МАЪЛУМОТНОМА АЗ НАТИҶАИ БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАРИ ШЎРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25-уми июни соли 2021 дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон мизи гирди Шўрои ҷамъиятӣ баргузор ва дар он мавзўи “Таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон. Ҷанги иттилоотӣ ва моҳияти он дар шароити ҷаҳонишавӣ” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар кори мизи мудаввар Насриддинзода Э.С. – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Хусрав Нозирӣ – Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исматзода Ф. – Сармутахассиси Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Меликзода М.Э. – Сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Атоев И.Ҷ. – Муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зиёӣ Х.М. – Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холиқзода А.Ғ. – Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мавлоназаров С.С. - Мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, оид ба ҳалли проблемаҳои мавҷуда дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҷанги иттилоотӣ пешниҳодҳои мушаххас намуданд.

Ба сифати коршиноси мустақил Акобирова Шаҳло – узви Шўрои ҷамъиятӣ, Директори иҷроияи ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар бораи таъмини амнияти иттилоотӣ суханронӣ намуда, пешниҳодҳои мушаххасро оиди роҳу усулҳои ҳалли проблемаҳои мавҷуда иброз намуд.

Зимни мубоҳиса оид ба масъалаи якуми рўзномаи ҷаласа раисони ташкилотҳои ҷамъиятии аъзои Шўрои ҷамъиятӣ: Акобирова Ш., Ғаффоров А., Шаҳидӣ М.З., Асоев А., Ҳамидов С., Мирасанова З., Усмонзода С.У., Латифзода Р.Б., Ким В.М., Каримов Ш. суханронӣ намуда, фикру мулоҳиза, андешаҳо ва пешниҳодҳои мушаххасро оид ба мавзўи дар боло зикргардида аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ иброз намуданд. Пешниҳодҳо:

– Созмон додани вазорати иттилоот ва коммуникатсия: вазифаи асосии ин ниҳод пеш аз ҳама сохтани системаи мустаҳкам ва имиҷсози иттилоотонӣ дар дохил ва беруни кишвар, беҳтар сохтани фазои васоити ахбори омма, ба вуҷуд овардани бозори сабқатпазири истеҳсоли маҳсулоти аудиовидеоӣ, созгор сохтани заминаи қонунгузории соҳавӣ, дар бахши иттилоот ва коммуникасия дар кишвар ва ғайра.

Бояд қайд намуд, ки чунин вазоратҳо дар кишварҳои хориҷӣ низ вуҷуд дорад. Дар Қазоқистон: вазорати иттилоот ва рушди иҷтимоӣ, дар Ўзбекистон: вазорати рушди технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, дар Қирғизистон: вазорати рушди рақамӣ, дар Россия: Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва васоити ахбори омма.

– Омода намудани Стратегияи давлатии рушди иттилоот дар кишвар дар пояи амнияти иттилотӣ ва бо такя ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030.

– Қадами аввалин дастгирии истеҳсолкунандаи ватанӣ - бекор кардани иҷозатнома барои истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ мебошад. Ин нуқта дар қарори ҳукумат «Дар бораи мутобиқсозии иқтисодиёти Тоҷикистон вобаста ба узвият ба Ташкилоти Ҷаҳонии Савдо» аз 31 октябри соли 2014 қайд шуда буд. Якчанд ташкилотҳои соҳавӣ 6 сол пеш ба вазорати рушди иқтисоду савдо пешниҳоди худро бурда буданд, аммо мутаассифона ҳануз ин банди қонун бетағйир боқӣ мондааст. Имрўз ҳама бо истифода аз интернет бе мамоният ба истеҳсол маводи аудио ва видео машғуланд. Дигар ин, ки чунин меъёр дар ягон кишвари дигар дида намешавад. Барои мисол дар Қазоқистон баръакс барои истехсолкунандагони миллӣ грантҳои давлатӣ дода мешавад.

– Дастгирии давлатиии маводи босифати ватанӣ, ба шакли озмуну грантҳои давлатӣ ба роҳ монда шавад.

– Фароҳам овардани заминаи реалӣ барои пайдоиши ВАО миллии пурқувват. Ин ҷо роҳи аз ҳама содда ин дастгирии ВАО мустақили ватанӣ аст. Барои ба вуҷуд овардани чунин низом бояд муносибатҳои бозориро дар бозори рекламаи сегменти Тоҷикистонӣ фароҳам овардан лозим аст.

– Фароҳам овардани заминаи воқеӣ барои тайёр кардани журналистони замонавии ҳирфаи гуногунзабон бо истифода аз ҳамагуна имконоти мавҷуда – чӣ дар бахши давлатӣ ва чӣ дар бахши ғайридавлатӣ.

– Дар донишгоҳои ватанӣ, мактабҳои миёна ва боғчаи кудакон ба роҳ мондани курси махсуси дониши расонаӣ. – Таъмини амнияти иттилоотӣ водор месозад, ки захираҳои пулӣ ба самтҳои муҳимми рушди илму фан, дастгирии мактабҳои пешқадами илмӣ, тезонидани ташаккули имкониятҳои илмию фаннӣ ва заминаҳои фанноварии миллӣ, ҷалби маблағҳои хусусӣ равона шавад. Дар ин росто ташкили фондҳо ва истифодаи грантҳо, амалисозии барномаҳои рушд, ки имконияти зиёди илмию фаннӣ доранд, салоҳи кор аст.

– Таъмини амнияти иттилоотӣ эҷоди зерсохторҳоеро, ки натиҷаи коркардҳои илмию фанниро бо дарназардошти ҳифзи моликияти зеҳнӣ ба бозор мебароранд, рушди шабакаи иттилооти илмию фаннӣ ва бозориро низ талаб менамояд.

– Зарурати татбиқи нақшаи муайян ва дақиқ, мутобиқ ба системаҳои ҳозиразамон, барои таъмини амнияти иттилоотӣ ба пеш омадааст, ки он метавонад асбоби калидии муайян намудани ҳолати кунунии амнияти иттилоотӣ гардад. Иборат аз қадамҳои муайян, барои ба сатҳи зарурӣ расонидани амнияти иттилоотӣ, ки муносибати дақиқ ва методи таҳлил ва такмили вазъи амнияти иттилоотиро муайян намояд. Дурустии иттилоот яке аз унсурҳои муҳими амнияти иттилоотиро ташкил менамояд. Аз ин рӯ, ҳифзи иттилоотии дуруст ва роҳ надодан ба тағйирдиҳии мазмуну мундариҷаи он яке аз самтҳои асосии амнияти иттилоотӣ дониста мешавад.

– Пешниҳод карда мешавад, ки барои ба қайд гирифтани намояндагони шабакаҳои иҷтимоии “Youtube” ва “Facebook” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Ҳукуматҳои ҷойи бақайдгирифташудаи ин шабакаҳои бузург гуфтушунидҳо гузаронида шавад.

– Дигар воситаҳои танзими корӣ шабакаҳои иҷтимоӣ, ки яке аз роҳҳои асоситарини таъмини амнияти иттилоотӣ дар минтақа ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ин ҳам бошад истифодаи технологияҳои муосир аз қабили системаи DPI, ки барои амалишавии онҳо бо маблағгузории иловагӣ зарур мебошад.

– Ҷанги менталӣ ва муборизаҳои дигари иттилоотию психологӣ дар ҷаҳони муосир рӯ ба афзоиш доранд. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки барои ҳифзи давлати миллии худ ва шаҳрвандони он аз чунин муборизаҳо доимо омода бошем. Аз ҷумла, имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мутахассисони техникӣ аз рӯи ихтисоси «амнияти иттилоотӣ» тайёр карда мешаванд. Дар баробари ин зарур аст, ки дар факултетҳои фалсафӣ, сиёсатшиносӣ ва рӯзноманигорӣ низ чунин мутахассисон омода карда шаванд. Инро тавассути омӯзиши фанни алоҳида ва ё курсҳои махсус доир ба муборизаҳои иттилоотӣ роҳандозӣ кардан имкон дорад.

– Дар шароити кунунии авҷи муборизаҳои иттилоотӣ инчунин таҳия ва амалисозии консепсисияи махсус дар ин самт мувофиқи мақсад дониста мешавад.

– Бо моҳияти муборизаҳои иттилоотии шабакавӣ ва ҷангҳои менталӣ ошноӣ пайдо карда, бояд ба эътибор гирифт, ки донишҳо дар бораи чунин муборизаҳо танҳо дар ҳолатҳои зерин метавонанд муфид бошанд.

Аввалан, бояд шахс ҷаҳонбинии комилан ташаккулёфтаи илмӣ дошта бошад. Дуюм, бояд мавқеи шаҳрвандии шахс устувор бошад, калаванда набуда, танҳо дар мавридҳои зарурӣ ба мавқеи дурусттар гузарад. Сеюм, дар муқобили ҳар гуна иттилооти нодуруст, иғвоангез шахс истодгарӣ карда тавонад ва чунин маълумотро ба дигарон низ тавонад бифаҳмонад.

Аз ҳама муҳим он аст, ки шахс ватану кишвари худро дўст дорад, манфиатҳои миллат ва давлати худро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузорад. Танҳо чунин шахс метавонад, ки дар муқобили ҳар гуна муборизаҳои иттилоотии шабакавӣ ва ҷангҳои менталӣ, ки имрўз ҳар дақиқаву ҳар соат роҳандозӣ карда мешаванд, иммунитет ё масунияти иҷтимоӣ дошта бошад.

– Асли таҳдид аз интернет тавассути мафкура сурат мегирад. Аз ин рў, агар мафкура солим набошад, он аз ғизои ахлоқу одоб ва қонуният бархўрдор набошад, дар он тамизи неку бад вуҷуд надошта бошад, пас ҳама амалкардҳои зоҳирии мо дар самти фазои иттилоотӣ натиҷа нахоҳад дод, ва онро ҳеҷ як сипари оҳанин ҳимоя натавонад кард.

– Дар ҳолате, ки ҳуҷуми аслӣ ба мафкура нигаронида шудааст, мо бояд мафкураро қабл аз ҳама барои истодагарӣ бо ин таҳдид омода намоем, ҷанбаҳои нерумандии маънавии онро бо дастовардҳои миллӣ ғанӣ гардонем, шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ахлоқӣ ва манънавии ҷомеаро баланд бардорем.

– Мо бояд хуб донем, ки раванди арзишгароии давлатҳои нав ва ҷомеаи муосир таҳти ливои демократия ва озодиҳо моро фишор бар маҳдудиятҳо менамояд, озодию хостаҳоро бо кашишҳои инсонӣ ба олами рамзӣ мустаор вогузор месозад. Дар ин паҳно танҳо виҷдон ва мафкураи солими аз ақл ғизогирандаи шаҳрванд коршоям аст, на маҳдудияту муборизахои ноҷо.

– Ба назар чунин мерасад, ки селобаи хатару таҳдидҳо ба мафкураи ҷавонон ва фазои эътиқодии шаҳрвандон ду решаи ғизодиҳанда дорад. Якум сатҳи пасти тафаккур, шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқию ахлоқии ҷомеа; дуюм дарки нодурусти озодиҳои демократӣ, зеро барои мардуми аз назари ақлӣ ғайриозод ва вайроншудае, ки озодиро ба даст овардааст, хеле душвор аст, ки озод бимонад. Ду омили номбаршуда паҳнои аслиеанд, ки ҳама таҳдидҳои иттилооотӣ тавассути онҳо вориди ҳарими ҳарами мафкураи шаҳрвандон мегарданд. Моро зарур аст, ки тавассути коркарди консепсияи мафкураи солими худҳаракати миллӣ, ки дар доираи талаботи манфиати миллат ва давлат вобаста ба шароит имкони рушд ва тағйирпазиро дорад, сатҳи донишҳои хуқуқӣ ва фарҳангии ҷомеаро баланд бардорем. Маҳз, ҳамин сатҳи шуури ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҷомеа сипари нахусти таҳоҷуми маънавӣ ва иттилоотӣ мегардад. Ҳамзамон зарур аст, ки корҳои ташкилӣ ва муносибат бо интернет тағйир ёфта, сайтҳои мақомот ва корупуси идеологӣ комилан таҷдиди назар шавад. Тавсия дода мешавад, ки ҳузури намояндагони гурўҳҳои зерин дар фазои иттилоотӣ дар чаҳорчўбаи арзишҳои меҳварӣ ва усулии ташаккули миллати сиёсӣ ва давлати миллӣ бештар ва сифатнок карда шавад: а) намояндагони мақомот; б) олимон ва коршиносни варзидаи соҳа; в) намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ; г) блогерҳо ва рўзноманигорон; д) варзишгарон; е) намояндагони равияҳои асосии динии дар паҳнои манфиати миллат ташаккулёфта ва ҳоказо.

– Вақти он расидааст, ки «Стратегияи амнияти иттилоотӣ» бо истифода аз методологияи универсалии фарогирии таҳоҷуми иттилоотӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ бо дарназардошти хусусиятҳои анъанавӣ ва фарҳанги миллӣ аз сари нав таҷдиди назар гардад. – Ҷиҳати рафъи хабарҳои бардурўғ имзои электронии рақамии муаллифон, маълумот оид ба онҳо дар хабару расонаҳои интернетӣ ҷорӣ карда шавад. Имзои электронии рақамӣ (ИЭР)

– воситаи барномавӣ-криптографӣ буда, маълумоти ҳатмии (реквизити) санади электронӣ, шиносномаи манбаҳои иттилооти истифодашуда ва муҳофизи қонунии санад ба ҳисоб меравад. Имзои электронии рақамӣ санҷиши пурра, махфӣ нигоҳ доштан ва муайян кардани шахси интиқолдеҳи маълумотро таъмин менамояд. – Объектҳои зерин ба таъмин ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ эҳтиёҷ доранд: захираҳои иттилоотӣ, системаи эҷод, паҳнкунӣ ва истифодаи захираҳои иттилоотӣ, зерсохторҳои (инфраструктураи) иттилоотонии ҷомеа – коммуникатсияҳои иттилоотӣ, шабакаҳои алоқа, марказҳои таҳлилӣ ва коркардаи маълумотҳо, системаҳо ва воситаҳои ҳифзи иттилоот, воситаҳои ахбори омма, ҳуқуқҳои шахс ва давлат дар қабул, паҳнкунва истифодаи иттилоот,ҳифзи моликияти интеллектуалӣ (зеҳнӣ, ақлонӣ) ва иттилооти конфиденсиалӣ (махфӣ)

– Ҷанги иттилоотӣ иқтидори бузурги аслиҳаю оқибатҳои пешгўинашаванда дорад ва зарур аст, ки пеш аз ҳама инобатгирии хусусиятҳои он дар фарогирии бисёркаратаи мафкураи аҳолӣ, дар пешбурди сиёсати таъмини амнияти иттилоотӣ мавқеи хосаро ишғол намояд. Ҳоло шабакаҳои интернетӣ босуръат ва пурмаҳсул рушд менамоянд ва метавонанд фазои холии иттилоотии Тоҷикистонро бомуваффақият фаро гиранд.

– Дар ҷанги иттилоотӣ, таъсиррасонӣ ба мафкураи аҳолӣ ноаён, бо шакли хайрхоҳона ва интихобӣ амалӣ гардида, роҳу шаклҳои ҳархела истифода бурда мешавад.

– Шўрои журналистони собиқадорро дар ҷумҳурӣ таъсис додан ба манфиати кор аст, то ки оид ба тайёр намудани мутахассисони аз нигоҳи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра аз ҳисоби журналистони ҷавону навкор коре анҷом дода шавад. – Дастгирии давлат нисбат ба журналистони ҷавон бо роҳу воситаҳои гуногун, аз ҷумла, бо роҳи ҳавасмандгардонӣ аз нигоҳи моддиву маънавӣ.

– Дар заминаи тараққиёти техникии босуръати ҷаҳон омода намудани мутахассисони амнияти иттилоотӣ ва истифодаи онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ.

– Дар самти сиёсати хориҷӣ низ мо бояд дар ҳимояи амнияти иттилоотӣ фаъолтар бошем. Имрӯзҳо сафирону намояндагони кишвари мо дар хориҷ заруранд, ки фаъолиятро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои ахбори омма барои тарғибу ташвиқи дастовардҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба таври назаррас тақвият диҳанд.

Котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Саидов