Иттилоия
оид ба баргузории ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ — омили муҳимми тарбияи хештаншиносии мардум, хусусан наврасону ҷавонон”аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ
ш. Душанбе дар маҷлисгоҳи “Осорхона миллии Тоҷикистон” 22.07.2022
22-юми июли соли 2022 ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар маҷлисгоҳи “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Модератори ҷаласа – Ҳамза Камол узви Шӯрои ҷамъиятӣ, Раиси ташкилоти чамъиятии Бунёди фарҳанги Тоҷикистон
Дар оғози кори ҷаласа Котиби ҳамоҳангсоз Шӯрои ҷамъиятӣ Н. Саидов хабар дод, ки 5 июл узви Шурои чамъиятӣ: Куллаков Д. собиқ Раиси ҷамъияти Туркменҳои Тоҷикистон ва 19 июли соли ҷорӣ Гулов С. — Директори генералии Ассосиатсияи нақлмиётиии автомобилии мусофирбари Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дунё гузаштанд. Бо эҳтироми руҳи фавтидагон Куллаков Д. ва Гулов С. иштирокчиёни ҷаласа як дақиқа сукут карданд.
Рӯзномаи ҷаласа:
- “Ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ — омили муҳимми тарбияи хештаншиносии мардум, хусусан наврасону ҷавонон”аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ
- Ҳисобот оид ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2022 (маърӯзачӣ Котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Н. Саидов)
- Масъалаҳои ҷорӣ
Оид ба масъалаи якуми рўзномаи ҷаласа Азиззода Ш.Н. – Ёрдамчии Бахши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Фарҳод Р. — Президенти Академияи миллии ҶТ, Ваколатдори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байни парламентӣ, Шарифзода М.М. — Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидов Н.Ш. — Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамза К. — Раиси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон, Мамадазимова М.М. — директори Фонди миллии “Шоҳроҳи абрешим – Шоҳроҳи Ваҳдат”, мудири кафедраи бойгоншиносӣ факултети китобдорӣ итилоотшиносии Донишкадаи далатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Тусунзода, Ёров М. — Раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон».суханронӣ намуда ба саволҳои сершумори иштирокчиёни ҷаласа посух гуфтанд:
Дар кори ҷаласа инчунин роҳбарони сохторҳои марбутаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: Абдусаломов М. — сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг, Саидов Ф. — мутахассиси шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг, Зоирхони О. — директори МД иттиходияи илмӣ — истеҳсолӣ оид ба муҳофизат ва тармими ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва Ҷалолов Ҷ. — директори МД Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор ва Ализода Ҳуриннисо – Раиси Шӯрои Воситаҳои Ахбори Оммаи Тоҷикистон (Ба сифати коршиноси мустақил ширкат варзиданд.
Зимни мубоҳиса оид ба масъалаи якуми рӯзнома раисони ташкилотҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ: Улҷабоева М., Раҷабов А., Шаҳидӣ М., Шарипова Д., Ҳамза К., Мамадазимова М.М., ва дигарон суханронӣ намуда, пешниҳодҳои ташкилотҳои хешро доир ба проблемаҳои мавҷудбуда иброз намуданд(Пешниҳодҳо дар шакли мактуби алоҳида ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад).
Сипас Н. Саидов иброз намуд, ки дар ҷаласаи имруза мавзуи ҳифзи фарҳанг ба таври васеътар таҳти унвони “Нақши зиёии дар ҳифзи фарҳанги миллӣ” барои баррасӣ пешниҳод мегардад. Фарҳанг дар шароити имруза абзори на танҳо фикри балки василаи мафкурави ва идеологӣ буда дар масири мубориза муқовиматҳои сиёсӣ аҳли фарҳангро аз ҳар ҷиҳат кумак мекунад.
Қайд гардид, ки дар миёни ҷомеаи чунин нуқтаи назар аст, ки дар бисёр мавридҳо иддае аз зиёиён оид ба ҳодисаҳое, ки дар ҷомеа рух медиҳанд мавқеи бетарафи, бетаваҷҷӯҳи ва фориғболиро ишғол мекунад. Коршиносон ва таҳриргарон ба он назаранд, ки дар ҷомеаи имруза як қишри бузурги зиёиёни мо мавқеъи бетарафиро ишғол кардаанд.
Вобаста ба ин пешниҳод гардид,ки ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ба ин ҷанбаи масъала низ таваҷҷӯҳ дода фикру мулоҳизаҳои хешро баён намоянд ва ҷаласа вобаста ба ин масъала қарори дахлдор қабул намояд.
Оид ба масъалаи якум ҷаласа қарор қабул кард.
- Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳодҳои ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятиро оид ба роҳу усулҳои ҳалли проблемаҳои мавҷуда дар мавзуи “Ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ — омили муҳимми тарбияи хештаншиносии мардум, хусусан наврасону ҷавонон” ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор дода, муҳтавои онро дар шакли гузориши алохида ба Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд.
- Суханронии Азиззода Ш.Н., Шарифзода М.М., Ҳамза К., Мамадазимова М., Ёров М., дар сомонаи интернетии shuro.tj ҷойгир ва дар Бюллетени Шӯро барои соли 2022 чоп карда шавад.
- Ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъияти, ки ба масъалаҳои фарҳангӣ машғул ҳастанд, бояд ба муқобили ифротгароиву хурофот ва ақидаву андешаҳое, ки кишварро ба қафо мекашанд, мубориза баранд ва сиёсати дунявияти давлатро ба дигарон шарҳ дода, ҷомеаро аз таъсири ҳар гуна фарҳангу мафкураи бегона ҳифз намоянд ва саривақт ба ин гуна падидаҳои номатлуб вокуниш диҳад.
Оиди масъалаи дуюми рузнома
Н. Саидов Котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятӣ оид ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2022 муфассал ахборот дода қайд кард, ки дар давраи ҳисобот тибқи Нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятӣ барои соли 2022 4(чор) ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ; 3(се) ҷаласа дар шаҳри Душанбе ва 1(як) ҷаласаи васеи сайёрӣ Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ якҷо бо Шўрои ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзуҳои: Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021” аз 21.01.2021; “Маорифи миллӣ:дастовард ва мушкилот аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ; “Рушди соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар давраи баъди пандемия” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ; «Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, паст кардани шиддати ҷинояткорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» гузаронида шуд.
Инчунин дар давраи ҳисоботӣ мақолаи Н.Саидов таҳти унвони “Шӯрои ҷамъиятӣ минбари муколама миёни хокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ” (бо забони рӯсӣ) дар маҷмуи мақолаҳои конференсияи илмӣ -амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ташаккул ва рушди сиёсати хориҷиии ҷумҳурии Тоҷикистондар даврони истиқлолият: самтҳои асосӣ принсипҳо ва афзалиятҳо” шахсони масъул Қурбонова З.М., Наимов И.Л.,- Душанбе: РТСУ,2022-448 саҳ (бо забони рӯсӣ) ба чоп расид.
Қайд гардид, ки доир ба ҷаласаҳои баргузоргардида котиботи Шӯро гузоришҳои муфассалро ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.
Сипас Н.Саидов ба саволҳо иштирокчиёни ҷаласа посух гуфта баъди муҳокимаи васеъ ҷаласа қарор қабул кард:
Ҳисоботи Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ Н Саидов оид ба фаъолияти Шӯро дар нимсолаи аввали соли 2022 қаноатбахш ҳисобида шавад.
Ҳамин тариқ, Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ дар моҳи июли соли 2022
-банди 5-юми Нақшаи кори Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 – “Ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ — омили муҳимми тарбияи хештаншиносии мардум, хусусан наврасону ҷавонон”аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва
— банди 2-юми Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27-уми январи соли 2017, доир ба “Пешниҳод намудани назару андешаҳои воқеъбинона ба ниҳодҳои ҳукуматӣ бо назардошти манфиатҳои миллию давлатӣ” ба иҷро расонид.
Котиботи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон