“Таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷанги иттилоотӣ ва моҳияти он дар шароити ҷаҳонишавӣ”

Пеш аз ҳама мехостам ба созмондиҳандагони ин нишаст ҷиҳати даъват ва иштирок дар ин чорабинӣ изҳори сипосгузорӣ намоям.

Маҷлиси имрўза дар арафаи ҷашни 24-солагии Рўзи ваҳдати миллӣ баргузор мегардад ва бо истифода аз фурсати мусоид ҳамаи шумо, ҳозирини муҳтарамро ба ин муносибат табрику муборакбод гуфта, бароятон беҳтарин орзуҳоро хоҳонем. Мизи мудаввари имрӯза ба яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи мо таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон, ҷанги иттилоотӣ ва моҳияти он дар шароити ҷаҳонишавӣ аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ бахшида шудааст.

Ҷойи зикр аст, ки Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар шароити муосири ҷаҳонишавию бархурди фарҳангу тамаддунҳо ба масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҷанги иттилотӣ, ки яке аз масъалаҳои мубрами мавзўи амнияти миллии кишварамон ба ҳисоб меравад, ба таври мунтазам таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамояд. Бесабаб нест, ки садаи 21-ро асри технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ном мебаранд.

Ҳоло дастрасӣ ба иттилоот бо истифода аз технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсионӣ ба яке аз қисмҳои ҷудонопазири рўзгори мо табдил ёфтааст, зеро иттилоот бо сиёсат, иқтисодиёт, тараққиёти илму техника, ҳифзи муҳити зист ва истеҳсолот робитаи ногусастанӣ дошта, ба пешрафти онҳо таъсири амиқ мегузорад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки: “Имрӯз иттилоот ба яке аз воситаҳои муҳимтарини ташаккули ояндаи инсоният табдил меёбад.

Фардо чи гуна арзи ҳастӣ кардани ҷаҳон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки васоити ахбори омма воқеаҳои имрӯзаро чи гуна инъикос мекунанд”. Воқеият аз он шаҳодат медиҳад, ки дар тӯли се даҳсолаи охир шумораи истифодабарандагони интернет босуръат зиёд мешавад. Дар шароити муосир технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва шабакаи интернет бо суръати хеле баланд рушд намуда, ба равандҳои сиёсии ҷомеа таъсири амиқ расонида истодаанд. Чунин тамоюлот дар навбати аввал боиси ташаккулёбии ҷомеаи иттилоотӣ, баъдан сабаби пайдоиши ҷангҳои иттилоотӣ ва ниҳоятан рӯ овардан ба зарурати таъмини амнияти иттилоотӣ оварда расонидааст.

Дар баъзе мавридҳо иттилоотро барои таъсири манфӣ расонидан ва амалӣ сохтани мақсадҳои сиёсию идеологӣ низ истифода менамоянд, ки дар чунин шароит ҳифзи фазои иттилоотии ҷомеа, ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар соҳаи иттилоот, баланд бардоштани фарҳанги иттилоотии шаҳрвандон, ба таври дуруст ба роҳ мондани истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва монанди инҳоро талаб менамояд. Бояд ёдовар шуд, ки амнияти иттилоотӣ ҷузъи таркибии амнияти миллии кишвар мебошад. Махсусан, солҳои охир омилҳои иттилоотӣ ва таҳдидҳои иттилоотӣ ба суботи сиёсӣ ва амнияти сиёсии давлат мустақиман таъсиргузорӣ намуда истодаанд, ки чунин ҳолат бори дигар вобастагии сулҳу суботро аз амнияти иттилоотӣ нишон медиҳад. Пеш аз ҳама, барои мубориза бар зидди хатарҳое, ки бевосита ба амнияти иттилоотии кишвари мо таҳдид мекунанд, заминаи устувори ҳуқуқӣ бо тасвиби як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ созмон дода шудааст.

Дар ин росто, дар самти сиёсати хориҷӣ, Тоҷикистон ҳамчун узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 1992 “Созишнома дар бораи таъмини воситаҳои рақамӣ ва амнияти иттилоотӣ”-ро ба имзо расонидааст. Дар самти сиёсати дохилӣ, санадҳои зиёди меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз қабили Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.11.2003, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2008, «Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва як қатор санадҳои муҳим дар самти таъмини амнияти иттилоотии кишвар ба тасвиб расиданд, ба монанди: - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооткунонӣ» аз 06.08.2001; - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиллоот» аз 10.05.2002; - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоотӣ» аз 02.12.2002; - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» аз 30.07. 2007; - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ» аз 15.03.2011; - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи криптография» аз 03.12.2012; - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бори матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» аз 19.03.2013; - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» аз 26.06.2014; - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» аз соли 2021 ва ѓайраҳо. Мавзўи дигаре, ки дар шароити имрўз барои ҳама аз аҳамияти хос бархўрдор аст, масъалаи «ҷанги иттилоотӣ» ба шумор меравад, ки ҳадафи асосии он таъсиррасонӣ ё фишор ба мафкура ва тафаккури шахси тарафи муқобил ва таѓйир додани фикри ў ва ё аз байн бурдани он, ҳамчун ҷониби мухолиф, ба шумор меравад. Яке аз хислатҳои «ҷанги иттилоотӣ», ин хусусияти печидагӣ доштани он буда, набардҳои асосӣ дар соҳаи иҷтимоиёту фарҳанг, ба шумули иқтисодиёт, маориф, васоити ахбори омма, илм, ҳифзи муҳити зист, ниҳодҳои қудратӣ ва ниҳодҳои идораи давлатӣ сурат мегиранд. Имрӯз дар ҷомеа мафҳуми - «ҷанги иттилоотӣ» ё «муборизаи иттилоотӣ» хеле маъмул гаштааст.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ барои пешбурди манфиатҳои худ ва фишор овардан ба манфиатҳои кишварҳои дигар, ҳизбу созмонҳо ва гурӯҳҳои алоҳида ба муқобили ҳамдигар муборизаи иттилоотиро торафт вусъат медиҳанд. Ҷанги иттилоотӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ, ки дар он василаи асосии мубориза иттилоот аст, бо ҳадафҳои гуногун роҳандозӣ карда мешаванд. Ин ҷараён бо роҳи пахши маълумоти бардурўѓ, сиёҳкунии рақибон ва тафсири ҳодисаҳои гуногун ба манфиат ва нафъи худ, ҷалб намудани афкори омма барои пуштибонии хеш сурат мегирад. Ҷанги иттилоотӣ шакли душвортарини муқовимати иттилоотӣ ба шумор рафта, ҳадафи он бо роҳи ташкили «инқилобҳои ранга» ва «низоъҳои нарм» дар байни омма ба даст гирифтани қудрати сиёсӣ мебошад. Ин намуди ҷангҳои иттилоотӣ асосан бо мақсадҳои зерин ба амал бароварда мешаванд:

• паст намудани симои байналмилалии давлат ва вайрон намудани муносибати он бо давлатҳои дигар;

• мушкилӣ эҷод намудан дар раванди қабули қарорҳои ҳаётан муҳими сиёсӣ;

• ташкил намудани фазои ноором ва ноустувор гардонидани ҷомеа;

• бадном намудани мақомоти ҳокимияти давлатӣ;

• дар байни оммаи мардум ташкил намудани эътирози иқтисодӣ (корпартоӣ, коршиканӣ);

• вайрон намудани фаъолияти муназзами низоми идоракунии қувваҳои мусаллаҳ, объектҳои ҳарбӣ ва дорои аҳамияти стратегӣ;

• коҳиш додани шаклҳои шуури ҷомеа ва ба муқобили фарҳанги худӣ равона намудани онҳо. Ба ибораи дигар, чи қадаре ки технологияҳои иттилоотию компютерӣ рушд намоянд ва миқёси истифодабарии интернет васеъ гардад, ҳамон қадар хавфу хатари ба амал баровардани ҷангҳои иттилоотӣ ва зиёд шудани ҳуҷумҳои иттилоотӣ меафзояд. Ва чуноне, ки коршиносони сатҳи баланд иброз доранд, «ҷанги иттилоотӣ» ба хотири расидан ба ҳадафи бартарии иттилоотӣ дар таъмини стратегияи миллии низомӣ, аз тариқи таъсиррасонӣ ба иттилоот ва системаҳои иттилоотонии тарафи муқобил, бо таҳким ва ҳифозати системаи иттилоот системаҳои иттилоотонӣ ва инфрасохтории худ ба шумор меравад. Ба ҳамин хотир, метавон натиҷагирӣ кард, ки таъсири фишори иттилоотӣ ва истифодаи имкониятҳои васоити ахбори омма дар шароити муосир ҳамчун падидаи ҷудонопазири низоъҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ боқӣ мемонад. Комилан яқин аст, ки соҳибистиқлолии давлати тоҷикон ва сиёсати бисёрсамтаи мо, ба гурўҳҳо ва доираҳои муайян хуш намеояд ва нукоти ѓаразнокеро метавон дар баъзе сомонаҳо мушоҳида кард.

Чи тавре ки Роҳбари давлат зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма фаъолияти васоити электронии ахборро баррасӣ намуда, зикр карданд «… фазои иттилоотии кишвар ҳанӯз осебпазир буда, таъсири шабакаҳои хориҷӣ ба афкори мардум баланд мебошад». Ин ҳолат аз ҳамаи мо талаб менамояд, ки дар самти сиёсати хориҷӣ дар ростои ҳимояи амнияти иттилоотӣ фаъолтар бошем. Имрӯзҳо ба сафирону намояндагони кишвари мо дар хориҷи мамлакат зарур аст, ки фаъолиятро дар сомонаҳо барои тарѓибу ташвиқи дастовардҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ тақвият бахшанд.

Чи тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо кормандони дипломатии кишвар бахшида ба ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: «Зарур аст, ки Вазорати корҳои хориҷӣ низ ҳамкории худро бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои хориҷӣ беҳтар роҳандозӣ намуда, нуфузашро дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоии он ба таври назаррас афзоиш диҳад». Мувофиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015, таҳти №332 тасдиқ шудааст, дипломатияи иттилоотӣ яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳозирини мўҳтарам! Мавзўи имрўза хеле ҷолибу доманадор аст ва идомаи муҳокимаи ботафсили онро бо камоли майл ба иштирокчиёни мизи мудаввар эҳтиромона пешниҳод менамоем. Бовар дорем мавзўи мазкур аз ҷониби Шумо муҳтарам аъзои Шўрои ҷамъиятӣ ва коршиносони соҳа ҳамаҷониба муҳокима гардида, таклифу пешниҳодҳои мушаххаси Шумо барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда кумак хоҳанд расонд.

Насриддинзода Э.С. – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа