Ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш

Ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш

27-уми феврали соли ҷорӣ, соати 09:00, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ноҳияи Вахш ҷаласаи навбатии сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо шуроҳои ҷамъиятии Вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Вахш, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кушониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Қубодиён, Ҷайҳун, Носири Хусрав, Панҷ, Дӯстӣ ва Шаҳритус дар шакли мизи мудаввар баргузор гардид.Мавзӯи ҷаласа «Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар деҳот» буда, дар кори он Ш.Н. Азиззода — мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, А.Қ. Раҳмонзода — муовини раиси вилояти Хатлон аз номи роҳбарияти вилоят, Н.М. Асозода — муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, А. Ашурализода — муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин раисони шаҳру ноҳияҳои болозикр, кишоварзон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Хатлон иштирок намуданд.

ДУШАНБЕ, 02.03.2026

Ҳамзамон, 27 феврал дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш дар мавзуи «Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар деҳот» бо иштироки васеи намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, кишоварзони пешқадам ва коршиносони соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ баргузор гардид.Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Шурои ҷамъиятӣ хабар доданд, дар ҳамоиш паҳлӯҳои гуногуни тақвияти иқтидори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар деҳот баррасӣ гардида, таваҷҷуҳ ба бахшҳои истеҳсолӣ ҳамчун меҳвари асосии рушди иқтисоди маҳаллӣ ва болоравии сатҳи шуғли аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ шуд.Мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ш.Н. Азиззода таъкид намуд, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ омили муҳим дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар деҳот, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва рушди истеҳсолоти ватанӣ мебошад.Дар ҷараёни ҳамоиш пешниҳод гардид, ки:баланд бардоштани нархи пахта;густариши дастрасии кишоварзон ба қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва барномаҳои маблағгузории давлатӣ;таъсиси фонди махсуси дастгирии истеҳсолотамалӣ карда шаванд.Ҳамчунин тавсия дода шуд, ки шартномаҳои истифодаи заминҳои обӣ барои истеҳсоли хӯроки чорво ва чарогоҳҳои зимистонаву тобистона танҳо бо он хоҷагидороне баста шаванд, ки воқеан шумораи муайяни чорво доранд.Иброз гардид, ки барои коркарди пӯсту пашми чорвои майда (бузу гӯсфанд) Вазорати кишоварзӣ бояд ба чорводорон шароити мусоид фароҳам оварад.Аъзои Шурои ҷамъиятӣ таъкид намуданд, ки чунин мулоқоту гуфтугӯҳои созанда минбаъд низ идома ёфта, барои таҳкими иқтидор ва имкониятҳои соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *