ш. Исфара 17-уми августи соли 2022
Муҳтарам аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ,
Ҳозирини гиромӣ,
Ҳифзи суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа вазифаи асосии ҳар як давлат мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои хеш таъкид кардаанд, ки «Ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад».
Таҳдидҳои терроризму экстремизм, ифротгароии динӣ, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон, кибертерроризм, ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва динию мазҳабӣ яке аз таҳдидҳои асосӣ ба амнияти миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯз аз рӯз афзуда истодаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди мубориза ва муқовимат бо онҳо як қатор барномаҳои махсус, қонунҳо, консепсияву стратегияҳо, аз ҷумла “Стратегияи миллӣ оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025”-ро қабул кардааст, ки ҳадаф аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб арзёбӣ мегардад.
Сарвари давлат яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароиро дар васеъ истифода гардидани технология¬ҳои муосири иттило¬отӣ мебинанд ва бар он ақидаанд, ки “аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон ҳанго¬ми қарор доштан дар муҳоҷирати меҳнатӣ, қисме аз онҳо дар ҷараёни адо намудани маросими ҳаҷ, дар давраи таҳсилоти ғайриқонунии динӣ дар хориҷи кишвар, ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷалб ва шомил шудаанд.”
Имрӯзҳо шабакаи интернет аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад. Мутаассифона, гурӯҳе аз шаҳрвандони мо низ, бинобар паст будани маърифати динӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба ақидаҳои ин гурӯҳҳои тундрав моил шуда истодаанд.
Боиси таассуф ва нигаронӣ аст, ки баъзе волидайн худашон сабаби шомилшавии фарзандонашон ба сафи чунин созмонҳои террористивӣ–экстремистӣ ва ба вартаи ин вабои аср гирифтор шудани онон мегарданд.
Вазъи баамаломада барои ворид шудани фарҳангу ғояҳои ба миллати мо бегона, дар бисёр ҳолатҳо ба ҷамъият ва амнияти миллӣ хатарнок ва шомил шудани ҷавонон ба ташкилотхои экстремистӣ ва террористӣ замина мегузорад.
Ба ин хотир, муттаҳидшавӣ дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кушиши ҳар чи бештари ҷомеа, аз ҷумла аҳли нишаст баҳри таъмини амнияти миллӣ нихоят муҳим аст.
Фаъолияти чунин равандҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарҳо барои имруз ва фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамоянд.
Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дини мубини ислом надорад ва ба истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.
Мубориза бар муқобили ин хатар на танҳо вазифаи давлат ва Ҳукумат аст, балки барои пешгирии ин зуҳурот тамоми ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракату иттиҳодҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ бояд фаъол бошанд.
Ҷиҳати пешгирии хатару таҳдидҳо ба амнияти миллӣ мебояд ба масъалаҳои зерин таваҷуҳ зоҳир карда шавад.
1. Баланд бардоштани иқтидору қобилияти мудофиавии давлат
2. Муборизаи шадид бар зидди экстремизм ва терорризм
3. Таъмини амнияти иттилоотӣ
4. Мубориза бар зидди амалҳои коррупсионӣ ва ҷинояткорӣ
5. Таъмини амнияти энергетикӣ
6. Таъмини амнияти озуқаворӣ
7. Таъмини шуғли пурмаҳсул
8. Саноаткунонии босуръати кишвар
9. Таъмини инкишофи соҳаҳои хоҷагидорӣ
10. Мубориза бар зиди кибертерроризм
Ҳозирини арҷманд,
Таҳдиди дигаре, ки ба амнияти миллӣ таъсир мерасонад ин сар задани моҷарои ҳарбӣ ва ба миён омадани вазъи номӯътадил дар сарҳади давлатӣ мебошад. Мо инро метавонем, дар баҳсҳои сарҳадии байни Тоҷикистону Қирғизистон мушоҳида намоем.
Ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ дар ин минтақа барои Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад ва мо қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳар ду тараф мебошем.
Масъалаи шомилшавии сокинони ш.Исфара ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгаро яке аз проблемаҳои асосӣ мебошад ва ш. Исфара дар баробари шаҳрҳои Истаравшан ва Хуҷанд яке аз минтақаҳои осебпазири ҷумҳурӣ арзёбӣ мегардад. Омилҳои асосие, ки сабаби ба гурӯҳҳои ифротгаро пайвастани сокинони ин минтақа мегарданд, инҳоянд:
1. Ба таври кофӣ мавҷуд набудани ҷойҳои корӣ ва маоши арзанда
2. Маърифати пасти ҳукуқиву динии сокинони ин шаҳрҳо
3. Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани сокинони ин минтақаҳо
4. Хурофотпарастии шадид
5. Фаъолияти мактабҳои ғайрирасмӣ дар шаҳрҳои Исфара ва Истаравшан
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқии киш¬вар тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятии кишварро вазифадор намудааст, ки баҳри мубориза бар зидди зуҳуротҳои терроризм ва экстремизм, решакан намудани ғояҳои ифротгароӣ аз мафкураи ҷавонони гумроҳшудаи мо, дар ҳамбастагӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар тамоми имкониятҳои мавҷуда дар ин самт бояд сафарбар гарданд.
Мо имрӯз набояд бетараф ва бепарво бошем. Мо бояд дарк намоем, ки хатарҳо ва душманиҳое, ки зидди осудагии миллат тарҳрезӣ мешаванд, зуҳуроти тасодуфӣ нестанд. Аз ин рӯ амнияти дохилии кишвар, сулҳу субот, ҳамфикрӣ ва дастгирии сиёсати давлату Ҳукумат бояд аз муҳимтарин дороиҳои ҷомеаи муосир бошад. Имрӯз ҳар яки моро мебояд сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, шаҳрвандон, алалхусус ҷавононро пеш аз ҳама дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдати миллӣ тарбия намоем.
Ба иштирокчиёни ҷаласа дар муҳокимарониҳо ва баррасии мавзӯи мавриди назар муваффақият мехоҳам.
Итминон дорам, ки натиҷаҳои суҳбату вохӯрии мо ҷиҳати вусъати тоза бахшидан ба ҳамкориҳо дар самти муборизаи муштарак бо таҳдидҳои муосир ба амнияти миллии Тоҷикистон ва расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ мусоидат мекунанд.
Ташаккур ба диққататон!