Иштироки Н.Саидов дар Форуми шӯроҳои ҷамъиятии Ӯзбекистон

14 августи соли 2019 бо даъвати Раиси Ҳаракати ҷамъиятии умумимиллии «Юксалиш»-и (Навсозӣ) Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Бурханов дар кори Форуми шӯроҳои ҷамъиятии назди мақомоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ кард.

Форум бо ташаббуси Ҳаракати ҷамъияти умумимиллии «Юксалиш» якҷо бо Ассотсиатсияи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ (АРГО) - Ҷумҳурии Қазоқистон бо дастгирии молиявии агентии ШМА оид ба ташаккули ҳамкории байналхалқӣ (USAID) доир гардид.
Дар Форум намояндагони 200 шӯроҳои ҷамъиятии мақомоти давлатӣ, васоити ахбори омма, шаҳрвандони фаъол, ки барои пешбурди ислоҳот дар Ӯзбекистон муттаҳид шудаанд, инчунин коршиносони хориҷӣ ширкат варзиданд.
Дар оғози кори Форум Русланбек Давлатов - Вазири адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва сипас Акмал Саидов - Роҳбари Шӯрои консултативӣ оид ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, директори Маркази миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон, Алан Мельцер - муовини Сафири Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ӯзбекистон, Акмал Бурханов - Раиси Ҳаракати умумимиллии «Юксалиш», Ҷамила Асанова - директори иҷроияи Ассотсиатсияи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ (АРГО) ва Б.Бекмуродов - директори иҷроияи Ҳаракати умумимиллии «Юксалиш» суханронӣ карданд.
Дар қисми аввали кори Форум ҷиҳати муаррифии таҷрибаи кори беҳтарин шӯроҳои ҷамъиятии Ӯзбекистон маърӯза карданд:
- Ҳикмат Абдураҳмонов ва Диёр Мирзоахмедов – аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Ҳукумати шаҳри Тошканд;
- Маъруф Адиев – Раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Ҳукумати шаҳри Қӯқанд;
- Фармон Аминов – Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҳукумати вилояти Бухоро;
- Зафар Худойбердиев – Раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Раёсати адлияи вилояти Намангон.
Дар рафти суханрониҳо дар бораи татбиқи чорабиниҳо оид ба ҷорӣ намудани Институти Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди мақомоти давлатии Ӯзбекистон ва натиҷаҳои онҳо, дастовардҳо, масъалаҳои таҳкими минбаъдаи механизмҳои баррасии пешниҳодҳои шаҳрвандон оид ба беҳтар кардани фаъолияти мақомоти давлатӣ, таъмини шаффофият ва шаффофияти қарорҳо сурат гирифт.
Дар қисми дуюми кори Форум муаррифии фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятии кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор гардид:
- Аз Ҷумҳурии Қазоқистон - хонум Ҷамила Асанова – директори Ассотсиатсияи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии (АРГО);
- Аз Ҷумҳурии Қирғизистон - Абдиров Толимбек – Раиси Шӯрои ҳамоҳангсози шӯроҳои ҷамъиятӣ ва Аида Курбанова – Раиси Шӯрои ҷамъиятии Агентии давлатии кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ;
- Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов – Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар рафти суханронӣ ва муаррифии (презентация) фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷанбаҳои зерини фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ аз қабили:
• омилҳо ва сабабҳои ташкил кардани Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар созмон додан ва рушди фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• самтҳои фаъолият ва дастовардҳои Шӯрои ҷамъиятӣ;
• вазифаҳо ва дурнамои рушди Шӯрои ҷамъиятӣ дар замони ҳозира муфассал ахборот додам.

Баъди анҷоми муаррифии шӯроҳои ҷамъиятӣ бо хонум Дэна Биган – корманди агентии ШМА оид ба ташаккули ҳамкории байналхалқӣ (USAID), Акмал Бурханов - Раиси Ҳаракати ҷамъиятии умумимиллии «Юксалиш»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Б.Бекмуродов – директори иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии умумимиллии «Юксалиш» мубодилаи афкор дар бораи ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти шӯроҳои чамъиятӣ, сохтор ва хусусиятҳои хоси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар сурат гирифт.
Дар ҷамъбаст бояд гуфт, ки иштирок ва суханронии Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори Форуми шӯроҳои ҷамъиятии Ӯзбекистон имконият дод, ки бо таҷрибаи кори шӯроҳои ҷамъиятии кишварҳои иштирокчии Форум ҳамаҷониба шинос шуда, бо онҳо робита пайдо намоем. Ин иқдом барои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бастани шартнома бо шӯроҳои ҷамъиятии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ равона аст, шароитҳои мусоид фароҳам овард.

Котиботи Шӯрои ҷамъиятии
Ҷумҳурии Тоҷикистон