Шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26.01.2021 аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ»

 

19-уми феврали соли 2021 дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 баргузор гардид. Модератори ҷаласа Мусоева Р.Ғ. – узви Шўрои ҷамъиятӣ, Раиси Комиссияи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омода намудани пешниҳодҳои Шўро ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рўзномаи ҷаласа: 1. Шарҳу эзоҳи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 26.01.2021 аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ» 2. Оид ба Нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 – Ахбороти Н.Саидов – Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3. Масъалаҳои ҷорӣ. Дар кори ҷаласа мўҳтарам Сироҷзода С. – Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Раҳимӣ Ф. – Намояндаи ваколатдори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, Усмонзода Х.У. – Намояндаи ваколатдори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини Раиси Кумита оид ба корои баӣналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар оғози ҷаласа Н.Саидов раисони нави тозаинтихоби ташкилотҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ: Малиев Гулмурод – Раиси ташкилоти ҷамъиятии “Итттифоқи арбобони санъати Тоҷикистон”, Мустаҷобова Рудоба – Раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон-ро муаррифӣ намуда, онҳоро ба муносибати раиси нав интихоб шуданашон табрик намуд ва изҳор дошт, ки раисони ташкилотҳои тозаинтихоб метавонанд минбари Шўрои ҷамъиятиро барои тарғибу ташвиқи ҳадафҳои созандаи ташкилоти хеш истифода баранд. Сипас, Сироҷзода С., Раҳимӣ Ф., Усмонзода Х.У. суханронӣ карда, оид ба масъалаҳои муҳиме, ки дар Паём дарҷ гардидаанд ахбороти муфассал баён намуданд ва дар мубоҳиса ба саволҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ муфассал посух доданд. (Матни суханрониҳо замима мегарданд). Баъдан, аз ҷониби аъзои Шўрои ҷамъиятӣ Мусоева Р.Ғ. – Раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омода намудани пешниҳодҳои Шўро ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ахбороти муфассалро иброз намуд. Дар мубоҳиса раисони ташкилотҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ: Ғаффоров А., Усмонзода С., Ҳамидов С., Ратушенко Г.П., Ким В.М., Шарипова М.В., Шарипова Д., Шарипов А.Ф., Акобирова Ш. ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуда, оид ба ҷанбаҳои гуногуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 26.01.2021 аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои мушаххаси хешро баён намуданд. Ҷаласа қарор қабул кард: 1. Бо мақсади идома бахшидани мониторинги ҷараёни иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 26.01.2021 мувофиқи мақсад аст, ки дар яке аз ҷаласаҳои Шўрои ҷамъиятӣ (тақрибан дар семоҳаи чоруми соли ҷорӣ) ахбороти раёсатҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату кумитаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро оид ба рафти иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 26.01.2021 бармеояд, шунида шавад 2. Ташкилотҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ дар созмонҳои хеш ҷаласа баргузор намуда, дар он «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 26.01.2021 аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ» мавриди омӯзиш ва таҳлил намуда, самтҳои онро сармашқи фаъолияти ташкилоти хеш қарор дода, ахборотро ба Котиботи Шўро пешниҳод намоянд. 3. Маърўзаи Сироҷзода С., Усмонзода Х.У. ва Раҳимӣ Ф. дар сомонаи интернетии www.shuro.tj гузошта шуда, дар Бюллетени Шўрои ҷамъиятӣ нашр карда шавад. Оид ба масъалаи дуюми рўзномаи ҷаласа Н.Саидов ахборот дод, ки лоиҳаи нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021, ки он баъди ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 26.01.2021 якҷо бо бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа такмил дода шуда, барои имзо ба Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид ва рӯзи 29.01.2021 аз ҷониби Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардид. Қайд гардид, ки дар соли 2021 9 (нўҳ) ҷаласа ба нақша гирифта шудааст, 7 ҷаласа дар шаҳри Душанбе ва 2 (ду) ҷаласа: яке дар ноҳияи Балҷувони вилоти Хатлон ва дигаре дар шаҳри Истаравшани вилоти Суғд баргузор хоҳанд гашт. Ахборот барои маълумот қабул карда шуд. Оид ба масъалаи сеюми ҷаласа Н. Саидов қайд кард, ки солҳои охир дар ҷаласаҳои Шўрои ҷамъиятӣ мо якчанд масъалаҳоеро мавриди баррасӣ қарор дода истодаем, ки онҳо ба сиёсати хориҷӣ дахл доранд, аз қабили: тарғиби ҳамаҷонибаи моҳият ва аҳамияти ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи “Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, рӯзноманигорон, кормандони шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои дигари ахбори оммаи ғайриҳукуматӣ, дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ва баргузории Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзўи “Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкории Шанхай: густариши ҳамкорӣ баҳри субот ва рушду инкишоф. Бахшида ба 20-солагии таъсисёбии СҲШ ва Раёсати ҶТ дар СҲШ солҳои 2020-2021” дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, мо ният дорем барои баррасӣ дар ҷаласаҳои Шўрои ҷамъиятӣ мавзўи “Саҳми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалишавии сиёсати хориҷӣ”-ро низ дохил кунем. Бинобар ин, пешниҳод менамоем, ки дар сохтори Шўрои ҷамъиятӣ Комииссия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ созмон дода шавад. Баъди муҳокимаи ин пешниҳод ҷаласа қарор қабул кард: 1. Дар сохтори Шўрои ҷамъиятӣ Комиссия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ созмон дода шавад; 2. Ҳайати гурўҳи корӣ Саидов Н.Ш., Азизова Т.О., Алимов С.Ю., Каримов Ш., Виктор К.М. созмон дода шуда, дар муддати 3 (се) моҳ Низомномаи Комиссияро омода намуда, барои тасдиқ ба ҷаласаи Шўрои ҷамъиятӣ пешниҳод намоянд. Ҳамин тариқ, Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ дар моҳи феврали соли 2021 - банди 1-уми Нақшаи кори Шўрои ҷамъиятӣ барои соли 2021 – оид ба шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва - банди 6-уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27-уми январи соли 2017 “Оид ба идома бахшидани мониторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат”, ки мунтазам бояд гузаронида шавад, ба иҷро расонид.

Котиботи Шўрои ҷамъиятии

Ҷумҳурии Тоҷикистон