Дар солҳои охир дар минтақаи Осиёи Марказӣ равандҳои нави ҳамгироии сиёсӣ ва иқтисодӣ мушоҳида мешаванд. Яке аз рӯйдодҳои муҳимдар ин самт имзои шартнома дар бораи муайян кардани хати сарҳадидавлатӣ мебошад. Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон,Қирғизистон ва Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадидавлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ дар шаҳриХуҷанд мебошад, ки аз ҷониби сарони се давлати ҳамсоя — ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии УзбекистонШавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаровсанаи 31 марти соли 2025 ба имзо расид.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимнипешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳоиасосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» соли 2025-ро барои мардумишарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар баробари ҳамаимуваффақиятҳо ба имзо расидани ин шартномаҳоро дастоварди назаррас варӯйдоди муҳими таърихӣ номиданд ва иброз доштанд, ки « … ҳалли пурраимасъалаҳои сарҳадии давоми беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни дудавлат — Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартномадар бораи муайян кардани хати сарҳади давлатӣ мебошад. Ҳамчунин,шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҶумҳурииУзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ваЭъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзорасид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкории судманд заминаи мустаҳ ками ҳуқуқӣ фароҳам месозад».Ин санад ҳамчун қадами муҳим дар роҳи таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ваҳамкории минтақавӣ арзёбӣ мешавад. Дар ин раванд нақши ПрезидентиТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бисёрҷанба ва стратегӣ мебошад. Таҳлилираванд нишон медиҳад, ки ҳадди ақал шаш мавқеи калидии сиёсӣ вадипломатии ӯ дар ба имзо расидани ин санади таърихӣ мушоҳида мегардад.
1. Пешбурди сиёсати дарозмуддати ҳамсоягии некЯке аз омилҳои асосии ба даст омадани Эъломияи Хуҷанд сиёсатипайгиронаи ҳамсоягии неки Тоҷикистон мебошад. Аз ибтидои истиқлолиятЭмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, ки суботи минтақа бевосита ба сатҳиэътимод ва ҳамкории байни давлатҳои ҳамсоя вобаста аст.Маҳз ҳамин сиёсати устувор ба тадриҷ ба беҳтар гардиданимуносибатҳои байни кишварҳои минтақа мусоидат намуд. Тоҷикистон дарсиёсати хориҷии худ ба принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳалли осоиштаибаҳсҳо ва эҳтироми манфиатҳои давлатҳои дигар такя менамояд.Ин раванд дар ниҳоят замина фароҳам овард, ки муносибатҳои байникишварҳои минтақа ба марҳилаи нави ҳамкории стратегӣ ворид гарданд.
2. Пешбурди дипломатияи фаъол дар сатҳи олӣНақши муҳими дигар фаъолияти дипломатии фаъол дар сатҳи олӣмебошад. Солҳои охир мулоқотҳои пайвастаи сарони давлатҳои минтақа барушди эътимоди сиёсӣ мусоидат карданд.Дар ин раванд мулоқотҳои мунтазами Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбароникишварҳои ҳамсоя — Шавкат Мирзиёев ва Садир Жапаров — бароиназдикшавии мавқеъҳо дар масъалаҳои муҳим замина гузоштанд.Ин дипломатияи фаъол ба он мусоидат кард, ки масъалаҳои мураккабимарзӣ ва ҳамкории минтақавӣ дар фазои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣбаррасӣ гардида, роҳҳои мувофиқаи тарафҳо пайдо шаванд.
3. Ҳалли масъалаҳои марзӣ ҳамчун заминаи эътимодЯке аз шартҳои муҳими таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ танзимимасъалаҳои марзӣ мебошад. Дар солҳои охир Тоҷикистон бо кишварҳоиҳамсоя барои муайянсозии хати сарҳади давлатӣ музокироти фаъол анҷомдод.Дар ин раванд мавқеи конструктивии Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣдошт. Пешбурди музокирот дар рӯҳияи муколама ва эҳтироми манфиатҳоитарафҳо ба коҳиш ёфтани танишҳо ва таҳкими фазои эътимод мусоидатнамуд.Дар натиҷа, заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ барои ба имзо расидани санадҳоинави ҳамкорӣ, аз ҷумла Эъломияи Хуҷанд, фароҳам гардид.
4. Ҳалли низоъҳои марзӣ бе иштироки қувваҳои миёнаравТаърих гувоҳ аст, ки барои ҳалли низоъҳои дохилидавлатӣ вабайнидавлатӣ истифодаи имконияти давлатҳои сеюм ва ташкилотҳоибайналмилалӣ на ҳама вақт самаранок аст. Бинобар ин, Эмомалӣ Раҳмон боистифода аз таҷрибаи ғанӣ ва зиракии сиёсии худ тавонист, ки бевосита, рӯ барӯ, ба чашми ҳамдигар нигоҳ карда, гуфтушунидҳо ё муколамаҳоро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марзӣ, бартараф намудани монеъаҳо ва ба хулосаиамиқ омадани тарафҳо роҳбарӣ намуда, идома диҳад. Истифодаи интаҷрибаи стратегӣ барои пешбурди муколама ҷиҳати ҳалли низоъҳои сиёсииминтақавӣ ва байналмилалӣ дар замони муосир ва оянда ба манфиати кораст.
5. Пешниҳоди ташаббусҳои минтақавӣНақши муҳими дигар пешниҳоди ташаббусҳои сиёсӣ барои рушдиҳамкории минтақавӣ мебошад. Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷонибдоригустариши ҳамгироӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад.Ӯ борҳо таъкид кардааст, ки кишварҳои минтақа дорои таърихимуштарак, робитаҳои фарҳангӣ ва имкониятҳои бузурги иқтисодӣ мебошандва истифодаи самараноки ин имкониятҳо метавонад ба рушди устуворитамоми минтақа мусоидат намояд.Дар ин замина, Эъломияи Хуҷанд ҳамчун санаде арзёбӣ мешавад, киметавонад ба таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, нақлиётӣ ва гуманитариикишварҳои минтақа такони нав бахшад.
6. Тақвияти нуфузи Тоҷикистон ҳамчун омили суботи минтақаБа имзо расидани Эъломияи Хуҷанд инчунин нишон медиҳад, киТоҷикистон дар таҳкими сулҳ ва суботи минтақавӣ нақши фаъол мебозад.Дар солҳои охир Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори як қатор иқдомҳоибайналмилалӣ ва минтақавӣ шинохта шудааст.Фаъолияти дипломатии Эмомалӣ Раҳмон ба баланд гардидани нуфузибайналмилалии Тоҷикистон мусоидат намуда, кишварро ҳамчун ҷонибдорисулҳ, муколама ва ҳамкории созанда муаррифӣ менамояд.Ин нуфуз ба рушди ҳамкории минтақавӣ ва татбиқи ташаббусҳоимуштарак мусоидат мекунад.Таҳлили раванд нишон медиҳад, ки ба имзо расидани Эъломияи Хуҷанднатиҷаи сиёсати пайгирона ва дипломатияи фаъоли давлатҳои минтақамебошад. Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭмомалӣРаҳмон махсусан муҳим арзёбӣ мегардад.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурандешона,босаброна ва пайгиронаи худ ҳатто баҳси сарҳадии ба шароити мураккабибуҳрони сиёсӣ ва ҳарбӣ табдилёфтаро ба тариқи муколама идома дода,рехтани хуни ноҳақро пешгирӣ кард.Пешбурди сиёсати ҳамсоягии нек, дипломатияи фаъол, ҳалли масъалаҳоимарзӣ, пешниҳоди ташаббусҳои минтақавӣ ва тақвияти нуфузибайналмилалии Тоҷикистон аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ба имзорасидани ин санади муҳим мусоидат карданд.
Бо дарназардошти ин омилҳо метавон гуфт, ки Эъломияи Хуҷанд на танҳорамзи дӯстии давлатҳо, балки саҳифаи нави ҳамгироии сиёсӣ ва рушдиҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.Шартнома дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатӣ намунаитабдили ташаббусҳои стратегии бомуваффақияти Эмомалӣ Раҳмон ба санадиҳатмии ҳуқуқӣ ҳаст.
Шодиён Исматулло Раҳматуллозод котиб-ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
