Иттилоия
оид ба баргузории ҷаласаи сайёри Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Шўрои ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шӯроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳо, фаъолон ва халифаҳои расмии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҷлисгоҳи “Чойхонаи миллӣ”-и шаҳри Хоруғ
ш.Хоруғ 22.06.2022.
22-юми июни соли ҷорӣ тибқи Нақшаи кори Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022, ки аз ҷониби Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, ҷаласаи сайёри Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Шўрои ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шӯроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳо, фаъолон ва халифаҳои расмии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҷлисгоҳи “Чойхонаи миллӣ”-и шаҳри Хоруғ баргузор гардид.
Модератори ҷаласа Мирзонабот А.Х. — Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии вилоят
Рўзномаи ҷаласа:
- Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, паст кардани шиддати ҷинояткорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
2. Масъалаҳои ҷорӣ
Дар кори ҷаласа Мирзонабот А.Х. — Раиси ВМКБ, Раиси Шӯрои ҷамъиятии вилоят, Азиззода Ш.Н. — Мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Саидов Н.Ш.- Котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарҳод Р. — Ваколатдори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ, Раиси Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси Намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ; Президенти Академияи миллии ҶТ, Баротзода Ф – Ваколатдори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ, Раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагон МОҶТ, Аламшозода А.А. — Муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Ситоди байни идоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ, Алихониён Қ.З.- Сардори Раёсати адлияи ВМКБ, Фақиров А. — Ваколатдори Раиси Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, Раиси комиссияи тафтишотии назоратии ҲКТ суханронӣ намуда ба саволҳои сершумори иштирокчиёни ҷаласаи сайёр посух гуфтанд:
Инчунин дар кори ҷаласа аъзои шўроҳои ҷамъиятии ВМКБ, раисони шўроҳои ҷамъиятии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа, Рушон, Шуғнон фаъолон ва халифаҳои расмии шаҳру ноҳияҳои вилоят, хабарнигорони ВАО ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар муҳокимаи масъалаи якуми рӯзнома иштирокчиёни ҷаласа: Улфатшоев Ҷ. — Мудири шуъбаи маънавиёти рўзномаи «Бадахшон» (Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ), Додихудоева Н.- Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Мадина ва ҳамкорон», Алибахшов Б.- Роҳбари Асотсиатсияи соҳибкорон ва фермерҳои «Милал-интер», Хоҷаорифов П. — халифа, Асматуллоев Х.- Раиси Шўрои собиқадорони меҳнати шаҳри Хоруғ, Акназаров И. -Ҷомеашинос, собиқдори меҳнат, Назарзода Р.Ш. — Раиси шаҳри Хоруғ, Раиси Шӯрои ҷамъиятии шаҳр, Ҷумъазода Ҷ.Ш. – Раиси ноҳияи Шуғнон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии ноҳия, Аламшоев Қ. — Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Қўҳҳои Помир” суханрони намуда пешниҳодҳои мушаххасро оид ба проблемаҳои мавҷуда дар ҷомеаи имрузаи ВМКБ баён намуданд. (Пешниҳодҳо дар шакли мактуби алоҳида ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид. Мактуби Котибот Шӯро таҳти № 60 аз 30.06.2022).
Дар рафти муҳокимарониҳои аъзои Шӯрои ВМКБ, раисони шӯроҳои шаҳру ноҳияҳо, фаъолон ва халифаҳои расмии вилоят фикру андешаҳояшонро чунин иброз намуданд: Дар ҳодисаҳои рўзҳои охир, ки дар шаҳри Хоруғ рух доданд, ҳамаи мо бетарафӣ зоҳир намудем. Ҷудоиандозӣ дар вилоят аз байни аҳли зиё сар шуд. Дар рух додани ҳодисаҳои моҳҳои ноябр ва декабри соли 2021 ва моҳи майи соли 2022 тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла аҳли зиё бетарафӣ зоҳир намуд. Ин аз як тараф асос ҳам дошт, чунки ҷинояткорон силоҳдор буданд ва мардум аз онҳо тарс доштанд Ҳукумати вилоят ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ВМКБ дар сатҳи зарури бо мардум кор бурда натавонистанд. Мардум ҳалли проблемаҳои рўзмарраро тақозо менамуд, мо онҳоро сари вақт ҳал карда наметавонистем. Амалиёти махсусро бояд барвақтар мекардем. Мавқеи Воситахои Ахбори Омма (ВАО) дар вилоят хеле заиф буд. Баъзе роҳбарони ниҳоди шаҳрвандӣ дар вилоят бо гуруҳҳои ҷиноякор ҳамкорӣ мекарданд ва онҳоро дастгирӣ мекарданд. Соли 2012 амалиётро зидди гурўҳҳои ҷинояткор шурӯъ намуда онро то охир анҷом надоданд. Бояд сабабҳои рўх додани ҳодисаҳоро ба таври дақиқ таҳлил намуда, баҳогузорӣ намоем, бояд мафкураи мардумро дигар намоем.
Ҷаласа қарор қабул кард:
-Раисони Шўроҳои ҷамъиятии шаҳрӣ ва ноҳиявии ВМКБ пешниҳодҳо ва тавсияҳоеро, ки дар рафти ҷаласа иброз гардид, ҳамчун дастури корӣ қабул намуда дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҷамъиятиро даъват намуда, дар он мавзӯи «Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, паст кардани шиддати ҷинояткорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”-ро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба ҳалли мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои пешгирӣ ва усулҳои ҳаллу фасли онҳо нақшаи гузаронидани тадбирҳои мушаххасро тартиб дода, аз натиҷаи корҳои ба анҷом расида ахбороти муфассалро ба Раиси Шӯрои ҷамъиятии ВМКБ ирсол намоянд.
-Ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ роҳандозии чорабиниҳоро баҳри таҳкими ризояти ҷомеа бояд мунтазам густариш бахшанд. Зарур аст, ки ризояти ҷомеаро ҳарчи бештар миёни маврдум таблиғу ташвиқ намуда, дар таҳкими он ҳар як аъзои Шуро ҷамъиятӣ бояд саҳмгузор бошад.
-Асарҳои таълиф намудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар олимону нависандагон оиди ватандустиву ватанпарастӣ байни наврасону ҷавонон бояд ба таври мунтазам мавриди омӯзиши доимии ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ қарор дода шавад.
-Аъзоёни Шўрои ҷамъиятии ВМБК-ро зарур аст, ки бо назардошти вазъи имрўзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ зиракии сиёсиро аз даст надода, фаъолияти минбаъдаи Шўрои ҷамъиятиро ҳамчун рукни асосии ҷомеаи шаҳравандӣ дар вилоят баҳри таҳкими Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва ризоияти ҷомеа, густариши равандҳои демократикунонӣ ва роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои иҷтимоии ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ, ташкилотҳои эҷодӣ, динӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ бо дигар сохторҳои ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусӣ, инчунин ташкили корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳиро миёни насли наврас, махсусан ҷавонон боз ҳам ҷонноктар созанд.
-Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои ҷаласаи имрӯза гузориши муфассалро ба унвони Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намояд.
-Назорат аз рафти иҷрои қарори ҷаласаи ба ӯҳдаи Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии ВМКБ вогузор карда шавад.
Ҳамин тариқ, Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ дар моҳи июни соли ҷорӣ:
— банди 4- уми Нақшаи кори Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2022 дар мавзуи “Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, паст кардани шиддати ҷинояткорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” ва
— банди 7-уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 январи соли 2017-ро дар мавзуи “Ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами Шӯрои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади таъмини волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлат, гирифтани пеши роҳи кочоки маводи мухаддир ва нашъамандӣ, паст кардани шиддати ҷинояткорӣ дар кишвар, инчунин баррасии барномаҳо, стратегияҳо ва қонунҳои нав”-ро ба иҷро расонид.
Котиботи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон