ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШЎРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИСТАРАВШАН БАРГУЗОР ГАРДИД

ИТТИЛОИЯ

дар бораи ҷаласаи сайёри Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан дар шакли мизи мудаввар якҷо бо шўроҳои ҷамъиятии шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд дар мавзўи «Мубориза бар зидди воридшавии унсурҳои бегона ба фарҳанги милли тоҷикон, хурофоту иртиҷопарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

27-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Истаравшан ҷаласаи сайёри Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо шўроҳои ҷамъиятии шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд дар шакли мизи мудаввар бо иштироки шўроҳои ҷамъиятии шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристон, ҳизбҳои сиёсии ноҳияҳои номбурда, намояндагони кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии занон ва ҷавонон, раисони ҷамоатҳои шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристон, ходимони дин, пирони рўзгордида ва хабарнигорони шабакаҳои телевизионии марказӣ ва вилоятӣ дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд баргузор гардид.

Модератори ҷаласа Маъмурзода А.М. – Раиси шаҳри Истаравшан, Раиси Шўрои ҷамъиятии шаҳр Рўзномаи ҷаласа:

1. «Мубориза бар зидди воридшавии унсурҳои бегона ба фарҳанги милли тоҷикон, хурофоту иртиҷопарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Ҷоннок намудани доираи фаъолияти шўроҳои ҷамъиятии шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристон (Маърўзачӣ: Саидов Н.Ш. – Котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

3.Масъалаҳои ҷорӣ

Дар кори ҷаласа Маъмурзода А.М. – Раиси шаҳри Истаравшан, Раиси Шўрои ҷамъиятии шаҳр, Азиззода Ш.Н. – Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Саидов Н.Ш. – Котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муминова Ф.И. – ваколатдори Раиси Маҷлиси миллӣ, Баротзода Ф.- ваколатдори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Султонзода Т. – намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд, Қодирӣ Р. – ваколатдори ноҳияи Шаҳристон иштирок ва суханронӣ намуда, ба саволҳои иштирокчиёни ҷаласа посух гуфтанд. Инчунин дар кори ҷаласа намояндагони Шўрои ҷамъиятии вилояти Суғд дар ҳайати зерин: Султонзода Т.С. – Мудири шўъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилоят, Ваколатдори Раиси Шўрои ҷамъиятии вилоят, Исмоилзода З.М. – Раиси Комитети иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Мусозода Ҳ. – Сархатиби масҷиди марказии ба номи Шайх “Маслиҳаддин”-и шаҳри Хуҷанд, Набиев М. – Котиби Шўрои ҷамъиятии вилояти Суғд, Мирзоева Қ. – Раиси Комитети иҷроияи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Қаҳҳоров А. – Раиси Комитети иҷроияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ширкат варзиданд.

Сипас, ба сифати коршиносони мустақил Абдуҷабборов Б. – Раиси ташкилоти ҷамъиятии “Фонди рушди ҷомеа”, Олимов М. – Раиси ташкилоти ҷанговарони интернатсионалист дар шаҳри Истаравшан, Исмоилзода Б. – Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ва Мусозода Ҳ. – Сархатиби масҷиди марказии ба номи Шайх “Маслиҳаддин”-и шаҳри Хуҷанд суханронӣ намуда, оид ба маърўзаҳои муҳокимашаванда фикру мулоҳиза, андешаҳо ва пешниҳодҳои мушаххаси хешро иброз намуданд.

Оид ба масъалаи якум ҷаласа қарор қабул кард:

1. Шўроҳои ҷамъияти шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристон корҳои фаҳмондадиҳиро дар мубориза бар зидди воридшавии унсурҳои бегона ба фарҳанги милли тоҷикон, хурофоту иртиҷопарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа дар миёни аҳолӣ ҳамаҷониба ба роҳ монда, дар баробари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҳалли проблемаҳои мавҷуда саҳмгузор бошанд.

2. Шўроҳои ҷамъияти шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристон шаклҳои нави ҳамкориро миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дарёфт намуда, онҳоро дар амал татбиқ намоянд.

3. Маърўзаҳои баромадкунандагон: Маъмурзода А.М. – Раиси шаҳри Истаравшан, Раиси Шўрои ҷамъиятии шаҳр, Азиззода Ш.Н. – Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Муминова Ф.И. – ваколатдори Раиси Маҷлиси миллӣ, Баротзода Ф. – ваколатдори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Султонзода Т. – намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд, Рустам Қодирӣ – ваколатдори ноҳияи Шаҳристон ва дигар таклифу пешниҳодҳо ба инобат гирифта шуда, дар Бюллетени Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

4. Шўроҳои ҷамъияти вилояти Суғд маводҳои ҷаласаи имрўзаро ба дигар шўроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои роҳнамоӣ ирсол намояд.

      Дар нимаи дуюми рўзи 27 майи соли ҷорӣ ҷаласаи алоҳида якҷо бо шўроҳои ҷамъиятии шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристон дар мавзўи «Ҷоннок намудани доираи фаъолияти шўроҳои ҷамъиятии шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристон» доир гардид.

      Дар ҷаласа Маъмурзода А.М. – Раиси шаҳри Истаравшан, Раиси Шўрои ҷамъиятии шаҳр, Азиззода Ш.Н. – Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Саидов Н.Ш. – Котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Султонзода Т. – намояндаи ваколатдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд иштирок намуданд.

    Н.Саидов оид ба масъалаи рўзнома суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш дар Машварати корӣ, бо аъзои Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 январи соли 2017 қайд карда буд:

     «Аъзои ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ, бархўрди тамаддунҳо ва торафт афзудани муборизаи иттилоотӣ тақозо мекунад, ки Шўрои ҷамъиятӣ доираи фаъолияти худро боз ҳам васеътар гардонад.

      Аз ин лиҳоз, имрўз мо ба қавитар гардонидани фаъолияти он дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ниёз дорем. Мутаассифона, нақшаи чорабиниҳои Шўро дар мақомоти маҳаллӣ ниҳоят заиф амалӣ шуда, ҷаласаҳо сари вақт доир намешаванд, созмонҳо ва ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба корҳои таблиғотӣ кам ҷалб мешаванд, яъне дар маҷмуъ, корҳо дар ин самт беҳбудиро талаб менамоянд.

       Вобаста ба ин, зарур аст, ки минбаъд фаъолияти Шўрои ҷамъиятӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷоннок карда шавад». Ҷиҳати иҷрои дастури Раиси Шўрои ҷамъиятӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ Низомномаи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро такмил дода, дар асоси он Низомномаи намунавиро барои шўроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳия ва вилоятҳои кишвар тартиб дод ва дар асоси он шўроҳои ҷамъиятии вилоятӣ ва шаҳрӣ Низомномаи худро тартиб доданд.

Оид ба масъалаи дуюм ҷаласа қарор қабул кард:

1. Шўроҳои ҷамъиятии шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристон дар ҳалли масъалаҳои муҳими шаҳру ноҳияҳо дар баробари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолона иштирок намуда, саҳми бевосита гузоранд.

2. Охири ҳар сол ҳисоботи Шўрои ҷамъиятӣ барои соли ҷорӣ ва нақшаи Шўрои ҷамъиятӣ барои соли оянда тартиб дода шуда, барои тасдиқ дар ҷаласаи Шўро муҳокима карда шавад, ҳисобот ва нақшаи корӣ, барои соли оянда ба Котиботи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардад.

3. Тибқи Низомнома дар се моҳ як ҷаласаи Шўрои ҷамъиятӣ гузаронида шавад ва дар сурати зарурӣ метавонед ҷаласаи ғайринавбатии Шўроро баргузор намоед. 4. Папкаи Шўрои ҷамъиятӣ дар шакли алоҳида ва дар он ҳуҷҷатҳои зерине, ки барои узвият барои Шўрои ҷамъиятии ноҳия зарур аст, нигоҳ дошта шавад. Ҳамин тариқ, Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ дар моҳи майи соли 2021

- банди 3-юми Нақшаи кори Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 – «Мубориза бар зидди воридшавии унсурҳои бегона ба фарҳанги милли тоҷикон, хурофоту иртиҷопарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,

- банди 5-уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27-уми январи соли 2017 “Бо ҷалби аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ба роҳ мондани корҳои таблиғоти ҷиҳати пешгирии экстремизм ва терроризм ва эмин нигоҳ доштани аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон аз таъсири ҳар гуна ҳаракату равияҳои тундраву бегона” ва

- банди 11-уми Нақшаи чорабиниҳо... “Ҷоннок намудани доираи фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи шаҳрвандӣ” ба иҷро расонид.

Котиботи

Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон