Ҳадафи асосии давлат — оромии вазъ дар Бадахшон аст

Ҳадафи асосии давлат — оромии вазъ дар Бадахшон аст

Суханронии Фарҳод Раҳимӣ — Фарҳод Р. — Ваколатдори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ, Раиси Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси Намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ; Президенти Академияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ш.Хоруғ                                                      22.06.2022

Аввалан иштирокчиёни ҷаласаи имрўзаро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик менамоям. Имсол соли таърихӣ аст ва мо 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ ҷашн мегирем. Оғози ваҳдати мо аз ба сари қудрат омадани фарзонафарзанди миллат, абармарди дунёи сиёсат Эмомалӣ Раҳмон шурўъ шуд, ки нахустин суханонашон ба ҳайси Сарвари давлати тоҷикон «Ман ба Шумо сулҳ меорам» буд. Маҳз ҳамин шиор, ҳамин суханон умеди мардуми тоҷикро ба ояндаи дурахшон дубора зинда, таҳдид ба якпорчагии кишварро бартараф ва пеши роҳи парокандашавии миллатро гирифт.

Махсусан, зикр намудан мехоҳам, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали нахуст ба сифати Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон барои ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва хомўш кардани оташи ҷанги бародаркуши дохилӣ ва таъмини сулҳу субот камари ҳиммат барбастанд ва ба он ноил гардиданд. Пешвои муаззами миллат ба савганди худ ба мардуми Тоҷикистон, ки “Ман ба Шумо сулҳ меорам!” ва “Гурезаи охиринро ба Ватан бармегардонам!” содиқ монданд ва ин савгандро воқеан ҳам дар назди халқи меҳан сарбаландона иҷро намуданд.

Таҷриба ва амалияи сулҳи байни тоҷикон, ки бо ташаббус ва сарварии бевоситаи Пешвои муаззами миллат амри воқеӣ гардид, на танҳо аҳаммияти умумимиллӣ, балки дорои аҳаммияти байналмилалӣ низ мебошад. Ин таҷриба, дар таърихи башарият падидаи беназир маҳсуб гардида, метавонад барои фурў нишондани оташи низоъҳои дохилӣ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Афғонистон, Ироқ, Сурия ва дигар кишварҳои даргири ҷанги дохилӣ мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Баъдан, эҳёи мактабу маориф ва илму фарҳанг бо мақсади боло бурдани сатҳи маърифат ва ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ ва  рушди соҳаи тандурустӣ ва варзиш ба хотири насли солим ва миллати солим аз ибтикороти  ҷиддии дигари Пешвои миллат мебошанд.

Дар давлати демократӣ меъёри ҳамаи арзишҳо аввалан инсон аст, бинобар ин ҳар амале, ки аз ҷониби давлат иҷро мешавад, барои амният, рушди зиндагӣ ва хушбахтии халқ хидмат мекунад. Аз ин рӯ, воқеаҳое, ки рӯзҳои охир дар Хоруғу Рӯшони Бадахшон рух медиҳанд ва аксуламали давлат ба онҳо танҳо ҳамчун таъмини оромӣ, амният ва аз фишору таҳдид озод кардани мардум маънидод карда мешаванд, ки дар асл бе ҳеҷ шакку шубҳа ҳамин тавр ҳам ҳастанд, зеро дар ҳамаи даврони мавҷудияти давлати соҳибистиқлоли тоҷик мардуми Бадахшон аз қисмати фаъоли бунёдкорон ва мустаҳкамкунандагони пояҳои ҳамин давлат буданду ҳастанд ва ҳамчунин муносибати Давлати Тоҷикистон ҳам ба онҳо ҳамеша ҳамин гуна буду ҳамин гуна мемонад. Он гурӯҳи хурде, ки танҳо барои манфиатҳои шахсиву ғаразнок ва барои мардуми Бадахшон хатарноки худ, мехоҳанд дар байни мардум ва давлат рахна ворид кунанд, ҳаргиз манфиати мардуми маҳал ва давлати тоҷикро дар назар надоранд. Ҳар касе чашми бино дораду адлу инсоф мебинад ва мефаҳмад, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ давлати нави тоҷик барои пешрафти зиндагии мардуми Бадахшон ва ободии он чӣ қадар кор кард, барои онро дидан танҳо чашмро кушодану ба он сӯи дарё нигаристан кофист, ки фарқи аз замин то осмон дида шавад. Пас, оё намесазад, ки шукри ин дастовардҳо кунему барои таҳкиму тақвияти онҳо бикӯшем, ки дар воқеъ ҳам мардуми хирадманд, одил ва баинсофи Бадахшон дар ҳамин мавқеъ ҳастанд, аммо гурӯҳи хурде бо таҳдиду фишори ҳамешагӣ онҳоро намегузоранд, ки аз ҳамин роҳи интихобкардаашон пеш бираванд, аммо то кай?! То кай давлат ба амалҳои зиддидавлатӣ ва нофармониву харобкории онҳо муросо мекунад, то кай мемонад, ки ин гурӯҳҳо ба мардум фишор оварда, онҳоро дар ҳаросу таҳдид қарор диҳанд. Давлат барои он аст, ки аз табааи худ ҳимоят кунад, барои онҳо муҳити зиндагии амн, осоишта ва аз ҷиҳати моддӣ таъминро фаро оварад ва албатта, мардум ҳам дар навбати худ дар фаъолияташон марому мақсади давлатмеҳвариро бояд пеша кунанд, яъне дар ҳама ҳолат манфиати давлатро, ки манфиати онҳоро низ дар назар дорад, дар ҷойи аввал бигузоранд. Дар ин роҳ аз маҳалпарастӣ, хешу таборчигӣ, қавмгароӣ бояд гузашт, зеро манфиати ҳақиқӣ ва асили онҳо ҳам дар ниҳояти кор ба манфиати давлат бармехӯрад ва агар онҳо бар зидди манфиати давлат ҳастанд, дар охир яқинан бар зарари онҳо анҷом хоҳад ёфт, зеро амали онҳо муваққативу бадоқибат аст.

Мардуми Бадахшон аз аз ҷиҳати сиёсиву маънавиву ахлоқӣ хело бедортару ҳушманд ҳастанд, онҳо хуб дарк мекунанд, ки ҳар яки мо назари давлатмеҳвар бояд дошта бошем, зеро давлат асли ҳастии моро таъмин менамояд ва хатаре ба амнияти давлат ворид кардан теша бар решаи ҳастӣ ва амнияти худамон задан аст, ки ҳаргиз кори хирадмандонае нест. Ба ҳамаи мо ва ҳамчунин ба мардуми Бадахшон лаҳзае таърихи на чандон дур, ҳатто ҳамон асри Х1Х-ро ба ёд овардан кофист, ки давлати ягона надоштему пора-пора будем ва чӣ фоҷеаҳои гӯшношунидро аз сар гузаронидем, ҳамаи ин чизҳо дар таърихҳо сабт шудаанд, онҳоро набояд фаромӯш кард, то ба қадри давлати ягона ва мутамарказу соҳибистиқлоли имрӯзаамон бирасем. Таҷрибаи таърих нишон медиҳад, ҳамон мардум ва миллате муваффақонаву хушбахтона зистаанд, ки давлати ягона сохтаву дар атрофи он муттаҳид будаанд, зеро бе мавҷудияти давлати устувору поянда хушбахтии мардум муяссар намешавад ва аз ин рӯ, мо итминони комил дорем, ки мардуми Бадахшон бо дарки масъулияти хушбахтии ҳамагонии мардум ҳаргиз ба ташвиқу тарғиби гурӯҳҳои хурди манфиатҷӯи ифротӣ дода нахоҳанд шуд ва ҳамчун соҳибватани масъули амнияту ободии Тоҷикистони азиз амал хоҳанд кард.

Бояд таъкид кард, ки аз хотираи мардуми тоҷик рўзҳои мудҳишу даҳшатбори солҳои 90-уми асри ХХ ҳанўз ҳам зудуду нашудааст. Ҷомеаи Тоҷикистон оқибатҳои вазнини ҷанги таҳмилии бародаркушро, ки  дар натиҷаи он ҳазорҳо нафар тоҷикон ва тоҷикистониён қурбон ва ҳазорҳо нафари дигар бехонумон шуда, хазинаи давлат касоду миллати тоҷик парешон гардида буд, бо талошу пайгириҳои босубот бартараф намуда, тайи ду даҳсолаи охир дар фазои ороми кишвар зиндагӣ ва баҳри ободии Ватан, инчунин таҳкими истиқлолият, ки беҳтарин неъмат ва гаронмоятарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасозӣ ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад, пайваста талош меварзад. Албатта, мушкилиҳо ҳанўз ҳам бисёранд ва ягона роҳи ҳалли ин мушкилиҳо ваҳдат ва ягонагии мардуми тоҷик аст. Танҳо дар сурати ваҳдату иттиҳод будан, мо метавонем ин мушкилотро низ бартараф намуда, барои худ ва ояндагони худ зиндагии шоиста муҳайё намоем.

Мо итминон дорем, ки халқи сарбаланду фарҳангсолори Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон фирефтаи мудаиёну тарғибгарон ва дасисабозони берунию дохилӣ нагардида, аз пайи тафриқаандозону ҷудоиандозон нарафта, ваҳдату якпорчагии кишварро нигоҳ медоранд  ва дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, баҳри якпорчагии кишвар ва ваҳдату ягонагии миллат кўшиш хоҳанд кард.

Ҷаҳони имрӯз, ки  саросар аз муноқишаҳову муборизаҳои низомӣ оганда шудааст, ба кору рӯзгори инсонҳо зарбаҳои шадиде ворид кардааст, ки кишварҳои пешрафта ҳам аз хисороти иқтисодии он дар канор намондаанд. Моро зарур аст, ки дар чунин  вазъи ноҳинҷори иқтисодиву харобии муносибатҳои байни кишварҳои муқтадир, ки хоставу нахоста таъсири манфии  он гиребонгири мо ҳам мешавад, аз диди солиму андешаи росих бо назардошти манофеи миллии хеш,  пеш аз ҳама якпорчагии халқу ватани азизамонро дар мадди назар дошта бошем. Воқеаҳое, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузаштан ва мегузаранд, ҳеҷ як аз шаҳрванди ҷумҳурии азизамонро бетараф гузошта наметавонад. Сокинони ҳар гӯшаи ин кишвар аз ин ҳодисаҳо дар ташвишу дар изтиробанд, зеро мо таҷрибаи талхи муноқишаҳои шаҳрвандиро аз сар гузаронидаем ва ҳанӯз таъсиру осори он аз хотираҳои мардум зудуда нашудааст ва нафрату эҳсосоти мардум ба он ҳама ҳодисаҳои шум поён наёфтааст. Мардуми тоҷик аҳли китобу мутолиа ва соҳиби фарҳангу тафаккури солими ҳамзистии осоишта бо ҳамқавмон ва ҳар қавми дигар мебошанд. Ин андеша дар тамоми осори адабии ниёгони мо дар давоми садсолаҳо аз таҷрибаи таърих гузаштааст. Ҳамин хислатҳо дар баробари он ҳама ҳодисаҳои даҳшатноки таърихие, ки бар сари халқи мо омада буд ва зимнан бояд арз намуд, ки чунин ҷаври таърих ба сари ҳеҷ халқи минтақа ва ҳамҷавори мо нарасидааст, нигоҳ дошт ва ин ҳама осори фарҳангӣ, адабӣ, таърихии маҳфузмонда дар кишвари азизамон нишони гӯёи сиришти офаринандагии халқамон мебошад. Аз ин хотир он ҳамаро набояд фаромӯш кунем ва бо дасисаҳои бегонагон ба ҷони ҳам дарнаовезем. Зеро медонем, ки яъне дар ҳар маврид бояд ҳушёр бошем, то дӯсту душманро бо дод – адл расидагӣ намоем, на бедод, ки барои фарҳанги мо бегона аст.  Бузургони илму адаби мо донишу хиради фитрии мардуми моро дар баробари ҷангҷӯёни бегона ягона мудофеи манофеи мо донистаанд, ки бояд онро дар ҳар замон аз хотир набарем, зеро  дар ҳамин давраҳои ҳассоси барои кишвари соҳибистиқлоли азизамон беш аз ҳар воситаи дигар созанда мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.