СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН АЗ НИГОҲИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” 27-уми ноябри соли 2020 ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаро Неъматзода М.М. – узви Шӯрои ҷамъиятӣ, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Раиси Кумита оид ба масъалаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисӣ намуд. Дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ гардид.
Дар кори ҷаласа Азизода Ш.Н. – Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Саидов Н.Ш .– Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода А.Қ. – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Содиқӣ Н.Н. – Раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонов Қ.Ш. – Раиси Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони Тоҷикистон, Раҳимзода У. – Муовини озоди Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва кормандони масъули сохторҳои соҳаи кор бо ҷавонон иштирок карданд.
Дар оғози кори ҷаласа муҳтарам Азизода Ш.Н. – Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, моҳияти мавзӯи мавриди назарро барои иштирокчиён баён намуд ва зикр дошт, ки «давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, фаъолгардонии онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон, ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти онҳо тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуданд, ки ин сиёсат дар оянда низ идома меёбад».
Сипас, Н. Саидов суханронӣ намуда, раисони тозаинтихоби ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ: Неъматзода М.М. – Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Раиси Кумита оид ба масъалаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Долимов Д. – Раиси Иттиҳодияи ӯйғурҳои Тоҷикистон ва Қурбонов Қ.Ш. – Раиси Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.
Баъдан, Раҳмонзода А.Қ. – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Содиқӣ Н.Н. – Раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонов Қ.Ш. – Раиси Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони Тоҷикистон суханронӣ карда, дар мубоҳиса ба саволҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ муфассал посух доданд (Суханрониҳо замима мегарданд).
Зимни мубоҳиса оид ба масъалаи мазкур раисони ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ: Акобирова Ш., Ким В.М., Маҳмадазимова М.М., Ратушенко Г.П., Зикрихудоев А., Ҳамидов С., Шаҳидӣ З., Малиев Г., Бобозода У., Қурбониён Б. суханронӣ намуда, пешниҳодҳои ташкилотҳои хешро оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва андешаҳои хешро оид ба роҳҳои ҳалли проблемаҳои мавҷуда дар соҳаи кор бо ҷавонон дар кишвар баён намуданд.
Дар анҷоми мубоҳиса Н.Саидов – Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, оид ба проблемаҳои мавҷуда дар самти кор бо ҷавонон аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ, фикру мулоҳиза, андешаҳо ва пешниҳодҳои ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятиро оид ба роҳҳои ҳалли онҳо иброз намуд.
Дар анҷом Н.Саидов иброз кард, ки дар айни замон Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ омодагиро ҷиҳати тартиб додани лоиҳаи Нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятӣ барои соли 2021 оғоз кардааст ва аз ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ – ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ғайриҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ҷамъиятҳои миллӣ-фарҳангӣ хоҳиш намуд, ки мавзӯъҳоро барои баррасӣ ҷиҳати ворид намудан ба Нақшаи кории Шӯро барои соли 2021 ба Котиботи Шӯро пешниҳод намоянд.
Бо сабаби хуруҷи мавҷи дуюми бемории коронавирус ҷаласа қарор қабул кард, ки ҷаласаи ҳисоботӣ оид ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар соли 2020 ба тариқи Он-лайн гузаронида шавад.
Котиботи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Пешниҳодҳои
ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмили фаъолияти созмонҳои соҳаи кор бо ҷавонон дар кишвар
- Мувофиқи мақсад аст, ки фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии “Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон”, “Пайравони Пешвои миллат”, “Созандагони Ватан”, “Авангард” ва Кумитаи ҷавонони Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шуда, механизми ягона ҳамчун унсури ҷузъии як воҳиди кул фаъолият кардани тамоми ташкилотҳои кор бо ҷавонон коркард ва дар амал татбиқ гардад.
- Ташкилоти ҷамъиятии “Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон” фаъолияташро дар Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоннок намояд.
- Ба ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” тавсия медиҳем, ки масъалаи ба узвияти Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуданро мавриди баррасӣ қарор дода, аз натиҷа ба Котиботи Шӯро ахборот пешниҳод намоянд
- Ба ташкилоти ҷамъиятии “Авангард” тавсия дода мешавад, ки робитаҳои кориро бо Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дар самти ҷалби ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дар ҳалли проблемаҳои мавҷуда дар самти кор бо ҷавонон густариш диҳад.
- Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро бо шӯроҳои ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамаҷониба ба роҳ монад.
- Ба Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки филлиалҳои худро дар вазоратҳо, кумитаҳо, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои кишвар таъсис дода, фаъолияти онҳоро зери низоми ягонаи корӣ ба роҳ монад.
- Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон дар миқёси ҷумҳурӣ дар ҳама чорабиниҳои сатҳи давлатӣ (сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ), ки ба ҷавонон тааллуқ доранд, ҷавонони дорои маъюбият низ ҷалб карда шаванд.
- Таҳияи “Консепсияи хониши китоб барои наврасону ҷавонон дар Тоҷикистон” ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонии наврасону ҷавонон ва маърифаткунонии онҳо мувофиқи мақсад аст.