СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН АЗ НИГОҲИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ
Категория: Ҷаласаҳо

СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН АЗ НИГОҲИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” 27-уми ноябри соли 2020 ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаро Неъматзода М.М. – узви Шӯрои ҷамъиятӣ, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Раиси Кумита оид ба масъалаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисӣ намуд. Дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ гардид.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Нуралӣ

ВИДЕО