Баромад оид ба лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар ҷаласаи Шўрои ҷамъиятӣ

Муҳтарам аъзои Шўрои ҷамъиятӣ,

Муҳтарам ҳозирин,

Татбиқи ҳадафмандона ва муваффақонаи чорабиниҳои «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» ва дастовардҳои иқтисодии кишвар дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии стратегӣ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ба кишвари ободу зебои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта табдил додани Ватани маҳбуб мусоидати ҳамаҷониба намуда, моро ба ҳадафҳои волотар ҳидоят менамояд. Бо мақсади фароҳам овардани заминаи воқеӣ ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки дар он афзалиятҳои миллии рушди ҷумҳурӣ барои панҷ соли минбаъда бо андешидани 765 тадбири зарурӣ пешбинӣ шудаанд, таҳия гардидааст ва имрўз барои баррасӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ манзур шудааст. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Моро зарур аст, ки тавассути вусъат бахшидани татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» нисбат ба имрўз беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардумро таъмин намоем, зеро ҳар як фарди кишвар сазовори зиндагии шоиста ва ҳаёти осудаву арзанда мебошад». Таҳлилҳои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар давоми 5 соли охир аз он шаҳодат медиҳанд, ки ба шарофати сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои олии стратегии мамлакат, роҳандозӣ ва татбиқи барномаҳои соҳавию минтақавӣ, идомаи азнавсозии инфрасохтори соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва таҳкими низоми молиявӣ барои таъмини рушди иқтисоди миллӣ заминаи боэътимод фароҳам овард. Тавре, ки дар боло зикр гардид, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, дар солҳои 2016-2020 новобаста аз таъсири буҳронҳои иқтисодию иҷтимоии глобалӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ нисбат ба шарикони асосии тиҷоратии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд дастовардҳои бузург ноил гардид. Суръати рушди устувори иқтисодӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар миқёси кишварҳои пасошӯравӣ маҳсуб меёбад. Афзоиши солонаи Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ (дар соли 2019 назар ба соли 2015) ба андозаи 1,32 маротиба ва ҳаҷми он ба ҳар сари аҳолӣ аз рўи паритети қобилияти харидорӣ 1,21 маротиба зиёд гардид, ки ба баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидати ҳамаҷониба намуд. Сатҳи камбизоатӣ аз 31,3 фоизи дар соли 2015 то 26,3 фоиз коҳиш дода шуда, тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ аз рӯи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ Тоҷикистон ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид гардид. Ҳамзамон дар ин давра ҳаҷми даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 15 миллиард сомонии соли 2015 ба зиёда аз 27 миллиард сомонӣ дар соли 2021 баробар шуд. Дар ин радиф даромади пулии аҳолӣ 2 баробар, музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 ва бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар 45 фоиз афзоиш пайдо кард. Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон ба туфайли татбиқи пайгиронаи сиёсати хориҷии худ тавонист, ки то имрӯз дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти гуногуни глобалӣ низ саҳми назаррас гузорад. Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон муносибатҳои тиҷоратиро ба роҳ монда, диверсификатсияи содирот давра ба давра тамоюли рушдро касб менамояд ва имрўз сохтори содиротии кишвар 450 номгўйи молҳои гуногунро ташкил мекунад. Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 то 26 фоиз зиёд ва ҳиссаи воридот аз 80 то 74 фоиз кам гардидааст. Ҳамаи ин дастовардҳою пирўзиҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки обрўю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати фазилату фидокорию матонати Ҷаноби Олӣ чун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ рўз аз рўз боло рафта, ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гаштааст. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси кишвари пешбар дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст. Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ 59 зина ва нишондиҳандаи сифати инфрасохтори роҳҳо тибқи арзёбии Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ 32 зина беҳтар гардидааст. Тавре дар баромадҳои пешин қайд гардид, дар Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 вобаста ба хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ва захираву имкониятҳои мавҷудаи кишвар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар се сенария пешбинӣ шудааст, ки бо ҳадафҳои СМР - 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор ҳамоҳанг мебошад. Ҳамзамон асоси модели рушди иқтисодиёти миллиро барои панҷ соли наздик сенарияи индустриалӣ дар СМР-2030 дарҷгардида ташкил медиҳад. Аз таҳлили вазъи воқеӣ ва иқтидорҳои мавҷуда бармеояд, ки ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии дар барнома пешбинишуда ва нигоҳдории рушди устувори макроиқтисодӣ, инчунин таъмини зиндагии шоиста ва ҳаёти осудаву арзанда барои мардуми кишвар аз се сенарияи пешбинишуда (бўҳронӣ, воқебинона ва шиддатнок) сенарияи шиддатнок қобили қабул мебошад, зеро Тоҷикистон дорои манбаъҳои иловагии рушд буда, роҳандозӣ гардидани онҳо барои таъмини нишондиҳандаҳои сенарияи мазкур замина мегузоранд. Дар 5 соли оянда, тибқи нақшаҳои пешбинишуда, ҳаҷми Маҷмўи маҳсулоти дохилии номиналӣ -1,8 маротиба, воқеӣ – 1,7 маротиба ва таносуби он ба ҳар сари аҳолӣ - 1,7 маротиба афзоиш меёбад. Афзоиши сармоягузориҳои давлатӣ дар сатҳи 31 фоиз, афзоиши миёнасолонаи иқтисодиёти миллӣ дар сатҳи 7-10 фоиз, афзоиши миёнасолонаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 15-17 фоиз, аз ҷумла саноати истихроҷ 12 фоиз, саноати коркард 20 фоизро ташкил дода, рушди босуръати соҳаҳои саноатро таъмин менамояд. Ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 45 фоиз афзуда, сатҳи камбизоатӣ то 18 фоиз коҳиш дода мешавад. Ҳамасола ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, давлат барои ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаи мардум тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ҳозирини гиромӣ! Воқеан ҳам сиёсати пешгирифтаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, рушди иқтисодиёти “сабз”, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди нерӯи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст. Дар оянда мақсад гузошта шудааст, ки тамоми иқтидорҳои мавҷударо сафарбар намуда, рушди устувори иқтисоди миллӣ таъмин гардад ва дар доираи татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръат бо ҷалби бахши хусусӣ корхонаҳои истеҳсолии нав бунёд карда шаванд ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда шаванд. Ҳамзамон, вазъи соҳаҳои афзалиятдоштаи кишвар, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ба бахшҳои дигар беҳбудӣ бахшида, ба сокинони мамлакат барои расидан ба зиндагии шоиста имконияти бештар фароҳам оварда мешавад. Барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат ҳадафҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва самаранок истифода бурдани нерўи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ бо ѓизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуѓли пурмаҳсул муайян карда шуда, то ин давра барои амалӣ намудани ҳадафҳои мазкур корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда истодаанд. Тибқи натиҷаҳои чашмдошт дар бахши фаъолияти иқтисодии хориҷӣ: баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва потенсиали воридотивазкунанда то соли 2025 ҳаҷми умумиии содирот ба 2 400 млн. доллари амрикоӣ расонида шуда, суръати афзоиши миёнасолона на камтар аз 7,4 фоизро ташкил хоҳад дод, эътибори кишвар дар тиҷорати байналмилалӣ афзуда, Тоҷикистон мавқеи худро дар рейтингҳои ҷаҳонӣ баланд хоҳанд бардошт. Махсусан дар рейтинги рақобатпазирии глобалӣ дар доираи 100 кишвари пешсаф ва Пешбурди соҳибкорӣ дар доираи 70 кишвари пешсаф мавқеъ хоҳад гирифт. То имрўз дар самти таъмини рушди иқтисодиёти кишвар зиёда аз 90 қонунҳои соҳавӣ ва даҳҳо созишномаҳо тасдиқ гардида, амалӣ шуда истодаанд. Дар баробари вазифаи асосии хеш – таҳия, баррасӣ ва қабули қонунҳо, мо вакилон ҳамкориҳои судмандро бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми кишвар анҷом дода истодаем. Бо ифтихор ва қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ҳамаи ин пешравию дастовардҳо дар рушди устувори соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон натиҷаи фараҳманду арзишманди даврони истиқлолият, шоҳкориҳою фидокориҳо ва сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мебошад. Мо ба ин ҳадафҳои стратегӣ низ таҳти роҳбарию раҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваффақ хоҳем гардид. Барои расидан ба ин ҳадафҳо мо дар баробари имконияту захираҳои фаровон доштан, ҳамзамон, мардуми меҳнатқарину бунёдкоре дорем, ки дорои ҳисси баланди масъулият дар назди миллату ватан мебошанд. Мо мардуми шарифи Тоҷикистон якдилу яктанем, руҳи шикастнопазир дорем, чунки Пешвои маҳбуб дорем. Дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Сарвари давлат ҳамаи моро, яъне, вакилони парламент, роҳбарони вазорату идораҳо, сохтору мақомоти давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва тамоми шаҳрвандони мамлакатро водор месозад, ки дар роҳи пешрафти Ватани азизамон боз ҳам сарҷамъу муттаҳид бошем, то ин ки ҳама якҷо кишвари азизу муқаддасамонро ба як сарзамини обод ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем. Пеш бурдани сиёсати бунёдкоронаю созандаи Сарвари давлат, ба мардуми шарифи тоҷик ва Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрўи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан - ин вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонӣ ва мақсаду мароми ягонаи мо мебошад. Муҳтарам ҳозирин! Дар фарҷоми суханони хеш мехоҳам қайд намоям, ки татбиқи пурра ва самараноки Барномаи навбатии рушд аз фаъолияти муштараки тамоми ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд вобастагии калон дошта, ба хотири татбиқи муваффақонаи тадбиру нишондиҳандаҳои ин ҳуҷҷат мусоидату дастгирии иштирокчиёни ҷаласаи имрўзаро хоҳонам.

Ба диққататон ташаккур!

Муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба иқтисод ва молия, доктори илмҳои иқтисодӣ

Назирӣ Гулбаҳор Назир