Ҷаласаи нахустини Шӯрои ҷамъиятӣ дар соли 2020

28-уми январи соли 2020 дар маҷлисгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 баргузор гардид.

Модератори ҷаласа Мусоева Р.Ғ. – узви Шӯрои ҷамъиятӣ, Раиси Комиссияи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омода намудани пешниҳодҳои Шӯро ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзномаи ҷаласа:

1. Шарҳу эзоҳи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 26.12.2019».
2. Оид ба нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020. Ахбороти Н. Саидов – Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ
3. Ахбороти Шаҳидӣ М. З. – Раиси ташкилоти ҷамъиятии “Бунёди байналмиллалии Зиёдулло Шаҳидӣ” оид ба муаррифии лоиҳаи COMPASS
4. Масъалаҳои ҷорӣ.

Дар кори ҷаласа Сироҷзода Сайфиддин – Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Раҳимӣ Фарҳод – Раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Намояндаи ваколатдори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холиқзода Абдураҳим Ғаффор – Раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳалии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Намояндаи ваколатдори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
I. Дар оғози ҷаласа Сироҷзода С. – Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, моҳияти мавзӯи мавриди назарро барои иштирокчиён баён намуданд.
Сипас, Раҳимӣ Ф. ва Холиқзода А. Ғ суханронӣ намуда, оид ба масъалаҳои муҳиме, ки дар Паём дарҷ гардидаанд ахбороти муфассал баён карданд.Қайд карда шуд ин Паёми 20-умини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки баъди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 55 ва 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми сентябри соли 1999 аз соли 2000 инҷониб ироа мегардад ва инчунин барои ҳар сокини Тоҷикистон боиси фараҳу шодмонист, ки Пешвои муаззами миллат зимни ироаи паёмҳои хеш, зина ба зина бо таҳлили амиқи вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ба масоили соҳаи иҷтимоиёт, фарҳанг, илму маориф, сиёсати ҷавонон, занон, оила ва варзиш аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд.
Баъдан, Мусоева Р.Ғ. – Раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омода намудани пешниҳодҳои Шӯро ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ахборот дода қайд намуд, ки дар моҳи сентябри соли гузашта, тибқи нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятӣ 53 (панҷоҳу се) пешниҳодро таҳия намуда, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, то масъалаи ворид кардани онҳо ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шавад. Бояд гуфт, ки қисми зиёди пешниҳодҳои ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми 2020 ба инобат гирифта шудаанд.
Дар маҷмӯъ бояд зикр кард, ки дар Паём Роҳбари давлат ба савлолу пурсишҳои зиёде, ки ба рушди ҷомеаи имрӯза робита доранд, ҷавобҳои мушаххас дод, ки ин тарзи масъалагузорӣ ҳеҷ касеро дар ҷомеа бетараф ва бепарво гузошта наметавонад.

Ҷаласа қарор қабул кард:

1.Ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, мониторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳо, ки аз «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2019 ва нақши бунёдии он дар рушди ҷомеа» бармеояд идома дода, пешниҳодҳои мушаххасро ба Котиботи Шӯро манзур намоянд.
2.Роҳбарони ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар ташкилотҳои хеш ҷаласа баргузор намуда дар он «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2019 ва нақши бунёдии он дар рушди ҷомеа» мавриди омӯзиш ва таҳлил намуда, вазифаҳои гузошташударо сармашқи фаъолияти тешкилоти хеш қарор дода ахборотро ба Котиботи Шӯро пешниҳод намоянд.
Маърӯзаи Сироҷзода С., Раҳимӣ Ф. ва Холиқзода А. Ғ.. дар сомонаи интернетии www.shuro.tj гузошта шуда, дар Бюллетени Шӯрои ҷамъиятӣ нашр карда шавад.

II. Дар баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа Н.Саидов ахборот дод, ки лоиҳаи Нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020, ки он дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии 23.12.2019 муҳокима гардида буд, баъди ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 26.12.2019 якҷо бо бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа такмил дода шуда, барои имзо ба Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки рӯзи 15.01.2020 аз ҷониби Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардид. Қайд гардид, ки дар соли 2020 10 (даҳ) ҷаласа ба нақша гирифта шудааст ва 2 (ду) ҷаласа: яке дар ноҳияи Балҷувони вилоти Хатлон ва дигаре дар шаҳри Истаравшани вилоти Суғд баргузор хоҳанд гашт.
Н. Саидов илова намуд, ки Нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020-ро бо имзои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба воситаи почтаи ҳукуматӣ ба вазоратҳо, кумитаҳо ва ба шӯроҳои ҷамъиятии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ирсол гардид.

Ҷаласа қарор қабул кард:

1.Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ Нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020-ро ба воситаи почтаи электронӣ ба ҳамаи ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ирсол намояд.
2.Роҳбарони ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, ки мехоҳанд дар ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе ва дар ҷаласаҳои сайёри Шӯрои ҷамъиятӣ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ва шаҳри Истаравшани вилояти Суғд баргузор мегардад иштирок ва суханронӣ намоянд, ба Котиботи Шӯро муроҷиат намоянд.

III. Оид ба масъалаи сеюми рӯзнома Шаҳидӣ М. З. – Раиси ташкилоти ҷамъиятии “Бунёди байналмиллалии Зиёдулло Шаҳидӣ” оид ба мазмун, мундариҷа ва рафти кори лоиҳаи COMPASS дар мавзӯи “Саҳми аҳли илму фарҳанг барои амалӣ намудани вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ва Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар дода шавад” ахборот дод.
Қайд гардид, ки дар конференсияи навбатии лоиҳаи COMPASS бо унвони: “Тоҷикистон ва Дипломатияи фарҳангии Осиёи Марказӣ ва Авруосиё”, (17-18 сентябри с. 2019) баргузор гашта, олимон, сиёсатшиносон, фарҳангшиносон ва мутахассисони физика ва энергетикаи кишварҳои Британияи Кабир, Беларуссия, Озарбоӣҷон ва Ӯзбекистонро муттаҳид сохт. Дар натиҷа роҳҳои нави ҳамгироии илмӣ, ҳамкориҳо бо созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатии ҷаҳонӣ баҳри рушди ҷомеаи устувори миллӣ/ҷаҳонӣ, равшантар гардиданд.
Маводи конфронси номбурда бо унвони: “Тоҷикистон ва Дипломатияи фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ ва Авруосиё” ба забони англисӣ дар нашрияи донишгоҳи Кенти Британияи Кабир, дар шакли китоби алоҳида ба чоп расид. Дар он тадқиқотҳои 8 муҳаққиқи тоҷик дар қатори муҳаққиқони Британияи Кабир ва Иттиҳоди Аврупо ба чоп расида, ба ҳамгироии илмии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо саҳми арзанда гузоштанд. Мо тарҷумаи онро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар нақша дорем. Аз моҳи сентябри соли гузашта то ба имрӯз дар ин самт хело корҳоро анҷом дода тавонистем.

Котиботи Шӯрои ҷамъиятии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешниҳодҳо:

1. Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатӣ презентатсияи (муаррифии) китоби “Тоҷикистон ва Дипломатияи фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ ва Авруосиё”-ро ҳарчӣ тезтар созмон диҳад.
2. Барои ташкил намудани презентатсияи (муаррифии) китоби номбурда ба Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ аз ҳисоби Лоиҳа маблағ дар ҳаҷми 100$ ҷудо карда, дар оянда низ маҷлисҳои мақсаднок оиди лоиҳаи мазкур бо ҳамин маблағ пешбинӣ шавад.
3. Дар ҷамъомади номбурда мутахассисон бо таҷрибаи кори байналмилалӣ аз ҷумлаи устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқотҳои стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Вазорати молия, Кумитаи ҷавонон ва ҷавонони бо лаёқати забони англисидон иштирок намоянд.

Ҷаласа қарор қабул кард:

-Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ Н.Саидов пешниҳодҳои муҳтарама М.Шаҳидӣ-ро ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор дода, ахборотро ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳнамоӣ ирсол намояд.

Ҳамин тариқ, Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ дар моҳи январи соли 2020
- банди 1-уми Нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятӣ барои соли 2020 – оид ба Шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 ва нақши бунёдии он дар рушди ҷомеа ва
- банди 6-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27-уми январи соли 2017 “Оид ба идома бахшидани мониторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат” ба иҷро расонид.