ИТТИЛОИЯ

ИТТИЛОИЯ

оид ба иштирок ва суханронии Саидов Н.Ш. – Котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машғулияти таълимии маҳфили омўзишии “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” дар мавзўи “Раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон”

      Рўзи 29-уми соли 2021 бо даъвати роҳбарияти ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” дар машғулияти таълимии маҳфили омўзишии “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”, ки дар толори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок ва дар мавзўи “Раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон” маърўза кардам.

      Дар суханрониам оид ба мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣ, таърихи пайдоиши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хусусиятҳои хоси он дар Тоҷикистон, омилҳои объективӣ ва субъективии пайдоиши Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давраҳои рушд ва хусусиятҳои хоси он дар ҷомеаи тоҷик ва инчунин, дар бораи мақом ва нақши Шўрои ҷамъиятӣ ҳамчун минбари муколама миёни ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар муфассал маълумот дода, ба саволҳои бешумори иштирокчиёни маҳфил ҷавоб гуфтам.         

Бояд тазаккур дод, ки баргузории чунин маҳфилҳо дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон бо мақсади фаъолнокии сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон нақши муҳим мебозад. Бо назардошти ин, Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хешро ҷиҳати ташкил кардани лексияҳо, маърӯзаҳо ва суҳбатҳо оид ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хусусиятҳои хоси он дар Тоҷикистон ва дар бораи Шўрои ҷамъиятӣ ҳамчун нерўи муттаҳидкунандаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон барои роҳбарони вазорату идораҳо ва кумитаҳои давлатии кишвар изҳор менамояд.