НИЗОМНОМАИ НАМУНАВИИ Шӯрои ҷамъиятии (вилояти, шаҳри, ноҳияи)

Бо қарори
ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 октябри соли 2018
тасдиқ карда шудааст


НИЗОМНОМАИ НАМУНАВИИ
Шӯрои ҷамъиятии (вилояти, шаҳри, ноҳияи)

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.1. Шӯрои ҷамъиятии (вилояти, шаҳри, ноҳияи) ____ (минбаъд-Шӯро) мутобиқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар асоси Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон аз 9 марти соли 1996, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» аз 1 декабри соли 1999 №2, Низомномаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 2018 ва Низомномаи мазкур амал намуда, мақоми намояндагӣ, таҳлилию машваратӣ ва ҳамоҳангсозиро доро мебошад.
1.2. Шӯро шакли ҳамкории сиёсию иҷтимоии миёни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳудуди вилоят, шаҳр, ноҳия мебошад.
1.3. Роҳбарии умумии фаъолияти Шӯроро Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
1.4. Фаъолияти Шӯроро Котиботи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг месозад.
1.5. Мақсад ва вазифаҳои Шӯро тибқи Низомномаи мазкур муқаррар карда мешавад.
1.6. Шӯро сохтори ҷамъиятии (вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ) буда, рафти иҷрои қарорҳои дар ҷаласаи Шӯро қабулгардидаро назорат мекунад, дастуру супоришҳои раиси Шӯроро иҷро менамояд.
1.7. Шӯро мақоми дастаҷамъӣ буда, масъулияти ҷамъиятиро ба зимма дорад.

II. ҲАДАФ ВА ВАЗИФАҲОИ ШӮРО
2.1. Ҳадафи асосии Шӯро таҳия, қабул, ирсоли пешниҳод, тавсия ва дигар маводи имконпазир мебошад.
2.2. Вазифаҳои Шӯро:
- таъмини гуфтушуниди доимии қувваҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсии (вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ) бо мақсади ба даст овардани тавозуни манфиат ва ақидаҳо, ҳамчунин рушди гуногунандешии мафкуравӣ ва сиёсӣ;
- таҳлили вазъияти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии (маънавии) (вилоят, шаҳр, ноҳия) ҳангоми зарурат, муҳокимаи лоиҳаи қонунҳо, қарорҳо, консепсияҳо, гузаронидани ташхис ва таҳлили онҳо, муҳокимаи ҷамъиятии масоили муҳими иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва тағйироте, ки дар он рух медиҳанд, ҳамчунин пешниҳоди таклифҳои мушаххас оид ба пешрафту такмили онҳо;
-таҳияи барномаҳо ва консепсияҳое, ки ба таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқ ва озодии инсону шаҳрванд, беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва ташакули муҳити зисти мусоид, инчунин пешниҳодҳое, ки барои таҳкими сулҳ ва ризоияти миллӣ дар (вилоят, шаҳр, ноҳия) нигаронида шудаанд;
- ҷустуҷӯ ва татбиқи шаклҳои нави шарикӣ (ҳамкорӣ), махсусан байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин тарафҳои дигари манфиатдор дар ҳудуди (вилоят, шаҳр, ноҳия);
- мониторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд;
- мусоидат дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, сулҳ, ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа, муқовимат алайҳи зуҳуроти номатлуби ҷомеа, муқовимат бо терроризм, экстремизм, одамрабоӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, пайравӣ ба арзишҳои бегона ва маҳалгароӣ.

III. ТАРТИБИ ТАЪСИСИ ШӮРО
3.1. Ба Шӯрои ҷамъиятии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо намояндагони маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аъзо шуда метавонанд.
3.2. Мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Шӯро якнафарӣ намояндаи комилҳуқуқи худро бо ҳуқуқи овоздиҳӣ интихоб ва пешниҳод мекунанд.
3.3. Шӯро котибот – сохтори кории доимамалкунандаи худро ташкил мекунад. Котиботро котиб-ҳамоҳангсоз роҳбарӣ менамояд, ки аъзои Шӯро мебошад. Кормандони котибот аъзои Шӯро буда наметавонанд.
3.4. Шӯро ҳангоми зарурат комиссияҳои соҳавӣ ва гурӯҳҳои кории худро ташкил менамояд, ҳамчунин коршиносон ва мушовиронро барои таҳияи барномаҳо ва ҳалли дигар масъалаҳо ҷалб менамояд.
3.5. Комиссияҳои соҳавӣ, ва гурӯҳҳои кории Шӯро ба Шӯро ахбор пешниҳод мекунанд.
IV. ВАКОЛАТҲОИ ШӮРО ВА РАИСИ ОН
4.1. Шӯро ваколатҳои зеринро дорад:
- аз ҳисоби аъзоёни Шӯро Раиси Шӯро ва муовини ӯро интихоб мекунад;
- нақшаҳои ҷорӣ ва дурнамои корӣ қабул карда, ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид менамояд;
- бюллетенҳо ба табъ расонида, мутобиқи қонунгузорӣ дар хусуси фаъолияти худ ҳисобот интишор менамояд;
- намояндагони худро ҷиҳати иштирок дар форумҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, гуфтушунидҳо, аксияҳои гуманитарӣ ва ғайра тибқи тартиби муқарраргардида тавсия менамояд;
- барои амалӣ гардонидани вазифаҳое, ки дар Низомнома пешбинӣ шудааст, ҷаласаҳои сайёри худро доир менамояд;
- дар доираи салоҳияти худ ва бо мақсади амалӣ намудани талаботи Низомнома дар ҳудуди фаъолияти худ назарсанҷӣ, муколама, мизҳои мудаввар, конференсия ва семинарҳо доир менамояд;
- иҷрои дақиқи тавсияҳо, изҳороту муроҷиатномаҳо, лоиҳаи ҳуҷҷатҳо ва дигар санадҳое , ки дар ҷаласаҳои Шӯро қабул карда мешаванд, таъмин менамояд;
- бо пешниҳоди раиси Шӯро масъалаи қабули аъзои нави Шӯрои ҷамъиятиро баррасӣ менамояд;
- ҳангоми иҷро накардани уҳдадориҳое, ки аз Низомнома ва Кодекси одоби аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ бармеояд, чораҳо меандешад;
- бо пешниҳоди Комиссияи Шӯро оид ба одоб, аъзои Шӯрои ҷамъиятиро мавриди муҳокима қарор медиҳад;
4.2. Ҳисоботи шӯроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳо дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии вилоятҳо шунида мешавад.
4.3. Шӯроҳои ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солона пешниҳод менамоянд ва он дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида мешавад.
4.4. Раиси Шӯро ваколатҳои зеринро дорад:
- роҳбарии фаъолияти Шӯроро амалӣ менамояд;
- ҳангоми иштирок дар ҷаласаҳои Шӯро ба он раисӣ мекунад;
- нақшаи солонаи кори Шӯроро тасдиқ менамояд;
- ҷаласаҳои ғайринавбатии Шӯроро даъват мекунад;
- дар ҳолати ҳузур надоштанаш дар ҷаласаҳои Шӯро, иштироки муовини худро таъмин мекунад;
- масъалаҳоро барои баррасӣ ба Шӯро пешниҳод менамояд;
- ба санадҳои дахлдори аз ҷониби Шӯро қабулгардида имзо мегузорад;
- бо ризоияти Шӯро котиб-ҳамоҳангсозро таъин мекунад;
- котиботи Шӯроро таъсис медиҳад;
- дигар вазифаҳоро, ки барои татбиқи ҳадафҳои Низомнома равона гардидаанд, иҷро менамояд.
4.5. Шӯро нисбат ба ҳуқуқвайронкунии шаҳрвандони алоҳида, ҳамчунин ҳизбҳои сиёсӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди (вилоят, шаҳр, ноҳия) аҳамият дода, ин гуна зуҳуротро таҳқиқ мекунад ва ба мақомоти дахлдор бо тавсияҳо муроҷиат менамояд.

V. ҲУҚУҚ, ӮҲДАДОРИҲО ВА ВАЗИФАҲОИ КОТИБОТИ ШӮРО
5.1. Котиботи Шӯро ҳуқуқ ва уҳдадориҳои зеринро дорад:
- фаъолияти мунтазами Шӯроро таъмин мекунад;
- дар мувофиқа бо раиси Шӯро мавзӯъ ва рӯзи баргузории ҷаласаи Шӯроро муқаррар менамояд;
- омодагӣ ва баргузории ҷаласаҳои Шӯроро таъмин мекунад;
- дар муддати на кам аз се рӯзи пеш аз ҷаласаи Шӯро аъзои Шӯроро бо рӯзнома, барнома ва маводи ҷаласа таъмин менамояд;
- баъди бо Раиси Шӯро мувофиқа кардани пешниҳоди Комиссияи Шӯро оид ба одоби аъзои Шӯро дар бораи аз узвияти Шӯро хориҷ намудан, масъалаи мазкурро ба рӯзномаи ҷаласа ворид менамояд;
- лоиҳаи нақшаи солонаи кори Шӯроро бо дарназардошти муҳокимаи он дар ҷаласаи Шӯро такмил дода, пас аз мувофиқа бо Котиботи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои тасдиқ ба Шӯро пешниҳод мекунад;
- рафти иҷрои қарорҳои Шӯро, инчунин кори комиссия ва гурӯҳҳои кории Шӯроро назорат мекунад;
- ба протоколҳои ҷаласаи Шӯро Котиб-ҳамоҳангсоз имзо мегузорад;
- ҷиҳати таъмини иҷрои тавсияҳо, изҳорот, муроҷиатномаҳо, лоиҳаи ҳуҷҷатҳо ва дигар қарорҳое, ки дар ҷаласаҳои Шӯро қабул шудаанд, ба мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ муроҷиат менамояд;
- оид ба фаъолияти худ дар шаш моҳ як маротиба дар ҷаласаи Шӯро ҳисобот медиҳад.

VI. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ АЪЗОИ ШӮРО
6.1. Аъзои Шӯро ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар доранд.
6.2. Узви Шӯро ҳуқуқ дорад:
- эрод ва таклифҳои худро пешниҳод кунад, ҳангоми қабули онҳо иҷрои онро зери назорат гирад, нуқтаи назари худро доир ба ҳама масоили ташкилӣ ва фаолияти Шӯро ҳимоя намояд;
- оид ба масъалаҳое, ки дар баррасии Шӯро қарор доранд, маълумот гирад;
- бо саволҳо, дархосту пешниҳодҳо ба мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ба воситаи Шӯро муроҷиат кунад ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба моҳияти масъала ҷавоб гирад.
6.3. Узви Шӯро ваколатҳои худро дар асосҳои ҷамъиятӣ амалӣ менамояд.
6.4. Узви Шӯро дар ҳолатҳои зарурӣ, дар давраи доир гардидани чаласаҳои Шӯро ва сафарҳои хизматӣ тибқи супориш ва ё дар доираи нақшаи кори Шӯро, аз иҷрои вазифаҳои асосии хизматиаш, бо пурра нигоҳ доштани музди меҳнаташ дар ҷойи кори асосӣ, озод карда мешавад.
6.5. Ба аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ шаҳодатномаи узвият дода мешавад, ки узви Шӯро будани ӯро тасдиқ менамояд. Намунаи шаҳодатнома дар ҷаласаи Шӯро тасдиқ мегардад.
6.6. Аъзои Шӯро вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя кунанд, вазифаҳои худро поквиҷдонона ба иҷро расонанд, дар ҷаласаҳои Шӯро иштирок намоянд, барои амалӣ шудани қарорҳои Шӯро саъю талош намоянд, ҳуқуқ ва вазифаҳои шахсони дигарро эҳтиром намоянд, бо фаъолияти худ ба рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими давлатдории демократӣ дар Тоҷикистон мусоидат намоянд.

VII. ТАРТИБИ КОРИ ШӮРО
7.1. Кори Шӯро тавассути ҷаласаҳо, ки тибқи нақшаи фаъолияти Шӯро, на камтар аз як маротиба дар 3 моҳ гузаронида мешавад, ҳамчунин тавассути фаъолияти, комиссияҳо ва гурӯҳҳои корӣ амалӣ карда мешавад.
7.2. Изҳорот, муроҷиатнома, лоиҳаи санад ва дигар пешниҳодҳо ба ҷаласаи Шӯро аз ҷониби аъзои Шӯро ба котиботи Шӯро дар шакли хаттӣ, на дертар аз ҳафт рӯз то санаи доир гардидани ҷаласаи Шӯро пешниҳод мешаванд.
7.3. Маводи ҷаласаҳоро котиботи Шӯро омода мекунад ва на дертар аз се рӯз то оғози ҷаласа ба аъзои Шӯро дастрас менамояд.
7.4. Санади қабулкардаи Шӯро дар шакли тавсия, изҳорот, муроҷиатнома, лоиҳаи ташаббусӣ ва дигар намуди санад тартиб дода мешавад.
7.5. Давомнокӣ ва хусусияти ҷаласаро Шӯро вобаста ба масъалаи муҳокимашаванда, муайян менамояд, ки одатан набояд аз як рӯзи корӣ зиёд бошад.
7.6. Ҷаласаи Шӯро дар сурати иштироки зиёда аз нисфи аъзои Шӯро салоҳиятдор ҳисобида мешавад.
7.7 Қарорҳо ва тавсияҳои Шӯро бо ҷонибдории аксарияти овозҳои иштирокчиён қабул карда мешавад.
7.8. Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯро бо ташаббуси раисони шӯроҳои ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ва ё бо хоҳиши на камтар аз се як ҳиссаи аъзои Шӯро даъват карда мешавад. Дар ин сурат, рӯзнома метавонад на камтар аз як шабонарӯз пеш аз рӯзи баргузории ҷаласа пешниҳод карда шавад. Ҷаласаҳои ғайринавбатӣ бо иштироки аксарияти аъзои Шӯро гузаронида мешаванд.
7.9. Дар ҷаласаҳои Шӯро, ҳангоми зарурат, тарҷумаи он бо дигар забонҳо таъмин карда мешавад.
VIII. МОЛИКИЯТ ВА ВОСИТАҲОИ МОЛИЯВИИ
КОТИБОТИ ШӮРО
8.1. Таъминоти молиявию моддии фаъолияти котиботи Шӯроро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии (вилояти, шаҳри, ноҳияи) ба зимма мегирад.

IХ. ТАРТИБИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО
БА НИЗОМНОМАИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ
9.1. Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҷаласаи Шӯро бо ҷонибдории аксарияти аъзои Шӯро қабул карда мешавад.
9.2. Тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ бо тарафдории аз се ду ҳиссаи аъзои Шӯро ворид карда мешаванд.

Х. ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТИ ШӮРО
10.1. Қатъи фаъолияти Шӯро дар шакли барҳам хӯрдани он бо қарори Шӯро сурат мегирад.