ШЎРОИ ҶАМЪИЯТӢ - МИНБАРИ МУКОЛАМА МИЁНИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Чоряк аср муқаддам дар ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилоти нави сиёсию иҷтимоӣ – Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон ёфт, ки тайи ин муддат бомуваффақият дар самти ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мусоидат ба таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, эъмори давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ фаъолият намуда, дар баробари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ масъулият дорад. Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли ҳамкории сиёсию иҷтимоӣ миёни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, дар тўли фаъолияти пурсамари хеш ба минбари муколама, таҳлилу машварат, таҳаммулпазирии диду назарҳо ва табодули назар мубаддал гашта, дар атрофи худ беҳтарин ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишварро гирд овардааст. Фаъолияти Шўрои ҷамъиятӣ дар ҷомеаи имрўза ба таври васеъ аз тариқи баргузории ҷаласаҳо, мизҳои мудаввар, конференсия, назарсанҷӣ ва семинарҳо дар сатҳи умумиҷумҳуриявӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, ки дар кори онҳо масъалаҳои мубрами сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, рўйдодҳои муҳиме, ки дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои ҳаллу фасли масоили мубрами мавҷуда пешниҳодҳои мушаххаси ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар – ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ирсол медорад. Дар тўли 25-соли фаъолияти пурсамари хеш Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як мактаби бузурги таҳлилӣ, машваратӣ ва омўзиш табдил ёфта, дар ин муддат вазифаҳои зеринро ба таври мунтазам ба иҷро расонида истодааст: - таъмини гуфтушуниди доимии қувваҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ бо мақсади ба даст овардани тавозуни манфиат ва ақидаҳо, ҳамчунин рушди гуногунандешии мафкуравӣ ва сиёсӣ; - таҳлили вазъияти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии (маънавии) ҷомеа, ҳангоми зарурат, муҳокимаи лоиҳаи қонунҳо, гузаронидани ташхис ва таҳлили онҳо, муҳокимаи ҷамъиятии масоили муҳимми иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, тағйироте, ки дар он рух медиҳанд, ҳамчунин пешниҳоди таклифҳои мушаххас оид ба пешрафту такмили онҳо; - таҳияи барномаҳо ва консепсияҳо, ки ба таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва ташаккули муҳити зисти мусоид, инчунин пешниҳодҳое, ки барои таҳкими сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷомеа нигаронида шудаанд; - ҷустуҷў ва татбиқи шаклҳои нави шарикӣ (ҳамкориҳо), махсусан байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин тарафҳои дигари манфиатдор; - мониторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд; - мусоидат дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, сулҳ, ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа, муқовимат алайҳи зуҳуроти номатлуби ҷомеа, мубориза бо терроризм, экстремизм, одамрабоӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, пайравӣ ба арзишҳои бегона ва маҳалгароӣ. Масъалаҳое, ки дар ҷаласаҳои Шўрои ҷамъиятӣ мавриди баҳсу муҳокима қарор мегиранд, бо пешниҳоди аъзои Шўрои ҷамъиятӣ дар мувофиқа ва бо ризоияти Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас гардида, дар сурати зарурат масъалаҳои мубрами рўз дар ҷаласаҳои ғайринавбатии Шўрои ҷамъиятӣ матраҳ мегарданд. Раванди муколама дар Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусиятҳои хос аст, зеро ки: Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятиест, ки дар ҷаласаҳои он ҷонибҳо аз як тараф роҳбариятии олии давлат: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ – ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бевосита ширкат варзида, қарорҳои ҷаласаи Шўро дар асоси усулҳои демократӣ, баробарҳуқуқӣ ва озодона қабул мегарданд. Созмонҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ дар раванди муколама бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар доираи қонунгузории мавҷуда ва меъёрҳои байналмилалӣ амал карда, назару андешаҳои худро ба ниҳодҳои давлатӣ воқеъбинона ва бо дарназардошти манфиатҳои давлату миллат пешниҳод менамоянд. Аъзои Шўрои ҷамъиятӣ – ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар баррасии масъалаҳои муҳимми ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар фаъолона ширкат варзида, карорҳои ҷаласаҳои Шўро бо ҷонибдории аксарияти овозҳои иштирокчиён қабул мешаванд. Аммо ин маънои онро надорад, ки дар байни роҳбарони ҳизбу ҳаракат, ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятии узви Шўро, ихтилофи назар вуҷуд надошта бошад. Борҳо шудааст, ки вобаста ба ин ё он масъала андешаҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ ба таври гуногун баён шудаанд. Лекин вақте ки дар бораи ҳимояи манфиатҳои миллии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, таъмини амният ва ҳифзи сулҳу субот дар ҷомеа сухан меравад, аъзои Шўро сарфи назар аз мансубият ба ҳизбу созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳаммарому ҳамақидаанд ва якдилона манфиатҳои миллии кишварро аз манфиатҳои ҳизбӣ, гуруҳӣ, мазҳабӣ ва минтақавӣ боло гузошта, сиёсати ҳукумат ва давлати Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Дар фаъолияти Шўрои ҷамъиятӣ танқид чизи муқаррарист, зеро узви Шўрои ҷамъиятӣ роҳбарони ташкилотҳои бонуфузи ҷамъиятӣ, ашхоси саршиноси сиёсӣ-ҷамъиятӣ, зиёиёни соҳибақида, озодандеш, олимони гуногунандеш ҳастанд, ки доир ба масъалаҳои мубрами ҷомеа фикру андеша ва мулоҳизаҳои худро доранд. Ба назари аввал чунин менамояд, ки созмонҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ ҳокимияти давлатиро бо дарназардошти дарки субъективии худ танқид мекунанд: гўё ҳадафи асосӣ ва бахши фаъолияти онҳо фақат аз танқид иборат бошад, вале дар аснои муколама аъзои Шўрои ҷамъиятӣ кўшиш мекунанд, ки аз доираи усули созанда, воқеъбинона ва одилонаи танқид берун нараванд ва ба иззати нафси шахсиятҳо нарасанд. Ба яқин интиқодҳои иброзшуда дар ин муколамаҳо ба манфиати эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мусоидат менамоянд. Ҳадафи интиқод фақат барои нуктагирӣ нест, мақсад аз он иборат аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бояд бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ якҷо амал намуда, нуқсу норасоиҳоро бо ёрии ҳамдигар бартараф намоянд. Вобаста ба вазифаҳои Шўрои ҷамъиятӣ масъалаҳое, ки мавзўъҳои онҳо, ба таври мунтазам давра ба давра баррасӣ мегарданд, ба рўзномаи ҷаласаҳои Шўрои ҷамъиятӣ ворид гардида, аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳогузорӣ шуда, нуқтаи назари Шўрои ҷамъиятӣ мушаххас мегардад. Иловатан масоили мубраме, ки характери консептуалӣ доранд ва дар сатҳи сиёсати умумимиллӣ муҳим арзёбӣ мешавад, дар ҷаласаҳои Шўрои ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд, аз ҷумла: - шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 26.01.2021 аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ; - ба сифати шарики боэътимоди давлат иштирок ва мусоидати Шўрои ҷамъиятӣ дар амалӣ шудани барномаву нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии лоиҳаи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба сифати марҳилаи дувуми “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ; - ҳамкории ҳар чи бештари аъзои Шўрои ҷамъиятӣ бо қишрҳои мухталифи ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар раванди амалисозии чор ҳадафи стратегии давлат-таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерўи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар; - тарғиби ҳамаҷонибаи моҳият ва аҳамияти ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи “Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, рўзноманигорон, кормандони шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои дигари ахбори оммаи ғайриҳукуматӣ, дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ; - мониторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат бармеоянд; - нақши интихобот дар таҳким ва густариши демократия дар Тоҷикистони соҳибистиқлол; - ба роҳ мондани фаъолияти муназзами Шўрои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади таъмини волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлат, гирифтани пеши роҳи қочоқи маводи мухаддир ва нашъамандӣ, паст кардани шиддати ҷинояткорӣ дар кишвар; - масъалаҳои кор бо ҷавонон, занону бонувон, гендерӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи фарҳанги миллӣ; - баррасии барномаҳо, стратегияҳои давлатӣ ва лоиҳаи қонунҳои нав аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ. Дар соли ҷорӣ Шўрои ҷамъиятӣ таҳлилу баррасии масъалаҳои зеринро дар Нақшаи кории худ дохил кардааст: 1. Мубориза бар зидди воридшавии унсурҳои бегона ба фарҳанги миллии тоҷикон, хурофоту иртиҷопарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2. Мизи мудаввар дар мавзўи “Таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон. Ҷанги иттилоотӣ ва моҳияти он дар шароити ҷаҳонишавӣ”. 3. Муаррифии арзандаи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути рушди соҳаи сайёҳӣ дар давраи ташаккули низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ. 4. Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзўи “Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкории Шанхай: густариши ҳамкорӣ баҳри субот ва рушду инкишоф. Бахшида ба 20-солагии таъсисёбии СҲШ ва Раёсати ҶТ дар СҲШ солҳои 2020-2021”. 5. Масъалаҳои соҳибкасб кардани аҳолӣ, ихтисоси ҳунарҳони нав ва касбҳои коргарӣ, инчунин паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ. 6. Баррасии лоиҳаи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солиҳои 2021 – 2030” ва нақшаи амалисозии он дар солҳои 2021-2025. 7. Саҳми ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар амалисозии сиёсати хориҷии кишвар Бо гузашти солҳо маълум гардид, ки Шўрои ҷамъиятӣ рисолати хешро дар ин муддати начандон тўлонӣ дар сатҳи зарурӣ анҷом дод ва ба нерўи сиёсиву зеҳнии ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил ёфт. Шўрои ҷамъиятӣ ҳамчун ниҳоди бонуфузи сиёсӣ-иҷтимоӣ дар муддати фаъолияти худ барои ба вуҷуд овардани фазои мусоид дар муколамаи ҳақиқии байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дар амалисозии сиёсати давлатӣ, сулҳу Ваҳдат ва ризоияти ҷомеа, рушди демократия ва гуногунандешӣ саҳми арзишманд гузошт ва ин вазифаи муҳимро идома хоҳад дод.

Бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Н.Саидов – Котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳҳурии Тоҷикистон, номзади илм фалсафа