АҲДНОМАИ ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон

Мо, иштирокдорони ин Аҳднома, бо дарки масъулият барои имрӯзу ояндаи Тоҷикистон, дар сарзамини Тоҷикистон бо сарнавишти умумӣ муттаҳид шуда, барои таъмини хуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва волоияти қонун дар ҷомеа кӯшиш намуда, садоқати худро нисбат ба арзишҳои умумибашарӣ собит намуда, бо дарки он, ки нерӯи ҷамъиятӣ ва боигарии маънавии мо дар гуногуншаклӣ, эҳтироми ҳамдигар, гуногунандешии сиёсию мафкуравӣ аст, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро вазифаи худ дониста, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳо ва меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналхалқиро ба роҳбарӣ гирифта, Аҳдномаи мазкурро дар мавриди зерин имзо менамоем:

I. Максади Ахднома
1.Ташаккули ҷомеаи одилонаи шаҳрвандии озод дар Тоҷикистон.
2.Мусоидат ба таҳкими истиқлолият, рушди давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон.

II.Вазифаҳои Аҳднома
1.Дар фаъолияти худ таъмин намудани афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти Конститутсия ва қонунҳои мамлакат.
2.Дар ҷомеа ва давлат инкишоф додан ва дастгирӣ намудани ташаббусҳои шаҳрвандӣ ва институтҳои демократӣ.
3.Мусоидат намудан ба инкишофи демократия, гуногунии ақидаҳо ва плюрализми сиёсӣ.

III. Принсипҳои Аҳднома
1.Манфиатҳои ҷомеаро аз манфиатҳои идоравӣ, гурӯҳӣ, ҳизбӣ ва минтақавӣ боло донистан.
2.Дар фаъолияти худ роҳ надодан ба рафторҳое, ки аз рӯи ҷинс, забон, миллат, эътиқоди динӣ ва дигар фарқиятҳо ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандро поймол мекунанд.
3.Муваффақ шудан ба таҳкими сулҳ ва дӯстӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷомеаи ҷаҳонӣ.
4.Дар татбиқи Аҳднома эҳтироми ҳамдигар ва баробарҳуқуқии иштирокдорон.

IV. Иштирокдорон ва тарафҳои Аҳднома
1.Иштирокдорон ва тарафҳои Аҳднома аз як тараф мақомоти давлатӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз тарафи дигар - ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошанд.
V.Ӯҳдадориҳои иштирокдорон ва тарафҳои Аҳднома
1.Ӯҳдадориҳои Президент ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳия ва қабул кардани қонунҳое, ки ба демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидаанд;
- фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои фаълияти созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва ташкилотҳои динӣ;
- ба иштирокдорони Аҳднома фароҳам овардани имкониятҳои баробари истифодаи воситаҳои ахбори омма;
- пешбурди сиёсати фаъол, ки барои ба эътидол овардани иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нигаронида шудааст.
2.Ӯҳдадориҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ:
- ҳамкорӣ бо Ҳукумат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ ва маънавӣ;
- мусоидат дар таҳкими истиқлолияти давлат ва демократикунонии давлатдорӣ;
- худдорӣ аз тамоми шаклҳои экстремизм, фишору зуроварӣ ва маҳкум намудани терроризми байналмилалӣ.

VI. Амалӣ гардонидани Аҳднома
Бо мақсади амалӣ гардонидани муқаррароти Аҳдномаи мазкур Шӯрои ҷамъиятӣ таъсис меёбад. Сохтор ва вазифаҳои он тибқи Низомномаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иштирокдорони Аҳднома тасдиқ мекунанд, муайян карда мешаванд. Қарори Шӯро дар асоси ризоияти тарафҳо қабул карда мешавад.

VII. Имзо шудани Аҳднома ва масъулияти иштирокдорони он
Аҳдномаи мазкур аз ҷониби тарафҳои зерин баста ва имзо карда мешавад:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз як тараф, роҳбарон ё намояндагони ваколатдори ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ, аз тарафи дигар.
Ба ҳайати иштирокдорони Аҳднома ворид шудан ва аз он хориҷ шудан озод аст. Тарафҳои ба Аҳднома имзокунанда эътироф менамоянд, ки ҳалли тамоми масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳо ва принсипҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ба амал бароварда мешавад.

VIII. Мӯҳлати амали Аҳднома ва шартҳои ба он ҳамроҳ шудани иштирокдорони нав
1. Аҳднома бемӯҳлат амал мекунад.
2. Масъалаи боздошт ё қатъ намудани фаъолияти Аҳднома бо пешниҳоди далелноки хаттии яке аз тарафҳо, ё ин ки на камтар аз 20 фоизи иштирокдорони Аҳднома ҳал карда мешавад. Қарори боздоштан ё қатъ кардани фаъолияти Аҳдномаро Шӯрои ҷамъиятӣ дар асоси ризоияти тарафҳо қабул менамояд.
3. Ҳамаи мақомот ва ташкилотҳое, ки принсипҳо ва муқаррароти Аҳдномаи мазкурро дастгирӣ менамоянд, ҳар вақт метавонанд ба он ҳамроҳ шаванд ва ин ҳамроҳшавиро бо имзои худ тасдиқ мекунанд.
Тарафҳое, ки Аҳдномаро имзо кардаанд, дар назди ҷомеа барои иҷрои ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаашон масъулияти баландро дарк мекунанд. Шӯро иҷрои ҳамаи бандҳои Аҳдномаи мазкурро таҳти назорати худ мегирад ва инъикоси воқеии масъалаҳои ҷамъиятию сиёсиро дар воситаҳои ахбори омма таъмин намуда, роҳ намедиҳанд, ки онҳо бо мақсади тезутунд гардонидани муносибатҳои байни қувваҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ истифода шаванд. Шӯро аҳли ҷомеаро аз ҷараёни иҷрои Аҳднома мунтазам огоҳ месозад.
Аҳднома аз лаҳзаи ба имзо расиданаш эътибор пайдо мекунад.
Аҳднома ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тартиб дода шудааст ва ҳар ду нусха эътибори баробар дорад.
Аҳднома барои имзо кушода аст.