Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040

Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040

Иттилоия

оид ба баргузории ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ

ш. Душанбе  маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

 

23-юми ноябри соли 2022 тибқи Нақшаи кори Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Модератор: Неъматзода М.М. – узви Шӯрои ҷамъиятӣ, Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.

Рӯзномаи ҷаласа:

  1. “Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ
  2. Ахбороти Комиссияи одоби Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  3. Масъалаҳои ҷорӣ.

Дар оғози ҷаласа Саидов Н. ахборот дод, ки узви Шӯрои ҷамъиятӣ Акрамов А.- иҷрокунандаи вазифаи раиси Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон, ки яке аз маърузачиён доир ба масъалаи рӯзномаи ҷаласаи имруза мебошад, дар сафари хизматӣ қарор дорад ва бо ин сабаб пешниҳодҳои ташкилотро ба таври хаттӣ ба Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ ирсол намуд.

Оид ба масъалаи якуми рўзномаи ҷаласа Азиззода Ш.Н. – Мушовири Бахши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Амонзода Ш. Ш. — Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амонзода И.Т. — Намояндаи ваколатдорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шодизода П. — Намояндаи ваколатдори Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Неъматзода М.М. — Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон суханронӣ намуда ба саволҳои сершумори иштирокчиёни ҷаласа посух гуфтанд:

Инчунин, дар кори ҷаласа роҳбарони сохторҳои марбутаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд: Қурбонов Н. М. — Сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуѓли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Ф. М. — Сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон, Музафаров Ҳ.Т. — Сардори Раёсати молия, таҳлил ва дурнамо,Носирзода Д.М. — Муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуѓли аҳолӣ,Бақозода С. — Директори Муассисаи давлатии «Маркази таълми калонсолони Тоҷикистон»

Дар кори ҷаласа аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ – ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллӣ-фарҳангӣ, намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Зимни мубоҳиса раисони ташкилотҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ: Бурҳонова М., Мирасанова З., Каримов Ш., Улҷабоева М., Ким В.М, Комилзода А., Икромӣ Ф., Турсунов. А., Юсупов У. суханронӣ намуда, пешниҳодҳои ташкилотҳои хешро доир ба мавзуи баррасишуда иброз намуданд.

Ким В.М қайд кард, ки тибқи Нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятӣ барои соли 2022 лоиҳаи “Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор мегирифт. Мо хабар дорем, ки нусхаи Нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятӣ барои соли 2022 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Ҷумҳурии таҳти № 16/1-25 аз 07.02.2022 ба Вазорат ирсол гардида буд .Аммо Вазорат ҳуҷати мухимро барои баррасӣ ба Шӯрои ҷамъиятӣ ирсол накард. Сабабашро ба мо гуфтанд. Ба фикри мо ба манфиати кор аст, ки дар оянда лоиҳаи ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ, ки аз ҷониби Вазорат омода карда мешавад, барои баррасӣ ба Шӯрои ҷамъиятӣ ирсол гардад

— Каримов Ш. барои бештар амалӣ сохтани барномаҳои Вазорати меҳнат ва шӯғли аҳолӣ аз ҷумла Консепсияи шуғли пурмаҳсул бояд дар назди Вазорат Шӯрои ҷамъиятӣ таъсис дода шавад, ки дар он таносуби аъзо 40% -60% бошад.

 

Чаласа карор кабул кард:

 

1.Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ гузориши муфассалро оид ба натиҷаҳои ҷаласаи имруза ба Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд.

2.Суханронии Азиззода Ш.Н. — Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Амонзода Ш.Ш.- Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Неъматзода М. М. – Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар сомонаи интернетии shuro.tj ҷойгир ва дар Бюллетени Шӯро барои соли 2022 чоп карда шавад.

  1. Котиботи Шӯро матнии аслии пешниҳодҳои ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби Демократии Тоҷикистон, Иттиҳодияи Корфармоёни Тоҷикистон, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсиалистии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Иттифоқи“Тоҷикматлубот” барои маълумот ва истифода дар кор ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд.

4.Масъалаи баррасии рафти иҷроиши Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияии мустақили касабаи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон дар Нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятӣ ворид карда шавад..

Оиди масъалаи дуюми рӯзнома: Сафаров С.С. — Раиси Комиссияи одоби Шўрои ҷамъиятӣҶумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда қайд кард.

Дар солҳои 2021-2022 ташкилотҳои зерини узви Шӯрои ҷамъиятӣ: Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Тоҷикистон (Раис Азизова Т), Ассотсиатсияи нақлиёти боркаши автомобилӣ “Роҳи сафед” (Раис Хизиров Қ), Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Нафиса” (Раиси Исмоилов И), Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (Раис Низом Қ), Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (Раис Мусоев А.К.), Иттифоқи меъморони Тоҷикистон (Раис Юсупов Б.Н), Бунёди Садриддин Айнӣ (Раис Аскар Ҳ), дар ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ фаъол  нестанд ва дар ҷаласаҳои Шўрои ҷамъиятӣ иштирок намекунанд.

 

Ҷаласа қарор қабул кард:

 

Н. Саидов Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ раисони ташкилотҳои номбударо ба суҳбат даъват намуда, огоҳ намояд, ки тибқи Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ узви Шӯрои ҷамъиятӣ ташкилот аст, на шахсияти алоҳида ва ташкилот намояндаро барои иштирок дар ҷалаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ ваколатдор менамояд. Дар сурати дар ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ мунтаззам иштирок накарданашон, фаъолияти онҳо ҳамчун раиси ваколатдори ташкилот бо қарори ҷаласаи Шўро, дар Шӯрои ҷамъиятӣ қатъ карда мешавад ва мактуби расмии Котибот ба ташкилоти номбурда  барои қабули қарори лозима ирсол мегардад .

3.Масъалаҳои ҷорӣ

Н. Саидов: Дар айни замон, Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ лоиҳаи Нақшаи кории Шӯро барои соли 2023 омода карда истодааст. Вобаста ба ин аз раисони ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ хоҳиш менамоем, ки мавзуҳои проблемавиеро, ки мехоҳанд барои баррасӣ ба Нақшаи корӣ Шӯрои ҷамъиятӣ барои соли 2023 ворид намоянд ба Котиботи Шӯро ҳарчӣ зудтар ирсол намоед.

Ҳамин тариқ, Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ дар моҳи ноябри соли 2022

-банди 8-уми Нақшаи кори Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 – “Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ

— банди 7-уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Машварати кории Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27-уми январи соли 2017, “Ба роҳ мондани фаъолияти муназзами Шӯрои ҷамъиятӣ дарбаррасии барномаҳо, стратегияҳо ва қонунҳои нав” ба иҷро расонид.

 

Котиботи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.