Нақши интихобот дар таҳким ва густариши демократия

 Нақши интихобот дар таҳким ва густариши демократия дар Тоҷикистони соҳибистиқлол

18-уми феврали соли 2020 дар маҷлисгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласа:

1. Нақши интихобот дар таҳким ва густариши демократия дар Тоҷикистони соҳибистиқлол
2. Масъалаҳои ҷорӣ.

Модератори ҷаласа Асозода Мусо – узви Шӯрои ҷамъиятӣ, Раиси Ассотсиатсияи воситаҳои мустақими электронии иттилоотии оммавии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар кори ҷаласа Ализода З. – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Саидов Н. Ш. – Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Худоёрзода Б. Т. – Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ғайриҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ҷамъиятҳои миллӣ-фарҳангӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар оғози ҷаласа Ализода Зариф бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, қайд намуд, ки ба низоми интихоботии кишвар соли 1999 як низоми нав бо номи “Низоми омехтаи интихобот” ҷорӣ карда шуд, ки бо ин низом ҳам ҳизбҳои сиёсӣ бевосита иштирок мекунанд, ҳам шахсони ба тариқи худпешбарӣ худро пешбарӣ мекунанд ва ин низом барои ҷомеаҳои демократӣ низоми нав нест ва Тоҷикистон ҳам вобаста ба ҳаёти мавҷудаи худ ин низомро интихоб кард. Ин низом бисёр ҷиҳатҳои мусбии зиёд дорад, пеш аз ҳам имкон медиҳад, ки дар ҷараёни ҳаёти сиёсӣ – ҳизбҳои сиёсӣ низ иштироки фаъолона кунанд. Тоҷикистон дар низоми омехтаи ҳизбҳои сиёсӣ бисёр имконияти васеъ дорад, ки дар ин ҷараён аз рӯи рӯйхати ҳизбӣ иштирок намоянд ва ба тариқи пешбарии номзадҳои худ аз ҳавзаҳои якмандатии интихобот натанҳо парлумони кишвар балки ба мақомотҳои маҳаллии интихоботии кишвар аз ин истифода барад.
Сипас, Н. Саидов оид ба мақсади баррасии мавзӯи мазкур қайд кард, ки мавзӯи “Интихобот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ” ба таври мунтазам ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ ворид гардидааст.
Соли 2014 дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ мавзӯи “Ҳизбҳои сиёсӣ ва интихоботи парламент дар Тоҷикистон” ва соли 2016 мавзӯи “Баррасии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро ба зарурияти гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ рӯзи 22-юми майи соли 2016 баррасӣ гардид.
Вобаста ба ин, мақсади ҷаласаи имрӯза баргузор намудани мубодилаи афкор миёни муҳтарам Ализода З. – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва муҳтарам Худоёрзода Б. Т. – Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ - ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятии оид ба рафти омодагӣ барои гузаронидани интихобот, мебошад
Мувофиқи мақсад аст, ки Шӯрои ҷамъиятӣ ҳамчун нерӯи муттаҳидкунандаи иттиҳодияҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар - пеш аз ҳама ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои иҷтимоӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва дигар ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани интихобот саҳмгузор бошад.
Баъдан, Худоёрзода Б. Т. – Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти корҳои ба анҷомрасида ҷиҳати баргузории интихобот маълумоти муфассал иброз намуд. (Матни суханрониҳо ба протокли ҷаласа ворид карда мешаванд)
Сипас, мубоҳиса оғоз гардид ва дар аввал намояндагони ҳизбҳои сиёсии аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ Қудратов Р. Р. – Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ғаффоров А. – Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Мирасанова З. – Намоянда аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Сафаров З. – Муовини якуми Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Комилзода А. – Намоянда аз Ҳизби демократии Тоҷикистон, Азизӣ А. А. – Муовини якуми Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки аз фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатбахшанд ва барои беҳтар намудани чорабинии мазкур пешниҳодҳо намуданд.
Сипас аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ Раҷабов А. Шаҳидӣ М. Мусоева Р. Ғ. Исмоилов Ҷ. Зикрихудоев А. фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои мушаххасро иброз намуданд. (Пешниҳодҳо замима мегарданд)


Ҷаласа қарор қабул кард:

1. Ахбороти муҳтарам Худоёрзода Б. Т. – Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба чорабиниҳои омодагӣ интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Комиссияи мазкур бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил намудани интихобот амалӣ гардиданд, ба инобат гирифта шавад.
2. Пешниҳодҳо ва мулоҳизаҳои ташкилоти аъзои Шӯрои ҷамъиятиро ки дар рафти ҷаласаи имрӯза иброз гардиданд, аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шавад.
3. Ба раисони ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ супориш дода шавад, ки якҷо бо аъзои ташкилоташон дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ фаъолона иштирок кунанд ва ба тарафдории номзадҳои интихобкардаашон овоз диҳанд

Оиди масъалаи ҷорӣ Н Саидов суханронӣ намуда, эълон кард, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон дар мавзӯи “Рушди соҳаи сайёҳии кишвар ва муаррифии арзандаи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки Шӯрои ҷамъиятии вилояти Хатлон баргузор мегардад. Раисони ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, ки хоҳиши дар ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятӣ дар ноҳияи Балҷувон иштирок карданро доранд, қаблан ба Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ муроҷиат намоянд.

Котиботи Шӯрои ҷамъиятии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешниҳодҳои
ҳизбҳои сиёсии аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ вобаста ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ 18.02.2020 иброз гардид.

– Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон талаботи нави қонунгузориро оид ба беҳизбӣ будани аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар комиссияҳои интихоботӣ новобаста ба он ки мо аксарият будем, қабул ва пурра ҷонибдорӣ карда, онро дуруст мешуморад;
– бо назардошти муҳимияти масъала пешниҳод гардид, ки 3 қонуни конститутсионӣ дар бораи интихобот ва 1 қонун дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли Кодекси интихоботӣ таҳия ва қабул гардад, ки тамоми фаъолияти қонунгузориро дар самти мазкур вобаста ба талаботи рӯз фарогир бошад;
– интихоботи такрорӣ бекор карда шавад;
– интихоботи пешакӣ 1-2 ҳафта пештар оғоз ёбад;
– баъди ба Парлумон ворид шудан ё нашудан ҳам агар дар ним сол як маротиба аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ нишасти матбуотӣ шавад, то ки халқ аз фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ба воситаи ВАО бохабар гардад;
– масъалаи иҷтимоӣ ба ҳам наздик овардани хонаи кудакон ва хонаи пиронсолон. Агар дар оянда ҳамин масъала аз тарафи коршиносон омӯхта шавад, хуб мешуд аз сабабе, ки ин 2 ниҳод ба ҳам вобастагии зич доранд, ин масъала ба ҳисоб гирифта шавад;
– аз тарафи вакилони ҳизбҳои сиёсие, ки интихоб мешаванд, ақалан дар як моҳ як маротиба тавонанд аз мактабҳо дидан кунанд;
– вақте ки ҳизбҳои сиёсӣ вориди Парлумон мегарданд мувофиқи таҷрибаи кишварҳои гуногун масалан Руссия, Қазоқистон ва Германия бояд аз буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як овоз 10 сомонӣ маблағ ҷудо карда шавад;
– омода намудани участкаҳои интихоботӣ бо назардошти талаботи шахсони маъюбиятдошта;
– номзадҳо бояд баромадҳояшон бо забони имову ишора низ пешниҳод гардад;
– ҳизбҳо бояд дар оянда дар сафи худ коршиносон ва мутахассисонро аз ҳисоби маъюбонро низ ҷалб намоянд.