Н И З О М Н О М А И Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАСДИҚ МЕНАМОЯМ,

Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

_______________Эмомалӣ Раҳмон

«____» ____________ соли 2018

Н И З О М Н О М А И

Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.1. Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Шўро) мутобиқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар асоси Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон аз 9 марти соли 1996 ва Низомномаи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) амал намуда, мақоми намояндагӣ, таҳлилию машваратӣ ва ҳамоҳангсозиро доро мебошад.

1.2. Шўро шакли ҳамкории сиёсию иҷтимоии миёни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

1.3. Мақсад ва вазифаҳои Шўро тибқи Низомномаи мазкур муқаррар карда мешавад.

1.4. Шўро сохтори ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ буда, рафти иҷрои қарорҳои дар ҷаласаи Шўро қабулгардидаро назорат мекунад, дастуру супоришҳои Раиси Шўроро иҷро менамояд, фаъолияти шўроҳои ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои кишварро ҳамоҳанг месозад.

1.5. Шўро мақоми дастаҷамъӣ буда, масъулияти ҷамъиятиро ба зимма дорад.

II. ҲАДАФ ВА ВАЗИФАҲОИ ШЎРО

2.1. Ҳадафи асосии Шўро таҳия, қабул, ирсоли пешниҳод, тавсия ва дигар маводи имконпазир мебошад.

2.2. Вазифаҳои Шўро: - таъмини гуфтушуниди доимии қувваҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ бо мақсади ба даст овардани тавозуни манфиат ва ақидаҳо, ҳамчунин рушди гуногунандешии мафкуравӣ ва сиёсӣ;

- таҳлили вазъияти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии (маънавии) ҷомеа, ҳангоми зарурат, муҳокимаи лоиҳаи қонунҳо, гузаронидани ташхис ва таҳлили онҳо, муҳокимаи ҷамъиятии масоили муҳимми иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, тагйироте, ки дар он рух медиҳанд, ҳамчунин пешниҳоди таклифҳои мушаххас оид ба пешрафту такмили онҳо;

- таҳияи барномаҳо ва консепсияҳо, ки ба таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва ташаккули муҳити зисти мусоид, инунин пешниҳодҳое, ки барои таҳкими сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷомеа нигаронида шудаанд;

- ҷустуҷў ва татбиқи шаклҳои нави шарикӣ (ҳамкориҳо), махсусан, байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин тарафҳои дигари манфиатдор;

- мониторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд;

- мусоидат дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, сулҳ, ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа, муқовимат алайҳи зуҳуроти номатлуби ҷомеа, мубориза бо терроризм, экстремизм, одамрабоӣ, гардиши гайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, пайравӣ ба арзишҳои бегона ва маҳалгароӣ.

III. ТАРТИБИ ТАЪСИСИ ШЎРО

3.1. Шўро аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис меёбад.

3.2. Мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Шўро якнафарӣ намояндаи комилҳуқуқи худро бо ҳуқуқи овоздиҳӣ интихоб ва пешниҳод мекунанд.

3.3. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шўро намояндагони комилҳуқуқи худро таъин мекунанд. Ҳангоми зарурат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Шўро бевосита иштирок мекунанд.

3.4. Шўро котибот – гурўҳи кории доимоамалкунандаи худро ташкил мекунад. Котиботро котиб-ҳамоҳангсоз роҳбарӣ менамояд. Кормандони котибот ва котиб-ҳамоҳангсоз аъзои Шўро шуда наметавонанд.

3.5. Шўро тартиби фаъолияти худро қабул мекунад, ҳангоми зарурат кумитаҳои соҳавӣ, комиссияҳо ва гурўҳҳои кории худро ташкил менамояд, ҳамчунин коршиносон ва мушовиронро барои таҳияи барномаҳо, консепсияҳо ва ҳалли дигар масъалаҳо ҷалб менамояд.

3.6. Кумитаҳои соҳавӣ, комиссияҳо ва гурўҳҳои кории Шўро дар асоси Низомнома фаъолият намуда, оид ба фаъолияти худ дар шаш моҳ як маротиба ба котиботи Шўро ахбор пешниҳод мекунанд.

IV. ВАКОЛАТҲОИ ШЎРО ВА РАИСИ ОН

4.1. Шўро ҷиҳати татбиқи ҳадаф ва вазифаҳои худ ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:

- тартиби (дастурамали) фаъолияти худ, нақшаҳои ҷорӣ ва дурнамои корӣ қабул карда, ба онҳо таѓйиру иловаҳо ворид намояд;

- бюллетенҳо ба табъ расонида, мутобиқи қонунгузорӣ дар хусуси фаъолияти худ ҳисобот интишор намояд;

- барои ҳуҷҷатгузорӣ бланк ва муҳри худро дошта бошад; - намояндагони худро ҷиҳати иштирок дар форумҳои гуногуни байналмилалӣ, гуфтушунидҳо, аксияҳои гуманитарӣ ва гайра тавсия намояд;

- бо шўроҳои ҷамъиятии кишварҳои хориҷӣ ва дигар ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятии онҳо, ки фаъолияташон барои дастгирӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ равона гардидааст, санадҳои ҳамкорӣ бандад;

- барои амалӣ гардонидани вазифаҳое, ки дар Низомнома пешбинӣ шудааст, дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҷаласаҳои сайёри худро доир намояд ва ё намояндагони худро фиристад;

- дар доираи салоҳияти худ ва бо мақсади амалӣ намудани талаботи Низомнома назарсанҷӣ, муколама, мизҳои мудаввар, конференсия ва семинарҳо доир намояд;

- ҳисоботи шўроҳои ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳоро шунавад;

- иҷрои дақиқи тавсияҳо, изҳороту муроҷиатномаҳо, лоиҳаи ҳуҷҷатҳо ва дигар санадҳое, ки дар ҷаласаҳои Шўро қабул карда мешаванд, таъмин намояд;

- бо пешниҳоди Раиси Шўро масъалаи қабули аъзои нави Шўрои ҷамъиятиро баррасӣ намояд;

- ҳангоми иҷро накардани уҳдадориҳое, ки аз Низомнома ва Кодекси одоби аъзои Шўрои ҷамъиятӣ бармеояд, амал мекунад;

- бо пешниҳоди Комиссияи Шўро оид ба одоби аъзои Шўрои ҷамъиятӣ баррасии масъалаи аз ҳайати Шўро хориҷ намудани аъзои Шўрои ҷамъиятиро мавриди муҳокима қарор диҳад.

4.2. Раиси Шўро ваколатҳои зеринро дорад:

- роҳбарии умумии фаъолияти Шўро ва шўроҳои ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳоро амалӣ менамояд;

- ҳангоми иштирок дар ҷаласаҳои Шўро онро раисӣ мекунад;

- нақшаи солонаи кори Шўроро тасдиқ менамояд; - ҷаласаҳои гайринавбатии Шўроро даъват мекунад;

- дар ҳолати ҳузур надоштанаш дар ҷаласаҳои Шўро намояндаи комилҳуқуқи худро барои иштирок дар ҷаласаҳои Шўро таъмин мекунад;

- масъалаҳоро барои баррасӣ ба Шўро пешниҳод менамояд;

санадҳои дахлдори аз ҷониби Шўро қабулгардидаро имзо мекунад;

- созишномаҳои басташударо оид ба ҳамкориҳо, ки миёни Шўро ва шўроҳои ҷамъиятӣ ва дигар мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ имзо мекунад;

- бо ризоияти Шўро котиб-ҳамоҳангсозро таъин мекунад;

- котиботи Шўроро таъсис медиҳад;

- дигар вазифаҳоро, ки барои татбиқи ҳадафҳои Низомнома равона гардидаанд, иҷро менамояд.

4.3. Котиботи Шўро дорои ваколатҳои шахси ҳуқуқӣ буда, дар доираи муқаррароте, ки ин Низомнома муайян намудааст, амал мекунад.

4.4. Шўро нисбат ба ҳуқуқвайронкунии шаҳрвандони алоҳида, ҳамчунин ҳизбҳои сиёсӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аҳамият дода, ин гуна зуҳуротро таҳқиқ мекунад ва ба мақомоти дахлдор бо тавсияҳо муроҷиат менамояд.

V. ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ КОТИБОТИ ШЎРО

5.1. Бо мақсади таъмини фаъолияти самараноки Шўро котиботи Шўро ҳуқуқ ва уҳдадориҳои зеринро дорад:

- фаъолияти мунтазами Шўроро таъмин мекунад; - дар мувофиқа бо раиси Шўро мавзўъ ва рўзи баргузории ҷаласаи Шўроро муқаррар менамояд;

- омодагӣ ва баргузории ҷаласаҳои Шўроро таъмин мекунад;

- дар муддати на кам аз се рўзи пеш аз ҷаласаи Шўро аъзои Шўроро бо рўзнома, барнома ва маводи ҷаласа таъмин менамояд;

- баъди бо намояндаи комилҳуқуқи Раиси Шўро мувофиқаи пешниҳоди Комиссияи Шўро оид ба одоби аъзои Шўро дар бораи аз узвияти Шўро хориҷ намудан, масъалаи мазкурро ба рўзномаи ҷаласа ворид менамояд, ҳамчунин баъди қабули қарори дахлдори Шўро оид ба ин масъала ба Раиси Шўро дар ин бора ахбор манзур мекунад;

- лоиҳаи нақшаи солонаи кори Шўроро бо дар назар доштани муҳокимаи он дар ҷаласаи Шўро такмил дода, барои тасдиқ ба Раиси Шўро пешниҳод мекунад;

- рафти иҷрои қарорҳои Шўро ва дастуру супоришҳои Раиси Шўро, инчунин кори комиссия, кумита ва ё гурўҳҳои кории Шўроро зери назорат қарор медиҳад; - протоколҳои ҷаласаи Шўроро имзо мекунад;

- ҷиҳати таъмини иҷрои тавсияҳо, изҳорот, муроҷиатномаҳо, лоиҳаи ҳуҷҷатҳо ва дигар қарорҳое, ки дар ҷаласаҳои Шўро қабул шудаанд, ба мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ муроҷиат менамояд;

- бо мақсади мувофиқаи фаъолияти шўроҳои ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо бо Шўро ва ҳамоҳангсозии он нақшаи кории онҳоро меомўзад, шунидани ҳисоботи онҳоро тибқи ҷадвали алоҳида дар Шўро таъмин мекунад, рафти иҷрои қарор ва супоришҳоеро, ки барои иҷрои онҳо шўроҳои ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷавобгаранд, назорат мекунад;

- баъди ҳалли масъалаи ташкилию ҳуқуқии бастани шартнома оид ба ҳамкорӣ бо шўроҳои ҷамъиятии кишварҳои хориҷӣ ва дигар ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ равонааст, баррасӣ дар Шўро ва такмили он, шартномаи мазкурро ба Раиси Шўро пешниҳод менамояд; - оид ба фаъолияти худ дар шаш моҳ як маротиба ба Шўро ахбор пешниҳод менамояд.

VI. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ АЪЗОИ ШЎРО 6.1.

Аъзои Шўро ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар доранд.

6.2. Аъзои Шўро, тибқи тартиби муқарраргардида ва дар мувофиқа бо намояндаи комилҳуқуқи Раиси Шўро дар ҷаласаҳои Шўро бонавбат раисӣ мекунанд.

6.3. Узви Шўро, ки дар ҷаласа раисӣ мекунад, дар якҷоягӣ бо котиб-ҳамоҳангсоз санадҳои дар ин ҷаласа қабулкардаи Шўроро имзо менамоянд, онҳоро ба мақомоти дахлдор мефиристанд ва ба Шўро дар бораи иҷрои онҳо маълумот медиҳанд.

6.4. Аъзои Шўро дар доираи принсипҳои мувофиқашуда, барои қарорҳои қабулшуда ва амалҳои мушаххас, ки дар Низомнома пешбинӣ шудаанд, ҷавобгар мебошанд.

6.5. Узви Шўро ҳуқуқ дорад: - эрод ва таклифҳои худро пешниҳод кунад, ҳангоми қабули онҳо иҷрои онро зери назорат гирад, нуқтаи назари худро доир ба ҳама масоили ташкилӣ ва фаъолияти Шўро ҳимоя намояд; - оид ба масъалаҳое, ки ба ваколати Шўро дахл доранд, маълумот гирад; - бо саволҳо, изҳороту пешниҳодҳо ба мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ба воситаи Шўро муроҷиат кунад ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба моҳияти масъала ҷавоб гирад.

6.6. Узви Шўро ваколатҳои худро дар асосҳои ҷамъиятӣ амалӣ менамояд.

6.7. Узви Шўро дар ҳолатҳои зарурӣ, дар давраи доир гардидани ҷаласаҳои Шўро ва сафарҳои хизматӣ тибқи супориш ва ё дар доираи нақшаи кори Шўро, аз иҷрои вазифаҳои асосии хизматиаш, бо пурра нигоҳ доштани музди меҳнаташ дар ҷойи кори асосӣ, озод карда мешавад.

6.8. Ба аъзои Шўрои ҷамъиятӣ шаҳодатномаи узвият дода мешавад, ки узви Шўро будани ўро тасдиқ менамояд. Намунаи шаҳодатнома дар ҷаласаи Шўро тасдиқ мегардад.

6.9. Хароҷоти сафарҳои аъзои Шўро ва котиб-ҳамоҳангсоз дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он барои иҷрои вазифаҳои Шўро ё иҷрои супориши он аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохт мегардад.

6.10. Давлат ба аъзои Шўро ва котиб-ҳамоҳангсоз барои бемамониат ва самаранок иҷро намудани ваколатҳояшон дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он ҷиҳати иҷрои қарорҳои Шўро кафолат медиҳад.

6.11. Аъзои Шўро вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя кунанд, вазифаҳои худро поквиҷдонона ба иҷро расонанд, ҳуқуқ ва вазифаҳои шахсони дигарро эҳтиром намоянд, бо фаъолияти худ ба рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими давлатдории демократӣ дар Тоҷикистон мусоидат намоянд.

VII. ТАРТИБИ КОРИ ШЎРО

7.1. Кори Шўро тавассути ҷаласаҳои умумӣ, ки тибқи нақшаи фаъолияти Шўро, на камтар аз як маротиба дар 3 моҳ гузаронида мешавад, ҳамчунин тавассути кумитаҳо, комиссияҳо, гурўҳҳои корӣ амалӣ карда мешавад.

7.2. Изҳорот, муроҷиатнома, лоиҳаи санад ва дигар пешниҳодҳо ба ҷаласаи Шўро аз ҷониби аъзои Шўро ба котиботи Шўро дар шакли хаттӣ, на дертар аз ҳафт рўз то санаи доир гардидани ҷаласаи Шўро пешниҳод мешаванд.

7.3. Маводи ҷаласаҳоро котиботи Шўро омода мекунад ва на дертар аз се рўз то оѓози ҷаласа ба аъзои Шўро дастрас менамояд.

7.4. Ҷаласаи ѓайринавбатии Шўро бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё бо хоҳиши на камтар аз се як ҳиссаи аъзои Шўро даъват карда мешавад. Дар ин сурат, рўзнома метавонад на камтар аз як шабонарўз пеш аз рўзи баргузории ҷаласа пешниҳод карда шавад.

7.5. Дар ҷаласаи Шўро протокол тартиб дода мешавад, ки ба он раисикунандаи ҷаласа ва котиб-ҳамоҳангсоз имзо мегузоранд. Санади қабулкардаи Шўро дар шакли қарор, тавсия, изҳорот, муроҷиатнома, лоиҳаи ташаббусӣ ва дигар намуди санад тартиб дода мешавад.

7.6. Давомнокӣ ва хусусияти ҷаласаро Шўро вобаста ба масъалаи муҳокимашаванда муайян менамояд, ки одатан аз як рўзи корӣ зиёд нест.

7.7. Ҷаласаи Шўро дар сурати иштироки беш аз нисфи аъзои Шўро салоҳиятдор ҳисобида мешавад.

7.8. Қарорҳои Шўро бо ҷонибдории аксарияти овозҳои иштирокчиён қабул карда мешаванд.

7.9. Ҷаласаҳои ѓайринавбатӣ бо иштироки аксарияти аъзои Шўро гузаронида мешаванд.

7.10. Дар ҷаласаҳои Шўро, ҳангоми зарурат, тарҷумаи он ба забони русӣ ва дигар забонҳо таъмин карда мешавад.

VIII. МОЛИКИЯТ ВА ВОСИТАҲОИ МОЛИЯВИИ КОТИБОТИ ШЎРО

8.1. Моликияти котиботи Шўро аз маблаѓҳои пулӣ ва дигар молу мулк иборат мебошад.

8.2. Таъминоти молиявию моддии фаъолияти котиботи Шўро (бино, таҷҳизоти техникӣ, компютер, телефон, факс, воситаи нақлиёт ва гайра)- ро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимма мегирад.

IX. ТАРТИБИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАЃЙИРУ ИЛОВАҲО БА НИЗОМНОМАИ ШЎРОИ ҶАМЪИЯТӢ

9.1. Низомномаи Шўрои ҷамъиятӣ дар ҷаласаи Шўро бо ҷонибдории аксарияти овозҳои иштирокчиён қабул карда мешавад.

9.2. Таѓйиру иловаҳо ба Низомномаи Шўрои ҷамъиятӣ бо тарафдории аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Шўро ворид карда мешаванд.

X. ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТИ ШЎРО

10.1. Қатъи фаъолияти Шўро дар шакли барҳам хўрдани он бо қарори ҷаласаи Шўро сурат мегирад.

10.2. Моликият ва маблагҳои пулии котиботи Шўро баъди барҳам хўрдани Шўро дар ихтиёри давлат мемонад.