

Иттилоия оид ба ҷаласаи нахустини Шӯро ҷамъиятӣ дар соли 2022, дар мавзуи шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 21.12.2021
18- уми феврали соли 2022 дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 баргузор гардид.
Модератори ҷаласа Мусоева Р.Ғ., – узви Шўрои ҷамъиятӣ, Раиси Комиссияи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омода намудани пешниҳодҳои Шўро ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рўзномаи ҷаласа:
- Шарҳу эзоҳи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 21.12.2022” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ
- Оид ба “Нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022” – Ахбороти Н.Саидов – Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Масъалаҳои ҷорӣ

Дар кори ҷаласа Ализода З. – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Азизода Ш. Н, — Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Амонзода И. Т, – Намояндаи ваколатдори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ, Муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори ома ва робитаҳои байни парламенти, Баротзода Файзулло – Намояндаи ваколатдори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ, Раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханрони намуданд.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳи Ализода Зариф — Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ огоз намуда иброз дошт, ки “Паём санадест, ки дар он тамоми масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла нақшаву стратегияҳо, барномаҳо, муайян кардани рушди минбаъдаи ҷомеа инъикос мегарданд. Паём муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ мебошад. Нақши Паём дар дастовардҳои имрӯзаи мо хеле муҳим аст. Ҳамасола дар паёмҳои Президенти мамлакат он масъалаҳои стратегие, ки мавҷуданд, боз ҳам мукаммалтар гардида, самтҳои асосии дохилӣ ва хориҷӣ масъалаҳои нав ворид карда мешаванд”.
Сипас Амонзода И.Т., Намояндаи ваколатдори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба нуктаҳои муҳими Паёми навбатӣ гуфт, ки “он дурнамои рушди давлатдории мо буда, дар он нақшаҳои муҳимтарини сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дақиқу аниқ муайян карда шудаанд. Паёми навбатии Пешвои миллат бояд мавриди омӯзишу пажӯҳиши коршиносон ва ниҳодҳои илмиву пажӯҳишии кишвар қарор гирад”.
Баъдан, Баротзода Ф. — Намояндаи ваколатдори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ иброз дошт: Дар матни Паём як шиори ибратбахш ва пандомез «бунёди миллат аз маориф оҒоз мешавад» садо дод. Инчунин дар тақвияти ин суханон таъкид гардид, ки «бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҳеҷ ҷое намерасад». Вобаста ба ислоҳоти соҳаи маориф зарурати беҳтар намудани омўзиши илмҳои риёзӣ ва дақиқ, ҳамчунин аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, ба хусус русӣ ва англисӣ таъкид гардид. Иловатан зарур шуморида шуд, ки ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ва вакилон маҳорати забондонии онҳо ба инобат гирифта шавад. Мо аминем, ки дастуру супоришҳои дар Паём баёншуда аз ҷониби мақомоти дахлдори ҳукуматӣ ва шаҳрвандони ватандўсти кишвар татбиқи амалии худро пайдо мекунанд.
Инчунин, Мусоева Р., Раиси комиссияи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омода намудани пешниҳодҳои Шӯро ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки “бо пешниҳоди Шӯрои ҷамъиятӣ дар Паёми навбатӣ се бахши асосӣ баррасӣ гардид. Асосан ин Паёми Пешвои миллат роҳи дар 30 сол тайкарда ва дастовардҳои муҳими давлатдориро баррасӣ намуд. Бо шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар фарди мамлакат дарк кард, ки мардуми мо дар чунин муддати кӯтоҳи таърихӣ чӣ қадар роҳи бузургро тай намуда, давлати соҳибистиқлоли мо чӣ гуна ислоҳоту дигаргуниҳои куллиро паси сар кардаст. Тӯли ин солҳо дар мамлакати мо тайғирот ва дигаргуниҳои назаррас ба вуқӯъ пайвастанд ва аз ҳама муҳим, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва миллати муттаҳид дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи худро пайдо намудем”.
Дар мубоҳиса раисони ташкилотҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ: Мусоева Р. Г., Сафаров С.С., Наимов М., Ҳамидов С., Ратушенко Г.П., Ким В.М., Шарипова Д., Мирасанова З., Раҷабов А., Муҳаммадазимов А. ва дигарон суханронӣ намуда, оид ба ҷанбаҳои гуногуни Паём фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои мушаххаси хешро баён намуданд.( Маърузахо замима мегардад) .
Оид ба масъалаи якум ҷаласа қарор қабул кард:
- Раисони ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар ташкилотҳои хеш ҷаласа баргузор намуда дар он «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз аз 21.12.2021 аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ» мавриди омӯзиш ва таҷлил намуда, самтҳои онро сармашқи фаъолияти ташкилоти хеш қарор дода оид ба корҳои анҷом расонда ахборотро ба Котиботи Шӯро пешниҳод намоянд.
- Кумита ва комиссияҳои Шӯрои ҷамъиятӣ мониторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳо, ки аз «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохили ва хориҷии ҷумҷурӣ” аз 21.12.2021 аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ» бармеояд идома дода, пешниҳодҳои мушаххасро ба Котиботи Шӯро манзур намоян
- Маърӯзаҳои муҳтарам Зариф А. Амонзода И.Т., Баротзода Ф. ва Мусоева Р.Г., дар Бюллетени навбатӣ Шӯрои ҷамъиятӣ дар соли 2022 чоп карда шавад.
Оид ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа дар бораи “Нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022” – Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ муфассал дар бораи мавзуҳое, ки ба Нақшаи -2022 ворид гардида: Баргузории ҷаласаҳо дар шаҳри Душанбе ва инчунин ҷаласаҳои сайёрӣ Шӯрои ҷамъиятӣ якҷо бо Шӯрои ҷамъиятии ВМКБ дар шаҳри Хорӯғ ва шаҳри Исфараи вилояти Суғд ахборот дода кайд кард , ки роҳбарони ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, ки мехоҳанд оид ба масъалаҳое, ки ба Нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятӣ барои соли 2022 ворид гардиданд ва дар ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад бевоста иштирок намоянд ба котиботи Шуро мурочат намоянд.
Дар рафти чаласа қайд кардид: Дар “Нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022” масъалаҳои муҳим ва консептуалӣ муҳокима мегардад ва масъулин вазирон ва рохбарони сохторхои марбута мебошанд. Бинобар ин бояд шахсони аввал -Вазирон ва роҳбарони сохторҳои марбута бевосита дар ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ шахсан худашон иштирок кунанд на муовинонашон.
Ҳамин тариқ, Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ дар моҳи феврали соли 2022
— банди 1-уми Нақшаи кори Шўрои ҷамъиятӣ барои соли 2022 – “Шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрванди ва
— банди 6-уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27-уми январи соли 2017 “Оид ба идома бахшидани мониторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат”, ки мунтазам бояд гузаронида шавад, ба иҷро расонид.
Котиботи
Шўрои ҷамъиятии
Ҷумҳурии Тоҷикистон