Суханронии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷ.А. дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи .“Рушди соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар давраи баъди пандемия” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ш.Душанбе 20 майи соли 2022
Муҳтарам, Раис, аъзоёни Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳозирини гиромиқадр!
Пеш аз ҳама мехоҳам бо истифода аз фурсати муносиб ба раёсат ва аъзоёни Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар чунин як сатҳи баланд баррасӣ намудани масъалаи рушди соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ, миннатдории худ ва тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишварро баён намоям.
Ба ҳамагон маълум аст, ки рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ва таъмини солимии мардуми иззатманди диёрамон яке аз самтҳои афзалиятноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, боиси қайд аст, ки масъалаҳои дар боло номбаршуда ҳамеша дар меҳвари асосии сиёсати давлатӣ ва рушди онҳо зери дастгирӣ ва ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Ҳозирини муҳтарам! Қобили зикр аст, ки раванди рушди соҳаи тандурустӣ ба татбиқи ислоҳот ва дар ин радиф беҳтар намудани заминаи ҳуқуқии соҳа вобастагии зич дорад. Бо ин мақсад танҳо дар 3 соли охир бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи рушди солимии аҳолӣ барои давраи то соли 2030, Барномаҳои миллӣ оид ба таъмини бехатарии хуни донорӣ ва такмили фаъолияти хадамоти хун, рушди муассисаҳои давлатии тиббӣ, мубориза бо бемориҳои сил, ВНМО/БПНМ, ташакули тарзи ҳаёти солим, иммунопрофилактика, тарбияи кадрҳои тиббӣ ва рушди саноати дорусозӣ қабул гардида мавриди амалисозӣ қарор доранд.
Мутобиқи Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ раванди ислоҳоти маблағгузории соҳа бо маром идома дорад. Бо ин мақсад дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маблағгузории сарикасӣ, дар 31 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ амалӣ карда шудааст. Меъёри маблағгузории сарикасӣ дар марказҳои саломатии шаҳрӣ 74 ва дар ноҳиявӣ 57 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2016 мутаносибан 52 ва 67% зиёд мебошад. Инчунин дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии 16 шаҳру ноҳияҳо маблағгузори дар асоси натиҷаи фаъолият ва дар муассисаҳои хадамоти бистарикунонии 3 ноҳия ба таври таҷрибавӣ маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи табобат оғоз гардидааст. Бағайр аз ин тибқи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ то имрўз 284 муассиса ба хизматрасонии музднок машғул мебошанд. Мақсади асосии татбиқи тартиби мазкур кам намудани сарбории буҷет, аз байн бурдани пардохтҳои ғайрирасмӣ, ҳавасманд гардонии кормандон, мустаҳкам намудани базаи моддию техникии муассисаҳо мебошад. Бояд қайд кард, ки бо таваҷҷўҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат сол аз сол буҷети соҳа зиёд гардида, он дар соли 2022 2,88 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2017 сад фоиз зиёд мебошад.
Бо мақсади бартараф ва пешгирӣ намудани паёмадҳои таъсири манфии пандемияи бемории сироятии COVID-19 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” тағйироту иловаҳо дароварда шуда, ба буҷети соҳаи тандурустӣ ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ илова гардид, ки аз ҳисоби маблағҳои пешбинигардида дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 21 сентябри соли 2020, 50 фоизи маблағҳои нақшавӣ баробар ба 800 миллион сомонӣ барои хароҷот иҷозат дода шуд. Аз ин маблағҳо барои музди меҳнати иловагӣ ба кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бевосита дар раванди пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории сирояти COVID-19 иштирок доштанд, 19,5 миллион, барои хариди доруворӣ, тестҳои оҷилӣ, инвентари нарм ва либоси расмӣ 142,13 миллион, таъмири ҷорӣ 18 миллион, корҳои лоиҳакашии сохтмонӣ 3 миллион, техника ва таҷҳизотҳои тиббии зарурӣ 606,3 миллион сомонӣ сарф карда шуда, дигар хароҷотҳо 895,1 ҳазору сомониро ташкил медиҳад. Инчунин ба 38 357 корманде, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати бемории сирояти COVID-19 иштирок намудаанд, музди меҳнати иловагӣ ба маблағи 31,9 миллион сомонӣ пардохт карда шуд. Ҳамчунин дар давраи пандемия дар Вазорати молия оид ба пешгирӣ ва мубориза ба ин беморӣ суратҳисоби ягона ташкил карда шуд, ки дар он аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ба маблағи 29,1 миллион сомонӣ, 514 ҳазор доллари америкоӣ ва 25 ҳазор рубли русӣ ворид гардид. Дар ин раванд бояд қайд намуд, ки вобаста ба пешгирии бемории COVID -19 аз ҳисоби соҳибкорон ва саховатмандон ба маблағи 3,3 миллион сомонӣ ба суратҳисоби маблағҳои махсуси вазорат низ ворид гардид.
Беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ самти афзалиятноки рушди соҳа буда, он ба пурқувват намудани заминаи моддиву техникӣ ва нерўи кадрӣ вобастагии зиёд дорад. Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати инфрасохтор ва заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ, дар давоми солҳои 2019-2021, 1858 адад муассисаҳо аз он ҷумла 771 адад муассисаҳои давлатӣ ва 421 адад муассисаҳои хусусии тиббӣ сохта ба истифода дода шуд, 7482 ҷои кории нав таъсис дода шуд.
Аз соли 2020 то ба имрӯз бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизотҳои тиббии муосир ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби Вазорат ба муассисаҳои тиббӣ ба маблағи 743, 2 млн сомонӣ, аз он ҷумла ба муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе ба маблағи 96,9 млн, вилояти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба маблағи 53, 6 млн, вилояти Хатлон ба маблағи 220 млн сомонӣ, вилояти Суғд ба маблағи 161,8 млн, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба маблағи 93,7 млн ва ба муассисаҳои тиббии сатҳи ҷумҳуриявӣ ба маблағи 116,9 млн сомонӣ дастгоҳу, таҷҳизот ва асбобҳои тиббӣ дастрас гардидааст, ки қисми зиёди онҳо таҷҳизотҳои гаронарзиш мебошанд. Аз инҳо, 8 компютери тамографи магнитию резонансӣ, 8 тамографи компютерӣ, 108 дастгоҳи рентгени рақамии беморхонавӣ ва сайёр, 650 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 28 маҷмўи дастгоҳи ташхисии видеоэндоскоп, 246 таҷҳизоти ташхиси фаросавтии беморхонавӣ ва сайёр, 83 стансияи тавлиди оксиген, 188 дастгоҳи сабти барқии дил, 705 монитори назди кати бемор, 1680 генератори оксигендиҳӣ, 2342 пулсоксиметр, бағайр аз ин 169 нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба муассисаҳои тиббӣ дастрас гардид. Дар маҷмуъ зиёда аз 75 фоизи дастгоҳҳои ҳозиразамон ва гаронарзиши мавҷудбуда дар дусоли охир харидорӣ карда шудааст. Истифодаи таҷҳизотҳои ҳозиразамони тиббӣ имкон медиҳад, ки нишондодҳои соҳаи тандурустӣ сол ба сол беҳтару хубтар карда шавад.
Дар соли 2021 нисбат ба соли 2018 шумораи ташрифҳои амбулаторӣ нисбат ба як шаҳрванд 59% зиёд ва шумораи бистрибудагон 19,4% кам шудааст. Дар ду соли охир нишондодҳои муҳлати миёнаи бистаришавӣ11%, фавти беморхонавӣ (ба 100 нафар бистарибуда) 0,1 адад, беморшавии аввалия ба ҳама бемориҳо (ба 100 000 аҳолӣ) 944,2 адад аз он ҷумла, бо бемории сил 16,6 адад, бемориҳои системаи хунгардӣ 169,9 адад, ишемияи дил 31,4 адад, узвҳои ҳозима 623,8 адад, саратон 3 адад, осеббардорӣ 32,3 адад кам гардидааст. Миқдори ҷарроҳиҳои гузаронидашуда дар соли 2021 (218886) нисбат соли 2019 (193501 адад) 16,6% зиёд шудааст. Аз он ҷумла миқдори ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш (2019с – 4388, 2021с — 5345), ки пештар барои муолиҷаи онҳо (амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо, ивази буғум, пайвандсозии гурдаву ҷигар ва ғ) беморон ба хориҷи кишвар мерафтанд, нисбати 3 соли пешин 957 адад зиёд гардида, дар давоми соли 2021, 134 усулҳои нави ҷарроҳӣ ба монанди амалиёти иваз намудани шоҳраг бо протез ҳангоми васеъшавии (аневризм) шоҳраги азимҷусса, ҷарроҳии эндопротезкунонии буғуми косу рон ҳангоми саратон, ҷарроҳии майнаи сар ҳангоми бемории саръ, ҷарроҳии гирифтани асаби (деиннерватсия) шараёни ҷигар ҳангоми бемории сиррози ҷигар, табобати комплексии буғумҳо, нейроҷарроҳии кўдакона ва эндовидеоҷарроҳӣ ҳангоми санги гурда, эхинококҳои шуш ва ҷигар, табобати бемориҳои чашм аз ҷониби мутахассисон дар амалия, аз он ҷумла дар беморхонаҳои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ҷорӣ карда шудаанд. Тадбиқи усули нави ташхиси бемории сил (Ҷен эксперт) имкон дод, ки чубчамикроби сил ва ҳассосияти он бо доруҳои асосии зиддисилӣ дар муддати як соат муайян карда шавад, ҳол он ки пештар барои муайян намудани чунин ташхис на камтар аз ду моҳ лозим мешуд.
Дар соли 2021 нисбат ба соли 2019 теъдоди беморони рўҳӣ 108, нашъамандӣ 692, бемориҳои шадиди рўда 25491, ВНМО 398, зардпарвини намуди “А” 5687 ва намуди “В” 89, осеббинӣ аз газидани ҳайвонҳо 4503, ҷоғар 18325, дилу рагҳо 31544, буғумдард 298, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас 81195, сил 684, илтиҳоби шуш 3229 адад камтар ва бемориҳои сироятии вараҷа, домана, паратифҳо табби хунин, вабо ва тоун умуман ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳифзи саломатии модару кўдак самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ба шумор меравад ва бо ин мақсад 14724 кат аз он ҷумла 6 449 барои модарон ва 8 275 кат барои кўдакон пешбинӣ шуда, дар ин самт 1961 табиби бемориҳои занона ва 1265 табиби бемориҳои кўдакона фаъолият доранд.
Тибқи омори расмӣ, агар нишондиҳандаи фавти кўдакони синни то 1- сола соли 1991 ба 40,9 баробар бошад, ин нишондод дар соли 2021 ба 13,1 нисбати 1000 зиндатаваллудро ташкил намуд. Нишондиҳандаи фавти модарон дар соли 1991 ба 97,7 нисбати 100 000 зиндатаваллуд ва дар соли 2021 ба 28,4 адад баробар шудааст. Дар ҷумҳурӣ ба 1 январи соли ҷорӣ 2, 5 миллион занони қобили таваллуд ба қайд гирифта шуданд, ки 829 291 нафар (33,2%) ба гурўҳи мақсаднок дохил мешаванд ва 647 208 нафар (78%) бо маводи контрасептивӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар соли 2021 нисбат ба соли 1995 теъдоди истифодабарандагони маводи контрасептивӣ 5,1% зиёд ва нишондоди исқоти ҳамл 23,2% кам гардида, нишондодҳои бақайдгирии занони ҳомила дар 12 ҳафтаи аввали ҳомилагӣ 26,5% зиёд ва зоишҳои хонагӣ 9,6% паст гардида, аз тамоюли мусбӣ дар ин самт шаҳодат медиҳад.
Бо мақсади пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии сирояти COVID-19 дар ҷумҳурӣ якчанд ҳуҷҷатҳои дастурӣ -таълимӣ аз ҷумла “Пешгирӣ, ташхис ва табобати сирояти нави коронавирусии COVID -19”, “Идоракунии клиникии сирояти шадиди вазнини респираторӣ ҳангоми гумонбарӣ ба сирояти нави коронавируси COVID-19”, “Протоколи пешгирӣ, ташхис ва табобати сирояти коронавируси нави COVID — 19 дар байни кўдакон” таҳия ва нашр карда шуд. Ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ дар солҳои 2020 — 2021 ва як моҳи соли 2022 бо бемории Covid-19 935 нафар кўдакон ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 5 ҳодисаи фавт ба амал омадааст. Инчунин, дар ин давра 886 нафар занони ҳомила бо ин беморӣ гирифта шудаанд, ки 31 нафари онҳо фавтидаанд.
Омўзиши вазъи эпидемиологии бемории COVID-19 ба ҳолати 18 майи соли 2022 нишон медиҳад, ки аз оғози пайдоиш ва бақайдгирии беморӣ дар ҷаҳон 524,3 миллион сироят ёфта, 6,3 миллион ё ин, ки 1,2 фоиз фавтидааст. Пас аз эълон намудани ҳолати “пандемия” аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар охири моҳи январи соли 2020, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020 таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Қоҳир Расулзода ва ҷалби вазорату идораҳои дахлдор Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус таъсис дода шуда, 22 марти соли 2021 “Нақшаи чорабиниҳои ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави корнавирус” бо муайян намудани вазифаҳои ҳар як вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳои муваззаф, тасдиқ гардида, амалигардонии он оғоз ёфт. Дар кишвари мо сирояти COVID-19 аз 30 апрели соли 2020 бақайд гирифта шуда, то аввали моҳи марти соли 2022 дар давоми се мавҷи он 17388 нафар бо ин беморӣ гирифтор ва аз онҳо 124 нафар ё 0,71 фоиз фавтидаанд, ки ин нишондиҳанда нисбати дигар кишварҳо мутаносибан кам мебошад.
Тибқи маълумот ва ҳисоботҳои мушовирони байналмилалӣ, ки бо пешниҳоди дархост ва дастгирии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои баҳодиҳӣ ва арзёбии амалияи омодагӣ ва эътино ба “пандемия”-и сирояти нави коронавирус COVID-19 ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ба низоми ахборот, ҳисоботҳо, омори бақайдгирӣ, фаъолияти низоми маълумотдиҳии фаврӣ, назорати гумонбарон ва тамосбудагон, фаъолияти озмоишгоҳҳо ва нуқтаҳои санитарию карантинии гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ баҳои баланд дода шудааст. Махсусан зимни тадқиқотҳои заминавӣ қайд карда шуд, ки таҷрибаи Тоҷикистон ҳамчун як модели корӣ метавонад барои истифодабарӣ дар кишварҳое, ки вазъи иқтисодию иҷтимоияшон ба Тоҷикистон монанд аст, ҳамчун модели муваффақ ҷиҳати эътино ва мубориза бар зидди сирояти COVID-19 мавриди амал қарор дода шавад. Боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода сазовори сипосномаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ гардид.
Маврид ба ёдоварист, ки соли 2020 дар марҳилаи якуми авҷи сироят дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 7 озмоишгоҳи вирусологӣ (5 давлатӣ ва 2 хусусӣ) ҷиҳати муайян намудани ташхиси сирояти COVID-19 фаъолият мекард ва айни ҳол бо ҷалби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва ташкилотҳои сармоягузори байналмилалӣ шумораи онҳо ба 22 адад (15 давлатӣ ва 7 хусусӣ) расонида шуд.
Яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 бо ваксинатсия фаро гирифтани аҳолӣ мебошад. Раванди мазкур дар ҷумҳурӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 22 марти соли 2021 оғоз гардида, бо ин мақсад ба ҷумҳурӣ то ба имрўз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавассути ҳамкориҳои байналмилалӣ зиёда аз 14,5 миллион воя ваксинаҳои “АстраЗенека”, “КоронаВак”, “Модерна”, “Спутник V” ва “Пфайзер” ворид карда шуданд.
Айни замон натиҷаҳои фарогирии аҳолӣ бо ваксинатсия махсусан бо вояи аввал ба 93,5, бо ду воя ба 91,2 фоиз ва бо вояи иловагӣ ба 47,4 фоиз расидааст, ки ин нишондод аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар миқёси кишварҳои ИДМ дуюмин нишондиҳандаи баланд баҳогузорӣ гардидааст.
Баҳри тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ соли 2020 Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои то давраи солҳои 2030 таҳия ва қабул карда шуд. Айни ҳол дар кишвар шумораи табибон 20797 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2017, 11,1% зиёд мебошад. Шумораи умумии кормандони миёнаи тиббӣ бошад то имрўз 60329 нафарро ташкил мекунад, ки ин нишондод нисбат ба соли 2017 – 16,5% зиёд мебошад. Айни замон, нишондоди таъминотнокӣ нисбат ба 10 000 аҳолӣ бо табибон 21,2 (соли 2017 – 25,3) ва кормандони миёнаи тиббӣ 61,7-ро (соли 2017-58,2) ташкил медиҳад. Нишондоди банд будани воҳидҳои кории табибон ва кормандони миёна нисбат ба соли 2016 мутаносибан 1,9 ва 1,3% зиёд шудааст. Новобаста аз тамоюли сол ба сол зиёдшавии теъдоди кормандони тиббӣ то ба 1 январи соли 2022, 3024 воҳиди кори табибон ва 1701 воҳиди кории кормандони миёнаи тиббӣ озод мебошанд.
Мушкилоти таъминоти кадрӣ ин нобаробарии ҷуғрофии онҳо, муҳоҷирати меҳнатии табибон ва дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани ҷалби мутахассисони ҷавон аз ҷониби раисони баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад.
Яке аз самтҳои муҳим рушди нерӯи кадрии соҳа ин ба такмили ихтисос ва бозомўзӣ фаро гирифтани мутахассисони тиббӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки теъдоди шахсони ба бозомўзӣ фарогирифта сол ба сол афзоиш меёбад. Танҳо соли гузошта теъдоди чунин шахсон 11945 нафарро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2017, 62% зиёд мебошад. Инчунин, ҳамасола аз руи баъзе ихтисосҳои барои соҳа муҳим мутахассисон барои таҳсил ба муассисаҳои таълимию илмии хориҷи кишвар равона карда мешаванд, ки теъдоди онҳо дар соли гузашта 115 нафарро ташкил дода, нисбат ба соли 2016, 99 нафар зиёд мебошад.
Бо назардошти таъсири Пандемияи Ковид-19 дар ду соли охир барои тарбияву бозомузии ихтисосҳое, ки барои мубориза бо ин беморӣ бисёр муҳим буданд, аҳамияти бештар дода шуд. Аз оғози соли 2020 то ба имруз 47 нафар эпидемиолог, 24 вирусолог, 54 сироятшинос, 167 нафар эҳёгар тайёр карда шуда, 325 табиб аз руи ихтисоси эҳёгарӣ, 253 нафар аз руи ихтисоси эпидемиология, 95 нафар аз руи ихтисоси вирусология, 34 нафар аз руи ихтисоси иммунология, 30 табиб аз руи ихтисоси пулмонология ба такмили ихтисос фарогирифта шуданд. Ба ғайр аз ин, 1127 табиб ва 520 корманди миёнаи тиб бо мақсади истифода аз технологияи муосир ба курсҳои омузишӣ дар самти томографияи компютери ва магнитию резонансӣ, эндоҷарроҳи, ташхиси ултрасадо ва рентгенӣ, эндоскопия ва колоноскопия, ташхиси функсионалӣ ва гемодиализ, ҷарроҳиҳои нодири асабҷарроҳи, ҷарроҳиҳои дил, ивази буғум, гурда ва ҷигар форо гирифта шуданд.
Айни ҳол аз ҷониби 15 муассисаи илмию таълимии зертоъбеи вазорат 44 лоиҳаи илмӣ амалӣ карда мешавад. Дар натиҷаи корҳои илмии иҷрошуда дар аксарияти муассисаҳо усулҳои нави ташхису табобат, аз он ҷумла усулҳои табобати дохилишараёнии бемориҳои дилу рагҳои хунгард — стенткунонии шараёнҳои дил ва рагҳои пойҳо, бартараф намудани нуқсонҳои модарзодии дил бе бурриши қафаси сина, манъ кардани хунравӣ аз бачадон бе амали ҷарроҳӣ, ивазкунии буғумҳо, пайвандсозии узвҳо (гурда, ҷигар, мағзи устухон), бе амалиёти кушодаи ҷарроҳӣ гирифтани сангҳои гурда ва роҳҳои пешоб, махсусан дар занони ҳомила, усулҳои бе амалиёти ҷарроҳӣ бартараф кардани баъзе нуқсонҳои модарзодии дил ва ғайра ворид карда шуданд. Бори аввал дар ҷумҳурӣ паҳншавӣ, роҳҳои интиқол ва хосиятҳои вирусологию иммунологии вируси гепатити Д омўхта шуд. Аз ҷониби олимони соҳаи тандурустӣ бори аввал намуди нави вируси сурхча муайян ва дар феҳристи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ он бо номи «Tajikistan 25.01.2017 – 17031» ба қайд гирифта шудааст.
Бо мақсади беҳтар намудани дастрасии доруворӣ дар ҷумҳури ҳамагӣ 3009 муассисаҳои фармасевтӣ фаъолият менамояд, ки нисбати соли 2019-ум 477 адад зиёд мебошад. Дар соли 2021 ба маблағи умумии 135, 8 млн доллари амрикой ба ҷумҳурӣ доруворӣ ва молҳои тиббӣ ворид карда шудааст, ки ин нисбат ба соли 2019 (55,8 $) 80 млн долларӣ амрикой зиёд мебошад. Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии доруворӣ ин рушди истеҳсоли дорувории ватанӣ мебошад ва бо ин мақсад соли 2020 Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2021-2025” қабул гардид.
Айни замон дар ҷумҳури 50 корхонаҳои ватанӣ истеҳсоли зиёда аз 300 номгӯи доруворӣ ва молҳои тиббиро ба роҳ мондаанд, ки нисбати соли 2019-ум 14 корхона ва 40 номгуй зиёд мебошад. Содироти маводи иловагиҳои фаъоли биологӣ дар се моҳи соли ҷорӣ 38,6 млн сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати се моҳи аввали соли гузашта 34,7 млн зиёд мебошад.
Мавриди зикр аст, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2020, №401 «Оид ба тадбирҳои амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID -19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 2020 аз ҷониби Вазорати молия ба 149 855 оилаҳои камбизоат ба маблағи 59,9 млн сомонӣ дар соли 2021, дар доираи маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ тавассути «Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон» ба 69 966 оилаҳои камбизоати дорои кўдакони то синни 3- сола ба маблағи 34,99 млн сомонӣ, ба 83 183 оилаҳои камбизоате, ки кӯдакони то синни 7- сола доранд, ба маблағи 41,6 млн сомонӣ, ба 40 981 оилаҳои камбизоате, ки занҳо сардори оила мебошанд ва кӯдакони дорои аз 7 то 16- сола доранд, ба маблағи 20,5 млн сомонӣ маблағгузорӣ ва ба ин оилаҳо пардохт карда шудааст. Дар семоҳаи соли 2022 ба оилаҳои камбизоате, ки кўдакони маъюбӣ то синни 18 — сола ва кўдакони то синни 3 — сола доранд, тибқи ин лоиҳа ба 17 550 оилаҳо дар ҳаҷми 500 сомонӣ, дар маҷмўъ ба маблағи 8,8 млн сомонӣ кумакпулии яквақтаъина пешбинӣ гардида, марҳила ба марҳила маблағгузорӣ ва пардохт карда мешавад. Инчунин, дар як сол ба 870 кудакони то 16 солаи гирифтори вируси норасоии масунияти одам кумакпулии иҷтимоӣ ба миқдори зиёда аз 4,6 млн. сомонӣ дода мешавад. Ба ғайр аз ин аз ҳисоби маблағҳои вазорат ба шахсони ниёзманд ба маблағи 1,2 млн сомони
Новобаста аз таъсири коронавируси COVID-19, вазорат тайи ду соли охир бо мақсади рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ тадбирҳои мушаххас андешида, шумораи марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои кӯдакони маъюб, пиронсолони яккаву танҳо, маъюбон ва дигар категорияҳои осебпазир, ки тибқи фармоиши иҷтимоии давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз 42 адад ба 53 адад расонида шуд.
Қобили қайд аст, ки сол ба сол фарогирии теъдоди шахсони ба хизматрасонии иҷтимоӣ эҳтиёҷманд зиёд шуда истодааст. Чунончӣ, дар соли 2021 ба 24513 нафар хизмат расонида шуд, ки ин нисбат ба ду соли пешин 8513 нафар зиёд мебошад.Таъмини гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ, махсусан маъюбон бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ дар мадди назари доимии вазорат қарор дошта, вобаста ба он тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Айни ҳол 25 номгӯи воситаҳои техникии тавонбахшӣ дар Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ”-и шаҳри Душанбе истеҳсол шуда, 13 номгӯи дигар аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд. Аз нишондодҳои истеҳсолии корхонаи номбаршуда дар солҳои 2019-2021 бармеояд, ки нақшаҳои истеҳсолӣ ҳамасола пурра иҷро мегардад. Дар ин асно, агар дар соли 2019 ба 9906 нафар маъюбон хизмат расонида шуда бошад, ин нишондод дар соли 2021 – 11 819 нафарро ташкил дода, 1913 нафар зиёд мебошад. Вазорат тайи солҳои охир вобаста ба таъмини шафофият дар самти муайян намудани гуруҳҳои маъюбӣ ва ташаккули маҳзани иттилоотии маъюбон низ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Махсусан, ҷоннок намудани фаъолияти Махзани иттилооти маъюбон боиси он гардид, ки 18 намуди маълумотҳо аз он дастрас гардида, муайяннамоӣ, воридсозӣ ва таҳлили вазъи маъюбӣ низоми хосаро касб намояд. Аз нишондодҳои соли 2019 бармеояд, ки теъдоди умумии маъюбон 149704 нафар, аз ҷумла 29517 нафар кӯдакони то синни 18-сола буда, ба ҳолати 1 январи соли 2022 теъдоди гирандагони нафақаи маъюбӣ 157933 нафарро ташкил дода бошад, дар семоҳаи соли 2022 шумораи маъюбон ба 158423 нафар (аз ҷумла кӯдакон 31913 нафар) расидааст. Афзоиш ёфтани шумораи маъюбон ҳамрадифи афзоиши аҳолӣ буда, ҳиссаи маъюбон нисбат ба шумораи умумии аҳолӣ 1,6 ва нафақагирон -21,3%-ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, тамоюли зиёдшавии маъюбон асосан аз ҳисоби кӯдакони синни то 18- сола ба ҳисоб рафта, дар семоҳаи аввали соли 2022 ба 3302 нафар ( аз ҷумла 2177 калонсол ва 1125 кудак) бори нахуст маъюбӣ муқаррар кардашуда, маъюбии 2586 нафар қатъ ва 226 ҳолати фавти маъюбон ба қайд гирифта шудааст.
Ҳозирини гиромӣ, дар баробари дастовардҳо камбудиҳо низ дар соҳаи тандурустӣ дида мешаванд ва моро зарур аст, ки дар оянда низ барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, кам кардани беморшави аз бемориҳои сироятӣ ва ғайри сироятӣ, такмили низоми маблағгузорӣ ва таъмини рушди пайвастаи захираҳои кадрӣ чораҳои зарури андешем. Умедворам, ки муҳокимаи имрӯза бисёр манфиатбахш ва судманд буда барои возеҳ намудани ҳалли мушкилотҳои дар соҳа ҷойдошта нақши муосири худро мебозад
Барои таваҷҷуҳатон сипосгузорам.