20-уми майи соли 2022 Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид.

20-уми майи соли 2022 Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид.

Иттилоия

оид ба баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ дар мавзуи “Рушди соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар давраи баъди пандемия” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ

              20-уми майи соли 2022 Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид.

Рўзномаи Ҷаласа:

 

1.“Рушди соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар давраи баъди пандемия” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ

  1. Масъалаҳои Ҷорӣ

 

Оид ба масъалаи якуми рўзномаи Ҷаласа  Азиззода Ш.Н. – Ёрдамчии Бахши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҶтимоӣ ва робита бо Ҷомеа, Абдуфаттоҳзода Г.А -Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллозода Ҷ.А. -Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  Ҷумҳурии ТоҶикистон, Саидов Н.Ш, – Котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии ТоҶикистон, Гулзода М.Қ. – Раиси Кумита оид ба масъалаҳои  иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм ва маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ашурзода Г.С. – Муовини Раиси   Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоии оила ва ҳифзи саломатии Маҷлисии намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда ба саволҳои сершумори иштирокчиёни ҷаласа, аз кабили :

Чаро табибон аз Тоҷикистон мераванд? Оё Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ маълумоти даққиқро оид ба шумораи табибоне, ки аз Тоҷикистон  берун рафтаанд дорад ва барои паст кардани шиддати муҳоҷирати табибон чӣ гуна иқдомҳоро пеш гирифтааст? Шифохонаҳои хусусӣ дар Тоҷикистон дар чӣ холат аст ва ин масъала ба кадом проблемаҳо дучор мегардад? Дар моддаи 38 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки шахс аз ёрии тиббӣ ройгон дар муассисаҳои нигоҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамоянд. Аммо дар амал химатрасониҳои тиббӣ пулакӣ шудааст, фикри Вазорат дар ин масъала чӣ аст? Оё дар Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҷорӣ карда мешаванд? Вазорат бо мақсади паст намудани сатҳи муҳоҷирати табибон ба хориҷии кишвар, барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии табибони ҷавон  чи гуна чораҳои мушаххас андешида истодаанд? ва гайрахо посухҳои мушаххас гуфтанд.

Зимни мубоҳиса оид ба масъалаи мазкур Раисони ташкилотҳои аъзои Шўрои Ҷамъиятӣ: Усмонзода С.У., Улҷабоева М.,Раҷабов А.,Алимов С., Ёқубова М., Шаҳидӣ М., Шарипова Д., Мирасанова З., Исоева М., Турсунов Е., Мусоева Р.Ғ., ва дигарон суханронӣ намуда, пешниҳодҳои ташкилотҳои хешро доир  ба проблемаҳои мавҷудбуда дар соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар давраи баъди пандемия” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ иброз намуданд. Аз қабилӣ:

-Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ созмон дода шавад то, ки ҷомеаи шаҳрвандии кишвар низ дар ҳалли проблемаҳои мавҷуда дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон  саҳмгузор бошанд.

-Дар шаҳри Душанбе дорухонаи алоҳида барои собиқадорони ҷангу меҳнат, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шахсони ба онҳо баробар кардашуда, иштирокчиёни Чернобил ташкил карда шавад.

Дар охири мубоҳиса Н. Саидов – Котиби ҳамоҳангсози Шўрои Ҷамъиятии Ҷумҳурии ТоҶикистон суханронӣ намуда кайд кард, ки дар давоми солҳои охир сироятёби ва барангезандагони ҳаргуна бемориҳо ба яке аз мушкилоти асосӣ соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст. Имруз дар бисёр кишварҳои дунё мавҷи нави  бемории сироятии COVID — 19 ва фавти одамон идома дорад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ин касали корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодаанд.

Вобаста ба ин, Шӯрои ҷамъиятӣ ҳамчун ниҳоди муттаҳидкунандаи ташкилотҳои ҷомеаи кишвар  – ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ доир ба ҳалли проблемаҳои мавҷударо дар соҳаи  тандурустӣ дар баробари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мехоханд саҳмгузор бошанд.

 

Оид ба масъалаи якум Ҷаласа қарор қабул кард.

 

  1. Котиботи Шўрои Ҷамъиятӣ пешниҳодҳои ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ доир ба мавзуи “Рушди соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар давраи баъди пандемия” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамаҶониба мавриди баррасӣ қарор дода, муҳтавои онро дар шакли гузориши алоҳида ба Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ирсол намояд.
  2. Суханронии Азиззода Ш.Н. – Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии ТоҶикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо Ҷомеа, Абдуллозода Ҷ. А. –Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии ТоҶикистон дар сомонаи интернетии shuro.tj ҷойгир ва дар Бюллетени Шӯро барои соли 2022 чоп карда шавад.
  3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотномаи таҳлилиро оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани табибон: сабабҳо, шумора ва оқибатҳои мусбату манфии ин раванд ба соҳаи тандурустии Тоҷикистон омода ба Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ ирсол намояд.

Оид ба масъалаҳои Ҷории рузномаи Ҷаласа

Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Саидов қайд кард, ки  тибқи Нақшаи кори Шӯро барои соли 2022 дар моҳи июни соли Ҷорӣ ҷаласаи сайёрӣ Шӯрои ҷамъиятӣ дар ш. Хорӯғи Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон дар мавзӯи  “Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, таъмини  волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, паст кардани шиддати ҷинояткорӣ дар Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон гузаронида мешавад, ки дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Шӯрои ҷамиятии ВМКБ, Раисони шуроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон ширкат меварзанд.

Вобаста ба ин, эълон менамоям: Роҳбарони ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамиятӣ, ки  нияти сафар ба ш.Хорӯғ (ВМКБ) ва дар ҷаласаи Шӯро иштирок карданро доранд ба Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ  муроҷиат намоед.

 

Котиботи Шўрои Ҷамъиятии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Н. Саидов

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.