ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШЎРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

23-юми апрели соли 2021 дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 баргузор гардид.

Модератори ҷаласа Раҳматзода Рустам – Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон

Рўзномаи ҷаласа:

1. Баррасии лоиҳаи “Барномаи миёнамўҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба сифати марҳилаи дуввуми “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ

2. Баррасии лоиҳаи Низомномаи Комиссияи Шўрои ҷамъиятӣ оид ба робитаҳои байналмилалӣ. Маърўзачӣ: Н.Саидов

3. Масъалаҳои ҷорӣ.

Дар кори ҷаласа мўҳтарам Ҳикматуллозода Н. – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Азиззода Ш.Н. – Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Солеҳзода А.А. – Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимзода Ш. – Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ профессор, Назирӣ Г.Н. – Намояндаи ваколатдори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор ва Раҳматзода Р. – Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар оғози ҷаласа мўҳтарам Ҳикматуллозода Н. – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, моҳияти мавзӯи мавриди назарро барои иштирокчиён баён намуд. Сипас, Н. Саидов суханронӣ намуда, қайд намуд: тибқи Низомномаи нави Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои асосии фаъолияти Шўро баррасии лоиҳаҳои қонунҳои нав, барномаҳо, стратегияҳо, ки характери консептуалӣ доранд ва давраи муайянаи таърихиро дар раванди давлатсозии ҷомеаи тоҷикон дар бар мегирад ва инчунин дар сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта шудаанд, аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ: ташкилотҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ пеш аз ҳама ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ассотсиатсияҳо, фондҳо ба шумор мераванд. Бо назардошти ин, баъди қабули Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мо ба Нақшаи кории Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзўи зеринро ворид намудем: “Шўрои ҷамъиятӣ ҳамчун нерўи муттаҳидкунандаи ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ба сифати шарики боэътимоди давлат дар амалӣ шудани Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давра то соли 2030 ва давраҳои миёнамўҳлати он барои солҳои 2016-2020, 2021-2025 ва 2025-2030 фаъолона иштирок намуда, дар амалӣ гардидани Стратегияи мазкур саҳми хешро мегузорад. Ҷиҳати иҷрои ин банди нақша бори аввал 18 октябри соли 2016 дар ҷаласаи Шўрои ҷамъиятӣ мавзўи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамўҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”-ро мавриди баррасӣ қарор дода, пешниҳодҳои мушаххаси ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ба Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудем. Инчунин дар ҷаласа қарор қабул гардид, ки баъди анҷоми давраи аввали “Барномаи миёнамўҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” натиҷаҳо, дастовардҳо аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷаласаи Шўрои ҷамъиятӣ муҳокима карда шавад ва мақсади асосии ҷаласаи имрўза низ аз ҳамин иборат аст”. Баъдан, Солеҳзода А.А. – Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимзода Ш. – Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ профессор, Назирӣ Г.Н. – Муовини Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндаи ваколатдори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи имрўза доктори илмҳои иқтисодӣ профессор ва Раҳматзода Р. – Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон суханронӣ карда, дар мубоҳиса ба саволҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ муфассал посух доданд. Зимни мубоҳиса оид ба масъалаи мазкур раисони ташкилотҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ: Усмонзода С.У., Латифзода Р.Б., Раҳматзода Р., Абдуллоев М.С., Азизӣ А.А., Неъматзода М.М., Шарипов А.Ф., Бобозода У., Зуҳуритдинов С.А., Гулов С., Малиев Г., Алимов С.Ю., Қурбониён Б.Б., Акобирова Ш., Ким В.М., Маҳмадазимов А., Каримов Ш., Улчабоева М.Т., Ёқубова М.М., Шарипов А.Ф., Ғаффоров А., Бурҳонова М.А. ва Қаюмова М.А. суханронӣ намуда, фикру мулоҳиза ва андешаҳо мушаххаси хешро оид ба лоиҳаи “Барномаи миёнамўҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба сифати марҳилаи дуввуми “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ баён намуданд ва ба таври хаттӣ ба Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ пешниҳод намуданд Дар анҷоми мубоҳиса Н.Саидов дар бораи назорати ҷамъиятӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар “Барномаи миёнамўҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” оид ба масъалаи мазкур маълумоте дарёфт накардем ва пешниҳод намуд, ки барои дарки аниқи маҷмӯи мақсаду вазифаҳои назорати ҷамъиятӣ, усули идора ва салоҳиятҳои субъектҳои он ва дигар ҷанбаҳои ин масъала қонуни махсус “Дар бораи асосҳои назорати ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон” қабул карда шавад ва дар асоси он ба Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти “назорати ҷамъиятӣ” дода шавад. Оид ба масъалаи якум ҷаласа қарор қабул кард. 1. Лоиҳаи “Барномаи миёнамўҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба сифати марҳилаи дуввуми “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030” маъқул дониста шавад 2. Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ гузориши алоҳидаро оид ба натиҷаҳои ҷаласаи имрўза ба Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд. 3. Котиботи Шўро нусхаи аслии пешниҳодҳои ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ доир ба лоиҳаи “Барномаи миёнамўҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба сифати марҳилаи дуввуми “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030”аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ-ро ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодабарӣ дар кор ирсол намояд. 4. Маърўзаҳои муҳтарам Ҳикматуллозода Н. – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Солеҳзода А.А. – Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раҳимзода Ш. – Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи интернетии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Shuro.tj ҷойгир ва дар Бюллетени Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ чоп карда шавад. Оид ба масъалаи дуюми рўзномаи ҷаласа: тасдиқи лоиҳаи Низомнома, ҳайати Комиссия ва интихоби Раиси Комиссия а) Оид ба тасдиқи лоиҳаи Низомнома Н.Саидов қайд кард, ки тибқи қарори ҷаласаи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.02.2021 ҳайати гурўҳи корӣ Саидов Н.Ш., Мусоева Р.Ғ., Азизова Т.О., Алимов С.Ю., Каримов Ш. ва Ким В.М. лоиҳаи Низомномаи Комиссияи Шўрои ҷамъиятӣ оид ба робитаҳои байналмилалиро омода намудаем. Сипас, мухтасар оид ба моҳият, мазмун ва мундариҷаи лоиҳаи Низомнома ба иштирокчиёни ҷаласа ахборот пешниҳод гардид ва муҳокимаи лоиҳаи Низомнома сурат гирифт. Ҷаласа қарор қабул кард: Лоиҳаи Низомнома бо назардошти таклифу пешниҳодҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ маъқул донита шавад б) Оид ба тасдиқи ҳайати Комиссия. Ба аъзогии Комиссия Алимов С.Ю. – Раиси Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Долимов Д. – Раиси Ассотсиатсияи ўйғурҳои Тоҷикистон, Қурбонов Қ.Ш. – Раиси Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони Тоҷикистон, Шаҳидӣ М.З. - Раиси ташкилоти ҷамъиятии “Бунёди байналмиллали Зиёдулло Шаҳидӣ” пешниҳод карда мешавад Баъди муҳокима ҷаласа қарор қабул кард. Ҳайати Комиссия тасдиқ карда шавад ва ба Комиссия салоҳият дода шавад, ки дар сурати зарурият дигар аъзои Шўрои ҷамъиятӣ ва коршиносонро ҷалб намояд в) Оид ба тасдиқи интихоби Раиси Комиссия Н.Саидов пешниҳод намуд, ки ба вазифаи Раиси Комиссия узви Шўрои ҷамъиятӣ муҳтарам Алимов С.Ю. – Раиси Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад. Пешниҳод ба овоз монда шуд ва Алимов С.Ю. – Раиси Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона ба вазифаи Раиси Комиссияи Шўрои ҷамъиятӣ оид ба робитаҳои байналмилалӣ интихоб гардид. Ҳамин тариқ, Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ дар моҳи апрели соли 2021 - банди 2-юми Нақшаи кори Шўрои ҷамъиятӣ барои соли 2021 – баррасии лоиҳаи “Барномаи миёнамўҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба сифати марҳилаи дуввуми “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва - банди 1-уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27-уми январи соли 2017 “Ба сифати шарики боэътимоди давлат иштирок ва мусоидати Шӯрои ҷамъиятӣ дар амалӣ шудани барномаву нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи миёнамӯҳлат – то соли 2021 ва иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030”, ки мунтазам бояд гузаронида шавад, ба иҷро расонид. Барои маълумот ирсол мегардад. Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ ба Вазорти рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои ташкилотҳои аъзои Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи “Барномаи миёнамўҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба сифати марҳилаи дуввуми “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ-ро дар ҳаҷми 35 саҳифа (Мактуби Котибот №93 аз 27 апрели соли 2021) ирсол намуд. Котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Саидов