«МАОРИФИ МИЛЛӢ: ДАСТОВАРД ВА МУШКИЛОТ» ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«МАОРИФИ МИЛЛӢ: ДАСТОВАРД ВА МУШКИЛОТ» ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

22-юми апрели соли 2022 ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид.

Рўзномаи ҷаласа:

1. Маорифи миллӣ:дастовард ва мушкилот аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ

2. Масъалаҳои ҷорӣ

Оид ба масъалаи якуми рўзномаи ҷаласа мўҳтарам Азиззода Ш. Н. – Ёрдамчии Бахши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,   Саидзода Р. Ҳ. – Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидов Н.Ш, – Котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимӣ Ф. – Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Амонзода И. Т. –    Муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси Миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма  ва робитаҳои байни парламенти, Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Содиқи Н. Н. – Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуда  ба саволҳои  иштирокчиёни ҷаласа  посух гуфтанд.

Дар кори ҷаласа инчунин  Содиқзода Х. – Муовини аввали  Директори  Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иматзода Л. – Директори Пажўҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёрмуҳаммадзода Ш. — Директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию  методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нарзуллозода З. — Сардори Раёсати таҳсилоти умумӣ, Вализода Ҳ. — Сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Исвалиев С. — Сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорат , Набизода С.  – Сармуҳаррири маҷалаи “Маорифи Тоҷикистон”, Абдуҷабборов М.  – Сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии Маркази тадқиқоти Стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба сифати коршиноси мустақил Ализода Ҳ. – Раиси Шӯрои  Воситаҳои Ахбори Оммаи Тоҷикистон  ширкат варзиданд.

Зимни мубоҳиса оид ба масъалаи мазкур раисони ташкилотҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ:  Усмонзода С.У., Ѓаффоров А., Ким В.М., Улчабоева М., Наимов М.,  Раҷабов А.,  Алимов С.,  Ёқубова М.,  Фақиров А., Акобирова Ш., Содиқи Н., Қудратов Р.,  Ализода Ҳ., Шаҳидӣ М., ва дигарон суханронӣ намуда, пешниҳодҳои ташкилотҳои хешро доир ба мавзӯи “Маорифи миллӣ:дастовард ва мушкилот” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ баён намуданд. (Пешниҳодҳо замима мегардад).

Дар охири мубоҳиса Н.Саидов – Котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, оид ба проблемаҳои мавҷуда дар соҳаи маориф ва роҳҳои ҳаллу фасли онҳо пешниҳодҳои Котиботи Шўрои ҷамъиятиро иброз намуд. (Пешниҳодҳо замима мегардад).

Оид ба масъалаи якум ҷаласа қарор қабул кард.

1. Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ пешниҳодҳои ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ доир ба мавзуи “Маорифи миллӣ:дастовард ва мушкилот” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ  оид ба роҳу усулҳои ҳалли проблемаҳои мавҷуда дар сохаи маорифи кишвар ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор дода, муҳтавои онро ба Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ирсол намояд.

2. Маърўзаи Саидзода Р. Ҳ. — Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистони  дар сомонаи интернетии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Shuro.tj ҷойгир ва дар Бюллетени Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2022 чоп карда шавад.

Оид ба масъалаи дуюми рўзнома: Мунира Ш. — Раиси ташкилоти ҷамъиятии “Бунёди байналмиллали Зиёдулло Шаҳидӣ”, Роҳбари гуруҳи миллии лоиҳаи байналмиллалии COMPASS доир ба иштирокашон дар конференсияҳои  дар шаҳри Боку  ва Тошканд баргузор гардида ва доир ба итмом расидани лоиҳаи  COMPASS ва натиҷагирӣ аз он мувофиқи талаботҳои замона ахборот пешниҳод намуда қайд кард, ки  натиҷаи  муҳими кори конференсия дар Боку ба имзо расидани  Созишномаи ҳамкориҳо байни  Маркази фарҳангии мусиқии Озорбойҷон ва Осорхонаи — Қаро – Қароев ва Осорхонаи фаҳангии мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ мебошад, ки  бо ба имзо расидани ин ҳуҷҷатҳо ҳамкориҳо байни ду кишвар дар соҳаи мусиқии касбӣ ва фарҳанги миллии ду бародаршаҳр боз ҳам бештар ва мувофиқи талаботҳои нави ҷаҳонӣ бақарор мегарданд. Ҷаласа қарор қабул кард:

Ахбороти Мунира Ш.  ба инобат гирифта шавад.

Ҳамин тариқ, Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ дар моҳи апрели соли 2022

— банди 2-юми Нақшаи кори Шўрои ҷамъиятӣ барои соли 2022 – “Маорифи миллӣ: дастовард ва мушкилот” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ  ва

— банди 2-юми Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27-уми январи соли 2017, доир ба “Пешниҳод намудани назару  андешаҳои  воқеъбинона ба ниҳодҳои ҳукуматӣ бо назардошти манфиатҳои миллию давлатӣ”  ба иҷро расонид.

Котиботи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.