Дар таърихи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман давлатдории тоҷикон пас аз истиқлоли воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар зери назар ва пуштибонии худ қарор дод.
Барои амалӣ намудани ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушду нумуи соҳаи маориф зиёда аз 500 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардиданд, ки аз муваффақиятҳои соҳаи маориф дар даврони Истиқлолият мебошад.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар даврони аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳ зоҳир мегардид, фаъолияти муассисаҳои томактабӣ буд. Зеро маҳз дар ҳамин давра қисми зиёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз фаъолият боз монда ва ё фурӯхта шуда буданд. Солҳои баъдӣ, хусусан дар нимаи аввали солҳои 2000 бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ таъмиру тармим гардида, шумораи зиёди тарбиятгирандагон ба он ҷалб карда мешуданд.
Маҳз ин саъю талошҳо буд, ки айни замон фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ тадриҷан афзуда, теъдоди ин гуна муассисаҳо ба 696 ва шумораи тарбиятгирандагон ба 101 ҳазору 170 нафар расидааст.
Таъсиси марказҳои инкишофи кӯдак аз дастовардҳои дигари соҳаи маориф маҳсуб мешавад. Агар дар ибтидои соли 2010 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 14 марказ таъсис дода шуда бошад, ҳоло шумораи он ба ба 1810 адад расид, ки дар онҳо 51265 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудааст.
Ҳамзамон, ташкили боғчаҳо ва кӯдакистонҳои хусусӣ барои рушди ин зинаи таҳсилот мусоидат намуда истодааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ 200 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ бо фарогирии беш аз 10000 кӯдак фаъолият менамояд.
Соли таҳсили 1991-1992 дар ҷумҳурӣ 3179 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият мекард. Ин рақам дар соли 2021 ба 3940 адад расид, ки зимни муқоиса дар ин давра миқдори мактабҳо 761-то зиёд шудааст.
Кушода гардидани мактабҳои типи нав ва ҷараён гирифтани усулҳои фаъоли таълими фанҳои гуногун дар соҳаи маориф ҷаҳиши бузургеро ба вуҷуд овард. Агар соли 1991-1992 1 мактаби типи нав (гимназия ва литсейҳо) фаъолият мекарда бошад, пас дар соли 2021 шумораи ин муассисаҳо ба 156 адад бо фарогирии 101717 нафар хонанда расидааст.
Ташаббуси Вазорати маориф ва илм дар самти ба роҳ мондани чопи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ дар дохили кишвар, аз як тараф, боиси пешгирии ҳама гуна бенизомиҳо дар соҳа шуда бошад, аз ҷониби дигар, сабаби рушди корхонаву ширкатҳои ноширии ватанӣ ва ба вуҷуд омадани ҷойҳои зиёди корӣ гардид.
Дар умум, аз соли 2000 то нимсолаи якуми соли 2021 702 номгӯйи китоби дарсӣ ба миқдори 46 млн 618 ҳазору 432 нусха ба маблағи 377 млн 206 ҳазору 85 сомонӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ зина ба зина нашр ва дастрас гардонида шудааст.
Афзоиши маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ назаррас буда, қисмати асосии маблағҳои барои соҳа ҷудогардида маҳз ба ин зинаи таҳсилот сарф карда мешавад. Агар соли 2000 барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамагӣ 27,6 млн. сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2010 ин нишондиҳанда 707,3 млн. сомонӣ ва дар соли 2021 бошад, 3 млр. 103 млн. 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Музди меҳнати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ сол аз сол афзуда, аз 47,4 сомонии соли 2005 ба ҳисоби миёна дар соли 2010 ба 189 сомонӣ барои як ставка баробар шуд. Айни замон бошад, музди меҳнати омӯзгорон 776 сомониро ташкил медиҳад.
Дар давоми солҳои 1991-2021 дар маҷмӯъ, дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3234 бинои муассисаи таълимӣ ва бинову синфхонаҳои таълимии иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 693817 ҷойи нишаст дар як баст бо маблағи 5 млрд. 288 миллиону 100 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Маҳз бо ташаббус ва дастгирии Президенти мамлакат имконият фароҳам оварда шуд, ки мактаб-интернатҳо дорои синфхонаҳои компютерӣ ва дигар воситаҳои техникӣ ва айёнии таълимӣ гарданд. Дар баробари ин таъмиру тармими биноҳои мактаб-интернатҳо пурра ба анҷом расонида шуда, ҳолати зиндагии кӯдакон рӯз аз рӯз беҳтар гардида истодааст. Аз ин рӯ, агар соли 1991 теъдоди муассисаҳои интернатӣ 41-то буда, аз ин шумора 5-тои онҳо мақоми ҷумҳуриявӣ доштанд, пас ин шумора дар соли соли 2021 ба 61-то расидааст, ки 14-тои он мақоми ҷумҳуриявӣ доранд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалб намудани омӯзгорон ба кори таълиму тарбия тамоми чораҳоро меандешад. Бо ин мақсад таъсиси унвони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», давра ба давра зиёд намудани маоши омӯзгорон, ҷудо гардидани заминҳои наздиҳавлигӣ барои омӯзгорон, ёрмандӣ намудани онҳо аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва боз як қатор тадбирҳои дигар ба беҳтар шудани таъминоти кадрии соҳаи маориф дар кишвар мусоидат намуд. Оҳиста-оҳиста омӯзгороне, ки мактабро тарк карда буданд, ба мактаб бармегаштанд ва иддае аз онҳо аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, ба кори таълиму тарбия машғул гардиданд.
Имрӯз вазифаи ташкили такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ба дӯши Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, донишкадаю марказҳои такмили ихтисос дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар гузошта шудааст, ки тайи ин солҳо (1991-2021) 451, 637 ҳазор нафар кормандони соҳаи маориф дар курсҳои такмили ихтисос маҳорати касбии худро баланд бардоштанд.
Бо тасдиқ шудани “Стандарти давлатии таълимии маълумоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Консепсияи давлатии ислоҳоти соҳаи таҳсилот ва таълими ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Нақшаи миллии фаъолият оид ба ислоҳоти соҳаи таҳсилот ва таълими ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҷоннок гардид.
Маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз 1,4 млн. сомонии соли 2000 ба 19,4 млн. сомонӣ дар соли 2010 баробар гардида, дар ин муддат 2,6 маротиба афзоиш ёфтааст. Музди меҳнати омӯзгорон аз 5,4 сомонӣ дар соли 2000 ба ҳисоби миёна 189 сомонӣ барои як ставка дар соли 2010 баробар гардид. Ин нишондиҳанда дар соли 2021 инкишоф ёфта, музди меҳнати омӯзгорон ба 963 сомонӣ баробар гардид.
Дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ низ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд. Таъсиси 25 коллеҷи хусусӣ дар даврони Истиқлолият аз дастовардҳои муҳим дар ин зинаи таҳсилот маҳсуб мешавад.
Афзоиши маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз соли 2000 то имрӯз 22 маротибаро ташкил дода, аз 1 млн. сомонӣ дар соли 2000 ба 22,0 млн. сомонӣ дар соли 2010 баробар гардид. Музди меҳнати омӯзгорони ин муассисаҳо низ афзуда, аз 7,5 сомонӣ дар соли 2000 ба ҳисоби миёна аз 1 сентябри соли 2009 ба 2257 сомонӣ барои як ставка баробар карда шуд.
Дар чанд даҳаи охир, ба хусус баъди соли 2005 фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ то андозае ба танзим даромада, дар онҳо пешравиҳо ва муваффақият ба мушоҳида мерасид. Дар ҷумҳурӣ дар ин давра 29 донишгоҳу донишкада фаъолият мекард, ки дар онҳо 77,7 ҳазор нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд.
Шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ сол аз сол афзоиш меёбад. Агар соли 1991 дар ҷумҳурӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 63, 9 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекарда бошад, пас дар соли 2021 ин нишондиҳанда ба 42 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва фарогирии 234,524 ҳазор донишҷӯ баробар гардид.
Дар муасисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ музди меҳнат дар давоми солҳои охир якчанд маротиба баланд гардид. Маоши кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз моҳи октябри соли 2010 боз 10% зиёд карда шуд.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2010 стипендияи Президенти Тоҷикистон барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 250 сомонӣ ва аспирантон 300 сомонӣ муқаррар гардид.
Бо мақсади рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва ҳавасманд намудани кормандони соҳаи маориф бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2006, №1698 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф таъсис дода шуд. Дар асоси Фармони мазкур барои кормандони соҳаи маориф 5 ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 2000 доллари ИМА муайян гардид.
Тайи солҳои 1991-2000 фаъолияти шӯроҳои илмӣ суст шуда, дифои рисолаҳои докториву номзадӣ кам ба мушоҳида мерасид. Бо гузашти айём ин масъала низ ҳалли худро ёфт. Айни замон, дар ҷумҳурӣ 19 шӯрои диссертатсионӣ, ки дар Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ва 54 шӯрои диссертатсионӣ, ки дар Комиссияи олии аттестатсионӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, амал мекунад.
Масъалаи ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ мегардад. Дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ ва тибқи бурсияҳои таҳсилӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар зиёда аз 40, 000 нафар шаҳрвандони тоҷик ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Солҳои охир маблағгузории соҳаи маориф ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Агар соли 2020 барои соҳаи маориф 5 миллиарду 4 миллиону 653 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуда бошад, пас соли 2021 5 миллиарду 597 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли 2020 11,8 % зиёд мебошад.
Дар баробари маблағҳои буҷетӣ барои дастгирии соҳа маблағҳои сармоягузорӣ ва грантҳо низ сафарбар карда мешаванд. Бо ҷалби институтҳои молиявии байналмилалии хориҷӣ шуруъ аз соли 1998 то имрӯз барои дастгирии ислоҳоти соҳаи маориф 14 Лоиҳаи сармоягузорӣ ва грантӣ бо арзиши умумии 159,7 млн. доллари амрикоӣ ҷалб карда шудааст.
Албатта, новобаста аз корҳою фаъолияти ба сомонрасонида ҳоло ҳам камбудию мушкилот дар соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ ба назар мерасад, вале Вазорати маориф ва илм боварӣ дорад, ки ин нуқсонҳо тадриҷан ҳал гардида, ислоҳоти соҳаи маориф ва илм дар солҳои минбаъда дар ҳамаи самтҳо давра ба давра амалӣ хоҳад шуд.
Ҳозирини гиромӣ,
Соҳаи маориф аз соҳаҳои калидиест, ки на танҳо давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳ дорад, инчунин тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ҷомеаи шаҳрвандии он ба ин соҳа эҳтироми хоса доранд ва аз бурду бохт, рушду нумуи он мунтазам тариқи расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори назар мекунанд.
Дуруст аст, ки имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ бештар минбари баҳси мардум атрофи мактабу маориф ва мушкилоти он гаштааст. Бартарӣ дар он аст, ки ниҳоди масъули соҳа – Вазорати маориф ва илм пайваста дар пайи омӯзиши афкори ҷомеа фаъолият карда, чорандешӣ менамояд. Таъсис додани сомона, саҳифа гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ минбари баҳсро барои аҳли ҷомеа фарогиртар гардондааст. Имрӯз саҳифаи махсус барои гирдоварӣ ва омӯзиши фикру мулоҳизаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо номи “Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм”, “Маорифи Тоҷикистон” ва ғайра амал мекунанд, ки рӯзе даҳҳо пешниҳоду тавсияҳо гирифтаву ба арзу шикояти даҳҳои дигар мусоидат менамояд.
Агар навиштаҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоиро мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳем, мебинем, ки дар онҳо, дар навбати аввал, сухан дар бораи мақоми омӯзгор, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим меравад. Ба ибораи дигар, аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ имрӯз мақоми омӯзгор коста гардидааст, дар муассисаҳои таълимӣ омӯзгорони соҳикасб намерасад ва сатҳу сифати таълим ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ нест. Ҳамаи ин боис гардидааст, ки имрӯз омӯзгорон тарки касби омӯзгорӣ карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва ё дар самти дигар ба фаъолият шуруъ мекунанд.
Ба андешаи ҷомеаи шаҳрвандӣ кам будани музди маош ва афзоиш ёфтани нархи маҳсулот дар бозорҳои дохилӣ, муҳайё набудани шароити, ҷалби омӯзгорон ба корҳое, ки ба ҷараёни таълиму тарбия дахл надоранд, иҷро нашудани имтиёзҳои барои омӯзгорон муқарраргашта, сатҳи пасти сифати идоракунӣ аз ҷониби шахсони масъули соҳаи маориф дар маҳалҳо, муҳити носолими психологӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ба вазифаи директор ва муовинони директори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таъин кардани ҷавонони бетаҷриба, мавҷуд будани ноҳаққиҳо дар муносибати байнишахсӣ миёни субъектони раванди таҳсилот, ғайриқаноатбахш будани шароити кор, норасоии маводи таълимӣ, инчунин пастсифат будани онҳо ва ғайра сабабҳои тарки фаъолияти касбӣ намудани омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гардидаанд.
Ба андешаи мо, таҷдиди назар кардани имтиёзҳои иҷтимоӣ — сабукӣ дар супоридани пули барқ, бо сӯзишворӣ таъмин намудани омӯзгорон, андоз аз замини наздиҳавлигӣ, ҷудо намудани маблағ барои сохтани манзили истиқоматӣ дар деҳаҳо, барҳам додани санҷишҳои беасос аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ, танзим намудани ҷалби омӯзгорон ба корҳои хоҷагидорӣ ва берун аз таълиму тарбия, ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани кормандони ботаҷриба, ройгон таъмин намудани омӯзгорон ва фарзандони онҳо бо китобҳои дарсӣ, додани имтиёз ба фарзандони омӯзгорон, пардохти иловапулӣ, фароҳам сохтани шароити корӣ, кам кардани сарбории ҳафтаинаи омӯзгор ва ғайра барои пешгирии тарки фаъолият намудани омӯзгорон шароити мусоид фароҳам меоварад. Дар ин самт Вазорати маориф ва илм тадбирҳо андешида истодааст.
Дигар масъалае, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба он бештар таваҷҷуҳ менамоянд, ин интихоби мутахассисон дар мақоми роҳбарӣ мебошад. Ба андешаи онҳо имрӯз меъёрҳои роҳбарӣ то андозае ба назар гирифта намешавад ва аслан шахсони камтаҷриба ва бехабар аз этикаи роҳбарӣ ба мақоми роҳбарикунанда дар соҳаи маориф таъин мегарданд. Нуқтаи назари мардум ин аст, ки роҳбар бояд педагоги асил, равоншиноси хуб, мактабшинос, менеҷмент ва таҳлилгари хуби соҳа бошад, таҷрибаи кофӣ, дониши хуби ихтисосиву касбияти комил дошта, соҳибэътибор бошад. Дар ин сурат ҷомеа ва оила ба мактаб пурра ҷалб гашта, фаъолияти омӯзгорон ва таҳсили хонандагон низоми муайян мегирад, натиҷаҳо назаррас гашта, ҷомеаи солим рушд мекунад.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша дар андешаи рушди соҳаи маориф буда, пайваста мекӯшад то мактабу маориф аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб барканор бошад. Аз ин нуқтаи назар, имрӯз шикоят аз он доранд, ки ба мактаб тамоми сохторҳо қадам мениҳанд ва ҳар кадом аз ин даргоҳ тамаъ ё манфиат меҷӯянд. Аксарияти мардум пешниҳод менамояд, ки бояд аз ин кор ҷилавгирӣ карда шавад, зеро мактаб даргоҳи таълиму тарбияи инсон аст, он бояд аз ҳар гуна фишор, тиҷорат ва тамасхури баъзе нафароне, ки аз номи давлату ҳукумат ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ ҳарф мезананд, раҳо гардад.
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ бо проблемаву мушкилоти соҳаи маориф огоҳ буда, мунтазам тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ фикру андешаҳои худро баён мекунанд. Дар ин раванд, Вазорати маориф ва илм ба назару андешаи ҳар узви ҷомеаи шаҳрвандӣ арҷ мегузорад ва пешниҳодҳои мардумро таҳлилу баррасӣ намуда, барои рафъи камбудиву мушкилот тадбирҳо меандешад.
Вазорати маориф ва илм ба назару андешаи ҳар узви ҷомеаи шаҳрвандӣ арҷ мегузорад ва сипосгузор будани роҳбарон ва масъулони соҳаро аз ҳар кадоми онҳо иброз медорад.
Соҳаи маориф танҳо хоси як ниҳод, марбути як ва ё чанд роҳбари он не, балки марбути тамоми ҷомеа аст, он бе дастгирии ҷомеа ва давлат пеш рафта наметавонад.
Дар ин маврид Пешвои миллат таъкид кардаанд: “Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод, омӯзгор, зиёӣ, эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад”. Модоме ки чунин аст, ҷомеаи имрӯзаро мебояд ба маориф ва аҳли он бе таваҷҷуҳ набошанд ва ба сиёсати давлат дар соҳаи маориф эҳтиром гузоранд.
Ҳозирини гиромӣ,
Бо назардошти гуфтаҳои боло, хусусан таклифу пешниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ Вазорати маориф ва илм барои рушди соҳа ҳаллу фасли проблемаву мушкилоти зеринро зарурӣ медонад:
1.Дар самти таҳсилоти томактабӣ зиёд намудани сохтмони муассисаҳои томактабӣ; давра ба давра фарогирии муттасил ва зиёди кӯдакони синни томактабӣ ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдакон; тайёр намудани мураббияҳо, табибон, омӯзгорони мусиқӣ; дар асоси арзишҳои суннатӣ ва миллӣ таҳия ва чоп намудани дастуру маводи таълим; таъсиси кӯдакистонҳои кӯтоҳмуддат ё дигар намуди кӯдакистонҳои оилавӣ дар минтақаҳое, ки кӯдакистонҳо вуҷуд надорад; баргардонидан ва барқарор намудани муассисаҳои таҳсилоти томактабии давлатие, ки аз ҷониби мақомоти дигар ғайримақсаднок азхуд карда шудаанд.
2.Дар самти таҳсилоти миёнаи умумӣ ба роҳ мондани сохтмони мактабҳо; таҳким бахшидани пояи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ; ташкили гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаб; таъсиси истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии тобистона ва майдончаҳои солимгардонӣ; фаро гирифтани ҳар чи бештари кӯдакони аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва равонӣ нуқсдошта дар мактаб-интернатҳо.
3.Дар самти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ; дар асоси нақшаву барномаҳои таълимӣ таҳия намудани китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва бадеӣ; таъсиси технопаркҳо ва дигар намуди корхонаҳои хурди таълимию истеҳсолӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ.
4.Дар самти таҳсилоти олии касбӣ тайёр намудани омӯзгорони забони давлатӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилашон бо забони ғайридавлатӣ; таҳияи механизми нави тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ; ба роҳ мондани таълими инфиродӣ; таҳияи моделҳои гуногуни тайёрнамоии мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар; ба роҳ мондани фаъолиятмандии академии донишҷӯёну ҳайати омӯзгорону профессорон; мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.
5.Дар самти фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ташкили Парки илмию техникии ҷумҳуриявӣ дар сохтори Вазорати маориф; таҷдиди назар намудани мавзуъҳои илмии фармоишии соҳаи маориф; ривоҷ бахшидан ба робитаҳои байналмилалӣ дар асоси табодули донишҷӯён, кормандони илмӣ ва устодон; барқарорсозии ҳамкориҳои дутарафаи илмии донишгоҳу донишкадаҳо бо муассисаҳо ва марказҳои илмию тадқиқотии хориҷи кишвар;
6.Дар самти банақшагирӣ ва иқтисодиёт пардохти иловапулӣ ба кормандони соҳаи маориф, ки дар муассисаҳои низомашон махсус фаъолият менамояд; давра ба давра гузаронидани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба маблағгузории сарикасӣ; манзур намудани пешниҳодҳо оид ба хизматрасонии тиббии ройгон барои таълимгирандагони ҳама намудҳои муассисаҳои таълимӣ.
7.Дар самти робитаҳои байналмилалӣ зиёд намудани бурсияҳои давлатӣ барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар; ҷалби институтҳои байналмилалӣ, донорҳо барои дастгирӣ ислоҳоти соҳаи маориф; таъсис додани воҳидҳои кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар ба мақоми корманди дипломатӣ дар назди сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Қазоқистон.
8.Дар самти кадрҳо давра ба давра ҷорӣ намудани имтиёзҳои омӯзгорон, ки дар қонунҳои амалкунандаи соҳаи маориф дарҷ шудаанд.
9.Дар самти сектори хусусии соҳаи маориф тақвият бахшидани корҳо ҷиҳати таъсиси муассисаҳои таълимии хусусӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, аз ҷумла таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ.
Хулоса, дар чанд даҳаи охир соҳаи маориф симои худро ба куллӣ тағйир дода, низоми муайянеро ба даст овард. Он зери парчами Ваҳдати миллӣ ва ормонҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд кард ва ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардид, ки ҳамаи ин аз баракати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф сарчашма мегирад.
Ташаккур ба диққататон!