Пешниҳодҳои ташкилотҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ доир ба вазъи маорифи кишвар аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ

Пешниҳодҳои ташкилотҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ доир ба вазъи маорифи кишвар аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ

22-юми апрели соли 2022  ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи  Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон баргузор ва дар кори он мавзуи “Маорифи миллӣ:дастовард ва мушкилот” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ қарор гирифт. Дар рафти ҷаласа ташкилотҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ чунин пешниходхо намуданд:

— Дар  занҷираи системаи маорифи кишвар яке аз халқахои,  ки мавқеи ҳалкунанда дорад ва хеле заиф мебошад, ин ҳалқа мақом ва мартабаи омўзгор аст. Мушкилиҳои асосии омўзгорон кам будани музди меҳнат, кўмакҳои иҷтимоӣ ва ҳимояи иҷтимоӣ, набудани имтиёзҳо барои табобат дар табобатхонаҳо ва барои истироҳат дар истироҳатгоҳҳо мебошанд. Аз сабаби он ки музди меҳнати муаллимон кам ва ба нигоҳдории оилааш намерасонад, онҳо барои кор ба соҳаҳои дигар ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Пешниҳод менамоем, пеш аз ҳама музди меҳнати омузгор зиёд карда шавад ва мақом ва мартабаи омўзгор дар ҷомеа баланд бардошта шавад.

– Мушкилоти норасоии омўзгорон аз шумули мардҳо дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар.Тибқи иттилои расмӣ имрўзҳо зиёда аз 70%-и омўзгоронро бонувон ташкил медиҳанд. Коршиносон чунин мешуморанд, ки агар ҳамин тамоюл давом ёфтан гирад, омўзгорӣ ба касби “занона” табдил меёбад. Вақте, ки хонандагон сиёсати омўзгор-мардро ҳис мекунанд, рафтори онҳо дигар мешавад. Ин бевосита ба тарбияи насли наврас таъсир мерасонад. Бояд роҳу усулҳоеро пайдо кард, ки омўзгорон-мардҳо ба мактаб баргардонида шаванд, то ки тавозуни омўзгорон аз шумули мардҳо ва занҳо нигоҳ дошта шавад.

– Дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятӣ дар соҳаи илм ва маориф ташкил карда шавад. Дар он ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ – ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар соҳаи илм ва маориф лоиҳаҳо доранд бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар чорчўбаи лоиҳаҳои муайян дар соҳаи илм ва маориф кор мекунанд, ба сифати аъзои Шўро қабул карда шаванд.

— Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун  неруи мутаҳидкунандаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ба узвияти мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул карда шавад.

-Масъалаи асосӣ ва муҳим дар мавриди мактабро тарк накардани омўзгорон ва ба ҷойи кор ҳозир шудани омўзгорони ҷавон то ҳадди имкопазир беҳтар намудани вазъи иҷтимоии онҳо ва амалӣ ва иҷро  намудани имтиёзҳои муқарраргардида, тибқи қонунгузории  ҷорӣ, ба монанди ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ барои омўзгорон дар деҳот, инчунин ҷудо намудани қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат бо назардошти талаботи воқеӣ мебошад.

-Барқарор намудани баъзе имтиёзҳо, ба монанди таъминот бо сўзишворӣ ба омўзгорони деҳот ва паст намудани маблаѓи пардохти барқ ва гармӣ барои омўзгороне, ки дар шаҳрҳо фаъолият менамоянд.

-Васеъ намудани шабакаи мактабҳои хусусӣ бо мақсади кам кардани фишор ба буҷети давлатӣ. Бо ин мақсад пешниҳод намудани имтиёзҳои андозӣ ва қарзи бонкӣ барои нафароне, ки мактабҳои хусусӣ ташкил менамоянд, инчунин бемамониат ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтани мактабҳои хусусӣ ба мақсад мувофиқ аст.

-Бознигарӣ намудани номгўйи фанҳои таълимӣ ва соатҳои дарсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мақсади пайдо намудани маблаѓҳои иловагӣ ва равона намудани онҳо ба иловаи музди маоши амалкунандаи омўзгорон.

-Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омўзгор» ва мушаххас намудани мақоми омўзгор дар ҷомеа ва ҳуқуқу имтиёзҳои омўзгорон.

-Таъсиси фонди маориф ва ба ин фонд равона намудани ҳадди ақал 1% аз маблаѓҳои инвеститсионӣ ва инчунин дигар манбаъҳои ѓайрибуҷетӣ, инчунин, аз ҳисоби фондҳои хайрия, соҳибкорн ва шахсони саховатпеша ба ин фонд равона намудани маблаѓҳо.

-Ислоҳоти ҷиддии усулҳои таълим ва ба талаботи замони муосир (асри Интернет ва техникаву технологияҳои абарсуръат ва пешрафта) мутобиқ намудани он. Пурсамар ва мутобиқ ба талаботи асри технологӣ ба роҳ мондани фаъолияи кафедраҳои Методикаи таълим аз ҳамаи фанҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии равияи омўзгоридошта.

-Пурра даст кашидан аз тарзи супоридани имтиҳони тестӣ дар ҳамаи факултетҳо ва ихтисосҳои омўзгорӣ ҳангоми супоридани рейтингҳои мобайнӣ ва санҷишу имтиҳонҳои ҷорӣ ва ба таври анъанавӣ, шифоҳӣ ва хаттӣ қабул намудани онҳо аз ҷониби омўзгорони дарсдиҳанда.

-Вазъи омода намудани мутахассисони соҳаи омўзгорӣ ҳам дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ҳам олии касбӣ беҳбудӣ мехоҳад. Зеро аксари хатмкунандагони ихтисосҳои омўзгорӣ бо дониши пасти касбӣ ва маҳорати нокифояи омўзгорӣ ин муассисаҳоро хатм менамоянд ва азбаски дар мактаб ҳангоми дарсгузаронӣ ба мушкилӣ рўбарў мешаванд, ҳатман тарки касб менамоянд.

-Эҳтимол вақти он расидааст, ки ба омода намудани омўзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳои омўзгорӣ хотима дода шавад. Зеро, аввалан сатҳи омода намудани мутахассисони касбӣ дар ин муассисаҳо на он қадар хуб аст, баъдан ҳангоми фаъолият дар мактаб онҳо дорои категорияҳои якум ва олӣ шуда наметавонанд, ки маошашон боло равад ва маҷбур мешаванд барои гирифтани маълумоти олии касбӣ ҳамчун маълумоти дуюм боз таҳсилро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ идома диҳанд, ки чун қоида тибқи қонунгузорӣ ин шакли таҳсилот танҳо пулакӣ мебошад ва на ҳама ин имкониятро доранд, пас маҷбур мешаванд тарки касби омўзгорӣ намоянд. Ва ё ба омўзгорони дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ баъди 10 соли фаъолият босамар категорияи якум ва баъди 15 соли фаъолият мутаасисили босамар категорияи олӣ дода шавад, ки музди маошашон боло равад. Албатта ин масъала аз ҷониби масъулини Вазорати маориф ва илми кишвар ва Пажўҳишгоҳи таҳсилот омўзиши алоҳида ва иловагиро тро тақозо менамояд.

-Аз сабаби он, ки тайёр кардани кадрҳо дар соҳаи биологӣ ба талаботи муосири рушди илмҳои табиатшиносӣ, бахусус дар заминаи ҳифзи гуногунии биологӣ, амнияти озуқаворӣ, инчунин устуворӣ ва мутобиқшавии организмҳои зинда мувофиқат мекунад, плану программаҳои мактабҳои олиро хеле аз нав дида баромадан лозим аст. Мутаассифона, дар планҳои таълимӣ азхуд кардани донишҳои асосӣ ва махсуси студентон инъикос наёфтааст. Махсусан, фоизи фанҳои махсус нисбат ба фанҳои ҷамъиятӣ хеле кам аст. Барномаҳои таълимӣ ба соҳаҳои муосири илми биология, аз қабили биохимия, биотехнология, биологияи молекулавӣ, биофизика, генетикаи молекулавӣ ва ғайра афзалият доранд. Дар планҳои таълимӣ инчунин риояи пайдарпайии мантиқии таълими фанҳои биология зарур аст. Вобаста ба ин, бояд нақшаҳои таълимии фанҳои асосӣ бо назардошти комёбиҳои ҳозираи илми биология аз нав дида шаванд. Соатҳоро дар байни фанҳо вобаста ба зарурати тайёр кардани кадрҳои ба дараҷаи ҳозираи тараққиёти ҷамъият мувофиқ самаранок тақсим кунанд. Барои ҳалли масъалаҳои дар боло зикршуда ба ҳайати комиссияи аз нав дида баромадани плану планҳои таълим мутахассисони баландихтисос аз донишкадаҳои олӣ ва Академияи милии илмҳои Тоҷикистон дохил кардан лозим аст.

Оид ба фаъолияти кўдакистонҳои кишвар: Муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ бо ашёи таълимӣ хусусан, дар деҳот ба мизу курсӣ, катҳои хоб, таҷҳизоти варзишӣ, китобҳои бачагона, бозича ва асбобҳои аёнии таълимӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин нестанд. Маблағи аз буҷети ноҳияҳо барои хариди таҷҳизот ҷудошуда барои таъмини талаботи мавҷуда нокифоя буда, зарур аст, ки маблағгузории соҳа таҷдиди назар карда шавад.Масъалаи ҳалталаби дигар таъмини ғизои солим барои кўдакони синни томактабӣ мебошад. Маблағҳои барои таҳияи ғизо (хўроки гарм) ҷудонамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои таъмини хўроки серѓизои кўдакон кофӣ намебошад.Дар муассисаҳои томактабӣ нарасидани кормандони педагогии дорои таҳсилоти махсус, аз қабили методист, равоншинос, омўзгорони тарбияи ҷисмонӣ, мусиқӣ, табибону ҳамшираҳои шафқат, логопед, тифлопедагог, сурдапедагог, олигофренопедагог вуҷуд доранд.Қисми зиёди дояҳо ва мураббиён шахсони тасодуфӣ мебошанд ва маълумоти тахассусиро надоранд.Дар муассисаҳои томактабии кишвар унсурҳои коррупсионӣ ба назар мерасанд. Аз волидайн барои қабул дар боѓчахо, барои гузаронидани чорабиниҳо дар боѓчаҳо, таъмири бино ва ѓайраҳо маблаѓ талаб мекунанд. Ҷалби кўдакону наврасон ба таълими ѓайрирасмии динӣ рўз то рўз инкишоф ёфта истодааст. Маълумоти мушаххас оид ба ин проблема дар ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вуҷуд дорад.

Котиботи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.