Суханронии Файзулло Баротзода – Раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагониМаҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,узви фраксияи ҲХДТ дар ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, паст кардани шиддати ҷинояткорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»

Суханронии Файзулло Баротзода – Раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагониМаҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,узви фраксияи ҲХДТ дар ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, паст кардани шиддати ҷинояткорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»

22.06.2022сол                                                ш. Хоруғ

 

Вазъияти тағйирёбандаи ҷаҳони муосир тақозо мекунад, ки рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ин марҳилаи бисёр мураккаби сиёсӣ бо назардошти таъсиргузории вазъияти геополитикии минтақа ва ҷаҳон, осебпазирии равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ ҳамчун омили асосии хатарзо барои имрўзу фардои Тоҷикистон ва ба эътибор гирифтани ҳадафҳои ғаразноки бозингарони геополитикӣ таъмин карда шавад. Зеро дар партави дастовардҳои 30 соли истиқлолияти давлатӣ, равнақи корҳои масарратбахш барои сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ҷашни дарпешистодаи 25-солагии Ваҳдати миллӣ дар тафаккури мардум ҷойгузин шудани раванди созандагию ободонӣ, ҷаҳонбинии пешрафтаи илмӣ ва ғояҳои ватандўстӣ моро ба марҳалаи сифатан нав ворид месозад. Дар ин росто, ба таъбири устод Турсунзода “ба мисли гўшту нохун ҳамеша бо Ватан будани” бофтаҳои фарҳангсолории ваҳдати миллӣ ва ваҳдати эътиқодӣ аҳамияти бузург касб менамояд. Барои расидан ба ин ҳадафҳо, ба андешаи мо, пайваста такомул бахшидан ба арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ба мақсад мувофиқ менамояд. Дар иртибот ба паст кардани шиддати ҷинояткорӣ ва дар мизони ҷавобгў ба манфиатҳои давлатдории миллӣ ғунҷоиш додани вазъияти амниятӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ баён намудани се матлаби зеринро ба мақсад мувофиқ меҳисобем:

  1. Матлаби якум. Табиати зебо, кўҳҳои осмонбўс, ҷойгоҳи обистони ҷаҳонӣ ва ба таъбири Пешвои муаззами миллат “дарвозаи тиллоии Тоҷикистон”-и биҳиштосо будани Бадахшон қотеъона тақозо менамояд, ки ин пораи воқеан афсонавӣ минтақаи боамнтарини Меҳани азизи мо бошад. Зеро дар баландиҳои кўҳистони сар ба фалак афрохта ва осмони софи пурситора тасдиқи халлоқияти илоҳӣ ва бозгўи илман асосноки асрори табиат бештар муяссар мешавад. Аз ин нигоҳ, вуҷуди шаҳре бо номи Хоруғ дар оғўши ин мўъҷизаҳои табиат ҳамчун рамзи ободонии минтақавӣ ва рўз ба рўз симои нав касб намудани он далолат бар он дорад, ки халалдор кардани набзи муътадили кору фаъолият ва сулҳу оромӣ дар доираи адлу инсоф ва ақлу идрок нахоҳад буд. Ҳама гуна нооромӣ, фитнаву дасиса, буҳтону айбҷўӣ, ташкили гурўҳакҳои муташаккили мусаллаҳ ва ба таври қочоқ ворид намудани миқдори ҳангуфти яроқу аслиҳа ба қаламрави вилоят, пеш аз ҳама, оқибатҳои ҳалокатбор барои сокинони маҳаллӣ хоҳад дошт. Дар ҳошияи воқеаҳои ахири дар Бадахшон рухдода таҳлили муқоисавии сураи Лумазза ва як ғазали Ҳофиз бар зидди ғаразҳои нопоки нерўҳои ифротӣ ҳушдори муҳиме таъбир мешавад. Мазмуни сураи “Айбкунанда”-ро чунин баён кардан мумкин аст: “Вой бар ҳоли касони айбкунанда ва ғайбаткунанда, ки молу аслиҳаро фароҳам оварда нигоҳ медоранд ва мепиндоранд, ки ин рафторашон онҳоро ҷовидон мегардонад. На, онҳо комёб намешаванд ва ба оташи афрўхташудаи Худой, яъне ҳутама, ки сутунҳои дароз дорад, шармандавор андохта хоҳанд шуд. Дар баёни шеърии тафсири ин оят Ҳофизи лисонулғайб дар як ғазалаш чунин овардааст:

 

Нури Худо намоядат оинаи муҷаррадӣ,

Аз дари мо даро агар толиби ишқи сармадӣ.

Бода бидеҳ, ки дўзах ар номи гуноҳи мо барад,

Об занад бар оташаш муъҷизаи муҳаммадӣ.

Шаъбада боз мекунӣ ҳар даму нест ин раво,

Фикр намекунӣ магар фӣ амадин мумаддадӣ.

 

Бадахшон ҳамчун рамзи ифодаи шаҳристони бостонӣ, ягонагӣ, ҳамзистӣ ва иттиҳод шоҳиди зиндаи гўёе дорад бо номи Ғунд, ки аз мобайни шаҳри зебои Хоруғ ҳамеша ҷорист.

  1. Матлаби дуюм. Дар таъбири мардуми Бадахшон мегўянд, ки “гоҳ Ғунд, гоҳ пароканда”. Вожаи “Ғунд” маънои ғундоштан, ҷамъоварӣ ва гирдоварӣ кардан, муттаҳиду ягона ва ба ҳам пайвастани обҳои аз кўҳҳои баланд ҷоришударо таҷассум менамояд. Яъне Ғунд пораҳои оби зиёдеро ғундошта онро ба дарёи бузурги Ғунди ваҳдатсаро табдил медиҳад. Ин дарё аз қаламрави Бадахшон сарозер рафта, водиҳои зиёдеро убур карда, танҳо барои обшор намудани заминҳои ташналаби кишвари азизамон худро пароканда мекунад. Аз ин рў, ба ҳурмати қудсияти Ғунди ягонасоз ва бисоти ваҳдати моро ғункунанда мо ҳуқуқи маънавии ноором доштани вазъият дар ин гўшаи Ватани аҷдодиро надорем. Рафторе мисли ҳаводиси моҳи май дар ноҳияи Рўшон на танҳо амали теша ба решаи сутунҳои устувори табиати зинда заданро дорад, балки инчунин ихтилофи комил бо омўзаҳои қуръонию имонӣ ва таълимоти мазҳабӣ низ дорад. Ояти 32 сураи Моида таъкид мекунад, ки “ҳар кикасеро ба ғайри ивази касе ва (ба ғайри) фасоддар замин бикушад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо кушта бошад; ва ҳар ки сабаби зиндагонии касе шавад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо зинда сохта бошад”. Муқаррарот ва аҳкоми ин оят ҳар ки аз роҳи тундравӣ, ифрот ва ҳангомаҷўиву худнамоӣ касеро бикушад, баробар бар он аст, ки тамоми мардуми рўи заминро кушта бошад; аммо агар касе ба лутфи кори хайре ва амали арзандае ҷони касеро раҳо диҳад, мисли он аст, ки тамоми оламро эҳёву зинда карда бошад. Дар баробари ин роҳ сохтан, пул бунёд кардан, мактабу мадраса сохтан ва дасти ёрӣ дароз кардан ба ниёзмандон дар арзишҳои миллӣ ва омўзаҳои динии мо тоҷикон садақаи ҷория шуморида мешавад. Чӣ расад ба лоиҳаи нақшаҳои бесобиқаи ободонии Ҳукумати ҶТ дар шаҳри Хоруғ ва тамоми қаламрави ВМКБ. Танҳо тавассути бунёди роҳҳои нав вилоят ба минтақаи транзитии Осиёи Марказӣ мубаддал гашт, ин кори андак нест ва ин дастовардро бояд қадр кард. Ва чунин пешрафтҳо душманони пинҳонӣ ва ҳасудон ҳам доранд ва мо набояд фирефтаи доми онҳо шавем. Як масъалаи муҳими дигар ҳаст, ки иҷрои бечунучарои онро талаботи ҳуқуқи байналмилалӣ, ахлоқи одамият ва башардўстӣ, ҳамчунин фармудаҳои аҳкоми фиқҳӣ аз пайраваони равияву мазҳабҳои гуногуни ислом тақозо менамояд. Тибқи ин муқаррарот сокини минтақаи баландкўҳ ва соҳили дарёҳои бузург будан дар баробари аз имтиёзҳо бархурдор будан масъулиятҳои аҳкомии ҷиддӣ низ ба дўш доранд. Нахуст, сокини соҳили дарё масъулияти динии тоза ва беолоиш нигоҳ доштани оби ошомидании дарёро дорад. Ҳамин ҷавобгарии имониро бекигариҳои соҳили дарёҳои Амударё ва Сирдарё то вожгун шудани Аморати Бухоро дар соли 1920 сарбаландона иҷро мекарданд. Дуюм, роҳи минтақаҳои мушкилгузар, ки бояд ҳамеша гардон бошад ва ҳеҷ кас новобаста аз мақоми сиёсию диниаш халалдор кардани набзи онро аз нигоҳи динию мазҳабӣ надорад. Тибқи ҳадиси пайғамбари ислом “ҳар ки сангеро аз сари роҳи мардум дур андозад, барояш садақа навишта мешавад”. Агар чунин аст, пас сиёсати бунёди роҳҳо, ки Пешвои миллат дар саросари кишвар ба хотири ояндаи дурахшони миллати мо роҳандозӣ менамоянд, чӣ миқдор савобу садақаи ҷория дошта бошад. Масъалагузорӣ оид ба рафтори “қуттоъи тариқ” (роҳзан, роҳбанд) ҳам дар ҳадис ҳаст. “Лаънату-л-Лоҳи ва-л-малоикати ва расулуллоҳи ва-н-носи алайҳим аҷмаин” – “Лаънати Худо, фариштагон, пайғамбари Худо ва мардум бар онҳо бод!” Яъне роҳзану роҳбандро ба таъбири имрўза мисли террорист медонистанд. Коргоҳи олам ва ҳандасаи илоҳӣ дар минтақаҳои баланди кўҳӣ ончунон нозук аст, ки як санги онро бе маслиҳату машварат ҷунбонидан паёмадҳои нохуш хоҳад дошт.
  2. Матлаби сеюм. Ҳоло бо боварии комил гуфта метавонем, ки раванди ташаккули низоми сиёсӣ ва ниҳодҳои гуногуни инфрасохтори давлати миллӣ ба таври амудию уфуқӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ мувофиқи меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бунёд шудааст. Тоҷикистон ҳамчун субйекти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст, дар харитаи сиёсии ҷаҳон номаш ба таври абадулобод сабт шудааст ва дар бахши иҷтимоиёту иқтисодиёт қадамҳои устувор гузошта, барои расидан ба чаҳор ҳадафи асосии стратегӣ корҳои шоёни таҳсин роҳандозӣ мегарданд. Магар ҳоло фурсати он нест, ки мо футуввату ҷавонмардӣ, ватандўстию фидокорӣ зоҳир намуда, ба корҳои ободонию созандагӣ камари ҳиммат бандем. Файласуфи олмонӣ Георг Гегел дар китоби “Фалсафаи дин” гуфтори ҷолибе дорад, ки ба ин матлаб мувофиқ меояд: “Истинное мужество просвещенных народов состоит в готовности к самопожертвованию во имя Родины” – “Мардонагии воқеии мардумони бомаърифат дар омодагӣ барои ҷоннисорӣ ба номи Ватан ифода меёбад”. Ҳам аз нигоҳи масъалагузориҳои дунявӣ ва ҳам ухравӣ тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ, алахусус мардуми шарифи Бадахшон ва ҷавонони саодатманди он дар партави вазъияти ногувори ба вуҷудомада дар сиёсати ҷаҳонӣ ба ҷуз пеша кардани ойини мудоро, дўстӣ, ҳамзистию ҳамбастагӣ ва ваҳдатсароӣ роҳи дигаре надоранд. Як воқеиятро набояд фаромўш кард, ки барои ободонӣ, пешрафт ва шукуфоии Бадахшон ҳеҷ кас ба ҷуз роҳбарияти олии сиёсии кишвар ва ҲҶТ манфиатдор ва хайрхоҳ нест. Ҳама гуна нерўи дигар танҳо ва танҳо дунболаи ҳадафҳои ғаразноки худ ҳастанд. Маълум аст, ки ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дорои марҳила ва зинаҳои гуногуни рушд аст. Ва табиист, ки ҳангоми паймудани роҳи душворписанди он ҳолатҳои буҳронӣ, низоъҳои сиёсию идеологӣ ва кўшишҳои пешниҳоди роҳу равиш ва ҷаҳонбинию мафкураи тамоман дигаргуна иттифоқ меафтад. Бартарии вазъияти кунунии мо дар он аст, ки мо давлати миллӣ дорем ва дар он тамоми аркону атрибутҳои давлатдорӣ ва зербунёди сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ бо назардошти манфиатҳои давлатӣ тибқи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ барқарору бардавом шудааст. Ҳоло тақозо мешавад, ки нақши давлати дунявӣ дар ташаккули андешаи миллӣ ва татбиқи воқеии он андаруни ҷомеаи шаҳрвандӣ бо иштироки фаъоли тамоми қишру табақаҳо дар шароити ҳамеша афзояндаи арзишҳои Ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду иттифоқи мардумӣ таъмин гардад. Яъне, барои ноил шудан ба модели давлатдории муосир, ба андешаи мо, ҳамоҳангӣ ва ҳамкории се омили асосӣ – давлати миллӣ, андешаи миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шарт ва зарур аст. Давлати навини миллии тоҷикон ҳадди ақалл дар тўли 30-соли сипаришуда рақобатпазир буданро дар муқобили ҳама гуна озмоишҳо муваффақона нишон дод. Дар шароити кунунӣ андешаи миллӣ, ки маҷмўи тасаввуроти миллатро дар бораи ҷойгоҳи худ дар матни тамаддуни ҷаҳонӣ, реша, забон, фарҳанг ва таркиби нажодии он аз мавқеи имрўз доир ба гузашта ва оянда муқаррар мекунад, бояд рисолати муттаҳидкунандаи умумимиллӣ касб намояд. Ин андеша бояд сода, озоду равон ва созгор ба тарзи зиндагии миллат бошад, беҳдошти ҷанбаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва моддиёти мардумро ба эътибор гирад ва бо иштироки васеи тамоми афроди ҷомеа ҳамеша такмил ёбад. Ҳар фарди ҷомеа бояд бидонад, ки татбиқи таҷрибаи сиёсии миллат бе мавҷудияти давлати миллӣ имконнопазир аст. Аз ин рў, як бахши ҷавҳарии андешаи миллӣ бояд таъмини пойдории давлати миллӣ қарор гирад. Аммо ҷомеаи шаҳрвандӣ ниҳоди фарогири ҷамъиятиест дар муносибати байни давлат ва шаҳрвандон, ки тамоми фикру ақидаи қишру табақаҳои гуногунро ба сохторҳои давлатӣ мерасонад. Он аслан барои бунёди фазои солими иҷтимоӣ ва иттиҳоди нерўҳои равшанфикре масъул аст, ки барои пайдо кардани шакли беҳтарини расидан ба ҳадафу ормонҳои миллӣ мусоидат менамояд. Барои ноил шудан ба ҳамкории муваффақонаи давлати миллии дунявӣ, андешаи миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд барнома ва лоиҳаҳое пешниҳод шаванд, ки дар он сиёсати давлатӣ, ҷаҳонбинию мафкураҳои таҳлилӣ ва андешаҳои созанда ғунҷоиши сазовор дошта бошанд. Такомули давлатдории навини миллии мо бояд ҳамеша бар пояи таърихан шаклгирифтаи фарҳанги ниёгон ва арзишҳои ахлоқӣ-маънавии миллати куҳанбунёди тоҷик такя намояд, то ки дар шароити модерн омўзаҳои барозанда ва суннатҳои мондагори гузаштагони пурифтихорамон моҳирона эҳё шавад. Қудсияти давлати миллӣ бояд ҳамчун ситораи қутбнамо барои ҳар як фарди ҷомеа дурахши эҳтирому арҷгузорӣ диҳад, зеро дар муносибат ба ин арзиши муқаддас ва бебаҳо изҳори ҳама гуна беэътиноӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ҷоиз нест. Мо дигар ҳуқуқи ахлоқию маънавӣ ва фарзандию шаҳрвандии такрор кардани хатоҳои гузашта ва роҳ додан ба иштибоҳҳои навро дар рўёрўи мазҳари поки Модар-Ватан надорем.

Аз ин рў, пойдории истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва омили тавонои таъмини рушди устувори ҷомеа будани Ваҳдати миллӣ тақозо менамояд, ки асосноккунии илмӣ-методологӣ доир ба беҳбуди вазъият ва пайдо кардани роҳҳои наздикшавии қишру табақаҳо ба ҳадафи асосӣ таҳия гардад. Дар доираи тафаккури дунявӣ бояд шароите эҷод шавад, ки дар он тамоми ақидаи солим ва муҳокимаронии мантиқӣ ғунҷоиш пайдо карда тавонад. Ва баръакс, бояд ҳар гуна андешаи тундрав баҳои сазовор гирифта, тадриҷан аз фазои иттилоотӣ ва матни зиндагии ороми шаҳрвандони кишвар берун оварда шавад.

Шоири мубориз ва тавонои тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ дар тақвияти ҳамин андешаҳо шеъри мавзуне гуфтааст, ки барои ҳусни анҷом бахшидани матлаб бисёр мувофиқ меояд:

Ҳаёти дилкашу зебо ҳаёти озод аст,

Чунин ҳаёт на арзон ба даст афтодаст.

Барои он ки ҳаёте чунин диҳад моро

Ҳазорон бор Ватан сад ҳазор ҷон додаст.

Мо мутмаинем, ки пешбурди фаъолияти пурсамар дар тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакат барои татбиқи амалии дастуру супоришҳои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳтавои мулоқоту вохўриҳои бешумори Пешвои миллат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки саршор аз андарзҳои ваҳдатофарин ва муттаҳидкунандаи миллати тоҷик мебошанд, заминаҳои боэътимод фароҳам меоварад ва пойдевори Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро устувор мегар-донад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.