Иттилоия
оид ба баргузории мизи мудаввари Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Нақши Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдориии навини тоҷикон”
ш. Душанбе дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон
28-уми октябри соли 2022 тибқи Нақшаи кори Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022, ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ дар шакли мизи мудаввар дар шаҳри Душанбе дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид.
Модератор: Сафаров С.С. – узви Шурои чамъиятӣ, Раиси Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон.
Рӯзномаи ҷаласа:
- “Нақши Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдориии навини тоҷикон”.
- Оиди пешниҳодҳои ташкилотњои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ба лоиҳаи Паём -2023.
- Масъалаҳои ҷорӣ.
Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа Азиззода Ш.Н. – Ёрдамчии Бахши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалањои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Фарҳод Р. — Намояндаи ваколатдори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байни парламентӣ, Баротзода Ф. — Намояндаи ваколатдори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мустаҷобова Р.М. — Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Авзалов Ғ.С. — Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон суханронӣ намуда ба саволҳои сершумори иштирокчиёни ҷаласа посух гуфтанд:
Дар кори мизи мудаввар аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ – ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллӣ-фарҳангӣ, намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Зимни мубоњиса оид ба масъалаи якуми рӯзнома раисони ташкилотњои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ: Шарипова Д., Мирасанова З., Каримов Ш., Мусоева Р.Ғ., Ким В.М, Рањимзода У. ва дигарон суханронӣ намуда, пиромуни саҳми Шӯрои таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон андешаҳои муҳимро баён намуда, пешнињодњои ташкилотњои хешро доир ба мавзуи баррасишуда иброз намуданд.
Иловатан, Н.Саидов Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ дар суханронияш қайд кард, ки таҳлили фаъолияти 30 — солаи Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медихад , ки дар ин масъала ду проблема пайдо гардидааст: Аввалан маводҳои таҳлилии ҳамаҷонибаи фундаменталӣ оид ба таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб, ки вуҷуд надорад ё ин ки ангуштшуморанд. Сониян, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки насли ҷавони кишвар, ки дар солҳои навадуми асри гузашта таваллуд ва ба воя расиданд, аз ин руйдодҳои таърихи тақдирсози миллату давлати Тоҷикистон қариб, ки маълумот надоранд ва агар дошта бошанд ҳам кифоя нестанд. Бо назардошти ин, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки бо максади рушди тафаккурри миллии ҷавонон ва ангеза бахшидан ба нерӯи худшиносии онҳо масъала дар мактабҳои миёна, донишгоххо ва донишкадахои олӣ, муасисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии (колеҷҳои) кишвар, сарфи назар аз касбияташон дар алоҳидагӣ ва ба таври мунтаззам ташкили курси махсуси таълимӣ алохида тањти унвони: “Тачрибаи сулҳофаринӣ дар Тоҷикистон” иборат аз мавзуҳои: Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ, Созишномаи умумии истиқлоли сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон 27- уми июни 1997, Рамзњои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми ноябр, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябр, Нақши занон дар барқарорсозии сулҳ дар Тоҷикистон ва ғайраҳо ташкил карда шавад.
Оид ба масъалаи якум ҷаласа қарор қабул кард.
1.Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ гузориши муфассалро оид ба натиҷаҳои мизи мудаввари имруза ба Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумњурии Тоҷикистон ирсол намояд.
2.Суханронии Азиззода Ш.Н. — Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Мустаҷобова Р. М. — Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Авзалов Ғ.С. — Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар сомонаи интернетии shuro.tj ҷойгир ва дар Бюллетени Шӯро барои соли 2022 чоп карда шавад.
3.Раисони ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар ташкилотҳои хеш мизи мудаввар баргузор намуда дар кори он мавзуи “Нақши иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдориии навини тоҷикон” мавриди баррасӣ қарор дода, корҳои фаҳмондадиҳи ва тағиботи ташвиқотиро ҳамаҷониба ба роҳ монанд.
- Ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки бо мақсади такмили тафаккурри миллӣ ҷавонон ва ангеза бахшидан ба неруи худшиносии онҳо, дар мактабҳои миёна, донишгоххо ва донишкадахои олӣ, муасисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии (колеҷҳои) кишвар сарфи назар аз касбияташон дар алоҳидагӣ ва ба таври мунтаззам курси махсуси таълимӣ алохида тањти унвони: “Таҷрибаи сулҳофаринӣ дар Тоҷикистон”ташкил карда шавад. Доир ба ин масъала, Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ мактуби алоҳидаро ба унвони Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд.
- Ба Воситаи Ахбори Оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки бо иштирокчиёни Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубоҳисаҳо ташкил намуда ва онҳоро ба таври васеъ ба таваҷҷӯҳи ҷомеа расонанд.
Оиди масъалаи дуюми рӯзнома: Мусоева Р.Ғ ва Н Саидов суханронӣ карданд:
Мусоева Р. Ғ. – Раиси Комиссияи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омода намудани пешниҳодҳои Шӯро ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид пешниҳодҳои ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ба лоиҳаи Паём – 2023 муфасал ахборот дод.
Н.Саидов доир ба ин масъала суханрони намуда қайд кард, ки ташкилотҳои зерини аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ба лоихаи Паём — 2023 пешниход накарданд аз қабили: Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии “Хома”, Ассосиатсияи Кореягиҳои Советии Тоҷикистон, Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷањон “Пайванд”, Ҳаракати ҷамъияти Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарњанги Тоҷикистон бо кишварњои хориҷӣ, Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Иттифоқи компазиторон Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон Тоҷикистон, Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон. Котиботи Шӯро ба Раисони ташкилотҳо номбурда тавсия медиҳад, ки дар оянда дар Мониторинги Паём фаъолона иштирок намоянд.
Оид ба масъалаи 2–юми рӯзнома ҷаласа қарор қабул кард;
Ахбороти Мусоева Р.Г. — Раиси комиссияи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омода намудани пешниҳодҳои Шӯрои ҷамъиятӣ ба лоиҳаи Паём – 2023 маъқул дониста шавад ва ба таври гузориши алоҳида ба Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардад.
Њамин тариқ, Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ дар моњи июли соли 2022
-банди 7-уми Нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 – “Нақши иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдориии навини тоҷикон”. аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ
— банди 4-уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Машварати кории Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27-уми январи соли 2017,“Тарғиби арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, ҳифзи сулҳу субот, ҳимояи амнияти давлатӣ ва ташвиқи Ваҳдати миллӣ дар миёни ҷомеа, бахусус дар байни наврасону ҷавонон ва баланд бардотани маърифати ҳуқуқии онҳо” ва
— 6-уми Нақшаи чорабиниҳои мазкур доир ба “Идома бахшидани мониторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳое,ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат бармеоянд” ба иҷро расонид.
Котиботи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон