Муҳтарам аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ,
Ҳозирини гиромӣ,
Мавзӯи имрӯзаи ҷаласа мо — яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрами ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳо, стратегияҳои давлатӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул шуданд, ки ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон равона гардиданд.
Рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар натиҷаи чораҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат, бахусус дар солҳои охир, дар ҳама соҳаву бахшҳои ҳаёти вилоят тағйироти куллӣ ба назар мерасанд.
Далели равшани ин гуфтаҳо, афзоиши нишондиҳандаҳои интиқоли борҳо мебошад, ки тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии воқеъ дар ҳудуди вилоят сурат гирифта истодааст. Мардуми Бадахшон хуб дар хотир доранд, ки ҳамагӣ чанд сол пештар мо имконияти баромадан ба хориҷи кишварро надоштем ва роҳи баромадан ба маркази кишварамон ва дигар минтақаҳои он шаш-ҳафт моҳ дар як сол баста буд.
Танҳо дар чанд соли охир Роҳбари давлат ду маротиба — моҳи сентябри соли 2018 ва моҳи августи соли 2020 ба шаҳру ноҳияҳои Бадахшон сафари корӣ анҷом дода, барои ҳалли проблемаҳои мавҷуда ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастурҳои мушаххас доданд.
Ҳозирини гиромӣ,
Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмин будани волоияти қонун шарти муҳимтарини рушди минбаъдаи кишвар, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Волоияти қонун маънои онро дорад, ки ҳама дар назди қонун баробаранд. Қонун дар давлати ҳуқуқбунёд ифодакунандаи мақсаду мароми аъзои ҷамъият мебошад.
Бе таъмини волоияти қонун дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз имкон берун аст.
Танҳо иҷрои талаботи қонун ва тобеият ба нишондодҳои он метавонад амали қонунро ҳаётӣ гардонида, волоияти онро таъмин намояд. Бинобар ин, шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо, ҳизбҳо, итгиҳодияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти ҳокимияти идоракунии давлат ва дигарон бояд фақат ба қонун итоат намоянд.
Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар мулокот бо роҳбарону фаъолони вилоят моҳи сентябри соли 2018 изҳор доштанд, «Таъмини волоияти қонун ва тарбияи насли солиму солеҳ танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, балки ҳар яки мову шумо падарону модарон, кумитаҳои кор бо ҷавонон, занон, ҷомеаи шахрвандӣ, фаъолону шахсони барӯманд низ вазифадоранд, ки қарзи худро дар назди ҷомеа ва наслҳои фардои миллат бо масъулият иҷро намоянд.
Мутаассифона, дар ВМКБ гурӯҳҳои муташшакили ҷинояткорӣ, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалии террористӣ таҳррезӣ ва маблағгузорӣ мешуданд, гурӯҳи муайяни ҷавонони Бадахшонро бо ҳар роҳу восита тобеи ақидаву афкори нодуруст ва фирефтаи доми худ гардонида, аз онҳо истифода намуданд ва ин ҷавонон ба амалҳои террористӣ даст заданд.
Вобаста ба вазъи бамиёномада ва бо мақсади ба эътидол овардани вазъият аз ҳисоби роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ таъсис дода шуда, фаъолияти худро ҷиҳати коҳиш додани шиддати ҷинояткорӣ дар вилоят ба роҳ монд ва бо ҷалби кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, мақомоти судӣ, прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, фаъолону ҷавонон ва аҳли зиё корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд.
Новобаста аз корҳои анҷомдодашуда, имрӯз вобаста ба авзои зудтаѓйирёбандаи ҷаҳони муосир ва торафт шиддат гирифтани муборизаи иттилоотӣ моро зарур аст, ки барои дарёфти роҳу усулҳои нави ҳамкории мақомоти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гирди ҳам оем, мубодилаи афкор намоем ва тавассути вусъат бахшидани корҳои пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳиву тарбиявӣ чораҳои ҷиддӣ андешем.
Муҳтарам иштирокчиёни ҷаласа,
Дар фарҷом мехостам суханони Пешвои миллатро, ки дар паёми имсола ироа гардиданд, ёдрас кунам:
«Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон-Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову Шумо каси дигар обод намекунад».
Боварӣ дорам, ки масъалаҳои мазкур аз ҷониби Шумо — аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва коршиносон ҳамаҷониба муҳокима гардида, фикру мулоҳизаҳо ва таклифу пешниҳодҳои шумо барои халли проблемаҳои мавҷуда дар вилоят мусоидат хоҳад намуд.
Ҳоло, ки мо дар арафаи таҷлили 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем, ба муносибати ин санаи фархунда, ҳамаи Шумо ҳозирини гиромиро самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳар кадоми Шумо саломатӣ, рӯзгори босаодат, толеи баланду иқболи нек орзу дорам.
Ташаккур ба диққататон!
ш.Хоруг
22.06.2022