Соҳибкорони ватанӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ

Тоҷикистон соҳибистиқлоламон бо сарҷамъию муттаҳидии шаҳрвандонаш дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳамқадами ҷаҳони муосир гардидан гомҳои устувор гузошта, пеш меравад. Сатҳу сифати зиндагии мардумамон рӯз ба рӯз беҳтару хубтар гардида, сатҳи камбизоатӣ дар байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ паст гардида истодааст. Ободию бунёдкориҳои халқамон дигаронро ба ҳайрат мегузорад. Ба фикри ман ҳамаи ин натиҷаи сайъу кӯшиш ва иродаи матини Пешвои муаззами миллатанд, ки баҳри иҷрои ҳадафҳои асосии давлату ҳукуматамон тамоми донишу малака ва қувваю ғайрати худро сарф менамоянд.

Аммо то ҳол шахсоне ёфт мешаванд, ки ба тадбирҳои ободкорию созандагии давлату ҳукумат ва халқамон нотавонбинона баҳо дода, мехоҳанд бо тӯҳматҳои ғаразноку ҷоҳтталабонаи худ қадру манзалати Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон паст мезананд.
Бояд гуфт, ки ҳама гуна туҳмат ва буҳтонҳои беасос вақтҳои охир нисбати Сарвари давлат ва фаъолияти кории вай, тавасути гурӯҳҳои алоҳидаи зархаридони хориҷӣ, махсусан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд шудааст. Аксари ин мавод асоси воқеӣ надошта, аз ғаразҳои шахсӣ ва сиёсӣ иборат мебошанд. Ин тоифаи зиёкор мехоҳанд, ки аз ҳозир ба заҳматҳои кашидаи Сарвари давлат хати батлон кашида, марҳилаи басо душвори таърихиро, ки бо кушишҳои пайвастаи Президенти маҳбуби кишвар, сулҳу Ваҳдат ва рушди босуботи Тоҷикистон таъмин гардид, мураккаб ва печида созанд.
Ман ба онҳо бо итминони комил гуфтаниям, ки нодида гирифтани муваффақияту пешравиҳои Тоҷикистон, заҳматҳои шабонарӯзии сарвари он ношукрӣ ва носипосии рӯйрост мебошад. Халқи мо дар интихоби пешвои худ хато накардааст.
Аксарияти давлатҳои дунё, ки имрӯз мубталои бемории сироятӣ гардидаанд, дар дохили кишвар ва ё берун аз он мухолифони худро доранд, лекин дар ин айёми душвору сангин ҳеҷ кадоми онҳо ба монанди аъзоёни бадхоҳ ва бадбини ташкилоти экстремистии-террористӣ ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо афкору ақидаи фитнаангези худ ба сари давлату миллат ва сарзамини аҷдодии худ теғи душманӣ кашида, тӯҳмату надомат намуда, дар расонаҳо хабару ҳангомаҳои бардуруғ наангехтанд, чӣ тавре, ки сиёсатбозон ва мухолифини давлати Тоҷикистон кушиш намуда истодаанд, ки суботу оромии мардуми кишвари моро халалдор намоянд.
Имрӯз мусибати ба сари мардуми мо омада барои онҳо мояи хурсандӣ гардидааст. Амалҳои ғайриинсонии ин тоифа аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо мухолифони давлати Тоҷикистон нестанд, балки душманони ашаддии миллату давлати тоҷик ҳастанд. Барои онҳо арзишҳои миллӣ, ифтихори ватандорӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ кайҳо дарки вуҷуд надоранд, чунки виҷдону имону муҳаббату садоқату вафои хешро нисбат ба Ватану миллати худ кайҳо қурбони хоҷаҳои зархариди хориҷӣ кардаанд.
Мо бояд сайъу кушиш намоем, ки пеши роҳи ҳар гуна туҳмат, буҳтон ва ғаразҳои шахсиеро, ки ба шаъну шуҳрати Роҳбари давлат исён меоварад ва воқеиятро ба воситаи ахбори омма тарғиб намоем. Чунки тамоми соҳаҳои гуногуни ҳаётамон имрӯз зери роҳбарии ӯ дар ҳоли тараққиёти бемайлон қарор доранд. Ба ин соҳаи нақлиёти автомобилӣ низ мисол шуда метавонад.
Дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта дар ҷумҳурӣ бинобар кашмакашиҳои сиёсии оғознамудаи наҳзатиён ва ҷанги шаҳрвандӣ соҳаи нақлиёти автомобилӣ ҳам ба бӯҳрони шадиди молию иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид. Аз бесарусомониҳо ва беҳокимиятии ба миён омада истифода карда, нақлиёти мусофирбари муассисаҳои нақлиётии Иттиҳодияи истеҳсолии нақлиёти автомобилии мусофирбари байнишаҳрии Вазорати нақлиётро гуруҳҳои силоҳбадаст ва шахсони алоҳида ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва водии Вахшу Рашт ва ҳатто Бадахшон ба яғмо бурданд.
Пас аз иҷлосияи ХУ1-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баробари Раиси Шӯрои Олии мамлакат, интихоб шуданашон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баргардонидани молу мулки ба яғмо бурдаи ҷамъиятиро ба миён гузоштанд. Вазорати нақлиёт коммисияи босалоҳият барои баргардонидани воситаҳои нақлиёти ба яғмо рафтаи муассисаҳои нақлиётии давлатӣ таъсис дод. Дар байни солҳои 1993-1996 бо сайъу кушиши ин комиссия 80 дар сади нақлиёти дуздидашударо ба Муассисаҳои нақлиёти давлатӣ баргардонидем. Фаъолияти мусофиркашонии пурра фалаҷ гардидаро аз сари нав ба роҳ мондем. Дар давраи баргардонидани гурезагон ба манзилашон тавассути нақлиёти мусофирбари муассисаҳои Иттиҳодияи истеҳсолии нақлиёти автомобилии мусофирбари байнишаҳрии номбурда зиёда аз 900 ҳазор нафар гурезагони иҷборӣ ба ҷои зисти доимиашон баргардонида шуданд. Баъдтар бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста бо тақозои давр хусусигардонии молу мулки давлатӣ оғоз гардид. Кормандони иттиҳодияи истеҳсолии нақлиёти автомобилии мусофирбарии байнишаҳрии Вазорати нақлиёт саҳмияҳои онро пурра харидорӣ намуда, ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Корпоратсияи мусофирбар”-и таъсис доданд, ки имрӯз дар ҳайати он зиёда аз 1000 нафар ронандагон тибқи шартнома ва кормандони масъул фаъолият менамоянд.
Равнақу ривоҷи соҳибкорӣ, иттиҳодиякунонии шахсони ҳуқуқӣ ва инфиродӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилии мусофирбар, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ, кам кардани ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳии фаъолият ва таъмини фазои озоди рақобат дар хизматрасонии нақлиётӣ ба мусофирон ба яке аз ҳадафҳои асосии давлату ҳукуматамон табдил ёфтанд. Барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ заминаҳои асосии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Имрӯз ягон монеае мавҷуд нест, ки садди роҳи хоҳишмандони ба соҳибкорӣ машғулшаванда дар соҳаи нақлиёти автомобилии мусофиркашонӣ мегардида бошад.
Бо мақсади ба тартиб даровардани фаъолияти ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ ва барқарор намудани муносибатҳои мутақобилаи байни онҳо, муҳофизати дастаҷамонаи ҳуқуқу манфиатҳояшон 3 марти соли 2003 Rарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 88 “Дар бораи тасдиқи Низомномаи иттиҳодияҳои нақлиёти автомобилӣ” ба тавсиб расида, 30 марти соли 2010 бо қарори № 169-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он тағйиру илова ворид гардиданд. Мақомоти иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки дар татбиқи қарори мазкур ҳамаҷониба саҳм гузоранд.
Ассотсиатсияи нақлиётчиёни мусофирбари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави иҷроиши қарори мазкур таъсис ёфта, дар бобати муттаҳидшавии ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ ва ҳимояю ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёнаш ба як қатор муваффақият ноил гардид. Бисёр ронандагони ҷамъияту ширкатҳои мусофирбари минтақаҳои вилояти Суғду Хатлон водиҳои Ҳисору Рашт аъзогии Ассотсиатсияро пазируфтанд, шумораи онҳо ба зиёда аз 10000 нафар расид.
Дар асоси таклифҳои Ассотсиатсия ва ғамхорӣ зоҳир намудани Ҳукумати ҷумҳурӣ барои машғул шудани онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ сабукиҳои зиёде дар кору фаъолияташон роҳандозӣ гардид. Ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи мусофиркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ ворид сохтани тағйиру иловаҳо, дар муддати даҳсоли охир баланд набардоштани ҳаққи патент, бо иҷозатномаи шахсони ҳуқуқӣ фаъолият кардани соҳибкорони инфиродӣ, барҳам додани сертификати техникии нақлиёт, ройгон дастрас намудани варақаи назоратӣ ва ғайра далели ин гуфтаҳост.
Таъмиру тармими роҳҳои автомобилгард, бунёди нақбу пулҳои мошингузар, иншоотҳои дигари нақлиётиро низ чун ғамхории беназири сарвари давлатамон дар ҳаққи соҳибкорони соҳаи нақлиёти автомобилӣ маънидод намоем, хато намешавад. Худ қазоват кунед, онҳо дар ибтидо дар кадом шароити тоқатфарсои роҳ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буданду ҳоло дар кадом вазъият?
Вақте, ки шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” вобаста ба талаботҳои меъёрҳои байналхалқии роҳсози таъмиру тармим ва азнавсозӣ карда шуда, дар масири он ду нақби бузург ва даҳҳо пули мошингузар сохта шуда, нигоҳдорию истифодаи он ба зиммаи филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшиз ЛТД” гузошта шуд, бадхоҳони Ҳукумати Тоҷикистон шуру савдоҳои зиёдеро дар дохили мамлакат ва берун аз он ба амал оварданд. Лекин имрӯз баъди гузашти чандин сол маълум гардид, ки тасмими ҳукумат дар бобати пулаки кардани рафтуомад дар ин роҳ дуруст будааст. Ронандагони мусофиркаши ҷамъиятҳои мусофирбарии аъзои Ассотсиатсия, ки дар ин шоҳроҳ ба мусофирбарӣ машғуланд, аз сифати хизматрасонии кормандону мутахассисони ин ширкати саҳҳомӣ қаноатманданд. Чунки ҷойҳои аз офатҳои табиӣ зарардидаро сари вақт ва бо сифати баланд таъмир карда, роҳро дар ҳолати хуби истифодабарӣ нигоҳ медоранд. Аз ҳама асосиаш ин шоҳроҳ дар тамоми фаслҳои сол новобаста аз тағйирёбии обу ҳаво дар хизмати ронандагону мусофирон мебошад.
Сатҳу сифати роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулоб-Қалаи Хумб-Хоруғ-Кулма низ бо ҳидояти пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст, ки тамоми сол нақлиёти автомобили бе мушкилот ҳаракат мекунад.
Ҳамин тавр равнақу ривоҷи тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, маданию хизматрасонии ҷумҳуриамон зери назорати доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳнати софдилона махсусан соҳибкорӣ дар соҳаҳои гуногун кафолати пурраи ҳуқуқӣ медиҳанду фазои орому осуда ва беҷангу ҷидол дар осмони кишварамон ҳукум фармост. Аз ин дида дигар неъмати бебаҳо вуҷуд надорад. Ман намедонам, бадхоҳони миллату давлат аз ҳукумати ҷумҳуриамон боз чӣ мехоста бошанд.

С.Гулов, раиси Ассотсиатсияи нақлиётчиёни мусофирбар, аъзои Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон