СУХАНРОНИҲО ДАР ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ - моҳи ноябри соли 2020

Дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” 27-уми ноябри соли 2020 ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

СУХАНРОНИИ АЗИЗЗОДА Ш.Н. – 
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ дар мавзӯи баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ

Муҳтарам аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ! 
Ҳозирини гиромӣ,
Дар давоми 29 соли Истиқлолияти давлатӣ, Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, фаъолгардонии онҳо дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон, ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти онҳо тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда истодааст ва ин сиёсат дар оянда низ идома хоҳад ёфт.
Аз иқдомҳои аввалини Ҳукумат - ин қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон мебошад. Дар ин давра як қатор қонунҳо, консепсия, стратегия ва барномаҳо қабул карда шуданд, ки татбиқи онҳо боиси хеле боло рафтани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа гардид.
Иқдоми дигаре, ки дар ҳаёти ҷавонони кишвар тағйироти куллӣ ба амал овард, ин таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти кишвар ва эълон намудани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” мебошад. 
Ҳадаф аз ин иқдомҳо - баланд бардоштани масъулияти ҷавонон дар масъалаи ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, сулҳу субот, истифодаи нерӯи созандаи ҷавонон дар пешрафти ҷомеа ва тарбияи насли созандаест, ки барои амалӣ намудани сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат дар шароити кунунӣ созгор мебошад.
Бо назардошти ин нукта, Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 26.12.2019 вазифа гузоштанд, ки барои таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва ҳифзи минбаъдаи манфиатҳои ҷавонон, сохтору мақомоти марбутаро вазифадор месозанд, ки Қонуни ҶТ “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030”-ро дар таҳрири нав таҳия ва ба Ҳукумати кишвар манзур намоянд.
Ин лоиҳаи Қонун ва Стратегияи номбурда имрӯз дар ҷаласаи мо мавриди баррасӣ қарор гирифта истодааст.
Дастовардҳои муҳим дар соҳаи сиёсати кор бо ҷавонон ин ташаккули механизми ҳавасмандӣ ва дастгирии ҷавон дар шакли Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон, Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш маҳсуб меёбанд. 
Пешвои миллат оид ба масъалаи сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон дар самти тарбияи ватандӯстӣ ба таҳкими ҳувияти миллии онҳо дар ҳафт соли оянда дар суханрониашон ба муносибати савгандёдкунӣ изҳор доштанд, ки: “Мо ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати давлат диққати аввалиндараҷа дода, дар ҳафт соли оянда мақсад дорем, ки ташаббусҳои созандаи ҷавононро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, доир ба оммавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим як силсила тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем.
Дар маҷмӯъ бояд қайд кард, ки тадбирҳои андешидашуда имконият фароҳам оварданд, то ҷавонони кишвар дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ фаъолона иштирок намоянду саҳми худро дар рушди кишвар гузоранд.
Дар баробари дастовардҳо масоили ҳалталаб дар соҳаи сиёсати ҷавонон ҳанӯз ҳам зиёданд ва ҳалли онҳо бояд ҳамеша дар мадди назари масъулин ва умуман тамоми ҷомеаи кишвар қарор гирад, аз қабили: 
– коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ;
– шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ифротгароии хусусияти экстремистию террористидошта;
– сатҳи пасти маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва диниву дунявии ҷавонон; 
– бекорӣ, махсусан дар байни ҷавонони соҳибкасб
– зиёд гаштани майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона. 
Ҷавонони кишвар бояд ҳамқадами аср буда, аз дастовардҳои илму техникаи муосир қафо намонанд, бояд ҳушёру зирак бошанд, то дар доми шахсону гурӯҳҳои ифротӣ наафтанд ва ҳаёти худро зери хатар нагузоранд. 
Ҳозирини арҷманд!
Бовар дорам масъалаи мазкур аз ҷониби аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва коршиносони соҳа ҳамаҷониба муҳокима гардида, пешниҳодҳои мушаххаси Шумо барои такмил додани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030” ҳамаҷониба кумак мерасонад.
Ташаккур ба таваҷҷуҳатон!

 СУХАНРОНИИ СОДИҚӢ Н.Н. –
Раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ дар мавзӯи баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ


Мӯҳтарам раёсат, аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳозирини гиромӣ - иштирокчиёни ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ, масъалаи таъмини рушди устувори ҷомеа дар шароити муосир яке аз ҳадафҳои глобалиест, ки дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Дар ҷаҳон зиёда аз 1,8 миллиард ҷавонон умр ба сар мебаранд, ки дар таърихи инсоният чунин миқдор калонтарин мебошад, яъне қариб 90 дарсади тамоми ҷавонон дар кишварҳои рӯ ба рушд зиндагӣ мекунанд ва он қисми зиёди аҳолиро ташкил медиҳад. Бояд иброз намуд, ки ҷавонон имрӯзҳо бо ҳам пайвандии хеле ногустастанӣ ва қавӣ доранд. Онҳо дар ҳама соҳаҳо саҳм мегузоранд, аз ҷумла иҷтимоӣ ё сиёсӣ ва ёиқтисодӣ ва ғайраҳо ҷавонон хеле фаъоланд, зеро онҳо як манбаи пурдаромади сармоягузорӣ мебошанд. Дар навбати худ ҷавонон ба душвориҳои зиёди гуногун дучор мешаванд, ки он барои ояндаи онҳо ва ҷомеа умуман хатарнок ва таҳдидомез аст. Бештар ин таҳдидҳо ба ҳуқуқҳои онҳо, аз ҷумла таҳсили хуб, ёрии тиббӣ, дарёфти кори шоиста, ҳатто ба ҳаёташон бетаъсир намемонанд. Аз ин рӯ мо бояд фаромуш накунем, ки чунин хавфҳо бештар ҳангоми бесару сомониҳо, ҷангу ҷидол ва коста гаштани пояҳои конститутсионии давлат оварда мерасонад. Дар ҷомеаи муосир бошад вобаста ба тағйироти дохилии тамоми соҳаҳои ҳаёт мураккабтарин равандҳои бӯҳронӣ ба вуҷуд меоянд, ки сабаби тағйири ин ниҳодҳои меъёрӣ, алалхусус ахлоқ ва ҳуқуқ мегарданд. 
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар меъёрҳои иҷтимоӣ коҳиш ёбанд ва вазифаҳои асосии худ - ба танзим даровардани рафтори одамонро иҷро карда натавонанд, ҷаҳонро ҳолати аномия фаро мегирад.
Таърих гувоҳ аст, ки асоси бунёдии ҳама гуна ҷомеаи босуботро низоми батанзимдарории иҷтимоӣ ташкил ва дар амал татбиқ менамояд, ки дар якҷоягӣ ба рушди муносибатҳои иҷтимоӣ ва ба рафтори одамон бетаъсир намемонад. Ҳанӯз дар ҷомеаи ибтидоӣ регуляторҳое буданд - системаи мононормаҳо, ки муносибатҳои муҳимтарини иҷтимоиро, ки барои ҳаёти ҷамъиятӣ аҳамият доштанд, ба танзим медароварданд ва имрӯз ба танзим дарории муносибатҳои иҷтимоӣ, алалхусус қишри муҳими он ҷавонон аҳамияти тақдирсоз барои ҷомеаи башарӣ дорад. Пойгоҳи ҳуқуқии сиёсати ҷавононро ҳатман бояд хусусиятҳои умумии ҷавонон ҳамчун як гурӯҳи иҷтимоию демографӣ, ки дурнамои воқеии рушди давлат бо он алоқаманданд, ташкил кунад. Ҳамчун моҳияти сиёсати давлатии ҷавонон, ҳадаф, принсипҳо ва механизми татбиқи он дар лоиҳаҳои пешниҳодшуда мавриди баррасии ҷомеа мегарданд, ки он аз аҳамият холӣ нест.
Дастгирии ҷавонон дар татбиқи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва фароҳам овардани шароит барои амалӣ гардидани ҳуқуқҳояшон ва дастгирии имкониятҳои рушди он нақши ҳалкунанда дорад.
Таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ возеҳу равшан ба назар мерасид.
Новобаста аз сахтиву нокомиҳои пай дар пайи пешомада Пешвои миллат ба баррасии масъалаҳои марбут ба ҷавонон ва сиёсати ҷавонон аҳамияти беандоза медоданд. 
Дар ин давра яке аз дастовардҳои арзишманд, мулоқоти нахустини расмии Роҳбари мамлакат - Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоядагони ҷавонони ҷумҳурӣ дар 70-умин рӯзи сарварӣ - яъне 2 феврали соли 1993 баргузор гардидааст, ки ин нишонаи дар воқеъ ғамхор, пуштибон, дастгир, мададгор ва парастор будани Сарвари кишварро нисбат ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ инъикос менамояд. Президенти Тоҷикистон пайваста дар бораи инкишофи соҳаи мактабу маориф, илму маърифат, фароҳам овардани шароитҳои мувофиқ барои таҳсилу касбомӯзӣ ва ҳаёти ҷавонон ғамхориҳо зоҳир намуда истодааст. Маҳз тавассути ғамхориҳои доимиву пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ба ин мақсад шумораи зиёди муассисаҳои оливу миёна, китобхонаву осорхонаҳо, марказҳои варзишиву дилхушӣ сохта шуда, ба ихтиёри ҷавонон пешкаш шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама баромаду суханрониҳояш пайваста таъкид месозанд, ки ҷавонон қувваи бузурги созанда ва ояндаи миллату давлат буда, барои онҳо бояд тамоми шароитҳо фароҳам оварда шавад. Ин сиёсат дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ бояд ба танзим дароварда шаванд. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз омили асосии рушди ҳар як кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Ҷавонон як гурӯҳи махсуси иҷтимоию демографиро муаррифӣ мекунанд, ки дурнамои воқеии рушди ҳар як кишвар дар даҳсолаҳои наздик бо он алоқаманд аст. Тавре ки дар " Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020" қайд карда шудааст: “Ҷавонон объекти манфиатҳои миллию давлатӣ буда, яке аз омилҳои асосии таъмини рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ояндаи наслҳои нав бояд ба таври ногусастанӣ ба вазифахои ҳифз, рушд ва эҳёи кишвар алоқаманд буда, вориси таърихӣ ва фарҳангӣ бошанд.
Суботи сиёсати давлатии чавонон бо роҳи татбиқи самарабахши тадбирҳои маҷмӯӣ, ки вазифа, аҳамият ва нақши сиёсати давлатиро нисбат ба насли наврас муайян менамояд, таъмин мегардад.
Сиёсати давлатии чавонон дорои хусусияти фаъоли инноватсионӣ ва истеҳсолӣ буда, нерӯи меҳнатӣ ва эҷодии ҷавононро инъикос менамояд.
Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ, кафолатҳо барои аз ҷониби чавонон интихоб гардидани роҳи зиндагӣ, худтатбиқнамоии шахсии ҷавонон, рушд ва дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонону кӯдакон, ҳаракат ва ташаббусҳо нигаронида шудааст” ва имрӯз низ бояд ба масъалаи фаъолии инноватсионӣ диққати бештар дода шавад, зеро воқеияти даҳсолаҳои охир ба таври боварибахш исбот мекунад, ки дар ҷаҳони босуръат тағйирёбанда афзалиятҳои стратегӣ барои он давлатҳое хоҳад буд, ки метавонанд аз нерӯи инноватсионии рушди инноватсионӣ самаранок истифода баранд, ки онро ҷавонон доранд. Бояд қайд намуд, нерӯи инноватсионии рушди инноватсионро зери назар дошта, ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум, баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, рушди илму фарҳанг ва адаб, татбиқи ахлоқи ҳамида ва одоби муошират, алалхусус дар миёни ҷавонон ҳамчун рисолати муқаддас пиндошта шавад ва ин бояд дар Стратегияи пешниҳодшуда мавқеи муҳимро доро бошад. Аз арзишҳои миллӣ, ки аслу асоси давлатдории миллии дунявии мо маҳсуб мешаванд, нангу номуси ватандорӣ ва дар амри густариши худшиносии милливу таърихии насли ҷавон истифода бурда шаванд. Илова бар ин, дар шароити ҷаҳонишавӣ, вусъати рақобатҳои геополитикӣ, авҷгирии зуҳуроти хатарноки ифротгароиву терроризм ва дигар мушкилоти глобалӣ таҳқиқи ҳамаҷонибаи афкори фалсафию ҳуқуқӣ, иҷтимоиву сиёсӣ ва ахлоқиву маънавӣ, омӯзиши фарҳанги моддиву ғайримоддии миллат дар самти афзалиятнок қарор гиранд. Зеро, маҳз ҳисси ватандӯстӣ намегузорад, ҳаракат ё падидаи нохуш амнияти миллатро халалдор кунад.
Ҷавонони мо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсолон, нерӯи тавоно, иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи давлат мебошанд. Фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо яке аз масъалаҳои муҳимтарини мо мебошад.
Тавре дар паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 зикр гардид, ки имрӯз беш аз 257 ҳазор нафар ҷавонон, ки 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Барои таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва ҳифзи минбаъдаи манфиатҳои ҷавонон сохтору мақомоти марбутаро вазифадор сохт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» - ро дар таҳрири нав таҳия намоянд ва имрӯз ин дастур амалӣ шуда манзури мо гаштааст. 
Қонун дар рафти танзим бояд иникосгари ҳайати воқеии ҷамъият бошад ва он вақт ӯ метавонад пурра қудрати танзимкунии худро нишон диҳад. Ҳамчун иникосгар на танҳо меъёри ҳуқуқиро фаро мегирад, балки барои танзими муносибатҳои мушаххаси ҷамъиятӣ, равона карда мешавад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз 15 июли соли 2004 қабул гардида, имрӯз мавриди амал қарор дорад мақсадҳои дар пеш гузоштаи худро амалӣ намуда истодааст. Аммо имрӯз, чи тавре ки дар боло зикр намудем ҷомеа хеле пеш рафтааст, тамоюлҳо бошиддат тағрйирёбандаанд. Таҷрибаи ҳуқуқэҷодкунӣ собит менамояд, ки бо мурури пешравии ҷомеа, ба вуҷуд омадани тағйиротҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ зарурати ба шароити нав мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба миён меояд. Чун ҳаёт доим дар такомулу тағйирот аст, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ мувоҷеҳи тағйирот мешаванд. Аз ин рӯ дар таҳрири нав таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ё ба он ворид намудани тағйиру иловаҳо раванди табии ҳуқуқэҷодкунӣ буда, он дар таҷрибаи ҳуқуқэҷодкунии ҷумҳурии мо васеъ истифода бурда мешавад.
Ҷараёни эҷоди Қонун барои ҳамагуна давлат аҳамияти муҳим дорад. Дар ҷараёни ҳуқуқэҷодкунӣ қадам ба қадам он қоидаҳои рафторе ифода карда мешавад, ки аз рӯи он ҷамъият зиндагӣ ва ҳаёти шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва давлат ба танзим дароварда мешавад.
Аз ин лиҳоз лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав саривақтӣ мебошад, зеро сиёсати ҷавонон яке аз соҳаи пешқадами ҷомеа буда, барои танзими муносибатҳои наве, ки дар ин соҳаи ҷомеа ба миён омадааст, қабули Қонуни мазкур бомаврид мебошад. 
Лоиҳаи Қонуни мазкур дар тафовут аз Қонуни амалкунанда дар он аст, ки ба замони имрӯза ҷавобгӯй буда, дар лоиҳа бештар ба самти тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандустӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ, ташаккули мафкураи миллӣ бо роҳи тарбия намудани ҷавонон дар самти шинохти бештари манфиатҳои миллӣ ва ташаккул додани ҳисси оштинопазир ба терроризму экстремизм (ифротгароӣ), коррупсия, нашъаҷалобӣ ва дигар намуди ҷинояткорӣ дар онҳо, инчунин ташаккули ахлоқи ҳамидаи ҷавонон, фаъол намудани онҳо дар самти анҷом додани корҳои ихтиёрии ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани ҳисси эҳтироми ҷавонон ба фарҳанги миллӣ, меъёрҳо муқаррар шудааст.
Яке аз ҳадафҳои дигари сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ҷавонон ин тарбияи дурусти кадрҳо, мутахассисону донишмандони соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии комил, ватандӯсту ватанпарастӣ буда, мақсади қабули Стратегия сиёсати давлатии то соли 2030 ин ҳам барои баланд бардоштани манфиатҳои миллию давлатӣ, ҳифзи ҷавонон ва рушди эҳёи кишвар равона шудааст.
Ҷавонони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, бо садоқату муҳаббат ватандории хешро исбот намуданд, ки сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи давлати мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст бароҳ монда шудааст.
Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. 
Имрӯз ҷавонон, ки қишри ояндасозу қувваи пешбарандаи давлату миллат ба ҳисоб мераванд, дар ҳама соҳаҳои рушдиҳандаи давлат хизмат мекунанд. Барои боз ҳам баланд бардоштани донишу малакаи ҷавонон ҷиҳати ба илму дониш фаро гирифтани онҳо аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат чораҳои муассир андешида мешавад. Таваҷҷӯҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон аст, ки соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» эълон гардида, самтҳои афзалиятноки сиёсати кадрии ҷавонон мавриди омӯзиш қарор гирифта, кадрҳои ҷавон ба вазифаҳои пурмасъули давлатӣ таъин ва пешбарӣ мешаванд.
Дар навбати худ имрӯз ҷавонони саодатманди Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз фазои озоду обод, аз неъматҳои беназири Истиқлолияти миллӣ, бо дастгирии ин сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеш бурда истодаанд.
Ҷавонон худро пайравони асили Пешво миллат дониста, тавре зикр намудем, имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ нақши дастони онҳо намоёну назаррас аст. Мо ба ҷавонони содиқу сазовори Ватан ифтихор менамоем.
Пешниҳод дорам, ки лоиҳаи қонун бо дар назардошти таклифу пешниҳод такмил дода шавад ва инчунин мехостам дар анҷоми баромад се таклиф ба лоиҳаи баррасишаванда пешниҳод намоям:
- синну соли ҷавонон 14 – 35 сола муайян шавад;
- дар қонуни амалкунанда ҳуқуқи ҷавонон дар соҳаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар моддаи алоҳида 14 мушаххас шудааст, ки мутассифона дар лоиҳа чунин меъёри алоҳидаи мушаххаскунанда пешбинӣ нашудааст:
- моддаи 18 лоиҳа дар таҳрири нав пешниҳод шавад, хуб мешуд аз моддаи 4 қонуни амалкунанда истифода бурда шавад.
Ташаккур ба таваҷҷуҳатон.

СУХАНРОНИИ РАҲМОНЗОДА А.Қ. –
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ


Муҳтарам Шуҳрат Азиззода!
Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ! 
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳар як кишвари олам барои рушду нумӯъ ва таҳкими давлатдорӣ, нуфуз ва эътибори баланд, пеш аз ҳама ба ақлу хирад, бунёдкориву созандагии ҷавонон такя намуда, ояндаи дурахшони хешро бо онҳо мепайвандад. Дар марҳилаи навини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвари мо низ ҷалби нерӯи ҷавонон, бахусус дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумат ниҳоят муҳим мебошад. 
Тоҷикистон аз ҷиҳати аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз кишварҳои ҷавон маҳсуб меёбад, зеро қариб 70 фисади аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ояндаи давлату миллати мо ба насли ҷавон мансуб буда, маҳз онҳо дар байни дигар табақаҳои аҳолӣ фаъолнокии бештар зоҳир карда, дар раванди татбиқи ормонҳои миллӣ умеду такягоҳи давлат мебошанд.
Воқеан, сатҳи рушд ва нуфузи ҳар як кишвар дар арсаи байналмилалӣ пеш аз ҳама ба он вобаста аст, ки ҷавонон то чӣ андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир мебошанд ва метавонанд ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати худ дарк намоянд.
Дар давоми 29 соли Истиқлолияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани саҳми ҷавонон дар ҷомеа, муассир гардонидани нақши онҳо дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар тадбирҳои амалӣ андешида истодааст. Дар ин муддати кӯтоҳ, вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҷавонон, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти онҳо, инчунин татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо боиси хеле боло рафтани мавқеи ҷавонон дар ҷомеа гардид. 
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ давлату Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, сиёсати кор бо ҷавононро яке аз авлавиятҳои сиёсати давлатӣ қарор дод.
Давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати таҳкими заминаҳои меъёрию ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон мунтазам чораандешӣ намуда, санадҳои ҳуқуқиеро, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар ин самт ба танзим медароранд, қабул намудааст ва онҳоро доимо такмил медиҳад.
Тавре ки маълум аст, бо дарназардошти рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами давлатҳо ва ҷиҳати ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои то соли 2020 қабул гардида буд, зарур шуморида шуд, ки бо мақсади иҷрои бандҳои 82 ва 83 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2020, №АП-1325 “Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи рушди сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар таҳрири нав омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Лоиҳаи санадҳои мазкур аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳия гардидааст, ки Шумо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, фикр мекунам бо матни онҳо шинос шудед.
Маврид ба зикр аст, ки яке аз хусусиятҳои муҳими лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар он аст, ки самтҳои афзалиятнок бо дарназардошти талаботи замон ва ҷомеаи муосир тарҳрезӣ гардидаанд. 
Тибқи муқаррароти он, бояд фаъолияти Кумита ба амалигардонии 10 самтҳои афзалиятноки зерини сиёсати давлатии ҷавонон равона карда шавад:
1. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо.
2. Ташаккули мафкураи миллӣ бо роҳи тарбияи ҷавонон дар самти шинохти бештари манфиатҳои миллӣ ва ба вуҷуд овардани ҳисси оштинопазир ба терроризму экстремизм (ифротгароӣ), коррупсия, нашъаҷаллобӣ ва дигар намуди ҷинояткорӣ дар онҳо.
3. Ташаккули ахлоқи ҳамидаи ҷавонон, фаъол намудани онҳо дар самти анҷом додани корҳои ихтиёрии ҷамъиятӣ (фаъолияти волонтёрӣ) ва баланд бардоштани ҳисси эҳтироми ҷавонон ба фарҳанги миллӣ.
4. Таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва идоракунии давлатӣ, аз ҷумла бо роҳи дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо.
5. Таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҷавонон.
6. Таъмини ҳифзи саломатӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди ҷисмонии ҷавонон.
7. Фароҳам овардани шароит ҷиҳати гирифтани таҳсилоти сифатнок барои ҷавонон ва таъмини рушди ихтироъкорию эҷодкории онҳо.
8. Таъминоти иҷтимоии ҷавонон, таъмини онҳо ба шуғли пурмаҳсул ва ҷойи кори муносиб.
9. Таъмини мустақилияти иқтисодии ҷавонон, мусоидат намудан ба рушди фаоълияти соҳибкории ҷавонон, ҷалби онҳо ба хоҷагидорӣ ва ҳунармандӣ.
10. Тарбия, омодасозӣ ва дастгирии мутахассисони ҷавон ҷиҳати пешниҳод намудани онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда.
Бояд иброз намоям, ки дар лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати мақсаднок амалӣ шудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ду тарафи масъала ба инобат гирифта мешавад:
Вазифаҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷиҳати амалӣ намудани самтҳои мазкур, ки бештар хусусияти мафкуравӣ ё назариявии идеологӣ дорад.
Вазифаи вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои кор бо ҷавонон дар самти татбиқи амалии самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон.
Яъне бо ин роҳ мо дар ояндаи наздик ба он муваффақ хоҳем гардид, ки ҷавононро ҳам аз лиҳози руҳию равонӣ ва мафкуравӣ ва ҳам аз лиҳози амалӣ, яъне таъмини ширкати бевоситаи он дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеа омода месозем.
Бояд иброз намоям, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо маҷмӯи амалу тадбирҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ оид ба баланд бардоштани рӯҳия ва эҳсоси ватандӯстии ҷавонон, ташаккули худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ дар замири онҳо ва омода намудани онҳо барои ҳифзи марзу буми мамлакат, амнияти ҷомеа, истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои миллӣ мебошад. Бо мақсади татбиқи босамари ин самти афзалиятнок, ки дар лоиҳаи Қонуни мазкур дарҷ гардидааст, “Барномаи давлатии ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022” қабул гардидааст.
Имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ мубориза ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегонагон бидуни мавҷудияти ақидаи устувор дар кадом соҳае, ки набошад, ғайриимкон аст. Пешгирӣ кардан аз ифротгароию тундгароӣ яке аз омилҳои муҳими ҳифзи миллат, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот ва рушди кишвари азизамон мебошад, ки дар лоиҳаи мазкур самтҳо ва бо роҳу усулҳои нави таъсиррасонӣ пешгирӣ намудани ҷавонон аз ифротгароиву амалҳои террористӣ ва шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои тундрав возеҳ нишон дода шудааст.
Таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва идоракунии давлатӣ, аз ҷумла бо роҳи дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб рафта, бо мақсади фаъолгардонии сиёсӣ, таҳкими иқтидор ва захираи мутахассисони соҳаи идоракунӣ, ҳавасмандгардонӣ ва таъмини ҳуқуқи ҷавонон ба идоракунӣ ва ҳуқуқэҷодкунӣ, таъмини таҷриба, такмили малака, маҳорати идоракунӣ ва роҳбарии ҷавонон, дастгирии шарикии ҷавонон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо дар таҳия ва амалисозии барномаҳои мақсадноки алоқаманд, инчунин амалисозии босамари сиёсати давлатии ҷавонон ба роҳ монда мешавад.
Таҷрибаи кишварҳои рӯ ба тараққӣ нишон медиҳад, ки тақвияти соҳибкории хурду миёна ва ҷалби ҷавонон ба ин шуғли шоиста омили муҳимтарини рушди ҳар як кишвар мебошад. Ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ имкон медиҳад, ки мо на танҳо масъалаи ба шуғл фаро гирифтани онҳоро ҳал намоем, балки саҳми тиҷорати хурдро низ дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд гардонем. Аз ин рӯ, дар лоиҳаи мазкур таъмини мустақилияти иқтисодии ҷавонон ва дар ин замина, мусоидат намудан ба рушди фаъолияти соҳибкории ҷавонон, ҷалби онҳо ба хоҷагидорӣ ва ҳунармандӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон интихоб гардидааст.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз қабили вируси норасоии масъунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, нашъамандӣ, сил, бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда ва дигар бемориҳои сироятӣ наврасону ҷавононро зери таҳдиди шадид қарор додааст. Аз ин рӯ, “Таъмини тарзи ҳаёти солими ҷавонон” яке аз самти муҳими афзалиятнок дар лоиҳаи пешбинишуда ҳисобида мешавад.
Дар шароити бархурди тамаддунҳо, омезиши маданияту фарҳанг ва воридшавии расму оинҳои бегона ба ҳаёти ҷамъиятӣ имрӯз дар ҳаёти ҷавонон таъсири манфӣ эҳсос карда мешавад. Аз ин рӯ, дар лоиҳа ба самти ташаккули ахлоқи ҳамидаи ҷавонон, фаъол намудани онҳо ҷиҳати анҷом додани корҳои ихтиёрии ҷамъиятӣ (фаъолияти волонтёрӣ) ва баланд бардоштани ҳисси эҳтироми ҷавонон ба фарҳанги миллӣ низ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир гардида, вазифаи мақомоти марбута муаяйн мешавад. 
Бояд иброз намоям, ки низоми соҳаи кор бо ҷавонон дар қиёс ба талаботи ҷавонон ва ҷомеаи муосир ташаккул додани заминаи устувори рушдёбиро тақозо мекунад. Аз ҷумла, ташкили имкониятҳои омодасозии мутахассисони касбӣ, дастгирии (роҳандозӣ намудани) корҳои илмию тадқиқотии масъалаҳои амалишавии босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди захираҳои инфрасохторӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Бинобар ин, самти тарбия, омодасозӣ ва дастгирии мутахассисони ҷавон ҷиҳати пешниҳод намудани онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда яке аз самтҳои муҳим дар лоиҳаи Қонун арзёбӣ мегардад.
Дар маҷмуъ лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” аз 32 модда, 5 боб иборат буда, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавононро бо мақсади амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон пешбинӣ карда, истифодаи босамари неруи зеҳнӣ ва маънавии онҳоро ба манфиати ҷомеа муайян менамояд. 
Дар боби 1 муқаррароти умумӣ, яъне меъёрҳо вобаста ба мафҳум, вазифа, принсип ва самтҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон муқаррар гардидаанд.
Боби 2 асосҳои идоракунӣ дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавононро муқаррар намуда, дар он салоҳият ва ваколатҳои субъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон ба таври алоҳида дарҷ гардидаанд.
Боби 3 асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавононро муайян намуда, тамоми масъалаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷавонон, инчунин амалисозии ҳуқуқҳои онҳо вобаста ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон танзим гардидаанд.
Боби 4 муносибатҳои байналмилалиро дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон муқаррар карда, тибқи он ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амалӣ гардида, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар ташкили инфрасохтори соҳаи кор бо ҷавонон иштирок намоянд.
Боби 5 аз муқаррароти хотимавӣ иборат буда, масъалаҳои аз эътибор соқит донистан ва тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкурро дар бар мегирад.
Ҳозирини арҷманд!
Дар заминаи лоиҳаи Қонуни мазкур бо дарназардошти ба итмом расидани муҳлати амали Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ва ҷиҳати ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани Стратегияи мазкур зарур шуморида шуд, ки дар асоси Стратегияи рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи рушди сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар таҳрири нав омода карда шавад.
Пеш аз ҳама, стратегияи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва нишондодҳои асосиеро, ки ҳалли вазифаҳои афзалиятнок ва ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои мушаххасро дар заминаи истифодаи оқилонаи захираву иқтидорҳои мавҷуда фарогир мебошанд, дар бар мегирад.
Стратегия ба амалисозии мақсад ва вазифаҳое нигаронида шудааст, ки ба рушди имкониятҳои иҷтимоию иқтисодии ҷавонони Тоҷикистон дар ҷомеаи муосир мусоидат менамояд. Интихоби самтҳои афзалиятнок ё стратегии сиёсати давлатии ҷавонон ба натиҷаҳои таҳлил ва дурнамои равандҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати рушди ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси таҳлили ҳисобот ва ҳуҷҷатҳои расмӣ ошкор гардидаанд, асос меёбад.
Ҳадафи асосии стратегияи мазкур ин амалӣ гардидани босамари сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун сармояи инсонӣ дар шароити ҷомеаи муосир ва мутобиқ ба талаботи воқеии ҷавонон, ташаккули иштирок ва фаъолнокии онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат мебошад. Дар роҳи расидан ба ҳадафи асосӣ самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун ҳадафҳои стратегӣ ба беҳбудии вазъи зиндагии насли ҷавон, афзоиши саҳми онҳо дар рушди муносибатҳо дар мамлакат мусоидат намуда, ҳамзамон омилҳо ва зуҳуроти номатлубро дар байни ҷавонон коҳиш медиҳад, муқаррар карда мешаванд. 
Дар лоиҳаи стратегияи мазкур вазъи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон вобаста ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон мавриди таҳлил қарор дода шуда, мушкилиҳо ва омилҳои ба он мусоидаткунанда ошкор гардидаанд.
Бинобар ин, бо мақсади бартараф намудани ин мушкилот механизми амалишавии стратегия ҳамчун механизми рушди устувори сиёсати давлатии ҷавонон муқаррар шудаанд.
Дар лоиҳаи мазкур механизми амалишавии стратегия ҳамчун механизми рушди устувори сиёсати давлатии ҷавонон аз тарзу усул, тартиб ва василаҳои муайяни идоракунӣ иборат буда, бо истифода аз низоми идоракунии соҳаи кор бо ҷавонон ва дигар субъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон, захираҳо ва имкониятҳои ташкилию молиявӣ дар шакли таҳия ва амалисозии тадбирҳои амалӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии сиёсати давлатии ҷавонон ба роҳ монда мешавад.
Амаликунандагони механизми амалишавии стратегия субъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон - вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳои дахлдор мебошанд, ки аз натиҷаи иҷрои тадбирҳои алоқаманд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон мунтазам гузориш пешниҳод менамоянд.
Инчунин, оид ба тадбирҳои амалишавандаи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии стратегия таҳия гардида, иҷрокунандагон вазифадор мешаванд, ки тибқи муҳлати муқарраргардида бандҳои онро иҷро намоянд.
Дар маҷмуъ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи рушди сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” аз 28 банд, 6 боб иборат буда, ҳадаф ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавононро муайян намуда, ҳамчун механизми амалишавии бонизоми он таҳия гардидааст.
Ташаккур барои диққататон!