиятӣ бояд лоиҳаҳои алтернативиро оид ба масъалаҳои баррасигардида пешниҳод намояд. Барои Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ дар соли 2021 баҳои хуб гузошта шавад.

Ҷаласа қарор қабул кард:

Фаъолияти Котиботи Шўрои ҷамъияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 хуб ҳисобида шавад.

-Оид ба масъалаи дуюми рўзнома баррасии лоиҳаи нақшаи кори Шўрои ҷамъиятӣ барои соли 2022 Н.Саидов муфассал ахборот дод, ки Нақшаи кори Шўро ва бо назардошти пешниҳодҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ тартиб дода шудааст.

Сипас, лоиҳаи Нақшаи кори Шўрои ҷамъиятӣ барои соли 2021 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба лоиҳаи Нақша аъзои Шўрои ҷамъиятӣ Раҷабов А., Бобобекова М., Сафаров С., Каримов Ш., Абдулқодирззода С. пешниҳодҳо намуданд.

Баъди баррасӣ лоиҳаи Нақшаи кори Шўрои ҷамъиятӣ барои соли 2021 ба овоз монда шуд.

Ҷаласа қарор қабул кард:

1.Лоиҳаи Нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятӣ дар соли 2022 ки аз ҷониби Котиботи Шӯро пешниҳод гардидааст маъқул дониста шавад.

2.Лоиҳаи Нақшаи мазкур барои баррасӣ ба ба башхи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа пешниҳод карда шавад.

Хулоса, дар давраи ҳисоботӣ Шўрои ҷамъиятӣ ба сифати шарики боэътимоди давлат дар амалигардонии барномаву нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, ҷиҳати ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии кишвар корҳои муайянро ба анҷом расонд.

Ҳамин тариқ, Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ дар моҳи декабри соли 2021

— банди 11-уми Нақшаи кори Шўрои ҷамъиятӣ барои соли 2018 – “Ҷаласаи ҷамъбастии Шўрои ҷамъиятӣ дар соли 2021 ва тарҳрезии нақшаи кори Шўро барои соли 2022”-ро иҷро кард.

Гузориш барои маълумот пешниҳод мегардад.

Замима: Пешниҳодҳо оид ба такмил додани фаъолияти Шўрои ҷамъиятӣ дар соли 2021-2 саҳифа

Н.Саидов

Котиботи ҳамоҳангсози

Шўрои ҷамъиятии    

Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПЕШНИҲОДҲО

ОИД БА ТАКМИЛ ДОДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ШЎРОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР СОЛИ 2021

Дар давраи ҳисоботӣ Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ тадқиқотҳоро ҷиҳати роҳу усулҳои такмил додани фаъолияти Шўро ба анҷом расонида, мувофиқи мақсад мешуморад, ки:

  • Қабули ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат ба узвияти Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ кай дар мавриди баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба миён омада буд ва ҷаласа қарор қабул кард, ки ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” бояд узви Шӯрои ҷамъиятӣ бошад.

— Оид ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба миёни Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пешниҳод менамоем, ки дар барномаи таълимии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси махсуси алоҳида “Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон: хусусиятҳо ва дурнамои рушд” ташкил карда шавад. Мо омода ҳастем, ки барои донишҷуён ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси Академияи номбурда дар мавзўи “Шўрои ҷамъиятӣ ҳамчун ниҳоди муттаҳидкунандаи ҷомеаи шаҳрвандии кишвар” лексия ва маърўзаҳо ташкил кунем. Инчунин, имзои ҳуҷҷати алоҳидаро оид ба ҳамкорӣ миёни Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад мешуморем. Пешниҳодҳои мазкур дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ 28-юми декабри соли 2021 тасдиқ гардид.

  • Инчунин, додани грантҳои президентӣ ба фаъолони Шўрои ҷамъиятӣ мувофиқи мақсад аст.
  • Ба Роҳбарони ташкилотҳои узви Шӯрои ҷамъхияти тавсия дода мешавад, ки бахшида ба ҷашнҳои муҳими сиёсии давлати аз қабили рузи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рузи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар восита ахбори омма (ВАО) ба мубоҳиса диханд ва мақолаҳо чоп намоянд.

-Ҳисоботи оид ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии вилояти Хатлон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муҳокима карда шавад. (Тибқи Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ).

-Баргузории семинари омўзиши ҷиҳати такмили фаъолияти шўроҳои ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар шаҳри Душанбе.

Н.Саидов

Котиби ҳамоҳангсози

Шўрои ҷамъиятии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.