Таҳдидҳои муосир ба амнияти миллии Тоҷикистон: мушкилот ва роҳу воситаҳои пешгирии онҳо

Таҳдидҳои муосир ба амнияти миллии Тоҷикистон: мушкилот ва роҳу воситаҳои пешгирии онҳо

Ба Роҳбари Дастгоҳи
иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раҳмон Озода Эмомалӣ

Гузориш

17- уми августи соли ҷорӣ тибқи Нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022, ки аз ҷониби Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, дар маҷлисгоҳи мактаби байналмилалии “Контакт”- и шаҳри Исфара, ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд, шӯроҳои ҷамъиятии шаҳрҳои Исфара ва Конибодоми вилояти Суғд дар мавзуи «Таҳдидҳои муосир ба амнияти миллии Тоҷикистон: мушкилот ва роҳу воситаҳои пешгирии онҳо» аз нигоҳи ҷомеаи шаҳвандӣ гузаронида шуд.

Модератори ҷаласа: Баҳодурзода Б. Б.- Раиси ш. Исфара, Раиси Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Исфара

Дар кори ҷаласа Азиззода Ш. Н. — Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Саидов Н. Ш. — Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷабборӣ Б. -Намояндаи ваколатдори Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ, Азимзода Т. С. — муовини Раиси Кумита оид ба тартиби ҳуқуқӣ, мудофиа ва амниятӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ, Иброҳимзода Н. – муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндаи ваколатдори Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ, Шарипов Ш. Ҳ. – сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд, Намояндаи ваколатдори Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ, Зоидзода Д.А. — муовини Раиси вилояти Суғд, Намояндаи ваколатдори Раиси Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ, Ёдгорӣ Ф.Ю. – муовини Раиси шаҳри Конибодом, Намояндаи ваколатдори Раиси Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Конибодом — дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ, Баҳодурзода Б.Б.- Раиси ш. Исфара, Раиси Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Исфара иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин дар кори ҷаласа аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии шаҳрҳои Конибодом ва Исфара, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳо, сархатибони шаҳрҳои Исфара ва Конибодом, хабарнигорони шабакаҳои телевизионии марказиву вилоятӣ, мухбирони рӯзномаҳои умумиҷумҳуриявию вилоятӣ ва шаҳрҳои Исфара ва Конибодом иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар рафти мубоҳиса иштирокчиёни ҷаласа: Исматуллои А. — адиб рӯзноманигор, Ҳоҷи Ҳусайн Мусозода – сархатиби шаҳри Хуҷанд, Азизов Н.- сархатиби шаҳри Исфара, Раҳматулло М. — Раиси ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара, Ҷураева Г. — Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара суханронӣ намуда фикру мулоҳиза пешниҳодҳои мушаххасро иброз намуданд.
Аз ҷониби Раиси ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара Раҳматуллои Меҳри пешниҳод гардид, ки гуруҳи корӣ аз ҳисоби аъзои шӯроҳои ҷамъиятии ноҳияҳо ва шаҳрҳои вилояти Суғд созмон дода шуда барои гузаронидани вохуриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба Федератсияи Руссия фиристода шавад.
Ҷаласа карор қабул кард:
1.Котиботи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятиро оид ба роҳу усулҳои ҳалли проблемаҳои мавҷуда ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор дода, муҳтавои онро дар шакли гузориши алоҳида ба Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд.
2.Суханронии Азиззода Ш.Н., Баҳодурзода Б.Б., Ёдгорӣ Ф. Ю., дар сомонаи интернетии shuro.tj ҷойгир ва дар Бюллетени Шӯро барои соли 2022 чоп карда шавад.
3.Нақшаи чорабиниҳо аз натиҷаи суханрониҳои баромадкунандагон таҳия карда шуда, барои маълумот ва иҷроиш ба Шӯрои ҷамъиятии ҷумҳуриявию вилоятӣ ва шаҳрҳои Конибодому Исфара равона карда шавад.
4.Аъзои Шӯрои ҷамъиятиро зарур аст, ки ба муқобили ифротгароиву хурофот ва ақидаву андешаҳое, ки кишварро ба қафо мекашанд, мубориза баранд ва сиёсати дунявияти давлатро ба дигарон шарҳ дода, ҷомеаро аз таъсири ҳаргуна фарҳангу мафкураи бегона ҳифз намоянд ва саривақт ба ин гуна падидаҳои номатлуб вокуниш диҳанд.
5.Аъзоёни Шӯрои ҷамъиятиро зарур аст, ки ҷиҳати пешгирии бетарафӣ ва канорамонии гурӯҳҳои муайяни ҷомеа ба корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ корбарӣ намуда, масъулияти шаҳрвандии ин қишри ҷомеаро баланд намоянд;
6.Раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятӣ қабул карда шаванд.
7.Раисони ташкилотҳои ҷамъиятии аъзои Шӯроҳои ҷамъиятии шаҳрҳои Исфара ва Конибодом муваззаф карда шаванд, ки дар се моҳ як маротиба оид ба фаъолияти ташкилотҳояшон ба Раиси Шӯрои ҷамъияти ахборот пешниҳод намоянд.
Ҳамин тариқ, Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ дар моҳи августи соли 2022
-банди 6-юми Нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 – «Таҳдидҳои муосир ба амнияти миллии Тоҷикистон: мушкилот ва роҳу воситаҳои пешгирии онҳо» аз нигоҳи ҷомеаи шаҳвандӣ ва
— банди 5-юми Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27-уми январи соли 2017, дар мавзуи “Бо ҷалби аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ пешгирии экстремизм ва терроризм ва эмин нигоҳ доштани аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон аз таъсири ҳар гуна ҳаракату равияҳои тундраву бегона” ба иҷро расонид.

Барои маълумот ирсол мегардад
Котиби ҳамоҳангсози
Шӯрои ҷамъиятии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Саидов

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.