Ҷаласаи навбатии Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (25-уми июни соли 2021)

Ҷаласаи навбатии Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (25-уми июни соли 2021) 25-уми июни соли 2021 дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Модератори ҷаласа Сафаров Сайфулло Саъдуллоевич – узви Шўрои ҷамъиятӣ, Раиси Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон

Рўзномаи ҷаласа:

1. “Таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон. Ҷанги иттилоотӣ ва моҳияти он дар шароити ҷаҳонишавӣ” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ

2. Ахборот оид ба фаъолияти Шўрои ҷамъиятӣ дар нимаи аввали соли 2021 (Маърўзачӣ: Н.Саидов – Котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон).

3. Масъалаҳои ҷорӣ.

Пеш аз оғози ҷаласа, ҷиҳати сипоси хотираи марҳум Шарипов Азизбек Фаттоевич - узви Шўрои ҷамъиятӣ, Раиси Ассотсиатсияи миллии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Иттиҳодияи корфаромоёни Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, иштирокчии Сессияи 16-уми таърихӣ, Раиси Комиссияи одоби Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон як дақиқа хомўшӣ эълон карда шуд.

Дар оғози ҷаласа мўҳтарам Насриддинзода Э.С. – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, оид ба сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотӣ ва қисми таркибии он ҷанги иттилоотӣ, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли проблемаҳои мавҷуда дар ин соҳа, дар бораи тасвиби як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ҷиҳати танзими фаъолияти соҳа аз нигоҳи ҳуқуқӣ, мафҳуми ҷанги иттилоотӣ ва моҳияти он, тақвияти фаъолияти сиёсати хориҷӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи дастовардҳои кишвар, дипломатияи иттилоотӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба амнияти иттилоотӣ ва ҷанги иттилоотӣ ахборотро барои иштирокчиён баён намуд.

Баъдан, Н.Саидов – Котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мақсади баргузории ҷаласаи имрўза ва зарурати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ барои ҳалли проблемаҳои мавҷуда дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ суханронӣ намуд. Вобаста ба масъалаи якуми рўзномаи ҷаласа: Хусрав Нозирӣ – Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исматзода Ф. – Сармутахассиси Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Меликзода М.Э. – Сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Атоев И.Ҷ. – Муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зиёӣ Х.М. – Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холиқзода А.Ғ. – Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мавлоназаров С.С. - Мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, дар мубоҳиса ба саволҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ муфассал посух доданд. Ба сифати коршиноси мустақил Акобирова Шаҳло – узви Шўрои ҷамъиятӣ, Директори иҷроияи ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар бораи таъмини амнияти иттилоотӣ, проблемаҳои мавҷуда ва пешниҳодҳои мушаххасро оид роху усулхои ҳалли масъалахо иброз намуд. Зимни мубоҳиса оид ба масъалаи мазкур раисони ташкилотҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ: Акобирова Ш., Ғаффоров А., Шаҳидӣ М.З., Асоев А., Ҳамидов С., Мирасанова З., Усмонзода С.У., Латифзода Р.Б., Ким В.М., Каримов Ш., суханронӣ намуда, фикру мулоҳиза ва андешаҳо мушаххаси хешро оид ба “Таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон. Ҷанги иттилоотӣ ва моҳияти он дар шароити ҷаҳонишавӣ” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ баён намуданд (Пешниҳодҳо дар алоҳидагӣ ирсол мегардад).

Оид ба масъалаи якум ҷаласа қарор қабул кард. 1. Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ мўҳтавои суханрониҳо, презентатсияҳо ва пешниҳодҳоро мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода, дар асоси онҳо гузориши алоҳидаро ба унвони Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ирсол намояд. 2. Маърўзачиёни имрўза матни суханрониашонро ба Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ супоранд. 2. Маърўзаҳои муҳтарам Насриддинзода Э.С. – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Хусрав Нозирӣ – Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зайнудин А.Ҷ. – Директори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Меликзода М.Э. – Сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Атоев Илҳомҷон Ҷалолович – Муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зиёӣ Х.М. – Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холиқзода А.Ғ. – Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мавлоназаров С.С. - Мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Акобирова Шаҳло – узви Шўрои ҷамъиятӣ, Директори иҷроияи ташкилоти ҷамъиятии “Хома дар сомонаи интернетии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Shuro.tj ҷойгир карда шавад ва дар Бюллетени Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда шавад.

Лоиҳаи қарор ба овоз монда шуд ва қабул гардид. Оид ба масъалаи дуюми рўзномаи ҷаласа дар бораи фаъолияти Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2021 Н.Саидов ахборот дод, ки Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро мутобиқи Нақшаи кори Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 аз 29-уми январи соли 2021, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07-уми феврали соли 2017 ва дастуру супоришҳои Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, корҳои зерин ба анҷом расонида шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 3 (се) ҷаласаи нақшавӣ дар шаҳри Душанбе ва 1(як) ҷаласаи сайёри Шўрои ҷамъиятӣ якҷо бо шўроҳои ҷамъиятии шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд гузаронида шуд: а) ҷаласаҳои Шўрои ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе: – 19-уми феврали соли 2021 ҷаласаи Шўро оид ба шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021” аз 26.01.2021; – 23-юми апрели соли 2021 ҷаласаи Шўрои ҷамъиятӣ доир ба баррасии лоиҳаи “Барномаи миёнамўҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба сифати марҳилаи дуввуми “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ – 25-уми июни соли ҷорӣ ҷаласаи Шўрои ҷамъиятӣ дар шакли мизи мудаввар дар мавзўи “Таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон.

Ҷанги иттилоотӣ ва моҳияти он дар шароити ҷаҳонишавӣ” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ б) ҷаласаи сайёри Шўрои ҷамъиятӣ дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд – 27-уми майи соли 2021 ҷаласаи сайёри Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан дар шакли мизи мудаввар якҷо бо шўроҳои ҷамъиятии шаҳри Истаравшан, ноҳияи Шаҳристон ва инчунин аъзои Шўрои ҷамъиятии вилояти Суғд дар мавзўи «Мубориза бар зидди воридшавии унсурҳои бегона ба фарҳанги милли тоҷикон, хурофоту иртиҷопарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Дар давраи ҳисоботӣ фаъолиятии таҳлилию иттилоотии Шўрои ҷамъиятӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шуд. Мақолаҳои Н.Саидов: “Шўрои ҷамъиятӣ – минбари муколама миёни ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ” бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Пешвои миллат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ” омода гардида, дар сомонаи интернетии АМИТ “Ховар”, рўзномаи “Ҷумҳурият”, рўзномаи “Минбари халқ” ва маҷаллаи “Илм ва Ҷомеа” чоп гардид. Н.Саидов дар машғулияти таълимии маҳфили омўзиши “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” иштирок намуд ва дар мавзўи “Раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон” маърўза карда, ба саволҳои онҳо посухҳои мушаххас дод. Дар давраи ҳисоботӣ аъзои Шўрои ҷамъиятӣ дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ аз қабили, ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2021, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони мамлакат вобаста ба таҷлил намудани рўзи ҷавонон аз 21.05.2021 ва дар чорабинии фарҳангии “Шоми дўстӣ”, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Мирзиёев Шавкат Миромонович рўзи 10.06.2021 иштирок намуданд. Сипас, ҳисобот мавриди муҳокимаи васеъ қарор гардида, иштирокчиёни ҷаласа оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти Шўрои ҷамъиятӣ фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуданд. Оид ба масъалаи дуюми рўзнома ҷаласа қарор қабул кард: Фаъолияти Котиботи Шўрои ҷамъияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 қаноатбахш ҳисобида шавад. Оиди масъалаҳои ҷорӣ - Н.Саидов қайд кард, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27-уми январи соли 2017 яке аз вазифаҳои асосии Шўрои ҷамъиятӣ идома бахшидани мониторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат бармеоянд, иборат аст. Бинобар ин, хоҳишмандем, фикру мулоҳизаҳо, андешаҳо ва пешниҳодҳои ташкилоти хешро оид ба рафти амалишавии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.06.2021 иброз гардиданд ва инчунин пешниҳодҳои мушаххаси ташкилотҳои хешро ҷиҳати ворид намудан ба лоиҳаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ба Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ ирсол намоед. Муҳлат то 25-уми августи соли 2021 Ҳамин тариқ, Котиботи Шўрои ҷамъиятӣ дар моҳи июни соли 2021 - банди 4-уми Нақшаи кори Шўрои ҷамъиятӣ барои соли 2021 – мизи мудаввар дар мавзўи “Таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон. Ҷанги иттилоотӣ ва моҳияти он дар шароити ҷаҳонишавӣ” аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва - банди 2-юми Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27-уми январи соли 2017 “Пешниҳод намудани назару андешаҳои воқеъбинона ба ниҳодҳои ҳукуматӣ бо назардошти манфиатҳои миллию давлатӣ” ба иҷро расонид.